БОБИ ЧОР
Рӯзгорро чӣ тавр саришта метавон кард?
1. Чаро имрӯз саришта кардани рӯзгор душвор буда метавонад?
«СУРАТИ ин ҷаҳон гузарон аст» (1 Қӯринтиён 7:31). Ҳаққанд ин суханҳое, ки 1 900 сол қабл навишта шудаанд! Дар воқеъ, шакли зиндагӣ гузарону тағйирёбанда аст, хусусан зиндагии оилавӣ. Он чизе, ки 40–50 сол пеш муқаррарӣ ё анъанавӣ буд, имрӯз одатан ғайри қобили қабул аст. Бо ин сабаб, бомуваффақият бурдани рӯзгор метавонад душвориҳои сахте пеш оварад. Ба ҳар сурат, агар пандҳои Китоби Муқаддас ба инобат гирифта шаванд, ин душвориҳоро ҳал метавон кард.
ЗИНДАГИИ МУВОФИҚ БА ИМКОНОТ
2. Кадом мушкилиҳои иқтисодӣ ба оила фишор меоранд?
2 Имрӯз аксарияти одамон дигар ба доштани зиндагии оддиву ба ниёзҳои оила бахшидашуда қонеъ нестанд. Азбаски ҷаҳони тиҷорат бештару бештар маҳсулот истеҳсол намуда, ҳунарҳои таблиғотии хешро барои ҷалбкунии одамон ба кор мебарад, миллионҳо падару модарон соатҳои зиёдеро барои пул кор карда харидани ин маҳсулот сарф мекунанд. Миллионҳо нафари дигар ҳар рӯз талоши зиёде ба харҷ медиҳанд, то бурдаи ноне рӯи дастархонашон бошад. Онҳо маҷбуранд, ки зиёдтар аз пешин меҳнат кунанд ва баъзан ду ҷои кор ҳам бигиранд, то заруртарин маводи рӯзгорро ба даст оварда тавонанд. Ашхоси дигаре ҳастанд, ки фақат аз ёфтани ҷои кор хушҳол мебуданд, зеро бекорӣ масъалаи ҳалталаб дар тамоми дунёст. Бале, зиндагӣ барои оилаи муосир на ҳамеша осон аст, вале принсипҳои Китоби Муқаддас қодиранд, ки барои бо роҳи беҳтарин ҳал кардани мушкилиҳо ба он кӯмак намоянд.
3 Чӣ пандеро Павлуси расул дод ва чӣ тавр иҷроиши он дар пешбарии бомуваффақияти рӯзгор кӯмак менамояд?
3 Павлуси расул фишори иқтисодиро эҳсос карда буд. Ҳангоми ҳалли ин мушкилӣ, ӯ дарси пурарзише омӯхт, ки онро дар нома ба дӯсташ Тимотиюс фаҳмонд: «Мо ба дунё чизе наовардаем ва равшан аст, ки наметавонем чизе аз он низ бибарем. Бинобар ин, модоме ки хӯрок ва либос дорем, аз он қонеъ хоҳем буд» (1 Тимотиюс 6:7, 8). Дуруст аст, ки оила ба бештар аз хӯроку либос эҳтиёҷ дорад. Он бояд ҷои зист низ дошта бошад. Бачаҳо ба гирифтани маълумот ниёз доранд. Барои табобат ва харҷҳои дигар ҳам маблағ лозим аст. Дар ҳар сурат, панди Павлуси расул лоиқи корбурд аст. Агар мо на ба иҷрои хоҳишҳои худ, балки барои қонеъ кардани ниёзҳои худ саъй намоем, зиндагӣ хеле осонтар хоҳад буд.
4, 5. Чӣ тавр дурандешиву банақшагирӣ дар бурдани рӯзгор кӯмак мекунад?
4 Принсипи муфиди дигар аз як масали Исо–пайғамбар бармеояд. Ӯ гуфт: «Кист аз шумо, ки бурҷе сохтанӣ шуда, аввал нишаста харҷи онро ҳисоб накунад, ки оё ӯ имконияти ба анҷом расондани онро дорад» (Луқо 14:28). Ин ҷо Исо дар бораи дурандешиву банақшагирӣ сухан меронад. Дар яке аз бобҳои гузашта мо дидем, ки чӣ гуна ин принсип ба ҷуфти ҷавоне, ки хоҳиши издивоҷ дорад, кӯмак менамояд. Ва баъд аз издивоҷ ҳам, он дар идора кардани рӯзгор муфид аст. Дурандешӣ маънои тартиб додани буҷет, яъне пешакӣ ба нақша гирифтани хароҷот бо оқилонатарин роҳи истифодаи маблағи дар ихтиёрдоштаро дорад. Ҳамин тавр, оила метавонад маблағи ҳаррӯза ё ҳарҳафтаинаро, ки барои харидани чизҳои зарурияти аввалдошта лозим аст, муайян карда, хароҷоти худро идора намояд.
5 Дар баъзе мамлакатҳо чунин банақшагирии буҷет шояд маънои муқобилат ба хоҳиши гирифтани қарз бо фоизи баланд барои харидани ягон чизи нодаркорро дошта бошад. Дар ҷойҳои дигар эҳтимол назорати ҷиддӣ дар истифодаи қартаҳои кредитӣ лозим ояд (Масалҳо 22:7). Шояд ҳамчунин ба майли харидани чизе зери эҳсосоти лаҳзавӣ бе назардошти ниёзҳову оқибатҳо муқобилат бояд кард. Ғайр аз ин, буҷет рӯшан месозад, ки исрофи худпарастонаи пул барои қиморбозӣ, тамокукашӣ ва хариди барзиёди машруботи спиртӣ ба вазъи иқтисодии оила зараровар аст ва инчунин бархилофи принсипҳои Китоби Муқаддас мебошад — Масалҳо 23:20, 21, 29–35; Румиён 6:19; Эфсӯсиён 5:3–5.
6. Кадом принсипҳои Китоби Муқаддас ба онҳое ки дар камбағалӣ зиндагӣ мекунанд, кӯмак мерасонанд?
6 Вале онҳое ки маҷбуранд ҳаёти камбағалона ба сар баранд, чӣ кор кунанд? Пеш аз ҳама, эшон аз донистани он ки ин мушкилии умимиҷаҳонӣ фақат муваққатист, метавонанд тасаллӣ ёбанд. Дар дунёи нави ба зудӣ фарорасанда, Яҳува камбағалиро бо ҳама бадиҳои дигаре ки инсониятро азият медиҳанд, бартараф хоҳад кард (Забур 71:1, 12–16). Дар айни ҳол, ходимони ҳақиқии Худо, ҳатто агар хеле камбағал бошанд ҳам, эҳсоси яъсу ноумедӣ намекунанд, зеро ба ваъдаи Яҳува имон доранд, ки гуфтааст: «Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт». Аз ин рӯ шахси имондор метавонад дилпурона бигӯяд: «Худованд мададгори ман аст ва ҳаросон нахоҳам шуд» (Ибриён 13:5, 6). Дар ин замонаҳои душвор, Яҳува бо роҳҳои зиёде ходимонашро, ки мувофиқи принсипҳои Ӯ зиндагӣ мекунанду Салтанати Ӯро дар ҳаёташон ба ҷои аввал мегузоранд, дастгирӣ менамояд (Матто 6:33). Адади бузурге аз ходимони Яҳува ба ин бо гуфтаҳои Павлуси расул шаҳодат медиҳанд: «Дар ҳар чиз ва дар ҳар вазъият сирри аз сар гузаронидани серӣ ва гуруснагӣ, фаровонӣ ва эҳтиёҷмандиро ёд гирифтам. Ба туфайли Оне, ки қувват мебахшадам, ҳама кор аз дастам меояд» — Филиппиён 4:12, 13 (ТДН).
БАДӮШГИРИИ КОРҲОИ ХОНА
Кори хона — кори ҳама аъзоёни оила аст
7. Кадом суханони Исо, агар ба кор бурда шаванд, барои бомуваффақият бурдани рӯзгор ёрӣ мерасонанд?
7 Дар охири хидмати рӯизаминиаш Исои Масеҳ гуфт: «Ёри худро мисли худ дӯст бидор» (Матто 22:39). Бакорбарии ин панд дар оила барои бурдани рӯзгор басо кӯмак мекунад. Магар наздиктарину азизтарин ёронамон онҳое нестанд, ки бо мо дар як хона зиндагӣ мекунанд — шавҳару зан, волидайну фарзандонамон? Чӣ тавр аъзоёни оила метавонанд нисбати ҳамдигар муҳаббат зоҳир намоянд?
8. Чӣ тавр дар оила муҳаббат зоҳир кардан мумкин аст?
8 Яке аз роҳҳо ин аст, ки ҳар як аъзои оила дар иҷрои кори хона саҳми худро гузорад. Аз ин рӯ, бачаҳоро ёд бояд дод, ки баъд аз истифода чизҳоро, хоҳ либос бошад, хоҳ бозича, ба ҷояш гузоранд. Шояд ҳар саҳар ғундоштани ҷойхоб вақту кӯшиш талаб кунад, лекин он кӯмаки калонест дар иҷрои корҳои хона. Албатта муваққатан ба амал омадани андак бетартибӣ ногузир аст, лекин ҳама дар якҷоягӣ метавонанд тозагии хонаро нигоҳ доранд ва пас аз хӯрдани хӯрок рӯи мизро ба тартиб оранд. Танбалӣ, роҳатталабӣ, рӯҳияи шикоятӣ ва корбезорӣ ба ҳар як инсон таъсири манфӣ мерасонад (Масалҳо 26:14–16). Аз ҷониби дигар, рӯҳияи мусбату омодагӣ ба кӯмак ба хушбахтии оила мусоидат менамояд. «Худо касеро дӯст дорад, ки аз рӯи майл кӯмак мекунад» — 2 Қӯринтиён 9:7, ТТФ.
9, 10. а) Чӣ боре дар хона одатан бар дӯши зан гузошта мешавад ва чӣ тавр ин борро сабук метавон кард? б) Чӣ нигоҳи дурусте дар мавриди корҳои хона пешниҳод мешавад?
9 Таваҷҷӯҳу муҳаббат барои пешгирӣ намудани ҳолатҳое ки дар баъзе хонаводаҳо боиси мушкилиҳои ҷиддӣ мешаванд, кӯмак хоҳад кард. Аз қадимулайём такягоҳи хонадон модар аст. Ғамхорӣ ба бачаҳо, ба тартибоварии хона, либосшӯӣ, харидкунӣ ва пухтани хӯрок бар дӯши ӯст. Дар баъзе кишварҳо занон одатан дар саҳро низ кор мекунанд, дар бозор ҳосил мефурӯшанд ё бо роҳи дигаре ба оила даромад меоранд. Ҳатто дар ҷойҳое ки пештар чунин оин вуҷуд надошт, мӯҳтоҷӣ миллионҳо занони шавҳардорро маҷбур сохтааст, ки берун аз хона ҷои кор ёбанд. Зан ва модаре, ки дар ин соҳаҳои гуногун заҳмат мекашад, сазовори таҳсин аст. Мисли «зани солеҳа»–е, ки дар Китоби Муқаддас тасвир шудааст, ӯ меҳнат мекунад ва «нони коҳилиро намехӯрад» (Масалҳо 31:10, 27). Аммо ин маънои онро надорад, ки корҳои хонаро фақат зан бояд кунад. Магар дуруст мешуд, агар зану шавҳар ҳарду тамоми рӯз кор карда ба хона баргарданду зан ба танҳоӣ корҳои хонаро кунад, дар ҳоле ки шавҳару аъзоёни дигари оила истироҳат менамоянд? Албатта не (бо 2 Қӯринтиён 8:13, 14 қиёс кунед). Аз ин сабаб, масалан, дар сурате ки модар хӯрок пухтанӣ аст, агар аъзоёни дигари оила дар оростани дастархон, харид ва ба тартиб овардани хона ба ӯ кӯмак кунанд, ба эҳтимоли зиёд вай аз онҳо миннатдор хоҳад буд. Бале, масъулияти иҷрои корҳои хонаро ҳама дар оила метавонанд бо ҳам ба дӯш гиранд — бо Ғалотиён 6:2 қиёс кунед.
10 Шояд баъзеҳо чунин иброз кунанд: “Дар маҳалле ки мо зиндагӣ мекунем, мардон ба чунин корҳо даст намезананд”. Шояд рост бошад, аммо оё хуб нест, ки дар ин мавзӯъ каме мулоҳиза намоем? Вақте ки Яҳува Худо оиларо асос гузошт, Ӯ ҳукме надод, ки баъзе корҳои муайянро танҳо занон бояд иҷро кунанд. Боре, ҳангоме ки ба дидори Иброҳим–пайғамбар фиристодаҳои махсуси Яҳува омаданд, худи Иброҳим шахсан барои пухтани таому хидмати меҳмонон остин барзад (Ҳастӣ 18:1–8). Китоби Муқаддас панд медиҳад, ки «бояд шавҳарон занони худро мисли ҷисми худ дӯст доранд» (Эфсӯсиён 5:28). Агар шавҳар дар охири рӯз хаста шуда, хоҳиши истироҳат дошта бошад, магар зан низ худро чунин ё шояд бештар аз ин хаста эҳсос намекунад? (1 Петрус 3:7). Пас, оё кӯмаки шавҳар дар иҷрои корҳои хона ҷоиз ва нишонаи муҳаббати ӯ нисбати зан нест? — Филиппиён 2:3, 4.
11. Исо оиди чӣ барои ҳар як аъзои оила намунаи хубе барои ибрат гузошт?
11 Беҳтарин намуна аз байни онҳое, ки мавриди илтифоти Худо буданд ва ба шодии дӯстон мусоидат мекарданд, Исои Масеҳ мебошад. Ҳарчанд ки ҳеҷ гоҳ оиладор набуд, ӯ ҳам барои шавҳарон ва ҳам ба занону фарзандон намунаи хубе барои ибрат гузошт. Исо дар бораи худ гуфт: «Писари Одам на барои он омад, ки ба ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад», яъне хидмати дигаронро ба ҷо орад (Матто 20:28). Чӣ хубанд он оилаҳое, ки ҳама аъзоёнашон чунин рӯҳияро дар худ инкишоф медиҳанд!
ПОКӢ. ЧАРО ИН ҚАДАР МУҲИМ АСТ?
12. Яҳува аз онҳое, ки ба Ӯ хидмат менамоянд, чӣ талаб мекунад?
12 Принсипи дигаре ки барои идораи рӯзгор кӯмак менамояд, дар 2 Қӯринтиён 7:1 навишта шудааст. Дар он даъват мешавем, ки «худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза» кунем. Онҳое ки ба ин суханони илҳомбахшидаи Илоҳӣ итоат менамоянд, ба Яҳува Худо, ки «парастиши софу беайб»–ро талаб мекунад, писанданд (Яъқуб 1:27, ТФ). Ва иҷроиши онон дар рӯзгори хонавода низ хуб инъикос меёбад.
13. Чаро тозагӣ дар рӯзгордорӣ муҳим аст?
13 Масалан, Китоби Муқаддас моро итминон медиҳад; рӯзе фаро мерасад, ки бемориҳо дигар вуҷуд нахоҳанд дошт. Дар он замон «сокине нахоҳад гуфт: “Ман бемор ҳастам”» (Ишаъё 33:24; Ваҳй 21:4, 5). Вале то он вақт, ҳар оила водор аст, ки гоҳ–гоҳ бо беморӣ дучор ояд. Ҳатто Павлуси расулу Тимотиюс бемор мешуданд (Ғалотиён 4:13; 1 Тимотиюс 5:23). Ба ҳар ҳол, мутахассисони соҳаи тиб мегӯянд, ки бисёри бемориҳо пешгиришавандаанд. Аз нопокии ахлоқиву ҷисмонӣ парҳез карда, хонаводаҳои оқил худро аз баъзе бемориҳои пешгиришаванда эмин нигоҳ медоранд. Биёед бубинем, ки чӣ тавр — Масалҳо 22:3–ро қиёс кунед.
14. Чӣ тавр покии ахлоқ оиларо аз бемориҳо эмин нигоҳ дошта метавонад?
14 Покии рӯҳонӣ покии ахлоқро дар бар мегирад. Хуб маълум аст, ки Китоби Муқаддас меъёрҳои баланди ахлоқиро муайян намуда, ҳар гуна муносибати ҷинсии берун аз издивоҷро маҳкум мекунад. «На зинокорон... на фосиқон, на мардоне ки барои муҷомиати ғайритабиӣ истифода мешаванд, на мардоне ки бо мардон ҳамхоб мешаванд... вориси Салтанати Худо намегарданд» (1 Қӯринтиён 6:9, 10, ТДН). Ба ходимони Худо, ки дар ҷаҳони имрӯзаи фосид зиндагӣ мекунанд, риояи ин меъёрҳои баланди ахлоқӣ хело муҳим мебошад. Чунин рафтор дар назари Худо писанд аст ва инчунин оиларо аз бемориҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, ба мисли СПИД, сифилис, сӯзок (гонорея) ва хламидиоз эмин нигаҳ медорад — Масалҳо 7:10–23.
15. Мисоле оред, ки чӣ тавр нопокии ҷисмонӣ метавонад сабаби бемории пешгиришавандае гардад.
15 «Аз ҳар гуна наҷосат» тоза кардани ҷисм кӯмак менамояд, ки оиларо аз бемориҳои дигар нигаҳ дорем. Сабаби бисёри бемориҳо нопокии ҷисмонӣ аст. Мисоли маълумтарин одати тамокукашӣ мебошад. Тамокукашӣ на танҳо шушҳо, либос ва ҳатто ҳаворо ифлос мекунад, балки инсонро ба беморӣ низ мубтало менамояд. Миллионҳо одамон ҳар сол аз сабаби тамокукашӣ ҷони худро аз даст медиҳанд. Андеша кунед; ҳар сол миллионҳо одамон, агар аз ин «наҷосати ҷисм» парҳез мекарданд, метавонистанд, ки бемор нашаванду бармаҳал намиранд!
16, 17. а) Кадом қоидаи Яҳува муқарраркарда исроилиёнро аз бемориҳои муайяне ҳифз мекард? б) Чӣ гуна принсиперо, ки аз Такрори Шариат 23:12, 13 бармеояд, дар ҳар хонадон ба кор бурдан мумкин аст?
16 Ба намунаи дигар таваҷҷӯҳ кунед. Тақрибан 3 500 сол пеш, Худо ба халқи Исроил аҳкоми Шариатро дод, то ибодати онҳо ва ба дараҷае ҳаёти ҳаррӯзаашонро танзим намояд. Дар ин қонун баъзе қоидаҳои асосии беҳдошт муқаррар шуда буданд, ки мардумро аз бемориҳо ҳифз менамуданд. Яке аз чунин қоидаҳо доир ба нест кардани наҷосати одамӣ буд, ки бояд берун аз маскан зери хок карда мешуд, то ҷои зисти одамон ифлос нагардад (Такрори Шариат 23:12, 13). Ин қоидаи қадима ҳанӯз ҳам маслиҳати хубест. Ҳатто имрӯз одамон аз риоя накардани он бемор мешаванду мемирандa.
17 Мувофиқи принсипе, ки асоси қоидаи ба исроилиён додашуда аст, ҳаммом ва ҳоҷатхона хоҳ дар беруни хона бошад, хоҳ дар дохили он, бояд тоза нигоҳ дошта ва дезинфексия карда шавад. Агар ҷои қазои ҳоҷатро покизаву пӯшида нигоҳ надоред, пашшаҳо он ҷо ҷамъ шуда, баъд микробҳоро ба ҷойҳои дигари хона, аз он ҷумла ба рӯи хӯрок паҳн мекунанд! Ғайр аз ин, бачаҳову калонсолон баъд аз рафтан ба хоҷатхона бояд дастонашонро бишӯянд, вагарна дар рӯи пӯсташон микробҳоро меоваранд. Аз рӯи гуфтаҳои як духтури фаронсавӣ дастшӯӣ “ҳанӯз ҳам яке аз кафолатҳои беҳтарин дар пешгирии бемориҳои узвҳои ҳозима, нафаскашӣ ва пӯст боқист”.
Нигоҳ доштани тозагӣ аз харидани доруву дармон арзонтар аст
18, 19. Чӣ маслиҳатҳое барои тоза нигоҳ доштани хона дода мешаванд, ки ҳатто дар маҳалҳои фақир қобили корбурданд?
18 Рост аст, ки дар маҳалҳои қашшоқ нигоҳ доштани тозагӣ кори мушкил аст. Шахсе, ки бо зиндагӣ дар чунин маҳалҳо ошност, мегӯяд: “Иқлими гарми тоқатфарсо тоза кардани маҳалро дучанд мушкил месозад. Тӯфони чангу ғубор ҳар як кунҷу канори хонаро бо хокаи қаҳваранг пур мекунад... Зиёдшавии босуръати аҳолӣ низ дар шаҳрҳову баъзе деҳот таҳдиди дигарест ба саломатии одамон. Мавҷудияти қубурҳои кушодаи канализатсионӣ, тӯдаҳои ҷамънокардаи партов, ҳоҷатхонаҳои ифлоси истифодаи умум, калламушу нонхӯраку магасҳо, ки паҳнкунандагони беморианд, дигар ҳайратовар нестанд”.
19 Нигоҳ доштани тозагӣ дар чунин шароит душвор аст. Вале дар ҳар сурат тозагӣ ба саъю кӯшиш меарзад. Собуну об ва каме меҳнати иловагӣ аз доруву муолиҷа дар табобатгоҳ арзонтаранд. Агар шароити зисти шумо чунин бошад, ба қадри имкон хонаву ҳавлиатонро тоза ва аз саргини ҳайвонот пок нигоҳ доред. Агар пайраҳаи сӯи хонаатон дар мавсими боронҳо пур аз лой мешуда бошад, оё метавонед онро шағалрез ё сангфарш кунед, то лой дохили хона нагардад? Пойафзолро пеш аз даромадан ба хона кашидан лозим аст. Инчунин шумо бояд захираи обро аз ифлосшавӣ нигоҳ доред. Аз рӯи ҳисобот, ҳадди ақал 2 миллион одам аз бемориҳои бо оби ифлос алоқамандбуда ва ҳолати пасти санитарӣ мемиранд.
20. Кӣ дар нигоҳ доштани тозагии хона масъул аст?
20 Тозагии хона аз ҳар як шахс вобаста аст; аз модар, падар, фарзандон ва меҳмонон. Модари ҳашт фарзанд, ки дар Кения зиндагӣ дорад, мегӯяд: “Ҳама дар ин кор гузоштани саҳми худро ёд гирифтанд”. Тозагиву тартиб дар хона таъсири хубе ба тамоми оила мерасонад. Зарбулмасали испониёӣ мегӯяд: “Камбағалӣ бо тозагӣ душманӣ надорад”. Хоҳ дар ҳавлии боҳашамат зиндагӣ кунед, хоҳ дар ошёнаи хонаҳои табақадор, хоҳ дар хонаи оддӣ, хоҳ дар кулба,— тозагӣ гарави саломатии оила аст.
ТАҲСИН РӮҲБАЛАНД МЕСОЗАД
21. Мувофиқи Масалҳо 31:28, барои расидан ба хушбахтии оилавӣ чӣ кӯмак хоҳад кард?
21 Дар китоби Масалҳо ҳангоми тасвири зани солеҳа гуфта шудааст: «Фарзандони вай бархоста, ба вай аҳсан мегӯянд, шавҳари вай низ варо ситоиш мекунад» (Масалҳо 31:28). Бори охирин шумо кай узви хонаводаатонро таҳсин гуфтед? Мо воқеан мисли рустаниҳои баҳорием, ки аз каме гармиву намӣ омодаанд бишкуфанд; мо низ ба гармии таҳсин ниёз дорем. Таҳсин ба зан дар эҳсоси он кӯмак мекунад, ки шавҳараш кори боғайрат ва ғамхории пурмуҳаббати ӯро қадр менамояд ва меҳнати вайро чуноне, ки зан қарздор бошад, қабул намекунад (Масалҳо 15:23; 25:11). Ва шавҳар низ, агар зан ӯро барои меҳнати дар хонаву ҷои кор анҷом медодааш таҳсин гӯяд, хурсанд мешавад. Фарзандон ҳам аз шунидани таҳсин барои кӯшишҳояшон дар хона, мактаб ё дар вохӯрии омӯзиши Китоби Муқаддас мешукуфанд. Ва чӣ қудрати бузурге дорад якчанд сухани миннатдорӣ! «Ташаккур» гуфтан магар мушкил аст? Албатта не, аммо ин ҳолати маънавии оиларо хеле хубтар месозад.
22. Барои «устувор» кардани рӯзгори хонавода чӣ лозим аст ва онро чӣ тавр ба даст овардан мумкин аст?
22 Сабабҳои зиёде мавҷуданд, ки рӯзгордориро душвор месозанд. Бо вуҷуди ин, дар он муваффақ метавон буд. Масале аз Китоби Муқаддас мегӯяд: «Хона бо ҳикмат бино мешавад ва бо фаҳм устувор мегардад» (Масалҳо 24:3, ТТФ). Хираду фаҳм дар ҳолате ба даст меоянд, ки тамоми аҳли оила барои омӯхтану ба ҷо овардани иродаи Худо саъй кунад. Хушбахтии оилавӣ, бе ҳеҷ шакке ба чунин кӯшишҳо меарзад!
a Дар тавсияи Созмони умумиҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ оиди мубориза алайҳи дарунравӣ (бемории паҳншудае, ки сабаби марги тифлони зиёд мегардад) гуфта мешавад: “Дар сурати набудани ҳоҷатхона, бояд дур аз хонаву ҷои бозии кӯдакон ва ҳадди ақал 10 метр дур аз манбаи об қазои ҳоҷат намуда, ахлотро зери хок кунанд”.