Нома аз Ҳайати Роҳбарикунанда
Бародарону хоҳарони азиз!
Падари осмонии мо — Яҳува дар зоҳир кардани муҳаббат намунаи беҳтарин мебошад. Барои ҳамин дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Худо муҳаббат аст» (1 Юҳ. 4:8). Гарчанд Яҳува Худои пурқудрат мебошад, лекин дар ҳеҷ ҷои Калом гуфта нашудааст, ки «Худо қувват аст». Ҳокимияти Ӯ бар муҳаббат асос ёфтааст. То чӣ андоза донистани ин моро ба Ӯ ҷалб мекунад!
Хушбахтона, Яҳува моро маҷбур намекунад, ки ба Ӯ хизмат кунем. Ӯ ҳокими золим нест. Яҳува мехоҳад, ки мо ба Ӯ аз муҳаббат хизмат кунем. Вақте ки чунин мекунем, мо нишон медиҳем, ки ҳукмронии Ӯро хоҳон ҳастем, зеро боварӣ дорем, ки тарзи ҳукмронии Ӯ дуруст ва аз рӯи муҳаббат мебошад. Ин ҳанӯз дар аввали таърихи инсоният маълум гашта буд.
Яҳува Одаму Ҳавворо ба итоаткорӣ маҷбур накард, баръакс Ӯ ба онҳо имконият дод, ки худашон қарор қабул кунанд. Агар онҳо дар асл Яҳуваро дӯст медоштанд ва ҳар он чизеро, ки Ӯ барояшон фароҳам оварда буд, қадр менамуданд, онҳо ба кӯшишҳои Шайтон, ки онҳоро ба исён тела медод, муқобилат мекарданд.
Баъдтар, Мусо дар нутқи охиринаш ба халқи Исроил чунин гуфт: «Инак, ман имрӯз ба ту ҳаёт ва некӯӣ, ва мамот ва бадиро пешниҳод кардам» (Такр. Ш. 30:15). Халқи Исроил дар интихоб кардан озод буданд, ки чӣ гуна ҳаёт ба сар баранд. Ба ин монанд, Еҳушаъ ба исроилиён гуфта буд: «Агар дар назари шумо писанд наояд, ки Худовандро ибодат намоед, пас имрӯз барои худ интихоб кунед, ки киро ибодат хоҳед намуд». Дар ҷавоб халқ гуфтанд: «Ҳошо ва калло, ки мо Худовандро тарк... намоем!» (Еҳ. 24:15, 16). Имрӯз низ мо ҳамин гуна ҳиссиёт дорем. Азбаски мо Яҳуваро дӯст медорем, «ҳошо ва калло», ки Ӯро тарк кунем, яъне дар ин бора ҳатто фикр ҳам намекунем.
Чун аъзои ҷамъомади масеҳӣ мо хуб дарк мекунем, ки озодии ирода чиро дар бар мегирад. Гарчанд пирон ба насиҳату мазаммат кардан вазифадоранд, онҳо ҳаёт ё имони дигаронро зери назорат намегиранд ё бар онҳо ҳукмфармоӣ намекунанд. Павлуси ҳавворӣ навишта буд: «На ба он сабаб ки гӯё мо бар имони шумо ҳукмфармо мешуда бошем; балки мо ба шодмонии шумо мадад мерасонем, зеро ки шумо ба василаи имон устувор ҳастед» (2 Қӯр. 1:24).
Чӣ қаноатмандие меорад коре, ки мо онро на маҷбурӣ, балки аз рӯи хоҳиш мекунем! Яҳува мехоҳад, ки амалҳои неки мо аз рӯи муҳаббат бошанд. Муҳиммияти инро аз суханони зери илҳоми Худо навиштаи Павлус дидан мумкин аст: «Агар тамоми дороии худро тақсим кунам ва ҷисми худро ба сӯхтан диҳам, лекин муҳаббат надошта бошам,— ҳеҷ манфиате намебинам» (1 Қӯр. 13:3).
Чӣ хурсандӣ ва ҳамду сано меорад ба Яҳува дидани он, ки миллионҳо бародарону хоҳарони мо Ӯро аз таҳти дил дӯст дошта, хизматашро ба ҷо меоранд!
Яҳува ба ҳамаи ходимони худ муҳаббати беандоза дорад, аз он ҷумла ба ҳамаи шумо, кӯдакон ва наврасоне, ки на ин ҷаҳон ва вақтхушиҳои худпарастонаи онро, балки Яҳуваро дӯст медоред. Боварӣ дошта бошед, ки мо низ шуморо хеле дӯст медорем (Луқ. 12:42, 43).
Аз муҳаббат ба Яҳува шумо, бародарон, хоҳарон ва ҷавонон, соли гузашта 1 748 697 477 соатро барои паҳн кардани хушхабар сарф кардед. Маҳз муҳаббат 7 782 346 нафар воизонро барангехт, ки дар саросари ҷаҳон мавъиза кунанд. Мо шодем, ки 268 777 навомадагон, аз он ҷумла бисёр ҷавонон, ҳаёти худро ба Яҳува бахшида, таъмид гирифтанд. Ҳар ҳафта ба ҳисоби миёна 5 168 нафар таъмид мегирифтанд. Чӣ гуна ин дилҳои моро аз шодиву ҳаяҷон пур мекунад!
Дар ин рӯзҳои охир халқи Худо бо душвориҳои зиёд, таъқиботҳо ва бемориҳо дучор мегардад, баъзеҳо бошанд, бо мушкилиҳои пиронсолӣ низ мубориза мебаранд. Вале мо азми қавӣ дорем, ки ҳеҷ гоҳ аз имони худ барнамегардем ва ҳамчунин «ноумед намешавем». Мо ҳамаи шуморо хеле дӯст медорем (Ибр. 10:39; 2 Қӯр. 4:16).
Бародарони шумо,
Ҳайати Роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува