Якдигарро дар амал ва самимона дӯст доред!
«На бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ дӯст бидорем» (1 ЮҲ. 3:18).
1. Волотарин навъи муҳаббат кадом аст ва он чиро дар бар мегирад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
МУҲАББАТ атои Яҳува мебошад, зеро Ӯ Сарчашмаи муҳаббат аст (1 Юҳ. 4:7). Волотарин навъи муҳаббат (ага́пе) бар принсипҳо асос ёфтааст ва дилбастагиву меҳрубониро дар бар мегирад. Он фақат ҳиссиёти хушку холӣ набуда беғаразона ба дигарон некӣ кардан низ мебошад. Вақте мо ба дигарон муҳаббати самимӣ зоҳир мекунем, ин ба мо хурсандӣ мебахшад ва ҳаётамонро пурмаъно мегардонад.
2, 3. Чӣ тавр Яҳува нишон дод, ки одамизодро самимона дӯст медорад?
2 Яҳува муҳаббати самимиашро нисбати одамизод пеш аз офаридани Одаму Ҳавво нишон дода буд. Ӯ Заминро барои Худаш наофарид. Худо Замин ва ҳама чизеро, ки дар он аст барои одамизод тайёр кард, то онҳо аз зиндагӣ ҳаловат баранд. Баъд аз ин Яҳува одамизодро офарид ва онҳоро баракат дода гуфт, ки дар ин Биҳишти зебо ҷовидона зиндагӣ кунанд.
3 Баъдтар Яҳува нисбати одамизод муҳаббати самимӣ доштанашро боз бо як роҳи беҳтарин нишон дод. Одаму Ҳавво исён бардошта бошанд ҳам, Яҳува ваъда дод, ки дар оянда барои насли онҳо Наҷотдиҳандаро мефиристад, зеро боварӣ дошт, ки баъзеашон Ӯро дӯст хоҳанд дошт (Ҳас. 3:15; 1 Юҳ. 4:10). Вақте Яҳува ин ваъдаро дод, Ӯ медонист, ки нияташ ҳатман амалӣ мегардад. Қариб 4000 сол пас Яҳува Писари ягонаи Худро барои одамизод қурбон кард (Юҳ. 3:16). Мо барои муҳаббати самимиаш аз Яҳува хеле миннатдорем!
4. Мо аз куҷо медонем, ки одами нокомил муҳаббати самимӣ зоҳир карда метавонад?
4 Оё инсони нокомил муҳаббати самимӣ зоҳир карда метавонад? Албатта. Зеро Яҳува моро ба шабоҳати Худ офаридааст ва мо қобилияти ба Ӯ пайравӣ намуданро дорем. Зоҳир кардани муҳаббати самимӣ на ҳама вақт осон, вале имконпазир аст. Масалан, Ҳобил беғаразона чизи беҳтаринашро ба қурбонӣ оварда нишон дод, ки Худоро самимона дӯст медорад (Ҳас. 4:3, 4). Нӯҳ бошад, ба бепарвоии одамони гирду атрофаш нигоҳ накарда солҳои дароз мавъиза мекард. Ӯ бо ин муҳаббаташро нисбати одамон нишон дод (2 Пет. 2:5). Вақте ки Иброҳим писараш Исҳоқро қурбон карданӣ буд, вай муҳаббати Худоро аз ҳиссиёти худ боло гузошт (Яъқ. 2:21). Мо низ мисли ин мардони содиқ мехоҳем, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда муҳаббати самимӣ зоҳир кунем.
МУҲАББАТИ САМИМӢ ЧИСТ?
5. Бо кадом роҳҳо самимӣ будани муҳаббатамонро нишон дода метавонем?
5 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки муҳаббати самимӣ «на бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ» зоҳир мегардад (1 Юҳ. 3:18). Ин маънои онро надорад, ки мо бо сухан муҳаббати худро зоҳир карда наметавонем (1 Тас. 4:18). Лекин танҳо «ман туро дӯст медорам» гуфтан бас нест. Мо бояд муҳаббатамонро дар амал нишон диҳем. Барои мисол, агар бародар ё хоҳари мо сару либос ё хӯрокаи лозима надошта бошад, фақат бо сухан дастгирӣ кардан кифоя нест (Яъқ. 2:15, 16). Ба ин монанд, агар мо Худо ва ёри худро дӯст дорем, мо на фақат дуо мегӯем, ки одамони зиёд ҳақиқатро қабул кунанд, балки худамон низ дар паҳн кардани хушхабар бештар иштирок менамоем (Мат. 9:38).
6, 7. а) «Муҳаббати бериё» чист? б) Киҳо муҳаббати сохта доштанд?
6 Юҳаннои ҳавворӣ навишт, ки мо бояд «бо амал ва ростӣ» дӯст дорем. Аз ин рӯ муҳаббати мо бояд «бериё» бошад (Рум. 12:9; 2 Қӯр. 6:6). Баъзан шахс метавонад ба ягон кас худашро ҳамин хел нишон диҳад, ки гӯё ӯро дӯст медорад. Оё гуфтан мумкин аст, ки муҳаббати вай самимӣ мебошад? Мақсади ӯ аз ин хел сохтакорӣ дар чист? Ин гуна муҳаббатро умуман муҳаббат номидан мумкин нест. Он қадру қимат надорад.
7 Биёед баъзе аз мисолҳои муҳаббати сохтаро дида бароем. Дар боғи Адан Шайтон худашро ҳамин хел нишон дод, ки гӯё ғами Ҳавворо мехӯрад, вале дар асл вай худхоҳ ва риёкор буд (Ҳас. 3:4, 5). Шоҳ Довуд бо Аҳитӯфал ном марде дӯстӣ мекард. Вале Аҳитӯфал барои фоидаи худ ба дӯсташ хиёнат кард. Бо ин кораш вай нишон дод, ки дӯсти ҳақиқӣ нест (2 Подш. 15:31). Имрӯз низ осиён ва дигарон барои вайрон кардани ягонагии ҷамъомад суханони ширинро истифода мебаранд ва хушомадгӯйӣ мекунанд (Рум. 16:17, 18). Онҳо худашонро ҳамин хел нишон медиҳанд, ки гӯё дар бораи мо ғамхорӣ мекунанд, вале дар асл худхоҳанд.
8. Мо бояд ба худ кадом саволро диҳем?
8 Муҳаббати сохта хуб нест, чунки дар байни одамон ҷудоӣ меандозад. Мо одамонро фиреб карда тавонем ҳам, Худоро ҳаргиз фиреб карда наметавонем. Исо гуфта буд, ки дурӯяҳо ҷазои сахт мегиранд (Мат. 24:51). Мо бошем, ҳеҷ гоҳ дурӯя будан намехоҳем. Аз ин рӯ бояд ҳамеша худро тафтиш карда чунин савол диҳем: «Оё муҳаббати ман самимист ё ин ки ман худхоҳӣ ва сохтакорӣ мекунам?» Биёед ҳоло нӯҳ роҳеро дида бароем, ки чӣ тавр мо «муҳаббати бериё»-ро нишон дода метавонем.
ЧӢ ТАВР «БО АМАЛ ВА РОСТӢ» ДӮСТ ДОРЕМ?
9. Муҳаббати самимӣ моро ба чӣ бармеангезад?
9 Касе кори шуморо набинад ҳам, бо хурсандӣ хизмат кунед. Мо бояд беғаразона муҳаббат зоҳир намуда ба некӣ кардан тайёр бошем. (Матто 6:1–4-ро хонед.) Ҳанониё ва Сафира ин хел накарданд. Онҳо ба ҳама овоза карда гапи дурӯғ заданд, ки тамоми пулашонро хайрия карданд ва барои ин дурӯягиашон ҷазо гирифтанд (Аъм. 5:1–10). Аммо агар мо, дар ҳақиқат, бародару хоҳаронро дӯст дорем, аз таҳти дил ба онҳо ёрдам мекунем ва дар ҷавоб чизеро интизор намешавем. Мо метавонем аз бародароне, ки дар тайёр кардани ғизои рӯҳонӣ ба Ҳайати роҳбарикунанда ёрдам мекунанд, ибрат гирем. Онҳо диққатро ба худашон равона намесозанд ва намегӯянд, ки ин ё он корро онҳо кардаанд.
10. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки дигаронро ҳурмат мекунем?
10 Дигаронро ҳурмат кунед. (Румиён 12:10-ро хонед.) Исо шогирдони худро ҳурмат карда пойҳояшонро шуст (Юҳ. 13:3–5, 12–15). Мо низ бояд кӯшиш кунем, ки мисли Исо фурӯтан бошем ва ба дигарон хизмат кунем. Ҳаввориён дар аввал инро нафаҳмиданд, вале баъди гирифтани рӯҳулқудс пурра ба маънои кори Исо сарфаҳм рафтанд (Юҳ. 13:7). Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки дигаронро ҳурмат мекунем? Агар дар бораи худамон аз ҳад зиёд фикр накунем ва худро аз дигарон боло гирифта нагӯем, ки мо маълумоти олӣ дорем, бой ҳастем ё дар ҷамъомад таъйиноти махсус дорем (Рум. 12:3). Инчунин вақте дигаронро барои ягон коре, ки мо ҳам дар он саҳми худро гузошта будем, таъриф мекунанд, мо бахилӣ накарда ҳамроҳашон хурсандӣ мекунем.
11. Чаро таърифи мо бояд самимӣ бошад?
11 Аз самимӣ қалб таъриф кунед. Барои таъриф кардани дигарон имконият ҷӯед. Ҳамаи мо медонем, ки таъриф ба кас болу пар мебахшад (Эфс. 4:29). Вале ин маънои онро надорад, ки мо бояд хушомадгӯй бошем ва худро нағз нишон дода дар вақти лозима аз маслиҳат додан даст кашем (Мас. 29:5). Таърифи мо бояд самимӣ бошад. Агар мо ягон касро дар рӯяш таъриф кунему аз қафояш танқид намоем, дурӯягӣ мешавад. Павлуси ҳавворӣ дар зоҳир кардани муҳаббати самимӣ ба мо намуна гузошт. Ӯ худро аз доми хушомадгӯйӣ дур гирифта дигаронро аз таҳти дил таъриф мекард. Масалан, ӯ масеҳиёни Қӯринтро самимона барои корҳои аниқашон таъриф кард (1 Қӯр. 11:2). Вале, вақте ки рафтори онҳо сазовори таъриф набуд, ӯ сабабашро фаҳмонда онҳоро ислоҳ кард (1 Қӯр. 11:20–22).
Муҳаббат ва саховатмандӣ нишон дода ба бародару хоҳарон дасти ёрӣ дароз кунед (Ба сархати 12 нигаред.)
12. Чӣ тавр меҳмоннавозии мо муҳаббати самимӣ доштанамонро нишон медиҳад?
12 Меҳмондӯст бошед. Яҳува мехоҳад, ки мо нисбати бародару хоҳарон сахӣ бошем. (1 Юҳанно 3:17-ро хонед.) Меҳмондӯстии мо бояд аз дилу нияти пок бошад. Барои ҳамин аз худ пурсида метавонем: «Ман ба меҳмонӣ одатан киҳоро таклиф мекунам: дӯстони наздик, онҳоеро, ки ба назарам дар ҷамъомад мавқеи муҳим доранд ё касонеро, ки ёрдамашон ба ман мерасад? Оё ман нисбати бародару хоҳароне, ки нағз намешиносам ё дар ҷавоб ба ман чизе дода наметавонанд, саховатмандӣ зоҳир мекунам?» (Луқ. 14:12–14). Тасаввур кунед, ки ягон бародар аз сабаби қарори нодурусташ ба кӯмак мӯҳтоҷ аст. Ё шахсе, ки мо ба меҳмонӣ даъват кардем миннатдорӣ баён намекунад. Дар ин хел мавридҳо маслиҳати зерин ба мо ёрдам мекунад: «Якдигарро бешикваю шикоят меҳмоннавозӣ кунед» (1 Пет. 4:9). Агар мо аз рӯйи ин маслиҳат амал намуда ба дигарон бо дилу нияти пок кӯмак расонем, хурсандӣ мегирем (Аъм. 20:35).
13. а) Хусусан кай ба мо пурсабрӣ лозим аст? б) Чӣ тавр мо сустонро дастгирӣ карда метавонем?
13 Сустонро дастгирӣ кунед. Китоби Муқаддас чунин мегӯяд: «Сустонро дастгирӣ намоед, бо ҳар кас пурсабр бошед» (1 Тас. 5:14). Ин гуфтаҳо ба мо ёрдам мекунанд, то фаҳмем, ки муҳаббатамон самимӣ аст ё не. Бисёр бародару хоҳароне, ки пеш суст буданд, ҳоло дар имон устуворанд. Вале баъзеҳо ҳоло ҳам ба пурсабрӣ ва меҳрубонии мо ниёз доранд. Мо метавонем бо ёрии Китоби Муқаддас онҳоро рӯҳбаланд созем, ҳамроҳашон ба хизмат равем ва ё бодиққат гапашонро гӯш кунем. Илова бар ин, мо набояд гӯем, ки ин бародар ё хоҳар дар имон қавӣ асту дигараш не. Мо набояд фаромӯш кунем, ки ҳамаи мо сустиҳои худро дорем. Ҳатто Павлуси ҳавворӣ тан мегирифт, ки сустиҳо дорад (2 Қӯр. 12:9, 10). Барои ҳамин ҳамаи мо ба кӯмак ва рӯҳбаландии якдигар мӯҳтоҷем.
14. Барои нигоҳ доштани сулҳ бо ҳамимонон мо бояд чӣ кор кунем?
14 Сулҳҷӯ бошед. Ҳатто агар моро нафаҳманд ва ё бо мо беадолатона рафтор кунанд, мо кӯшиш мекунем, ки бо бародарону хоҳарон сулҳро нигоҳ дорем. (Румиён 12:17, 18-ро хонед.) Агар мо ягон касро хафа кунем, бояд аз таҳти дил бахшиш пурсем. Масалан, ба ҷойи «афсӯс ки, хафа шудӣ» гуфтан, хуб мебуд гуноҳро ба гардан гирифта чунин гӯем: «Мебахшӣ, ки туро бо ин гапам хафа кардам». Дар издивоҷ низ нигоҳ доштани сулҳ хеле муҳим аст. Агар зану шавҳар фақат дар пеши дигарон нишон диҳанд, ки якдигарро дӯст медоранд, вале дар хона бо ҳам гап назананд, суханони сахт гӯянд ё ҳатто ба зӯроварӣ даст зананд, дар оилаашон тинҷӣ намешавад.
15. Чӣ нишон медиҳад, ки мо аз таҳти дил бахшидаем?
15 Аз таҳти дил бахшед. Агар ягон кас моро ранҷонад, мо ӯро мебахшем ва дар дил кина намегирем. Баъзан шахсе, ки моро меранҷонад, худаш аз ин бехабар мемонад. Ҳатто дар ин ҳолат низ мо ӯро аз таҳти дил бахшида якдигарро бо муҳаббат тоқат мекунем ва саъю кӯшиш мекунем, ки ягонагии рӯҳро нигоҳ дорем (Эфс. 4:2, 3). Вақте дар бораи кори кардаи шахс фикр кардан мегирем, самимона бахшиданамон душвор мегардад. Муҳаббат «ба дил кина намегирад» (1 Қӯр. 13:4, 5). Агар кинаву адоват дар диламон реша давонад, он муносибати моро бо бародару хоҳарон ва ҳатто бо Яҳува вайрон карда метавонад (Мат. 6:14, 15). Дар ҳаққи шахсе, ки нисбати мо гуноҳ кардааст дуо гуфта мо нишон медиҳем, ки ӯро аз таҳти дил бахшидаем (Луқ. 6:27, 28).
16. Мо бояд ба вазифаи гирифтаамон чӣ тавр нигоҳ кунем?
16 Хоҳиши дигаронро аз худ боло монед. Вақте ки ба мо ягон вазифаи махсус медиҳанд, мо ба ин чун ба имконияти зоҳир кардани муҳаббати самимӣ нигоҳ мекунем ва на «нафъи худро... балки нафъи дигаронро» толиб мешавем (1 Қӯр. 10:24). Масалан, дар анҷуманҳо бародарони масъул ба бинои анҷуман аз ҳама пеш медароянд. Шояд онҳо хоҳанд, ки барои худ ва оилаашон ҷойи беҳтаринро ишғол кунанд. Лекин бисёри онҳо аз вазифаи худ сӯистифода накарда ҷойҳои беҳтаринро интихоб намекунанд. Хоҳиши дигаронро аз худ боло монда онҳо муҳаббати самимӣ зоҳир менамоянд. Чӣ тавр мо ба намунаи ин бародарон пайравӣ карда метавонем?
17. Агар масеҳӣ гуноҳи ҷиддӣ кунад, муҳаббати самимӣ ӯро ба чӣ бармеангезад?
17 Гуноҳи ҷиддиро пинҳон накунед. Баъзе масеҳиён гуноҳи ҷиддиашонро пинҳон мекунанд. Шояд онҳо аз гуфтан шарм медоранд ё намехоҳанд, ки дигаронро зиқ кунанд (Мас. 28:13). Вале гуноҳро пинҳон кардан аз рӯйи муҳаббат нест, чунки ин ҳам ба шахси гунаҳкор ва ҳам ба дигарон зарар мерасонад. Чӣ тавр? Масалан, аз пушти гуноҳи як кас Яҳува бо рӯҳи муқаддас баракат додани ҷамъомадро бас мекунад ва дар ҷамъомад сулҳу ягонагӣ нест мешавад (Эфс. 4:30). Аз ин рӯ, агар масеҳӣ гуноҳи ҷиддӣ кунад, муҳаббати самимӣ ӯро бармеангезад, ки дар ин бора бо пирон гап занад ва кӯмаки лозимаро қабул кунад (Яъқ. 5:14, 15).
18. Муҳаббати самимӣ то чӣ андоза муҳим аст?
18 Муҳаббат хислати бузургтарин аст (1 Қӯр. 13:13). Вақте мо онро зоҳир менамоем, нишон медиҳем, ки шогирди Масеҳ ҳастем ва ба Сарчашмаи муҳаббат, Яҳува, пайравӣ мекунем (Эфс. 5:1, 2). Павлус навишт: «Агар... муҳаббат надошта бошам,— ман ҳеҷ ҳастам» (1 Қӯр. 13:2). Пас биёед, на танҳо дар «сухан», балки дар «амал ва ростӣ» ба якдигар муҳаббат зоҳир карданро давом диҳем.