ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • bt боби 3 саҳ. 22-30
  • «Аз рӯҳи муқаддас пур шуданд»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • «Аз рӯҳи муқаддас пур шуданд»
  • Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • «Ҳамаи шогирдон дар як ҷой ҷамъ омаданд» (Корнома 2:1–4)
  • «Шогирдон ба забони ҳар яки онҳо гап мезананд» (Корнома 2:5–13)
  • «Петрус... аз ҷой хест» (Корнома 2:14–37)
  • «Ҳар яке... таъмид гиред» (Корнома 2:38–47)
  • Таъмид ба исми Падар, Писар ва рӯҳулқудс
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2010
  • Шумо ҳоло халқи Худо ҳастед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
bt боби 3 саҳ. 22-30

БОБИ 3

«Аз рӯҳи муқаддас пур шуданд»

Дар Иди Ҳафтаҳо бар шогирдон рӯҳи муқаддас фурӯ мерезад

Бар Корнома 2:1–47 асос ёфтааст

1. Дар Ерусалим дар Иди Ҳафтаҳо чӣ гуна фазо ҳукмфармо буд?

ФАЗОИ кӯчаҳои Ерусалим пур аз шодиву хурсандистa. Аз ибодатгоҳ дуди қурбониҳо мебарояд. Левизодагон бошанд, сурудҳои ҳамду ситоиш (Забур 113 то 118) мехонанд. Ба назар чунин метобад, ки онҳо ду даста шуда, ба тарзи саволу ҷавоб месароянд. Кӯчаҳо пур аз одаманд. Бисёри онҳо аз ҷойҳои дурдаст — аз Элом, Байнаннаҳрайн, Каппадукия, Понтус, Миср ва Румb, омадаанд. Дар шаҳр чӣ гап аст? Дар Ерусалим Иди Ҳафтаҳоро, ки инчунин «рӯзи ҳосили аввал» ном дорад, ҷашн мегиранд (4 Мӯсо 28:26). Ин иди солона дар охири мавсими ҷавдарав ва оғози гандумдарав баргузор мегардид. Он рӯз рӯзи хурсандибахш буд!

Харитаи ҷойҳое, ки меҳмонон аз он ҷо ба Ерусалим ба Иди Ҳафтаҳои соли 33-и милодӣ омаданд. Минтақаҳо: 1. Либия, Миср, Ҳабашистон, Битуния, Понтус, Каппадукия, Яҳудия, Байнаннаҳрайн, Бобилистон, Элом, Модай ва Порт. 2. Шаҳрҳо: Рум, Искандария, Мемфис, Антиохия (Сурия), Ерусалим ва Бобил. 3. Баҳру халиҷ: баҳри Миёназамин, баҳри Сиёҳ, баҳри Сурх, баҳри Хазар (Каспий) ва халиҷи Форс.

ЕРУСАЛИМ — МАРКАЗИ ДИНИ ЯҲУДӢ

Воқеаҳое, ки дар бобҳои аввали Корнома навишта шудаанд, бисёрашон дар Ерусалим рӯй дода буданд. Ин шаҳр дар байни теппаҳои қаторкӯҳи марказии Яҳудо, тахминан 55 км шарқтар аз баҳри Миёназамин, ҷойгир буд. Соли 1070-и то м. шоҳ Довуд қалъаеро, ки дар баландии кӯҳи Сион ҷойгир буд, забт кард ва шаҳре, ки дар атрофи он бунёд шуд, пойтахти Исроили қадим гашт.

Дар наздикии кӯҳи Сион кӯҳи Мӯриё ҷойгир аст. Мувофиқи навиштаҳои қадимаи яҳудиён, Иброҳим Исҳоқро дар ин кӯҳ ба қурбонӣ оварданӣ буд. Ин воқеа тахминан 1900 сол пеш аз рӯйдодҳои китоби Корнома рух дода буд. Вақте Сулаймон дар кӯҳи Мӯриё ибодатгоҳи аввалини Яҳуваро сохт, ҳудуди шаҳр васеътар шуд. Ин бино маркази иҷтимоӣ ва динии яҳудиён гардид.

Дар он ибодатгоҳ яҳудиёни худоҷӯй аз ҳар гӯшаву канори замин ҷамъ меомаданд, то ба Яҳува қурбонӣ оранд, дуо гӯянд ва идҳои ҳарсоларо ҷашн гиранд. Бо ин онҳо ба амри зерини Худо гӯш медоданд: «Дар як сол се бор тамоми мардинаи ту бояд пеши Худоят Яҳува, ба ҷое ки вай интихоб кунад, ҳозир шаванд» (5 Мӯсо 16:16). Дар Ерусалим инчунин толори Шӯрои олӣ, ки додгоҳи олӣ ва маъмурияти яҳудиён ба ҳисоб мерафт, ҷойгир буд.

2. Соли 33-и милодӣ, дар Иди Ҳафтаҳо, кадом воқеаи ғайриодие рӯй дод?

2 Дар он баҳори соли 33-юми милодӣ, соатҳои нуҳи саҳарӣ, чизи ғайриодие рӯй дод, ки асрҳо пас ҳам онро ёдовар мешаванд. Он саҳар ногаҳон «аз осмон садое ба мисли вазидани шамоли сахте», ё «ғулғулае, мисли садои тундбод», шунида шуд (Кор. 2:2, нашри Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм, 1999). Ин садои баланд хонаеро, ки тахминан 120 шогирди Исо он ҷо ҷамъ омада буд, фаро гирифт. Сипас чизи аҷоибе рӯй дод: чизе ба монанди забонаҳои оташ намудор гашту бар сари ҳар яки онҳо қарор гирифтc. Баъд аз ин шогирдон «аз рӯҳи муқаддас пур шуданд» ва бо забонҳои гуногун гап заданд. Вақте шогирдон аз хона берун омаданд, мардум онҳоро дида ҳайрон шуд, чунки шогирдон «ба забони ҳар яки онҳо гап» мезаданд (Кор. 2:1–6).

3. а) Чаро Иди Ҳафтаҳои соли 33-и милодиро дар таърихи ибодати ҳақиқӣ марҳилаи муҳим гуфтан мумкин аст? б) Чӣ тавр суханронии Петрус бо истифода шудани «калидҳои Подшоҳии осмон» алоқамандӣ дошт?

3 Ин воқеаи ҳайратовар дар таърихи парастиши ҳақиқӣ марҳилаи муҳиме гардид, зеро он вақт бунёди Исроили рӯҳонӣ, яъне ҷамоати масеҳиёни тадҳиншуда, гузошта шуд (Ғал. 6:16). Инчунин он рӯз, вақте Петрус ба халқ муроҷиат кард, ӯ аз «калидҳои Подшоҳии осмон» якумашро кор фармуд. Ҳар як калид дари имконияти махсусеро ба гурӯҳҳои гуногуни одамон мекушод (Мат. 16:18, 19). Калиди якум ба яҳудиён ва касоне, ки дини яҳудиро қабул карда буданд, имконият дод, то хушхабарро шунида имон оранду бо рӯҳи муқаддас тадҳин шавандd. Ҳамин хел онҳо аъзои Исроили рӯҳонӣ шуданд ва умед пайдо карданд, ки дар Подшоҳии Масеҳоӣ ба сифати шоҳону коҳинон ҳукм ронанд (Ошкор. 5:9, 10). Бо гузашти вақт ин имкониятро сомариён ва баъдтар одамони халқҳои дигар низ пайдо намуданд. Масеҳиёни имрӯза аз воқеае, ки дар соли 33-и милодӣ, дар Иди Ҳафтаҳо, рӯй дод, чӣ дарс мегиранд?

«Ҳамаи шогирдон дар як ҷой ҷамъ омаданд» (Корнома 2:1–4)

4. Чӣ тавр ҷамоати имрӯзаи масеҳиён кореро, ки соли 33 оғоз ёфт, давом дода истодааст?

4 Ҷамоати масеҳиёни аввалин, ки ҳама «дар як ҷой», дар болохона, ҷамъ омада, бо рӯҳи муқаддас тадҳин гаштанд, тахминан аз 120 нафар иборат буд (Кор. 2:1). Дар охири он рӯзи тадҳин шумораи таъмидёфтагони ҷамоат ба ҳазорҳо расид ва афзоиши он то ба имрӯз давом дорад. Дар рӯзҳои мо ҷамоати масеҳиён, ҳам марду ҳам зан, пеш аз фаро расидани анҷом «хушхабари Подшоҳии Худо»-ро «дар тамоми дунё эълон» мекунанд, «то ҳамаи халқҳо онро шунида тавонанд» (Мат. 24:14).

5. Дар ҷамоати масеҳӣ будан чӣ фоида меорад?

5 Ҷамоати масеҳӣ бояд ҳам ба тадҳиншудагон ва ҳам ба «гӯсфандони дигар» сарчашмаи қувват мешуд (Юҳ. 10:16). Павлус ба масеҳиёни Рум нома навишта, бо меҳру қадрдонӣ дар бораи дастгирии дуҷониба чунин гуфт: «Ман ташнаи дидори шумоям ва мехоҳам ба шумо атои Худоро бирасонам, то устувор гардед, ё аниқтараш, аз имони якдигар рӯҳбаланд шавем — ман аз имони шумову шумо аз имони ман» (Рум. 1:11, 12).

РУМ — ПОЙТАХТИ ДАВЛАТИ АБАРҚУДРАТ

Ҳангоми навишта шудани Корнома Рум шаҳри калонтарин буд ва ба сиёсати ҷаҳони онвақта таъсири зиёд дошт. Рум пойтахти давлати абарқудрате буд, ки қаламрави он дар авҷи қудраташ аз Бритониё то Африқои Шимолӣ ва аз уқёнуси Атлантик то халиҷи Форс тӯл мекашид.

Дар Рум ҳар гуна маданият, халқ, забон ва хурофот омехта шуда буд. Азбаски дар мамлакат роҳҳо дар ҳолати хуб буданд, сайёҳону тоҷирон аз ҳар гӯшаву канори он ба Рум меомаданд. Дар канори ин шаҳр бандари Остиё ҷойгир буд, ки ба он киштиҳои тиҷоратӣ рафтуомад доштанд. Онҳо ба шаҳр хӯрокворӣ ва чизҳои ороишӣ меоварданд.

Дар асри I дар Рум зиёда аз як миллион одам мезист. Шояд, ними аҳолиро ғуломон ташкил медоданд. Ба онҳо ҷинояткорон, кӯдаконе, ки волидонашон партофта ё фурӯхта буданд, ва асироне, ки дастаҳои аскарони румӣ ҳангоми тохтутоз бо худ оварда буданд, дохил мешуданд. Вақте соли 63-и то м. сарлашкари румӣ Помпей Ерусалимро забт кард, дар байни асирони Рум яҳудиён низ буданд.

Аксари аҳолии озод камбағал буд. Онҳо дар хонаҳои бисёрошёнаи серодам зиндагӣ мекарданду ба кумаки давлат ниёз доштанд. Императорҳо бошанд, пойтахтро бо биноҳои боҳашаматтарин оро медоданд, аз ҷумла театру майдонҳои калоне, ки он ҷо намоишҳо, ҷангҳои гладиаторон ва пойгаи аробаҳо мегузашт. Ин гуна намоишҳо барои дилхушии мардум бепул буданд.

6, 7. Чӣ тавр Шоҳидони Яҳува супориши Исоро иҷро карда истодаанд?

6 Мақсади ҷамоати масеҳиён аз асри як инҷониб тағйир наёфтааст. Ин мақсад иҷрои супориши душвору ҳамзамон хурсандибахшест, ки Исо ба шогирдонаш дода буд. Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз байни тамоми халқҳо барои ман шогирд тайёр кунед. Онҳоро ба номи Падар, Писар ва рӯҳи муқаддас таъмид диҳед ва риоя кардани ҳар он чизеро, ки ба шумо фармудаам, омӯзонед» (Мат. 28:19, 20).

7 Дар замони мо ин корро масеҳиёни ҷамоати Шоҳидони Яҳува иҷро карда истодаанд. Албатта, ба одамони ҳар халқу миллат хушхабарро ба забони худашон расондан кори осон нест. Бо вуҷуди ин Шоҳидони Яҳува адабиёташонро ба зиёда аз 1000 забон нашр мекунанд. Агар шумо бо ин ҷамоати масеҳӣ бошеду дар паҳн кардани хушхабар ва шогирдсозӣ иштирок кунед, хушбахттарин инсонед. Охир, шумо дар бораи номи бузурги Яҳува шоҳидӣ медиҳед! Ба ин кор бошад, одамони камшумор шарафманд гаштаанд.

8. Мо аз вохӯриҳои ҷамоат чӣ фоида мегирем?

8 Барои нигоҳ доштани хурсандӣ дар ин рӯзҳои душвор Яҳува Худо ба шумо дар саросари ҷаҳон хоҳару бародарони зиёде додааст. Павлус ба масеҳиёни яҳудӣ чунин навишта буд: «Биёед дар фикри ҳам бошем, то якдигарро сӯйи муҳаббату некукорӣ раҳнамоӣ кунем. Ба баъзеҳо одат шудааст, ки ба ҷамъомадҳо наоянд. Биёед мисли онҳо нашавему аз ҷамъомадҳоямон намонем, балки якдигарро рӯҳбаланд созем ва наздик шудани он рӯзро дида инро боз ҳам бештар кунем» (Ибр. 10:24, 25). Ҷамоати масеҳӣ атои Яҳува аст. Шумо дар он ҷо ҳам рӯҳбаландӣ мегиреду ҳам дигаронро рӯҳбаланд карда метавонед. Аз ин рӯ аз бародару хоҳарон дур нашавед ва ба вохӯриҳои ҷамоат рафтанро бас накунед.

«Шогирдон ба забони ҳар яки онҳо гап мезананд» (Корнома 2:5–13)

Шогирдони Исо дар кӯчаи серодам ба яҳудиён ва касоне, ки дини яҳудиро қабул карда буданд, мавъиза мекунанд.

«Суханони онҳоро дар бораи корҳои бузурги Худо ба забони модарии худ мешунавем» (Корнома 2:11)

9, 10. Чӣ тавр баъзеҳо кӯшиш мекунанд, ки хушхабарро ба забонҳои дигар расонанд?

9 Дар Иди Ҳафтаҳои соли 33-юми милодӣ хурсандии яҳудиён ва касоне, ки дини яҳудиро қабул карда буданд, поён надошт. Бисёри онҳо, аз афташ, бо забони паҳнгаштаи он замон — юнонӣ ё ибрӣ, гап зада метавонистанд. Аммо акнун ин одамон мешунаванд, ки «шогирдон ба забони ҳар яки онҳо гап мезананд» (Кор. 2:6). Бешубҳа, вақте онҳо хушхабарро ба забони модарияшон шуниданд, дилашон гум зад. Албатта, имрӯз масеҳиён муъҷизавор ба забонҳои гуногун гап зада наметавонанд, аммо бо омодагӣ хушхабарро ба халқҳои дигар мерасонанд. Масалан, баъзеяшон забони дигарро омӯхта, дар ҷамоати хориҷизабон ё ҳатто дар дигар давлат хизмат мекунанд. Бисёр вақт ин бародару хоҳарон мебинанд, ки кӯшишу ғайрати онҳо ба шунавандагонашон бетаъсир намемонад.

10 Биёед мисоли хоҳар Кристинро, ки ҳамроҳи ҳафт Шоҳиди дигар курси таълимии гуҷаратиро хонда буд, дида бароем. Вақте хоҳар ҳамкори гуҷаратизабонашро вохӯрд, ба забони модарии ӯ салому алейк кард. Он ҷавонзан аз ин ҳайрон шуд ва хост фаҳмад, ки барои чӣ Кристин забони гуҷаратиро ёд гирифтанист. Ин ба Кристин имкон дод, ки шоҳидӣ диҳад. Ҳамкори хоҳар гуфт: «Модоме ки шумо забони ин қадар душворро ёд гирифтаниед, бешубҳа, гапи муҳиме доред».

11. Чӣ тавр мо дар расондани хушхабар ба дигар халқу забонҳо тайёр шуда метавонем?

11 Ҳамаи мо забони дигарро омӯхта наметавонем, аммо ҳамаи мо метавонем дар расонидани хушхабар ба дигар халқҳо тайёр бошем. Чӣ тавр? Як роҳаш истифода бурдани барномаи JW Language® мебошад. Шумо аз ин барнома ба забонҳое, ки дар ҷойи шумо гап мезананд, салому алейк карданро ёд гирифта метавонед. Инчунин шумо метавонед, ки ба ин забонҳо якчанд ибораву ҷумларо аз худ кунеду шавқи одамро бедор созед. Сипас шахсро бо сомонаи jw.org шинос кунед ва, агар имкон бошад, аз он ҷо видеову адабиёти гуногунро, ки ба забонаш дастрас аст, нишон диҳед. Бо ин роҳ мо низ мисли масеҳиёни асри як, ки ба мардуми гуногунмиллат «ба забони ҳар яки онҳо» хушхабарро мерасонданд, хурсанд мешавем.

ЯҲУДИЁНИ БАЙНАННАҲРАЙН ВА МИСР

Дар китоби «Таърихи халқи яҳудӣ дар давраи Исои Масеҳ», ки солҳои 175-и то м. — 135-и м. фаро мегирад, гуфта шудааст: «Дар Байнаннаҳрайн, Модай ва Бобилистон авлоди исроилиён аз подшоҳии даҳқабила [-и Исроил] ва подшоҳии Яҳудо зиндагӣ мекарданд, ки як вақтҳо аз тарафи ошуриёну бобилиён ба ин ҷойҳо бадарға шуда буданд». Мувофиқи Эзро 2:64 танҳо 42 360 исроилӣ аз асирии Бобил ба Ерусалим (с. 537 то м.) баргашт. Таърихшинос Юсуф Флавиюс қайд мекунад, ки дар асри I шумораи яҳудиёне, ки «дар Бобилистон сокин буданд», ба даҳҳо ҳазор расида буд. Дар асрҳои III–V дар ҷамоатҳои онҳо «Талмуди бобилӣ» навишта шуд. Он ҷамъи тафсирҳое буд, ки устодони дини яҳудӣ ба қонунҳои даҳонӣ дода буданд.

Тибқи ҳуҷҷатҳои таърихӣ, яҳудиён зиндагиро дар Миср дери дераш дар асри VI то м. сар карда буданд. Он вақтҳо пайғамбар Ирмиё ба яҳудиёне, ки дар ҳар ҷойи Миср, аз ҷумла Нуф (Мемфис), мезистанд, паём фиристода буд (Ирм. 44:1, поварақ). Эҳтимол, аксари яҳудиён ба Миср дар давраи эллинизм, яъне ҳангоми паҳн шудани маданияти Юнони Қадим, кӯчида буданд. Юсуф Флавиюс мегӯяд, ки дар байни сокинони аввалини Искандария яҳудиён низ буданд. Бо гузашти вақт барои онҳо ҳатто як қисми шаҳр ҷудо карда шуд. Дар асри I нависандаи яҳудӣ Филӯни Искандарӣ гуфтааст, ки дар қаламрави Миср, аз «Лубнон то сарҳади Ҳабашистон», як миллион ҳамватанонаш зиндагӣ мекунанд.

«Петрус... аз ҷой хест» (Корнома 2:14–37)

12. а) Пайғамбар Юил дар бораи муъҷизае, ки дар Иди Ҳафтаҳои соли 33 рӯй дод, чӣ гуфта буд? б) Чаро шогирдон интизор буданд, ки ин пешгӯйӣ дар асри як иҷро мешавад?

12 «Петрус... аз ҷой хеста», ба мардуми гуногунмиллат муроҷиат намуд (Кор. 2:14). Ӯ ба шунавандагонаш фаҳмонд, ки муъҷизавор ба забонҳои гуногун гап задани шогирдон кори Худост, то пешгӯйии зерине, ки ба воситаи Юил гуфта шуда буд, иҷро шавад: «Ман бар ҳар гуна одамон рӯҳи худро мерезам» (Юил 2:28). Исо, пеш аз он ки ба осмон равад, ба шогирдонаш гуфта буд: «Ман аз Падар хоҳиш мекунам ва ӯ ба шумо мададгори дигаре медиҳад». Ӯ «мададгор» гуфта, рӯҳи муқаддасро дар назар дошт (Юҳ. 14:16, 17).

13, 14. Чӣ тавр Петрус кӯшиш кард, ки ба дили шунавандагонаш роҳ ёбад, ва чӣ хел мо ба ӯ пайравӣ карда метавонем?

13 Дар охир Петрус рӯирост ба одамон чунин гуфт: «Бигзор тамоми хонадони Исроил бидонад, ки Худо ҳамин Исоро, ки шумо дар сутун ба қатл расондед, Сарвар ва Масеҳ гардонд» (Кор. 2:36). Ҳарчанд аксари шунавандагони Петрус ҳангоми қатли Исо шахсан ҳузур надоштанд, онҳо чун халқ ба ин кор ҷавобгар буданд. Лекин Петрус ба яҳудиён бо эҳтиром муроҷиат кард ва хост, ки ба дили онҳо таъсир расонад. Мақсади ӯ шунавандагонашро ба тавба даъват намудан буд, на ҳукм кардан. Оё суханони Петрус ба шунавандагонаш сахт расиданд? Не, баръакс, ин суханон ба дили аксари одамон кора карду онҳо «дилреш шуда» ба тавба рӯ оварданд. Ин одамони худотарс пурсиданд: «Мо бояд чӣ кор кунем?» Маълум аст, ки суханони некхоҳонаи Петрус самари хуб овард (Кор. 2:37).

14 Мо низ мехоҳем суханонамон ба мисли суханони Петрус ба дили одамон рафта расанд. Вақте ба одамон хушхабарро мерасонем, шарт нест ҳар як фикру ақидаи онҳоро, ки бо Китоби Муқаддас мувофиқ нест, ислоҳ кунем. Хубаш, бо ҳамсуҳбатамон дар атрофи мавзуе гап занем, ки ҳамақидаем. Пас аз он ки суҳбатамон ҷӯр шуд, мо метавонем боодобона нишон диҳем, ки Каломи Худо дар ин бора чӣ мегӯяд. Вақте ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро бо ин тарз ба одамон мерасонем, эҳтимоли зиёд аст, ки шахсони самимӣ ба Каломи Худо шавқ пайдо кунанд.

МАСЕҲИЁНИ ПОНТУС

Дар байни онҳое, ки суханронии Петрусро дар Иди Ҳафтаҳои соли 33 гӯш карданд, яҳудиён аз вилояти Понтус буданд. Ин вилоят дар қисми шимолии Осиёи Хурд ҷойгир буд (Кор. 2:9). Петрус номаи якумашро ба имондорони парокандаиg Понтус ва дигар ҷойҳо навиштааст. Аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки баъзеи онҳо хушхабари шунидаашонро дар ватани худ паҳн намуданд (1 Пет. 1:1). Аз номаи Петрус маълум мешавад, ки ин масеҳиён «аз озмоишҳои гуногун»-и имон ғамгин шуда буданд (1 Пет. 1:6). Аз афташ, онҳо бо зиддият ва озору азият дучор мешуданд.

Дар бораи озмоишҳои баъдинаи масеҳиёни Понтус аз номаҳои ба якдигар навиштаи Плинии Хурдӣ, ҳокими вилояти Битуния ва Понтус, ва император Троянус фаҳмидан мумкин аст. Тахминан соли 112 Плиний аз Понтус хабар медиҳад, ки хатари «марази» масеҳият ба ҳама — зану мард, хурду калон, бою камбағал, таҳдид мекунад. Плиний ба онҳое, ки ба масеҳӣ будан айбдор мешуданд, имкон медод, ки аз имонашон рӯй гардонанд, вагарна онҳоро ба қатл мерасонд. Вай ҳар касеро, ки Масеҳро лаънат мехонду ба худоён ё ҳайкали Троянус дуо мегуфт, раҳо мекард. Плиний иқрор мешавад, ки «масеҳиёни ҳақиқиро... кушӣ ҳам, ба ин корҳо даст намезананд».

g Калимаи юноние, ки «пароканда» тарҷума шудааст, ба ҷамоатҳои яҳудиён ишора мекард. Ин нишон медиҳад, ки аксари онҳое, ки масеҳӣ шуданд, аз ҷамоатҳои яҳудиён буданд.

«Ҳар яке... таъмид гиред» (Корнома 2:38–47)

15. а) Петрус чӣ гуфт ва одамон ба суханони ӯ чӣ тавр муносибат карданд? б) Чаро дарҳол таъмид гирифтани ҳазорҳо одамоне, ки хушхабарро дар Иди Ҳафтаҳо шуниданд, нодуруст набуд?

15 Дар Иди Ҳафтаҳои соли 33-юми милодӣ, дар он рӯзи ҳаяҷонбахш, Петрус ба яҳудиёни самимӣ ва касоне, ки ба дини яҳудӣ рӯ оварда буданд, чунин гуфт: «Тавба кунед ва ҳар яке... таъмид гиред» (Кор. 2:38). Дар натиҷа тахминан 3000 кас таъмид гирифт. Онҳо, эҳтимол, дар ҳавзҳои Ерусалим ё наздикии он таъмид гирифтандe. Оё онҳо ин корро дар сари ҳиссиёт карданд? Оё аз ин воқеа хулоса кардан мумкин аст, ки омӯзандагони Китоби Муқаддас ва кӯдакони Шоҳидон метавонанд бе тайёрӣ таъмид гиранд? Не. Фаромӯш накунед: онҳое, ки дар Иди Ҳафтаҳо таъмид гирифтанд, омӯзандагони собиқадори Каломи Худо ва қисми халқи Яҳува буданд. Амалҳояшон низ аз ғайраташон шаҳодат медод — баъзеяшон барои иштирок дар он иди солона масофаи дурударозро тай карда буданд. Аз ин рӯ барои таъмид ёфта пайрави Масеҳ шудан барояшон бас буд, ки нақши Исоро дар иҷрои хости Худо фаҳманд.

КАСОНЕ, КИ ДИНИ ЯҲУДИРО ҚАБУЛ КАРДАНД, КӢ БУДАНД?

Дар Иди Ҳафтаҳои соли 33 суханронии Петрусро «ҳам яҳудиён ва ҳам касоне, ки дини яҳудиро қабул карда буданд», гӯш карданд (Кор. 2:10).

Яке аз шахсоне, ки «дини яҳудиро қабул карда буд», Николоси антиохиягӣ ном дошт, ки баъдтар масеҳӣ гашт. Ӯ дар қатори мардони ботаҷрибае номбар шудааст, ки ба тақсими хӯроки ҳаррӯза таъйин шуда буданд (Кор. 6:3–5). Касоне, ки ба дини яҳудӣ рӯ меоварданд, аз дигар халқҳо буданд. Аммо онҳо аз ҳар ҷиҳат яҳудӣ ҳисоб меёфтанд, зеро дигар худоёнро рад намуда, Худову Шариати халқи Исроилро қабул карда буданд. Ғайр аз ин, мардоне, ки ба дини яҳудӣ мегузаштанд, худро хатна мекарданд.

Соли 537-и то м., баъд аз он ки яҳудиён аз асирии Бобил озод шуданд, бисёрашон дар ҷойҳои дур аз Исроил маскан гирифтанд, вале динашонро дигар накарданд. Ҳамин тавр одамоне, ки дар ҳудуди Шарқи Наздики қадим ва атрофи он зиндагӣ мекарданд, бо дини яҳудиён шиносоӣ пайдо карданд. Нависандагони Руми қадим, аз ҷумла Ҳорас ва Сенека, тасдиқ мекунанд, ки яҳудиён ва эътиқоди онҳо дар давлатҳои гуногун ба одамони зиёде писанд омада буд, аз ин рӯ онҳо дини яҳудиро қабул карда, ба ҷамоаташон ҳамроҳ шуда буданд.

16. Чӣ тавр масеҳиёни асри як фидокор буданашонро нишон доданд?

16 Баръало маълум буд, ки Яҳува ин гурӯҳи масеҳиёнро баракат дода истодааст. Дар Корнома мо мехонем: «Ҳамаи онҳое, ки имон оварданд, якҷоя буданд ва ҳама чизашонро бо ҳам медиданд ва молу мулки худро фурӯхта, пули онро ба ҳама мувофиқи эҳтиёҷоташ тақсим мекарданд»f (Кор. 2:44, 45). Шубҳае нест, ки ҳама масеҳиёни ҳақиқӣ мехоҳанд ба муҳаббат ва фидокории онҳо пайравӣ кунанд.

17. Шахс барои таъмид гирифтан бояд кадом қадамҳои муҳимро гузорад?

17 Барои ҳаёти худро ба Худо бахшида, таъмид гирифтан якчанд қадами муҳимеро, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, гузоштан лозим аст. Дар аввал шахс бояд аз Каломи Худо дониш гирад (Юҳ. 17:3). Вай бояд имон пайдо кунад ва аз рафтори пештарааш афсӯс хӯрда, аз таҳти дил тавба намояд (Кор. 3:19). Сипас ба вай лозим аст, ки тарзи ҳаёташро дигар кунад ва аз рӯйи хости Худо амал карда росткориро пеша намояд (Рум. 12:2; Эфс. 4:23, 24). Баъди гузоштани ин қадамҳо шахс метавонад худро дар дуо ба Худо бахшад ва таъмид гирад (Мат. 16:24; 1 Пет. 3:21).

18. Шогирдони таъмидёфтаи Масеҳ чӣ гуна шарафро дороянд?

18 Оё шумо шогирди таъмидёфтаи Исои Масеҳ ҳастед? Агар ҳа, Яҳуваро ҳазор шукр гӯед, зеро мисли масеҳиёни асри як, ки аз рӯҳи муқаддас пур шуда буданд, имкон доред бо қудрати илоҳӣ ба одамон як ба як шаҳодат диҳеду дар иҷрои хосташ ҳиссагузор бошед.

a Нигаред ба чорчӯбаи «Ерусалим — маркази дини яҳудӣ».

b Нигаред ба чорчӯбаҳои «Рум — пойтахти давлати абарқудрат», «Яҳудиёни Байнаннаҳрайн ва Миср» ва «Масеҳиёни Понтус».

c Дар ин ҷо чизе «ба монанди забонаҳои оташ» гуфта шудааст, яъне забонаҳои оташи аслӣ дар назар дошта нашудааст. Аз афташ, он чизе, ки бар ҳар яки шогирдон қарор гирифт, ба шуълаи оташ монандӣ дошт.

d Нигаред ба чорчӯбаи «Касоне, ки дини яҳудиро қабул карданд, кӣ буданд?».

e Масалан, 7-уми августи соли 1993 дар Киев, дар анҷумани байналхалқии Шоҳидони Яҳува, дар шаш ҳавз 7402 кас таъмид гирифт. Таъмид 2 соату 15 дақиқа давом кард.

f Меҳмононе, ки ба Ерусалим омада буданд, дар он ҷо монданд, зеро мехостанд дар бораи таълимоти нав бештар фаҳманд. Аз ин рӯ ба чунин чораи муваққатӣ эҳтиёҷ пайдо шуд. Тақсими пулу дастгирии ниёзмандон ихтиёрӣ буд ва онро як навъи сохтори коммунистӣ ҳисобидан нодуруст аст (Кор. 5:1–4).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан