Ба Худои озодӣ хизмат кунед
«Муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест» (1 ЮҲ. 5:3).
ОЁ ШУМО ҶАВОБ ДОДА МЕТАВОНЕД?
Чӣ тавр Шайтон мекӯшад, ки қонуни Худоро ба назари мо гарон нишон диҳад?
Чаро мо бояд дар мавриди бо кӣ муошират карданамон хеле эҳтиёткор бошем?
Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба Худое, ки озодӣ мебахшад, содиқ бимонем?
1. Яҳува ба озодӣ чӣ гуна муносибат мекунад ва чӣ тавр Ӯ инро нисбати Одаму Ҳавво нишон дод?
ЯҲУВА ягона шахсиятест, ки озодии пурра дорад. Лекин Ӯ ҳеҷ гоҳ аз ин суиистифода намебарад ё корҳои майда–чуйдаи хизматгоронашро назорат намекунад. Ба ҷои ин, Ӯ ба онҳо иродаи озод додааст, то худашон қарор бароранд ва ҳама хоҳишҳои дурусташонро қонеъ гардонанд. Масалан, Худо ба Одаму Ҳавво танҳо як чизро манъ карда буд — хӯрдани меваи «дарахти маърифати неку бад»–ро (Ҳас. 2:17). То чӣ андоза озодии калон доштанд онҳо дар иҷро намудани иродаи Офаридгорашон!
2. Чаро нахустволидони мо озодии худододро аз даст доданд?
2 Чаро Худо ба нахустволидонамон чунин озодиро дод? Ӯ онҳоро ба сурати худ офарид ва ба онҳо виҷдон дод. Худо интизор буд, ки муҳаббати нисбати Ӯ, Офаридгори худ, доштаашон онҳоро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ мекунад (Ҳас. 1:27; Рум. 2:15). Мутаассифона Одаму Ҳавво Офаридгори меҳрубон ва озодии додаи Ӯро қадр накарданд. Ба ҷои ин, онҳо озодии ғайриқонуниро, ки Шайтон пешкаш кард, интихоб карданд, онҳо хостанд, ки худашон муайян созанд, ки чӣ дуруст асту чӣ нодуруст. Лекин, бо вуҷуди ин нахустволидони мо озодии бештарро ба даст наоварданд, баръакс онҳо худашон ва фарзандони ояндаашонро ба ғуломии гуноҳ фурӯхтанд. Ин ба оқибатҳои нохуш оварда расонд (Рум. 5:12).
3, 4. Дар алоқамандӣ бо меъёрҳои Яҳува Шайтон моро ба чӣ гуна фикрронӣ бармеангезад?
3 Шайтон тавонист ду инсони комил ва ҳамчунин шумораи зиёди офаридаҳои рӯҳиро фирефта кунад, ки ҳукмронии Худоро рад намоянд. Пас, вай моро низ гумроҳ карда метавонад. Тарзҳои фиребдиҳии Шайтон дигар нашудаанд. Ӯ мекӯшад, то мо фикр кунем, ки меъёрҳои Худо гаронанд ва моро аз хушбахтӣ ва хушиҳои ҳаёт маҳрум месозанд (1 Юҳ. 5:3). Агар мо чунин тарзи фикррониро зуд–зуд шунавем, он ба мо таъсир карданаш мумкин аст. Хоҳаре, ки ҳоло 24–сола аст, гуфт: «Дӯстони бад ба ман таъсири хеле калон мерасонданд, зеро ман барои аз дигар ҷавонон фарқ кардан метарсидам». Дар натиҷаи ин ӯ бадахлоқии ҷинсӣ содир кард. Эҳтимол шумо низ ба чунин таъсироти бади дӯстон дучор шуда бошед.
4 Афсӯс, ки баъзан таъсироти манфӣ ҳатто дар дохили ҷамъомад дида мешавад. «Ман бо баъзе ҷавононе муошират мекардам, ки онҳо бо шахсони ҳамимон набуда мулоқот мекарданд»,— мегӯяд бародари ҷавоне. «Лекин бо гузашти вақт ман фаҳмидам, ки чӣ қадаре ки бо онҳо зиёдтар шину хез кунам, ҳамон қадар бештар ба онҳо монанд мешавам. Муносибати ман бо Яҳува суст шудан гирифт. Ман дар вохӯриҳо аз хӯроки рӯҳонӣ баҳра намебурдам ва дар хизмат қариб ки иштирок намекардам. Ин чизҳо ҳуши маро ба худ оварданд, то ки аз дӯстони бад алоқаамро канам ва ман инро кардам!» Оё шумо дарк мекунед, ки то чӣ андоза дӯстонатон ба шумо таъсири калон расонида метавонанд? Мисоли бамавридеро аз Китоби Муқаддас дида мебароем (Рум. 15:4).
Ӯ ДИЛҲОИ ОНҲОРО МЕДУЗДИД
5, 6. Чӣ тавр Абшолӯм дигаронро гумроҳ кард ва оё нақшаи ӯ барор гирифт?
5 Китоби Муқаддас намунаи бисёр касонеро дар бар мегирад, ки ба дигарон таъсири бад мерасонданд. Яке аз ин намунаҳо писари шоҳ Довуд, Абшолӯм, аст. Ӯ марди бениҳоят зебо буд. Лекин, ӯ мисли Шайтон роҳ дод, ки шӯҳратпарастӣ дар дилаш реша давонад ва тахти падарашро, ки ба он ҳақ надошт, орзу кардa. Абшолӯм барои соҳиб шудани тахти подшоҳӣ макру ҳилларо ба кор бурд. Ӯ чунин вонамуд кард, ки гӯё нисбати ҳолати ҳамватанонаш хеле дар ташвиш аст ва ҳамзамон ишора намуд, ки дарбориён нисбати халқ бепарвоянд. Бале, ҳамон тавре ки Иблис дар боғи Адан рафтор карда буд, Абшолӯм низ худро дар назари мардум некӯкор нишон дод ва ҳамзамон падарашро бераҳмона тӯҳмат кард (2 Подш. 15:1–5).
6 Оё нақшаи маккоронаи Абшолӯм барор гирифт? Ба маъное ҳа, зеро Китоби Муқаддас мегӯяд: «Абшолӯм дили мардуми Исроилро мерабуд» (2 Подш. 15:6). Вале оқибат ғурури Абшолӯм ба ӯ шикаст овард. Ва мутаассифона он ҳамчунин сабаби марги худаш ва садҳо одамоне, ки ба фиреби ӯ дода шуда буданд, гашт (2 Подш. 18:7, 14–17).
7. Мо аз нақл дар бораи Абшолӯм чӣ гуна дарс гирифта метавонем? (Ба расми саҳифаи 10 нигаред.)
7 Чаро исроилиён ба осонӣ ба фиреби Абшолӯм дода шуданд? Эҳтимол онҳо мехостанд соҳиби чизҳое шаванд, ки ӯ барояшон ваъда дода буд. Ё шояд онҳо фирефтаи ҳусну ҷамоли ӯ шуданд. Чизе ки набошад, мо ба фикри зерин боварӣ дошта метавонем: онҳо ба Яҳува ва подшоҳи таъинкардаи Ӯ содиқ набуданд. Имрӯз низ Шайтон «Абшолӯм»–ҳоро истифода мебарад, то ки дили хизматгорони Яҳуваро бидуздад. «Меъёрҳои Яҳува аз ҳад маҳдудкунандаанд,— шояд мегӯянд онҳо,— ва одамоне, ки ба Яҳува хизмат намекунанд, аз зиндагӣ бештар хурсандӣ мегиранд». Оё шумо пай мебаред, ки чунин суханон дурӯғанд ва оё шумо минбаъд низ ба Яҳува содиқ мемонед? Оё шумо дарк мекунед, ки танҳо «шариати комил»–и Яҳува, яъне қонуни Масеҳ шуморо ба озодии ҳақиқӣ роҳнамоӣ карда метавонад? (Яъқ. 1:25). Агар ҳа, пас он қонунро қадр кунед ва ҳеҷ гоҳ аз озодии масеҳиатон суиистифода набаред. (1 Петрус 2:16–ро бихонед.)
8. Кадом мисолҳои ҳаётӣ нишон медиҳанд, ки вайрон кардани меъёрҳои Яҳува хушбахтӣ намеорад?
8 Шайтон бештар ҷавононро ба нишон мегирад. Бародаре, ки синнаш аз сӣ гузаштааст, дар бораи солҳои навҷавониаш чунин мегӯяд: «Ман ба меъёрҳои ахлоқии Яҳува чун ба чизи маҳдудкунанда менигаристам, на чун ба чизи муҳофизаткунанда». Дар натиҷа ӯ ба бадахлоқии ҷинсӣ даст зад. Вале ин ба ӯ ҳеҷ гуна хушбахтие наовард. Вай мегӯяд: «Ҳисси талхи гунаҳкорӣ ва пушаймонӣ дар давоми солҳои зиёд маро ором намегузоштанд». Як хоҳар дар бораи солҳои навҷавониаш мулоҳиза ронда навишт: «Баъди содир кардани бадахлоқии ҷинсӣ шахс худро ночизу нокас ҳис мекунад. Ҳатто ҳоло, баъди 19 сол, хотираҳои бад ба ёдам меоянд». Хоҳари дигаре мегӯяд: «Фикри он ки рафторам ба шахсони бароям азиз бениҳоят дардовар буд, ба ман аз ҷиҳати равонӣ (психологӣ), рӯҳонӣ ва эмотсионалӣ шикаст овард. Зиндагӣ бе Яҳува даҳшатнок аст!» Шайтон намехоҳад, ки шумо дар бораи чунин оқибатҳои гуноҳ фикр кунед.
9. а) Бо ёрии кадом саволҳо мо метавонем муносибати худро нисбати Яҳува ва қонунҳою принсипҳои Ӯ тафтиш кунем? б) Чаро Худоро аз наздик шинохтан муҳим аст?
9 Сад афсӯс, ки бисёре аз ҷавонони ҷамъомад — ва ҳатто баъзе калонсолон — аз таҷрибаи талхи худ фаҳмиданд, ки хурсандӣ гирифтан аз корҳои гуноҳ бисёр вақт оқибатҳои хеле дардовар дорад! (Ғал. 6:7, 8). Пас, аз худ бипурсед: «Оё ман дарк мекунам, ки дасисаҳои Шайтон дар асл фиреби бераҳмонаанду халос? Оё ман Яҳуваро Дӯсти наздиктарини худ, шахсе, ки ҳамеша рост мегӯяд ва бароям некӣ мехоҳад, меҳисобам? Оё ман дилпурам, ки Яҳува ҳеҷ вақт аз ман чизи хуберо, ки ба хушбахтии ман мусоидат мекунад, пинҳон намедорад?» (Ишаъё 48:17, 18–ро бихонед.) Барои ба саволҳои боло аз таҳти дил ҷавоби мусбӣ додан ба шумо лозим аст, ки дар бораи Яҳува дониши чуқур дошта бошед. Шумо бояд Ӯро аз наздик шиносед ва дарк кунед, ки қонунҳо ва принсипҳои Китоби Муқаддас муҳаббати Ӯро нисбати шумо нишон медиҳанд, на ин ки шуморо аз озодӣ маҳрум месозанд (Заб. 24:14).
ДАР БОРАИ ХИРАД ВА ДИЛИ ИТОАТКОР ДУО ГӮЕД
10. Чаро мо бояд барои пайравӣ кардан ба намунаи Сулаймони ҷавон бикӯшем?
10 Вақте ки Сулаймон ҷавон буд, ӯ бо фурӯтанӣ дар дуо ба Худо гуфт: «Ман амради хурдсоле ҳастам, ки даробароро намедонам». Ӯ он вақт дар бораи хирад ва дили итоаткор дуо гуфт (3 Подш. 3:7–9, 12). Яҳува ба он хоҳиши самимии Сулаймон ҷавоб дод ва Ӯ ба шумо низ чунин мекунад, новобаста аз он ки шумо ҷавонед ё пир. Албатта, Яҳува ба таври мӯъҷиза шуморо хирадманд намесозад. Лекин Ӯ шуморо хирадманд мекунад, агар шумо боғайратона Каломашро омӯзед, дар дуо рӯҳулқудс пурсед ва аз ҳамаи он чизе, ки Яҳува ба воситаи ҷамъомад пешкаш мекунад, истифода баред (Яъқ. 1:5). Дар ҳақиқат, ба воситаи ин чизҳо Яҳува ба хизматгоронаш хирад мебахшад. Ӯ ҳатто ходимони ҷавонашро бештар аз ҳамаи ба ном «хирадмандон ва оқилон»–и ин ҷаҳон, ки маслиҳатҳои Ӯро рад мекунанд, хирадманд мегардонад. (Луқ. 10:21; Забур 118:98–100-ро бихонед.)
11–13. а) Мо аз оятҳои Забур 25:4, Масалҳо 13:20 ва 1 Қӯринтиён 15:33 чӣ дарсҳои муҳим гирифта метавонем? б) Шумо чӣ тавр ин принсипҳои илоҳиро ба кор бурданиед?
11 Хеле муҳим аст, ки мо ба воситаи омӯзиши Китоби Муқаддас ва мулоҳиза оиди чизҳои хондаамон бо Яҳува хубтар шинос шавем. Барои нишон додани муҳиммияти ин биёед баъзе оятҳои Китоби Муқаддасро дида бароем. Ҳар яке аз ин оятҳо дар мавриди интихоби дӯстон принсипҳои муҳимро дар бар мегиранд: «Бо мардуми каҷрафтор нанишастаам, ва бо риёкорон нахоҳам рафт» (Заб. 25:4). «Касе ки бо хирадмандон гардад, хирадманд мешавад; вале касе ки бо аблаҳон ҷӯра шавад, шикаст мехӯрад» (Мас. 13:20). «Фирефта нашавед: “Ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд”» (1 Қӯр. 15:33).
12 Аз ин оятҳои Китоби Муқаддас мо чӣ дарсҳои муҳимме гирифта метавонем? Якум, Яҳува мехоҳад, ки мо дар интихоби дӯстон бомулоҳиза бошем. Ӯ мехоҳад, ки моро ҳам аз ҷиҳати ахлоқӣ ва ҳам рӯҳонӣ муҳофизат кунад. Дуюм, шахсоне, ки бо онҳо муошират мекунем, ба мо таъсир мерасонанд ва он метавонад ё хуб бошад ё бад. Ин ҳақиқати ҳаёт аст. Оятҳои дар боло овардашуда нишон медиҳанд, ки Яҳува ба дили мо таъсир кардан мехоҳад. Чӣ тавр? Аҳамият диҳед, ки ягон оят чун қоида садо намедиҳад, масалан дар онҳо навишта нашудааст, ки «ин кор мумкин нест» ё «он кор мумкин нест». Ба ҷои ин, онҳо чун ҳақиқати аслӣ навишта шудаанд. Дар асл Яҳува гӯё ба мо мегӯяд: «Ана ҳақиқати ҳол. Ту чӣ тавр рафтор мекунӣ? Дили ту ба чӣ майл дорад?»
13 Аз он ки ин оятҳо на чун қоида, балки чун ҳақиқати аслӣ навишта шудаанд, боз як манфиати калон ҳаст. Онҳо ба ҳама давру замонҳо дахл доранд ва онҳоро дар ҳар гуна вазъиятҳо ба кор бурдан мумкин аст. Масалан, ба худ саволҳои ба ин монандро диҳед: «Чӣ тавр ман аз муошират бо “риёкорон” канорагирӣ карда метавонам? Дар кадом вазъиятҳо ман шояд бо чунин шахсон вохӯрам? (Мас. 3:32; 6:12). “Хирадмандон”, ки Яҳува мехоҳад бо онҳо муошират кунам, кистанд? Ва “аблаҳон”, ки аз онҳо бояд дурӣ ҷӯям, кӣ мебошанд? (Заб. 110:10; 111:1; Мас. 1:7). Бо ёрони бад муошират карда ман кадом “ахлоқи нек”–амро фосид менамоям? Оё танҳо одамони ин ҷаҳон барои ман ёрони бад буда метавонанд?» (2 Пет. 2:1–3). Шумо чӣ тавр ба ин саволҳо ҷавоб медодед?
14. Чӣ тавр шумо Шоми ибодати оилавиатонро боз ҳам беҳтар гардонда метавонед?
14 Чӣ тавре ки мо ҳоло се ояти Китоби Муқаддасро дида баромадем, ҳамин тавр шумо метавонед боз оятҳои дигарро муҳокима кунед. Бо ин роҳ шумо нуқтаи назари Худоро оиди мавзӯъҳое, ки барои шумо ва оилаатон муҳиманд, хубтар мефаҳмедb. Волидони азиз, оё чунин тарзи муҳокимаи оятҳо барои оилаи шумо фоиданок буда метавонад? Ҳангоми чунин омӯзишҳо фаромӯш насозед, ки мақсади асосии шумо — ин кӯмак ба ҳар як аъзои оила барои хубтар фаҳмидани он ки қонунҳою принсипҳои Яҳува муҳаббати чуқури Ӯро нишон медиҳанд (Заб. 118:72). Дар ҳақиқат, чунин омӯзиш ҳар як аъзои оиларо ҳам ба Яҳува ва ҳам ба якдигар наздиктар мекунад.
15. Чӣ тавр шумо фаҳмида метавонед, ки оё хирад ва дили итоаткор ба даст оварда истодаед ё не?
15 Чӣ тавр шумо фаҳмида метавонед, ки оё хирад ва дили итоаткор ба даст оварда истодаед ё не? Яке аз роҳҳо ин аст, ки шумо тарзи фикррониатонро бо тарзи фикрронии ходимони пешини Худо муқоиса кунед. Масалан, шоҳ Довуд навишта буд: «Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам, ва шариати Ту андаруни дили ман аст» (Заб. 39:9). Мисли ин, нависандаи Забури 118 месуруд: «Шариати Туро чӣ сон дӯст медорам! Тамоми рӯз фикру хаёлам дар бораи он аст» (Заб. 118:97). Чунин муҳаббат аз дониши рӯякӣ инкишоф намеёбад. Аниқтараш, он натиҷаи омӯзиши чуқур, дуогӯӣ ва мулоҳизаронӣ аст. Ҳамчунин, вақте шумо мебинед, ки мувофиқи меъёрҳои Худо зиндагӣ кардан чӣ гуна баракатҳо меорад, муҳаббати шумо ба аҳкомҳои Худо зиёд мешавад (Заб. 33:9).
БАРОИ ОЗОДИИ МАСЕҲИАТОН МУБОРИЗА БАРЕД!
16. Барои ғолиб баромадан дар мубориза барои озодии ҳақиқӣ мо бояд чиро дар хотир дорем?
16 Дар давоми таърих мамлакатҳо ба номи озодӣ ҷангҳои бераҳмона мебурданд. Пас, чӣ қадар бештар мо бояд тайёр бошем, ки барои озодии масеҳиамон ҷанги рӯҳонӣ барем! Фаромӯш насозед, ки душмани шумо на танҳо Шайтон, ин ҷаҳон ва рӯҳияи заҳролуди он аст, балки шумо ҳамчунин бояд бо нокомилии худ ва дили маккоратон мубориза баред (Ирм. 17:9; Эфс. 2:3). Вале бо ёрии Яҳува шумо метавонед дар ин мубориза ғолиб бароед. Беш аз ин, ҳар як ғолибият — хоҳ калон бошад, хоҳ хурд — камаш ду натиҷаи хуб меорад. Якум, шумо дили Яҳуваро хурсанд мекунед (Мас. 27:11). Дуюм, ҳар боре ки шумо озодиеро, ки «шариати комил» меорад, ҳис мекунед, иродаи шумо барои рафтан бо роҳи танге, ки «сӯи ҳаёт мебарад», қавитар мешавад. Дар оянда шумо аз озодии бузургтаре, ки Худо ба ходимони содиқаш ваъда додааст, баҳра хоҳед бурд (Яъқ. 1:25; Мат. 7:13, 14).
17. Чаро ҳангоми ба хатогиҳо роҳ додан мо набояд рӯҳафтода шавем ва Яҳува чӣ гуна кӯмакро пешкаш мекунад?
17 Албатта ҳамаи мо баъзан ба хатогӣ роҳ медиҳем (Воиз 7:20). Вақте ки чунин рӯй медиҳад, худро аз ҳад рӯҳафтодаву ночиз ҳис накунед. Агар ба маъное пешпо хӯрда афтед, аз ҷой хезед ва ба пеш равед, ҳатто агар барои кӯмак ба пирони ҷамъомад муроҷиат кардан лозим ояд ҳам. «Дуои имон»–и онҳо,— навишт Яъқуб,— «беморро шифо хоҳад дод, ва Худованд ӯро ба по хоҳад хезонд; ва агар ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳҳояш омурзида хоҳад шуд» (Яъқ. 5:15). Бале, ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозед, ки Худо хеле меҳрубон аст ва Ӯ шуморо ба ҷамъомад ҷалб кард, зеро дар шумо чизи хубро дид. (Забур 102:8, 9–ро бихонед.) Пас, то даме ки шумо бо дили пурра ба Яҳува хизмат мекунед, Ӯ ҳеҷ гоҳ шуморо тарк нахоҳад кард (1 Вақ. 28:9).
18. Барои он ки Яҳува моро муҳофизат кунад, мо бояд чӣ кор кунем?
18 Шаби пеш аз маргаш Исо ҳамроҳи 11 ҳаввории содиқаш дуо гуфт ва дар бораи онҳо аз Падараш илтимос кард: «Онҳоро аз шарорат муҳофизат намо» (Юҳ. 17:15). Исо ин ҷо на танҳо ҳаввориёнашро дар назар дошт, балки ҳамаи пайравонашро. Пас, мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува ба дуои Исо ҷавоб дода моро дар ин замонҳои сахт муҳофизат хоҳад кард. «[Яҳува] барои ростравон сипар аст... Ӯ тариқи порсоёни Худро нигаҳбонӣ менамояд» (Мас. 2:7, 8). Рост аст, ки роҳи ҳақиқат роҳи осон нест, вале ин ягона роҳест, ки сӯи ҳаёт ва озодии ҳақиқӣ мебарад (Рум. 8:21). Нагузоред, ки касе шуморо аз он дур созад!
[Эзоҳҳо]
a Худо ба Довуд «насл»–и ояндаро, ки бояд бар тахти ӯ менишаст, баъди таваллуди Абшолӯм ваъда дод. Аз ин рӯ, Абшолӯм бояд медонист, ки Яҳува ӯро чун вориси тахти Довуд интихоб накардааст (2 Подш. 3:3; 7:12).
b Барои мисол, шумо метавонед ҳамроҳи оилаатон дар вақти Шоми ибодати оилавӣ оятҳои 1 Қӯринтиён 13:4–8 ё Забур 18:8–12-ро муҳокима намоед. Дар 1 Қӯринтиён 13:4–8 Павлус муҳаббатро тасвир мекунад. Дар Забур 18:8–12 бошад, оиди баракатҳои зиёде гуфта шудааст, ки онҳоро дар натиҷаи итоаткорӣ ба қонунҳои Яҳува соҳиб шудан мумкин аст.
[Тасвир дар саҳифаи 10]
Чӣ тавр мо метавонем «Абшолӯмҳо»–и ҳозиразамонро шиносем ва аз таъсири онҳо худро муҳофизат намоем?