Сулҳ дар давоми ҳазор сол ва аз он ҳам зиёд
«то ки худо барои ҳар кас ҳама чиз бошад» (1 ҚӮР. 15:28, ТДН).
ОЁ ШУМО ФАҲМОНДА МЕТАВОНЕД?
Иҷрошавии пешгӯиҳои зерин барои шумо чӣ маъно хоҳанд дошт?
1. Чӣ гуна имконияти олиҷаноб «анбӯҳи бузург»–ро интизор аст?
ҲОКИМИЯТИ пурқудратеро тасаввур кунед, ки роҳбари одилу дилсӯзи он ба тобеонаш дар давоми ҳазор сол корҳои неки зиёде мекунад. Ба фикри шумо оё ин имконпазир аст? Маҳз чунин рӯйдодҳои аҷоиб «анбӯҳи бузург»–у бешуморро интизор аст. Онҳо дар мусибати бузург, вақте ки тартиботи шариронаи имрӯза ба пуррагӣ нест мешавад, наҷот хоҳанд ёфт (Ваҳй 7:9, 14).
2. Дар давоми 6 000 соли охир одамизод чиро аз сар гузаронида истодааст?
2 Дар тӯли 6 000 соли гузашта одамизоди аз Худо мустақил кӯшиш мекард, ки худаш бар худ ҳукмронӣ кунад ва ин тарзи ҳукмронӣ ба сари тамоми инсоният дарду азоби бениҳоят зиёд овард. Асрҳо пеш дар Китоби Муқаддас чунин навишта шуда буд: «Одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад» (Воиз 8:9). Имрӯз мо чиро мушоҳида карда метавонем? Одамизод ғайр аз ҷангҳову исёнҳо боз бо дигар проблемаҳои умумиҷаҳонӣ, ба монанди камбағалӣ, бемориҳо, ифлосшавии муҳити атроф, тағйирёбии обу ҳаво ва ғайра рӯ ба рӯ шуда истодааст. Ҳукуматдорони давлатҳо огоҳ мекунанд, ки агар одамон дар фаъолияти худ тағйиротҳои ҷиддӣ надароранд ва ба замин зараррасониро бас накунанд, ин ба оқибатҳои хеле харобиовар оварда мерасонад.
3. Дар натиҷаи Ҳукмронии ҳазорсолаи Салтанати Худо чӣ имконпазир хоҳад гашт?
3 Таҳти ҳукмронии Подшоҳ Исои Масеҳ ва 144 000 ҳамроҳонаш Салтанати Худо барои бартараф сохтани тамоми зарари ба одамон ва ба хонаи онҳо — сайёраи Замин расонидашуда чораҳо меандешад. Дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Салтанати Худо ваъдаи дилгармкунандаи Яҳува иҷро хоҳад шуд. Ӯ гуфт: «Ман осмони нав ва замини нав меофарам, ва чизҳои пештара ба хотир нахоҳад расид, ва ба дил нахоҳад омад» (Иш. 65:17). Кадом воқеаҳои аҷоиб дар оянда иҷро мешаванд? Биёед бо кӯмаки Каломи Худо ба он воқеаҳое, ки ҳоло «нонамоён»–анд назар афканем (2 Қӯр. 4:18).
ХОНАҲО БИНО МЕКУНАНД ВА ТОКҲО МЕШИНОНАНД
4. Имрӯз бисёриҳо бо кадом душвориҳои бо манзил алоқаманд рӯ ба рӯ мешаванд?
4 Кӣ намехоҳад, ки хонаи худро дошта бошад, ҷоеро, ки дар он ӯ ва оилааш худро дар оромӣ ва бехатарӣ ҳис мекунанд? Лекин дар ҷаҳони имрӯза доштани манзили хуб хеле мушкил аст. Одамон дар шаҳрҳое зиндагӣ мекунанд, ки аҳолиашон хеле зиёданд. Аз ин рӯ, бисёриҳо маҷбур мешаванд, то дар хонаҳои муваққатие, ки шароиташон бад асту дар маҳаллҳои нообод ҷойгиранд, зиндагӣ кунанд. Доштани хонаи худ барои чунин шахсон танҳо орзуву ҳавас асту халос.
5, 6. а) Пешгӯиҳои Ишаъё 65:21 ва Мико 4:4 чӣ тавр иҷро мешаванд? б) Чӣ тавр мо он баракатҳоро ба даст оварда метавонем?
5 Зери роҳбарии Салтанат хоҳиши ҳар як сокини он барои доштани хонаи худ амалӣ мегардад, зеро ин ба воситаи Ишаъё–пайғамбар пешгӯӣ шуда буд: «Ва хонаҳо бино карда, дар онҳо сокин хоҳанд шуд, ва токҳо шинонда, меваи онҳоро хоҳанд хӯрд» (Иш. 65:21). Лекин доштани хонаи худ ин ягона баракате нест, ки одамонро интизор аст. Охир имрӯз одамоне ҳастанд, ки дар хонаи худ зиндагонӣ мекунанд, шумораи ками одамон бошанд, ҳатто дар ҳавлиҳои боҳашамат зиндагӣ доранд ё соҳиби қитъаи замини калон мебошанд. Аммо онҳо доимо дар бораи он хавотиранд, ки аз сабаби бӯҳрони иқтисодӣ метавонанд манзилашонро аз даст диҳанд ё метарсанд, ки хонаашонро дузд мезанад. То чӣ андоза зиндагӣ зери роҳбарии Салтанати Худо аз ҳаёти имрӯзаамон фарқ хоҳад кард! Мико–пайғамбар навишта буд: «Ва ҳар яке зери токҳои худ ва зери дарахти анҷири худ хоҳанд нишаст, ва касе онҳоро нахоҳад тарсонид» (Мик. 4:4).
6 Бо назардошти чунин ояндаи олиҷаноб мо бояд чӣ гуна рафтор кунем? Албатта, ҳар яки мо ба манзили хуб ниёз дорем. Лекин мо набояд талош кунем, ки чунин хонаро худи ҳозир соҳиб шавем ва аз ин сабаб ба қарзи калон ғӯтем. Ба ҷои ин, аз рӯи хирад мебуд, ки тамоми диққатамонро ба ваъдаи Яҳува равона созем. Ба хотир оред, ки Исо дар бораи худ чӣ гуфта буд: «Рӯбоҳон лона ва мурғони ҳаво ошёна доранд, лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад» (Луқ. 9:58). Исо ҳам қобилият ва ҳам қувват дошт, то ки барои худ хонаи беҳтарин бисозад ё ба даст орад. Чаро ӯ инро накард? Бешубҳа Исо мехост, то аз ҳамаи он чизҳое, ки диққаташро парешон карда метавонистанд ё аз проблемаҳои зиёдатие, ки барои дар ҷои аввал гузоштани Салтанат ба ӯ монеа шуда метавонистанд, дурӣ ҷӯяд. Оё мо метавонем ба намунаи Масеҳ пайравӣ карда ба чизҳои моддӣ нагузорем, ки дар ҳаётамон ҷои аввалро ишғол намоянд ва сабаби ғаму ташвишҳои зиёдатӣ шаванд (Мат. 6:33, 34).
«ГУРГ ВА БАРРА БО ҲАМ ХОҲАНД ЧАРИД»
7. Яҳува аз аввал байни одамону ҳайвонот чӣ гуна муносибатро муайян кард?
7 Ҳангоми офариниш Яҳува одамонро, ки олитарин офаридаҳои заминии Ӯ мебошанд, охирон офарид. Яҳува нияти нисбати инсоният доштаашро ба Меъмори моҳири худ, Писари нахустинаш ошкор кард: «Одамро ба сурати Мо, ба шабоҳати Мо биофарем, ва онҳо бар моҳиёни баҳр, ва бар паррандагони осмон, ва бар чорпоён, ва бар тамоми замин, ва бар тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, ҳукм ронанд» (Ҳас. 1:26). Ҳамин тавр ба Одаму Ҳавво ва оқибат ба тамоми инсоният супориш дода шуд, ки бар тамоми олами ҳайвонот ҳукмронӣ кунанд.
8. Имрӯз одатан ҳайвонҳо чӣ гуна рафтор мекунанд?
8 Оё дар асл мумкин аст, ки одамон тамоми ҳайвонотро ба худ тобеъ гардонанд ва бо онҳо дар сулҳ зиндагонӣ кунанд? Баъзеҳо дар хонаи худ сагу гурба доранд ва онҳоро хеле дӯст медоранд. Лекин дар бораи ҳайвонҳои ваҳшӣ чӣ гуфтан мумкин аст? Як маълумотнома мегӯяд: «Олимоне, ки дар наздикии даррандагон зиндагонӣ мекарданд ва ҳаёти онҳоро меомӯхтанд, фаҳмиданд, ки тамоми ширхӯрон эҳсосот доранд». Албатта, мо медонем, ки дар ҳолатҳои барои ҳаёташон хатарнок ин ҳайвонҳоро ҳисси тарс фаро мегирад ё ин ки онҳо бераҳмона рафтор мекунанд, лекин магар онҳо меҳрубонӣ зоҳир карда метавонанд? Дар он маълумотнома қайд карда шудааст: «Ҳангоми калон кардани фарзандонашон ин ширхӯрон хусусияти бузургтаринро нишон медиҳанд, яъне қобилияти олиҷаноби зоҳир намудани меҳрубониву дилбастагӣ».
9. Мо нисбати ҳайвонот кадом дигаргуниҳоро интизор ҳастем?
9 Барои ҳамин мо набояд ҳайрон шавем, вақте дар Китоби Муқаддас мехонем, ки байни одамон ва ҳайвонҳо сулҳ ҳукмрон хоҳад буд. (Ишаъё 11:6–9; 65:25–ро бихонед.) Чаро? Ба ёд оред, ки баъди Тӯфон, ҳангоми аз киштӣ баромадани Нӯҳ ва оилааш, Яҳува ба онҳо гуфта буд: «Ҳайбати шумо ва салобат [яъне тарс]–и шумо бар ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшии замин... хоҳад буд». Аз тарси одамон ҳайвонҳо ба онҳо наздик намешаванд ва ҳамин тавр худро аз онҳо муҳофизат мекунанд (Ҳас. 9:2, 3). Аммо Яҳува метавонад ин тарсро ба андозае кам кунад, то муносибати байни одамону ҳайвонот маҳз мувофиқи нияти аввалаи Ӯ гардад (Ҳуш. 2:18). То чӣ андоза замонҳои хурсандиовар интизор аст ҳамаи онҳоеро, ки дар замин зиндагӣ хоҳанд кард!
«ХУДО ҲАР АШКРО АЗ ЧАШМОНИ ОНҲО ПОК ХОҲАД КАРД»
10. Аз кадом сабаб имрӯз бисёриҳо ашк мерезанд?
10 Вақте ки Сулаймон «ҳамаи ситамҳоеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад» дид, ӯ оҳ кашида гуфт: «Инак ашкҳои ситамкашон, вале барои онҳо тасаллидиҳандае нест» (Воиз 4:1). Вазъияти имрӯза ба ин суханон мувофиқ аст, ё ҳатто аз ин ҳам бадтар мебошад. Кадоме аз мо аз ин ё он сабаб боре ҳам ашк нарехтаем? Албатта баъзан ашкҳои мо ашки шодӣ аст, лекин бисёр вақт ашкҳоямон аз дарду алами диламон шаҳодат медиҳанд.
11. Кадоме аз нақлҳои Китоби Муқаддас ба шумо махсусан таъсирбахш аст?
11 Биёед мисолҳои зиёди таъсирбахшеро, ки дар Китоби Муқаддас оиди ашк рехтани шахсони гуногун навишта шудаанд, ба хотир орем. Вақте ки Соро дар синни 127 солагиаш аз олам чашм пӯшид, «Иброҳим омад, то ки барои Соро навҳа ва гиря кунад» (Ҳас. 23:1, 2). Вақте ки Ноомӣ бо ду келини бевамондааш хайрухуш кард, «онҳо овози худро баланд карда, гиристанд» ва чанде пас «онҳо боз овози худро баланд карда, гиристанд» (Рут 1:9, 14). Вақте ки подшоҳ Ҳизқиё аз беморӣ ва фикри наздик будани маргаш азоб мекашид, ӯ ба Худо дуо гуфта «зор–зор гирист» ва мо боварӣ дошта метавонем, ки ин ба Яҳува сахт таъсир кард (4 Подш. 20:1–5). Бешубҳа ба ҳар яки мо он чизе, ки Петрус баъд аз инкор кардани Исо ҳис карда буд, таъсири сахт мерасонад. Ҳангоми шунидани овози хурӯс Петрус «берун рафта, зор–зор гирист» (Мат. 26:75).
12. Чӣ тавр Ҳукмронии ҳазорсола ҳаёти инсониятро дигаргун месозад?
12 Аз сабаби воқеаҳои нохуши калон ё хурде, ки ба сари инсоният меоянд, ҳамаи мо ба тасалливу дастгирӣ бениҳоят ниёз дорем. Маҳз ҳаминро Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ ба ҳамаи тобеонаш меорад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд» (Ваҳй 21:4). То чӣ андоза хурсандибахш аст фикри он ки дар оянда дигар дарду азоб нахоҳад буд! Худо ҳатто ваъда медиҳад, ки душмани охирин, яъне маргро нест мекунад. Ин чӣ тавр ба амал меояд?
«ҲАМАИ ОНҲОЕ КИ ДАР ҚАБР МЕБОШАНД... БЕРУН ХОҲАНД ОМАД»
13. Чӣ тавр аз вақти гуноҳ кардани Одам инҷониб марг ба инсоният таъсир мерасонад?
13 Аз он даме, ки Одам гуноҳ кард, марг чун подшоҳ бар одамон ҳукмронӣ мекунад. Дар давоми таърихи инсонияти гунаҳкор марг ҳамеша душмани мағлубнашаванда, анҷоми ногузири ҳаёт ва манбаи ғаму андӯҳи беандоза буд (Рум. 5:12, 14). Дар ҳақиқат, миллионҳо одамон «аз тарси мамот [марг], тамоми умри худ гирифтори ғуломӣ» мебошанд (Ибр. 2:15).
14. Вақте ки марг аз байн меравад, чӣ рӯй хоҳад дод?
14 Китоби Муқаддас ба замоне, ишора мекунад, ки «душмани охирин... мамот» нест хоҳад шуд (1 Қӯр. 15:26). Ду гурӯҳи одамонро зикр метавон кард, ки аз ин манфиат хоҳанд гирифт. «Анбӯҳи бузург»–е, ки ҳоло ба Яҳува хизмат мекунанд, метавонанд Ҳармиҷидӯнро паси сар карда ба дунёи нави ваъдашуда роҳ ёбанд ва соҳиби ҳаёти ҷовидона гарданд. Миллиардҳо одамон бошанд, ки аллакай ба доми марг афтодаанд, барои эҳёшавӣ имконият пайдо хоҳанд кард. Оё шумо он хурсандӣ ва ваҷдеро, ки ҳангоми пешвоз гирифтани эҳёшудагон ҳукмрон хоҳад буд, тасаввур карда метавонед? Бодиққат дида баромадани мисолҳои эҳёшавӣ, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд, ба мо кӯмак мекунад, то бифаҳмем, ки он чӣ гуна хоҳад буд. (Марқӯс 5:38–42; Луқо 7:11–17-ро бихонед.)
15. Шумо чӣ ҳис мекардед, агар касе аз шахсони наздикатон ба ҳаёт бармегашт?
15 Дар бораи ибораҳои «онҳо хеле дар ҳайрат монданд» ва «Худоро ҳамду сано» мехонданд, фикр кунед. Агар шумо ҳамон вақт дар он ҷо мебудед, эҳтимол шумо низ чунин ҳис мекардед. Аз дидани он ки ҳангоми эҳёшавӣ наздиконамон ба ҳаёт бармегарданд, мо хеле хурсанду хушнуд мешавем. Ин дар ҳақиқат тааҷҷубовар хоҳад буд! Исо гуфта буд: «Соате мерасад, ки ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози Ӯро хоҳанд шунид, ва берун хоҳанд омад» (Юҳ. 5:28, 29). Касе аз мо боре ҳам рӯй додани чунин чизҳоро надидааст, барои ҳамин ин бароямон яке аз бузургтарин «чизҳои нонамоён» хоҳад буд.
«ХУДО БАРОИ ҲАР КАС ҲАМА ЧИЗ» ХОҲАД БУД
16. а) Чаро мо бояд дар бораи баракатҳое, ки ҳоло нонамоёнанд, бо ваҷду хурсандӣ гап занем? б) Барои рӯҳбаланд кардани масеҳиёни ҷамъомади Қӯринт Павлус чӣ гуфт?
16 Бале, онҳоеро, ки дар ин замонҳои сахт ба Яҳува содиқ мемонанд, ояндаи олиҷаноб интизор аст! Ҳарчанд он баракатҳои бузург ҳоло нонамоёнанд, дар хотир нигоҳ доштани онҳо ба мо кӯмак мекунад, ки диққатамонро ба чизҳои дар ҳақиқат муҳим равона созем ва аз чизҳои ин ҷаҳон, ки моро аз Яҳува дур карда метавонанд, канорагирӣ намоем (Луқ. 21:34; 1 Тим. 6:17–19). Дар вақти омӯзиш ва ибодати оилавӣ, муошират бо ҳамимонон ва ҳангоми муҳокима бо омӯзандагони Китоби Муқаддас ва шавқмандон биёед дар бораи умед ва имконияти олиҷанобамон бо ваҷду хурсандӣ гап занем. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки умедамонро зинда нигоҳ дорем. Павлуси ҳавворӣ барои рӯҳбаланд намудани ҳамимононаш маҳз чунин мекард. Суханони ӯ ба онҳо кӯмак мекарданд, ки оиди он воқеаҳое, ки дар охири Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ рӯй медиҳанд, мулоҳиза ронанд. Кӯшиш кунед, ки ба таври пурра иҷро шудани он суханони Павлусро, ки дар 1 Қӯринтиён 15:24, 25, 28 навишта шудаанд, тасаввур кунед. (Оятҳоро бихонед.)
17, 18. а) Чӣ тавр Яҳува дар аввали таърихи инсоният «барои ҳар кас ҳама чиз» буд? б) Барои барқарор кардани сулҳу ягонагӣ Исо чӣ кор хоҳад кард?
17 Суханони «то ки Худо барои ҳар кас ҳама чиз бошад», ҳаётеро, ки дар охири Ҳукмронии ҳазорсола меояд, ба таври беҳтарин тасвир мекунад. Ин суханон чӣ маъно доранд? Ба хотир оред, ки чӣ тавр Одаму Ҳавво чун инсонҳои комил дар боғи Адан зиндагӣ мекарданду қисми оилаи муттаҳиди Худо буданд, оилае, ки дар он сулҳу ягонагӣ ҳукмфармо буд. Яҳува, Ҳокими Даҳр, бар тамоми офаридаҳояш — ҳам фариштагон ва ҳам одамизод — бевосита ҳукмронӣ мекард. Онҳо метавонистанд шахсан бо Ӯ муошират кунанд, Ӯро ибодат намоянд ва баракатҳояшро соҳиб шаванд. Он вақт Яҳува «барои ҳар кас ҳама чиз» буд.
18 Вақте ки одамон зери таъсири Иблис муқобили Яҳува исён бардоштанд, он муносибатҳои сулҳҷӯёна вайрон шуданд. Лекин аз соли 1914 инҷониб Салтанати Масеҳоӣ зина ба зина барои барқарор кардани он сулҳу ягонагӣ чора меандешад (Эфс. 1:9, 10). Дар давоми Ҳукмронии ҳазорсола чизҳои аҷоибе, ки ҳоло «нонамоён»–анд, амалӣ хоҳанд гашт. Баъд, анҷоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ фаро мерасад. Он гоҳ чӣ рӯй хоҳад дод? Нигоҳ накарда ба он ки ба Исо «тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст», ӯ ҳатто фикри ба мавқеи Яҳува дастдарозӣ карданро надорад. Баръакс, ӯ фурӯтанона «Малакутро ба Худо ва Падар месупорад». Исо мавқеи махсус ва қудрати худро «барои ҷалоли Худо» истифода хоҳад бурд (Мат. 28:18; Фил. 2:9–11).
19, 20. а) Чӣ тавр тобеони Салтанат нишон медиҳанд, ки онҳо ҳуқуқи Ҳокими Даҳр будани Яҳуваро эътироф мекунанд? б) Чӣ гуна имконияти беҳамто моро интизор аст?
19 Он вақт тобеони заминии Салтанат ба комилият мерасанд. Онҳо ба намунаи Исо пайравӣ мекунанд ва бо фурӯтаниву омодагӣ ҳуқуқи Ҳокими Даҳр будани Яҳуваро эътироф менамоянд. Агар тобеони Салтанат нишон диҳанд, ки хоҳиши бар онҳо ҳукмронӣ кардани Яҳуваро доранд, онҳо аз озмоиши охирин хоҳанд гузашт (Ваҳй 20:7–10). Пас аз ин, тамоми исёнкорон — хоҳ одамон бошанд, хоҳ фариштаҳо — абадан нест мешаванд. То чӣ андоза хурсандибахш хоҳад буд он замон! Тамоми оилаи муттаҳиди Яҳува, ки ҳам аз офаридаҳои рӯҳӣ ва ҳам аз офаридаҳои заминӣ иборат аст, Ӯро хурсандона ҳамду сано хоҳад гуфт. Ва Яҳува «барои ҳар кас ҳама чиз» хоҳад шуд. (Забур 98:1–3-ро бихонед.)
20 Оё баракатҳои олиҷаноби Салтанат, ки дар ояндаи хеле наздик иҷро мешаванд, шуморо бармеангезанд, ки диққату кӯшишҳоятонро ба иҷроиши иродаи Худо равона созед? Оё шумо умеди бардурӯғ ва ҳаёти бароҳатеро, ки ин ҷаҳон барои гумроҳ карданатон пешкаш мекунад, рад мекунед? Оё шумо хоҳиши худро барои дастгирӣ кардани ҳуқуқи Ҳокими Даҳр будани Яҳува қавӣ мегардонед? Бигзор корҳои шумо исбот кунанд, ки шумо абадан чунин рафтор кардан мехоҳед. Он гоҳ шумо имконияти беҳамто хоҳед дошт, ки дар давоми ҳазор сол ва аз он ҳам зиёд аз сулҳу гул–гулшукуфӣ баҳра баред!
[Тасвир дар саҳифаи 11]
Вақте ки вазифаҳои Исо чун Подшоҳ ба охир мерасанд, ӯ фурӯтанона Салтанатро ба Падараш месупорад