-
3 | Нафратро аз ақли худ берун кунедБурҷи дидбонӣ (нашри оммавӣ)—2022 | № 1
-
-
Каломи Худо чӣ мегӯяд?
«Фикрронии худро дигаргун кунед, то бифаҳмед, ки хости неку, писандида ва комили Худо чист» (РУМИЁН 12:2).
Ин чӣ маъно дорад?
Худо ба тарзи фикрронии мо диққати ҷиддӣ медиҳад (Ирмиё 17:10). Барои ҳамин танҳо суханони нешдор нагуфтан ё рафтори бад надоштан кифоя нест. Мо бояд фаромӯш накунем, ки нафрат аввал дар ақлу дили инсон пайдо мешавад. Бинобар ин, ҳамин ки заррае ҳисси нафратро дар худ пай бурдем, бояд дарҳол онро решакан кунем. Танҳо дар ин сурат мо дигаргун шуда занҷири нафратро канда метавонем.
-