ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • ijwbq мақолаи 155
  • Китоби Муқаддас дар бораи саховатмандӣ чӣ мегӯяд?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Китоби Муқаддас дар бораи саховатмандӣ чӣ мегӯяд?
  • Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Ҷавоби Китоби Муқаддас
  • Дар кадом маврид саховатмандӣ ба Худо писанд меояд?
  • Дар кадом маврид саховатмандӣ ба Худо писанд намеояд?
  • Саховатмандӣ касро хушбахт мегардонад
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед
ijwbq мақолаи 155
Марде дар даст тӯҳфа дорад

Китоби Муқаддас дар бораи саховатмандӣ чӣ мегӯяд?

Ҷавоби Китоби Муқаддас

Китоби Муқаддас ба мо маслиҳат медиҳад, ки бо хоҳиши худ ва бо дилу нияти нек саховатмандӣ нишон диҳем. Чунин саховатмандӣ ҳам бар фоидаи шахси сахӣ асту ҳам бар фоидаи дигарон (Масалҳо 11:25; Луқо 6:38). Ҳазрати Исо гуфтааст: «Додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Аъмол 20:35).

  • Дар кадом маврид саховатмандӣ ба Худо писанд меояд?

  • Дар кадом маврид саховатмандӣ ба Худо писанд намеояд?

  • Оятҳои Китоби Муқаддас дар мавзӯи саховатмандӣ

Дар кадом маврид саховатмандӣ ба Худо писанд меояд?

Худо мехоҳад, ки мо аз таҳти дил саховатмандӣ зоҳир кунем. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Бигзор ҳар кас чи тавре ки дар дили худ қарор кардааст, амал кунад, на бо дили нохоҳам ё аз маҷбурӣ, зеро Худо он касеро дӯст медорад, ки бо хурсандӣ медиҳад» (2 Қӯринтиён 9:7).

Дасткушод будан ба пайравони «ибодати пок» хос аст (Яъқуб 1:27). Шахси хайрхоҳе, ки дасти мӯҳтоҷонро мегирад, хости Худоро иҷро мекунад ва бо ин кораш гӯё ба Худо қарз медиҳад (Масалҳо 19:17). Дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки Худо худаш бар ивази некиҳои ӯ подош медиҳад (Луқо 14:12–14).

Дар кадом маврид саховатмандӣ ба Худо писанд намеояд?

Агар шахс бо нияти нодуруст некӣ кунад. Масалан:

  • Барои шунидани таъриф (Матто 6:2)

  • Барои подош гирифтан (Луқо 14:12–14)

  • Барои наҷот ёфтан (Аъмол 8:20)

Агар шахс барои корҳое, ки ба Худо писанд нестанд, хайр кунад. Масалан, барои қиморбозӣ, нашъа ё истеъмоли бемеъёри нӯшокиҳои спиртӣ ба кас пул додан нодуруст аст (1 Қӯринтиён 6:9, 10; 2 Қӯринтиён 7:1). Инчунин ба касе, ки имконияти худро таъмин кардан дораду лекин кор кардан намехоҳад, хайру саховат кардан чандон дуруст нест (2 Таслӯникиён 3:10).

Агар шахс бар зарари оилааш саховатмандӣ зоҳир кунад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки сардори оила бояд ба аҳли оилааш ғамхорӣ кунад (1 Тимотиюс 5:8). Агар дасткушодии сардори оила бар зарари хонаводааш бошад, ин нодуруст аст. Боре Ҳазрати Исо шахсонеро ҳукм кард, ки ба ҷои волидони пиронсолашонро дастгирӣ намудан, баҳона мекарданд, ки дороияшон «ҳадияи ба Худо бахшидашуда аст» (Марқӯс 7:9–13).

Оятҳои Китоби Муқаддас дар мавзӯи саховатмандӣ

Масалҳо 11:25: «Ҷони сахӣ пурфайз мешавад, ва касе ки сероб кунад, худаш низ сероб мегардад».

Маънои оят: саховатмандӣ ҳам бар фоидаи шахси сахӣ асту ҳам бар фоидаи дигарон.

Масалҳо 19:17: «Касе ки ба бенаво марҳамат кунад, ба Худованд қарз медиҳад, ва Ӯ мукофоти некии варо ба вай адо мекунад».

Маънои оят: Худо худро дар назди онҳое, ки ба эҳтиёҷмандон дасти хайру эҳсон дароз мекунанд, қарздор меҳисобад ва ваъда медиҳад, ки бар ивази некиашон ба онҳо подош хоҳад дод.

Матто 6:2: «Вақте ки садақа медиҳӣ, пешопеши худ карнай нанавоз, мисли он ки дурӯягон барои шунидани таъриф... мекунанд».

Маънои оят: Мо набояд бо мақсади диққати дигаронро ба худ ҷалб кардан, дасткушод бошем.

Аъмол 20:35: «Додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад».

Маънои оят: Аз сидқи дил хайру саховат кардан ба кас хурсандӣ мебахшад.

2 Қӯринтиён 9:7: «Бигзор ҳар кас чи тавре ки дар дили худ қарор кардааст, амал кунад, на бо дили нохоҳам ё аз маҷбурӣ, зеро Худо он касеро дӯст медорад, ки бо хурсандӣ медиҳад».

Маънои оят: Худо мехоҳад, ки мо на аз маҷбурӣ, балки аз таҳти дил саховатмандӣ зоҳир кунем.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан