-
Чӣ тавр қарорҳои дуруст барорем?То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
5. Виҷдони дигаронро ба назар гиред
Одамони гуногун қарорҳои гуногун мебароранд. Чӣ тавр мо метавонем виҷдони дигаронро ба назар гирем ва қарорҳои онҳоро ҳурмат кунем? Биёед ду мавридро дида бароем:
Мавриди 1: Хоҳаре, ки орову торо додани рӯяшро дӯст медорад, ба ҷамоате мекӯчад, ки бисёр хоҳарон чунин рангуборро хуш надоранд.
Румиён 15:1 ва 1 Қӯринтиён 10:23, 24-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Ин оятҳоро ба назар гирифта, хоҳар ба чӣ хулоса омада метавонад? Агар шумо кореро карданӣ бошед, ки виҷдони шумо мебардораду виҷдони дигарон не, чӣ кор мекунед?
Мавриди 2: Бародаре медонад, ки каме шароб нӯшидан дар Китоби Муқаддас манъ нашудааст, вале қарор мекунад, ки тамоман наменӯшад. Вақте ин бародарро ба меҳмонӣ даъват мекунанд, ӯ мебинад, ки дигар бародарон шароб менӯшанд.
Пандгӯ 7:16 ва Румиён 14:1, 10-ро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Ин оятҳоро ба назар гирифта, бародар ба чӣ қарор омада метавонад? Агар шумо бинед, ки дигар кас кореро мекунад, ки виҷдони шумо намебардорад, чӣ кор мекунед?
Кадом қадамҳо кумак мекунанд, ки қарори дуруст бароред?
1. Дуо гӯед. Аз Яҳува кумак пурсед, ки қарори дуруст бароред (Яъқуб 1:5).
2. Ҷустуҷӯ кунед. Аз Китоби Муқаддас ва адабиётамон маслиҳатҳои даркориро ёбед. Инчунин аз масеҳиёни баркамол ёрӣ пурсед.
3. Оқибатандеш бошед. Фикр кунед, ки қароратон ба виҷдони шумову дигарон чӣ хел таъсир мекунад.
-
-
Хушбахтии оила. Қисми 1То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
6. Ҳамсарон, шумо душвориҳоро паси сар карда метавонед
Ягон оила бекамбудӣ нест. Барои ҳамин ҳамсарон барои бартараф кардани душвориҳо бояд якҷоя кӯшиш кунанд. ВИДЕОРО тамошо кунед ва ба саволҳо ҷавоб диҳед.
Чӣ нишон медиҳад, ки ин ҳамсарон аз ҳам дур мешуданд?
Онҳо барои аз нав ба якдигар наздик шудан чӣ кор карданд?
1 Қӯринтиён 10:24 ва Қӯлассиён 3:13-ро хонед. Пас аз хондани ҳар як оят саволи зеринро дида бароед:
Чӣ тавр ба кор бурдани ин маслиҳат ҳамсаронро хушбахт мекунад?
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки мо бояд ҳамдигарро ҳурмату иззат кунем, яъне хушмуомила бошем ва фикру ҳиссиёти якдигарро ба назар гирем. Румиён 12:10-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Оё зан ё шавҳар бояд интизор шавад, ки ҳамсараш якум шуда ба ӯ ҳурмат нишон диҳад ё худаш дар ин кор пешдастӣ кунад? Чаро чунин фикр мекунед?
-
-
Сарулибос ва афту андоме, ки ба Худо писанд астТо абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
Ҳамаи мо ба табъи диламон сарулибос интихоб мекунем ва худамонро оро медиҳем. Барои он ки интихоби кардаамон ба Яҳува низ писанд ояд, якчанд маслиҳати Китоби Муқаддасро дида мебароем.
1. Чӣ тавр сарулибосе интихоб кунем, ки ба парастандагони Худо хос бошад?
Мо бояд «худро бо либоси шоиста, бо хоксориву солимфикрӣ» оро диҳем, чуноне ки ба касони «худотарс зебанда аст» (1 Тимотиюс 2:9, 10). Биёед фикрҳои ин оятро як ба як дида бароем. 1) Сарулибоси мо бояд «шоиста» бошад. Агар шумо аҳамият дода бошед, дар вохӯриҳои ҷамоат парастандагони Яҳува либосҳои гуногун пӯшанд ҳам, бо либоспӯшӣ ва ороиши мӯйи худ онҳо нишон медиҳанд, ки Худоро эҳтиром мекунанд. 2) «Бо хоксорӣ» либос пӯшидан маънои онро дорад, ки намуди зоҳириамон набояд шаҳватангез ё аз ҳад ҷалбкунанда бошад. 3) «Солимфикрӣ»-ро бо он нишон медиҳем, ки аз пушти либосҳои навбаромад намедавем. 4) Либоспӯшӣ ва афту андоми мо бояд ҳама вақт нишон диҳад, ки мо «худотарс» ҳастем, то дигарон ба осонӣ пай баранд, ки мо Худои ҳақиқиро мепарастем (1 Қӯринтиён 10:31).
2. Чаро ҳангоми интихоби либос ҳамимононро ба назар гирем?
Ҳарчанд чӣ пӯшидан дар ихтиёри худамон аст, мо бояд дигаронро ба назар гирем. Мо намехоҳем, ки ба иззати нафси дигарон расем, балки «барои ободии дигарон дар фикри беҳбудии онҳо» бошем ва ба онҳо некӣ кунем. (Румиён 15:1, 2-ро хонед.)
3. Чӣ тавр сарулибоси мо дигаронро ба Яҳува ҷалб карда метавонад?
Мо кӯшиш мекунем, ки ҳама вақт либоси шоиста пӯшем, лекин дар ҷамоат ва хизмат ба сарутани худ бештар аҳамият медиҳем. Мо намехоҳем, ки бо либос ва ороиши номуносиб ҳуши дигаронро аз паёми Худо парешон созем. Баръакс, мехоҳем дигаронро ба ҳақиқат ҷалб кунем ва «таълими Наҷотбахшамон Худоро бо ҳар роҳ» оро диҳем (Титус 2:10).
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чӣ тавр дилпур шудан мумкин аст, ки либоспӯшӣ ва афту андомамон шоистаи хизматгори Худост.
Бо сарулибоси худ мо нишон медиҳем, ки ҳукуматдоронро ҳурмат мекунем ё не. Ба ин монанд, ҳарчанд Яҳува дилу нияти моро мебинад, аз либоспӯшиямон низ бояд аён бошад, ки ӯро эҳтиром мекунем
4. Сарулибоси шоистаи мо нишон медиҳад, ки Яҳуваро эҳтиром мекунем
Сабаби аз ҳама муҳиме, ки мо ба намуди зоҳирии худ аҳамият медиҳем, кадом аст? Забур 47:2-ро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Мо, ки намояндагони Яҳува ҳастем, бояд чӣ гуна либос пӯшем?
Ба фикратон, чаро муҳим аст, ки дар вохӯриҳои ҷамоат ва хизмат сарулибоси муносиб дошта бошем?
5. Дар интихоби либос ва ороиш бомулоҳиза бошед
Шарт нест, ки либоси қиматбаҳо пӯшем, муҳим ин аст, ки он тозаву шинам ва мувофиқ бошад. 1 Қӯринтиён 10:24 ва 1 Тимотиюс 2:9, 10-ро хонед ва фаҳмед, ки чаро мо набояд либосҳоеро пӯшем, ки...
бетартибу аз ҳад кушоданд.
шавҳатангезанд, масалан, танг ё кушодаанд.
Имрӯз хизматгорони Худо аз рӯйи Шариати Мӯсо зиндагӣ намекунанд, лекин аз он назари Худоро ба масъалаҳои гуногун фаҳмида метавонанд. 5 Мӯсо 22:5-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чаро занон набояд мисли мардон ва мардон мисли занон либос пӯшанду мӯйсар дошта бошанд?
1 Қӯринтиён 10:32, 33 ва 1 Юҳанно 2:15, 16-ро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Чаро ҳангоми либоспӯшӣ ва ороиши рӯю мӯй фикри одамони маҳалламон ва бародару хоҳаронро ба назар гирем?
Дар минтақаи шумо мардум одатан чӣ гуна либос мепӯшанду худро оро медиҳанд?
Ба фикри шумо, чаро баъзе аз он тарзҳои либоспӯшӣ ба хизматгорони Худо муносиб нест?
Мо метавонем ба таври гуногун либос пӯшему сару рӯямонро оро диҳем ва ҳамзамон Яҳуваро хурсанд кунем
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Чизе хоҳам, мепӯшам, дигарон ба ман чӣ кор доранд!»
Оё ин ақида дуруст аст? Чаро чунин фикр мекунед?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Вақте ба таври шоиста либос мепӯшему худро оро медиҳем, нишон медиҳем, ки Яҳува ва дигаронро эҳтиром мекунем.
Такрор
Чаро барои Яҳува муҳим аст, ки либос ва ороиши рӯю мӯямон шоиста бошад?
Кадом маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ёрӣ медиҳанд, ки дар интихоби сарулибос қарори дуруст барорем?
Намуди зоҳирии мо ба дигарон чӣ хел таъсир мекунад?
ДИДА БАРОЕД
Фаҳмед, ки либоспӯшиятон дар бораи шумо чиро нишон медиҳад.
Фаҳмед, ки чаро пеш аз холкӯбӣ хуб андеша намудан муҳим аст.
«Китоби Муқаддас дар бораи холкӯбӣ чӣ мегӯяд?» (Мақола аз сомона)
Фаҳмед, ки боз кадом маслиҳатҳо кумак мекунанд, ки дар мавриди либоспӯшӣ интихоби дуруст кунем.
«Оё сарулибос ва намуди зоҳирии шумо Яҳуваро ҷалол медиҳад?» («Бурҷи дидбонӣ», сентябри с. 2016)
Чӣ тавр як зан ба либоспӯшӣ ва ороиши дигарон назари дуруст пайдо кард?
«Либоспӯшӣ ва ороиши дигарон ба дилам шубҳа меандохт» («Бедор шавед!», 22 декабри с. 2003)
-