-
Китоби Муқаддас дар бораи нӯшокиҳои спиртӣ чӣ мегӯяд?То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
Китоби Муқаддас дар бораи нӯшокиҳои спиртӣ чӣ мегӯяд?
Одамон ба истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ муносибати гуногун доранд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки дар тӯю маъракаҳо ва дар иҳотаи дӯстон арақу шароб нӯшидан мумкин аст. Баъзеи дигар ин гуна машруботро ба даҳон намебаранд. Ҳамчунин касоне ҳастанд, ки ба бадмастӣ даст мезананд. Лекин назари Китоби Муқаддас ба нӯшокиҳои спиртӣ чӣ гуна аст?
1. Оё истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ нораво аст?
Китоби Муқаддас истеъмоли нӯшокиҳои спиртиро манъ намекунад. Дар он гуфта шудааст, ки «шароб, ки касро дилхуш месозад», яке аз атоҳои Худованд аст (Забур 104:14, 15). Дар замонҳои қадим баъзе хизматгорони вафодори Худо шароб менӯшиданд (1 Тимотиюс 5:23).
2. Китоби Муқаддас дар мавриди истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ аз чӣ огоҳ мекунад?
Яҳува нӯшонӯшӣ ва бадмастиро маҳкум мекунад (Ғалотиён 5:21). Дар Каломи ӯ гуфта шудааст, ки «дар миёни бадмастон» набошем (Панднома 23:20). Аз ин рӯ, хоҳ дар байни дигарон машруботи спиртӣ нӯшем, хоҳ дар танҳоӣ, бояд эҳтиёт шавем, ки аз ҳад нагузарем ва маст нашавем. Кор набояд ба ҷое расад, ки мо ақлу ҳуш ва гуфтору рафтори худро идора карда натавонем ё ҳатто ба саломатиамон зарар расонем. Агар мо худдорӣ карда натавонем, беҳтараш тамоман нанӯшем.
3. Чӣ тавр қарори дигаронро ҳурмат карда метавонем?
Ҳар кас худаш қарор мекунад, ки нӯшад ё не. Агар мо бинем, ки касе каме менӯшад, набояд ӯро танқид кунем. Аз дигар тараф, вақте касе нӯшидан намехоҳад, мо бояд ӯро маҷбур накунем (Румиён 14:10). Ҳамзамон, вақте мебинем, ки нӯшидани мо барои касе санги монеа мешавад, нанӯшиданро авло медонем. (Румиён 14:21-ро хонед.) Ҳамин тавр мо «фоидаи худро неву фоидаи каси дигарро ҷӯё» мешавем. (1 Қӯринтиён 10:23, 24-ро хонед.)
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки бо ёрии кадом оятҳои Китоби Муқаддас қарор карда метавонед, ки машруботи спиртӣ нӯшед ё не ва, агар нӯшед, бояд донед, ки чӣ қадар менӯшед. Ҳамчунин дида бароед, ки чӣ тавр бо одати суиистифода аз нӯшокиҳои мастиовар мубориза бурдан мумкин аст.
4. Қарори оқилона бароред
Муносибати Исо ба нӯшидани шароб чӣ гуна буд? Барои фаҳмидани ин муъҷизаи аввалини ӯро дида бароед. Юҳанно 2:1–11-ро хонед, сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.
Аз ин порча мо дар бораи назари Исо ба арақу шароб ва муносибати ӯ ба касоне, ки онро истеъмол мекарданд, чӣ мефаҳмем?
Азбаски Исо нӯшиданро танқид накард, пайравони ӯ ба касоне, ки менӯшанд, бояд чӣ гуна назар дошта бошанд?
Ҳарчанд ба масеҳиён нӯшидани машруботи спиртӣ мумкин аст, на ҳама вақт нӯшидан аз рӯйи хирад аст. Панднома 22:3-ро хонед ва пеш аз нӯшидан фикр кунед, ки оё...
шумо мошин меронед ё бо ягон асбоби техникӣ кор мекунед;
шумо ҳомиладоред;
духтур ба шумо тавсия додааст, ки нанӯшед;
дар вақти нӯшидан худдорӣ карда метавонед;
қонуни давлат ба шумо иҷозат медиҳад, ки нӯшед;
ҳамроҳи шумо касе ҳаст, ки дар гузашта аз ҳад зиёд менӯшиду ҳоло қарор кардааст, ки нӯшокии спиртиро тамоман ба даҳон намебарад.
Оё дар тӯю маъракаҳо дар сари дастархон арақу шароб гузоштан шарт аст? Барои инро фаҳмидан ВИДЕОРО тамошо кунед.
Румиён 13:13 ва 1 Қӯринтиён 10:31, 32-ро хонед. Баъд аз хондани ҳар як оят саволи зеринро дида бароед:
Чӣ тавр ин гуфтаҳо ба мо ёрӣ медиҳанд, ки қароре қабул кунем, ки дили Яҳуваро шод мегардонад?
Ҳар як хизматгори Худо худаш қарор мекунад, ки нӯшад ё не. Ҳатто агар ӯ гоҳ-гоҳ нӯшад, дар баъзе вазъиятҳо ӯ метавонад аз нӯшидан даст кашад
5. Меъёри худро донед
Агар шумо қарор кунед, ки менӯшед, дар хотир доред, ки, ҳарчанд Яҳува нӯшидани машруботи спиртиро манъ накардааст, мастигариро маҳкум мекунад. Чаро? Ҳушаъ 4:11, 18-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Истеъмоли зиёди машруботи спиртӣ ба чӣ оварда метавонад?
Чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки аз ҳад зиёд нанӯшем? Барои ин мо бояд ҳадшинос бошем. Панднома 11:2-ро хонед ва ба савол ҷавоб диҳед.
Чаро хуб мебуд, ки пешакӣ муайян кунем, ки чӣ қадар менӯшем?
6. Аз бадмастӣ даст кашед
Фаҳмед, ки ба як мард чӣ ёрдам дод, ки арақхӯриро партояд. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволҳоро дида бароед.
Арақхӯрӣ ба Дмитрий чӣ тавр таъсир мекард?
Оё ӯ дарҳол ин одаташро партофт?
Чӣ тавр ӯ ниҳоят аз доми бадмастӣ халос шуд?
1 Қӯринтиён 6:10, 11-ро хонда, ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Бадмастӣ ба чӣ оварда мерасонад?
Чӣ нишон медиҳад, ки арақхӯриро партофта мешавад?
Матто 5:30-ро хонед, сипас ба савол ҷавоб диҳед.
Бо ин мисол Исо нишон дод, ки барои Яҳуваро хурсанд кардан мо бояд аз баҳри чизе гузарем. Касе, ки арақхӯриро партофтанӣ аст, чӣ кор карда метавонад?a
1 Қӯринтиён 15:33-ро хонда, ба савол ҷавоб диҳед:
Чӣ тавр ёру рафиқони шумо ба чӣ қадар нӯшиданатон таъсир карда метавонанд?
БАЪЗЕҲО МЕПУРСАНД: «Оё арақу шароб нӯшидан равост?»
Шумо ба ин савол чӣ ҷавоб медиҳед?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Яҳува нӯшидани машруботи спиртиро барои дилхушӣ иҷозат додааст, лекин ӯ бебаркаш нӯшидан ва бадмастиро манъ мекунад.
Такрор
Китоби Муқаддас дар бораи нӯшокиҳои спиртӣ чӣ мегӯяд?
Аз ҳад зиёд нӯшидан чӣ хатар дорад?
Чӣ тавр мо дар мавриди истеъмол кардани нӯшокиҳои спиртӣ қарори дигаронро эҳтиром карда метавонем?
ДИДА БАРОЕД
Чӣ ба ҷавонон ёрӣ медиҳад, ки дар мавриди нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ бомулоҳиза бошанд?
Фаҳмед, ки чӣ ба кас ёрӣ медиҳад, ки арақхӯриро партояд.
Оё пайравони Масеҳ қадаҳ мебардоранд?
Мақолаи «Ман бебаркаш менӯшидам»-ро хонда, фаҳмед, ки чӣ тавр марди арақхӯре ин одаташро партофт.
«Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» («Бурҷи дидбонӣ», 1 майи с. 2012)
a Барои аз чанголи бадмастӣ халос шудан баъзан ба кас кумаки мутахассис лозим аст. Баъзе духтурон тавсия медиҳанд, ки чунин касон тамоман арақ нахӯранд.
-
-
Сарулибос ва афту андоме, ки ба Худо писанд астТо абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
ДАРСИ 52
Сарулибос ва афту андоме, ки ба Худо писанд аст
Ҳамаи мо ба табъи диламон сарулибос интихоб мекунем ва худамонро оро медиҳем. Барои он ки интихоби кардаамон ба Яҳува низ писанд ояд, якчанд маслиҳати Китоби Муқаддасро дида мебароем.
1. Чӣ тавр сарулибосе интихоб кунем, ки ба парастандагони Худо хос бошад?
Мо бояд «худро бо либоси шоиста, бо хоксориву солимфикрӣ» оро диҳем, чуноне ки ба касони «худотарс зебанда аст» (1 Тимотиюс 2:9, 10). Биёед фикрҳои ин оятро як ба як дида бароем. 1) Сарулибоси мо бояд «шоиста» бошад. Агар шумо аҳамият дода бошед, дар вохӯриҳои ҷамоат парастандагони Яҳува либосҳои гуногун пӯшанд ҳам, бо либоспӯшӣ ва ороиши мӯйи худ онҳо нишон медиҳанд, ки Худоро эҳтиром мекунанд. 2) «Бо хоксорӣ» либос пӯшидан маънои онро дорад, ки намуди зоҳириамон набояд шаҳватангез ё аз ҳад ҷалбкунанда бошад. 3) «Солимфикрӣ»-ро бо он нишон медиҳем, ки аз пушти либосҳои навбаромад намедавем. 4) Либоспӯшӣ ва афту андоми мо бояд ҳама вақт нишон диҳад, ки мо «худотарс» ҳастем, то дигарон ба осонӣ пай баранд, ки мо Худои ҳақиқиро мепарастем (1 Қӯринтиён 10:31).
2. Чаро ҳангоми интихоби либос ҳамимононро ба назар гирем?
Ҳарчанд чӣ пӯшидан дар ихтиёри худамон аст, мо бояд дигаронро ба назар гирем. Мо намехоҳем, ки ба иззати нафси дигарон расем, балки «барои ободии дигарон дар фикри беҳбудии онҳо» бошем ва ба онҳо некӣ кунем. (Румиён 15:1, 2-ро хонед.)
3. Чӣ тавр сарулибоси мо дигаронро ба Яҳува ҷалб карда метавонад?
Мо кӯшиш мекунем, ки ҳама вақт либоси шоиста пӯшем, лекин дар ҷамоат ва хизмат ба сарутани худ бештар аҳамият медиҳем. Мо намехоҳем, ки бо либос ва ороиши номуносиб ҳуши дигаронро аз паёми Худо парешон созем. Баръакс, мехоҳем дигаронро ба ҳақиқат ҷалб кунем ва «таълими Наҷотбахшамон Худоро бо ҳар роҳ» оро диҳем (Титус 2:10).
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чӣ тавр дилпур шудан мумкин аст, ки либоспӯшӣ ва афту андомамон шоистаи хизматгори Худост.
Бо сарулибоси худ мо нишон медиҳем, ки ҳукуматдоронро ҳурмат мекунем ё не. Ба ин монанд, ҳарчанд Яҳува дилу нияти моро мебинад, аз либоспӯшиямон низ бояд аён бошад, ки ӯро эҳтиром мекунем
4. Сарулибоси шоистаи мо нишон медиҳад, ки Яҳуваро эҳтиром мекунем
Сабаби аз ҳама муҳиме, ки мо ба намуди зоҳирии худ аҳамият медиҳем, кадом аст? Забур 47:2-ро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Мо, ки намояндагони Яҳува ҳастем, бояд чӣ гуна либос пӯшем?
Ба фикратон, чаро муҳим аст, ки дар вохӯриҳои ҷамоат ва хизмат сарулибоси муносиб дошта бошем?
5. Дар интихоби либос ва ороиш бомулоҳиза бошед
Шарт нест, ки либоси қиматбаҳо пӯшем, муҳим ин аст, ки он тозаву шинам ва мувофиқ бошад. 1 Қӯринтиён 10:24 ва 1 Тимотиюс 2:9, 10-ро хонед ва фаҳмед, ки чаро мо набояд либосҳоеро пӯшем, ки...
бетартибу аз ҳад кушоданд.
шавҳатангезанд, масалан, танг ё кушодаанд.
Имрӯз хизматгорони Худо аз рӯйи Шариати Мӯсо зиндагӣ намекунанд, лекин аз он назари Худоро ба масъалаҳои гуногун фаҳмида метавонанд. 5 Мӯсо 22:5-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чаро занон набояд мисли мардон ва мардон мисли занон либос пӯшанду мӯйсар дошта бошанд?
1 Қӯринтиён 10:32, 33 ва 1 Юҳанно 2:15, 16-ро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Чаро ҳангоми либоспӯшӣ ва ороиши рӯю мӯй фикри одамони маҳалламон ва бародару хоҳаронро ба назар гирем?
Дар минтақаи шумо мардум одатан чӣ гуна либос мепӯшанду худро оро медиҳанд?
Ба фикри шумо, чаро баъзе аз он тарзҳои либоспӯшӣ ба хизматгорони Худо муносиб нест?
Мо метавонем ба таври гуногун либос пӯшему сару рӯямонро оро диҳем ва ҳамзамон Яҳуваро хурсанд кунем
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Чизе хоҳам, мепӯшам, дигарон ба ман чӣ кор доранд!»
Оё ин ақида дуруст аст? Чаро чунин фикр мекунед?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Вақте ба таври шоиста либос мепӯшему худро оро медиҳем, нишон медиҳем, ки Яҳува ва дигаронро эҳтиром мекунем.
Такрор
Чаро барои Яҳува муҳим аст, ки либос ва ороиши рӯю мӯямон шоиста бошад?
Кадом маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ёрӣ медиҳанд, ки дар интихоби сарулибос қарори дуруст барорем?
Намуди зоҳирии мо ба дигарон чӣ хел таъсир мекунад?
ДИДА БАРОЕД
Фаҳмед, ки либоспӯшиятон дар бораи шумо чиро нишон медиҳад.
Фаҳмед, ки чаро пеш аз холкӯбӣ хуб андеша намудан муҳим аст.
«Китоби Муқаддас дар бораи холкӯбӣ чӣ мегӯяд?» (Мақола аз сомона)
Фаҳмед, ки боз кадом маслиҳатҳо кумак мекунанд, ки дар мавриди либоспӯшӣ интихоби дуруст кунем.
«Оё сарулибос ва намуди зоҳирии шумо Яҳуваро ҷалол медиҳад?» («Бурҷи дидбонӣ», сентябри с. 2016)
Чӣ тавр як зан ба либоспӯшӣ ва ороиши дигарон назари дуруст пайдо кард?
«Либоспӯшӣ ва ороиши дигарон ба дилам шубҳа меандохт» («Бедор шавед!», 22 декабри с. 2003)
-