ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w13 15.2. саҳ. 13-16
  • Ба Гвардияи преторианӣ шаҳодат дода мешавад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ба Гвардияи преторианӣ шаҳодат дода мешавад
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ПАВЛУС «БЕМАЛОЛ ТАЪЛИМ МЕДОД»
  • ПАВЛУС БА ХУРДУ КАЛОН ШАҲОДАТ МЕДОД
  • «КАЛОМИ ХУДОРО НОТАРС МАВЪИЗА» КУНЕД
  • «Як ба як шаҳодат дод»
    Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
  • Ҳимоя кардани хушхабар дар назди ҳокимиятдорон
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
w13 15.2. саҳ. 13-16

Ба Гвардияи преторианӣ шаҳодат дода мешавад

Соли 59-уми эраи мо сарбозони хасташуда зери сарварии мирисад Юлиус гурӯҳи маҳбусонро ба шаҳри Рум мебурданд. Онҳо ба шаҳр аз дарвозаи Порта Капена даромаданд. Дар Теппаи Палатин қасри император Нерон дида мешуд, ки онро сарбозони Гвардияи преторианӣ бо шамшерҳои зери либосҳои махсус пинҳон кардаашон посбонӣ мекардандa. Маҳбусон аз хиёбони бузурги румӣ гузашта ба Теппаи Виминал баромаданд ва ба боғе даромаданд, ки дар он барои худоёни румӣ бисёр қурбонгоҳҳо сохта шуда буданд. Сипас онҳо аз майдоне гузаштанд, ки он ҷо амалиётҳои ҳарбӣ машқ карда мешуданд.

Тасвири дар санг нақшёфтаи афсарони преторианӣ

Яке аз он маҳбусон Павлуси ҳавворӣ буд. Чанд моҳ пеш, ҳангоми тӯфон фариштаи Худо ба Павлус гуфт: «Ту бояд дар ҳузури қайсар ҳозир шавӣ» (Аъм. 27:24). Павлус шояд дар бораи он фикр мекард, ки вақти иҷрошавии ин суханон наздик аст. Вақте ки Павлус ба гирду атрофи шаҳр нигоҳ мекард, ӯ бешубҳа суханонеро, ки Исо дар қалъаи Антония, дар Ерусалим ба ӯ гуфта буд, ба хотир овард. «Устувор бош, Павлус,— гуфта буд Исо,— ва чӣ тавре ки дар Ерусалим дар ҳаққи Ман шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд ҳамон тавр шаҳодат диҳӣ» (Аъм. 23:10, 11).

Эҳтимол Павлус лаҳзае истода ба қалъаи калоне, ки Кастра Претория ном дошт, назар кард. Он аз бурҷҳо ва деворҳои баланди дандонадор, ки аз хишти сурх сохта шуда буданд, иборат буд. Дар қалъа тақрибан 12 000 сарбозони преторианӣ ва ҳамчунин якчанд ҳазор кормандони полис, аз он ҷумла аскарони савора зиндагӣ мекарданд. Қалъаи Кастра Претория аз қудрати бузурги император шаҳодат медод. Гвардияи преторианӣ барои маҳбусони гӯшаю канори империяи Рум ҷавобгар буд, аз ин рӯ мирисади ин гвардия, Юлиус, маҳбусонро худаш ба Рум гирифта овард. Баъди сафари хатарноки якчандмоҳа ӯ оқибат маҳбусонро ба манзили таъиншуда оварда расонид (Аъм. 27:1–3, 43, 44).

ПАВЛУС «БЕМАЛОЛ ТАЪЛИМ МЕДОД»

Дар роҳи Рум бо Павлус ва ҳамроҳонаш якчанд воқеаҳои аҷоиб рӯй доданд. Дар баҳр киштии онҳо бо тӯфон дучор шуд, лекин дар рӯъё ба Павлус гуфта шуд, ки ҳеҷ яке аз ҳамсафаронаш нобуд намешаванд. Чанде пас, мори заҳрноке Павлусро газид, лекин ӯ зарар надид. Баъдтар, ӯ дар ҷазираи Малит одамони беморро шифо дод ва аз ин баъзеҳо фикр карданд, ки ӯ худо аст. Шояд ин хабарҳо ба гӯши дигар афсарони Гвардияи преторианӣ низ расиданд ва онҳо дар бораи ин воқеаҳо байни худ гап мезаданд.

Пеш аз ба шаҳр дохил шуданаш Павлус аллакай бо бародарони румӣ вохӯрда буд, зеро онҳо ба пешвози ӯ ба «бозоргоҳи Опиюс ва меҳмонсарое ки “Се майхона” ном дошт», омада буданд (Аъм. 28:15). Павлус сахт мехост, ки дар Рум мавъиза карданро давом диҳад. Лекин, чӣ тавр ӯ чун маҳбус ин корро карда метавонист? (Рум. 1:14, 15). Баъзеҳо фикр мекунанд, ки маҳбусон бояд аввал ба назди сардори сарбозон бурда мешуданд. Агар ин тавр бошад, Павлусро аз афташ ба назди сарвари Гвардияи преторианӣ, Афраний Бурр, ки эҳтимол дар қудратмандӣ баъди император ҷои дуюмро ишғол мекард, овардандb. Ба ҳар ҳол, акнун Павлусро на мирисад, балки аскари қатории преторианӣ посбонӣ мекард. Ба Павлус иҷозат дода шуд, ки хонаи алоҳидае ёфта дар он зиндагӣ кунад ва имконият дода шуд, ки шахсони ба наздаш омадаро қабул карда онҳоро «бемалол таълим» диҳад (Аъм. 28:16, 30, 31).

Гвардияи преторианӣ дар рӯзҳои император Нерон

Тангаи асри як, ки дар он лагери преторианӣ тасвир ёфтааст

Онҳое, ки дар Гвардияи преторианӣ хизмат менамуданд, қасам ёд мекарданд, ки император ва оилаи ӯро муҳофизат мекунанд. Ҳангоми ба ҷанг рафтан, онҳо байрақҳоеро мебардоштанд, ки дар он рамзҳои император тасвир шуда буданд ва дар даст сипарҳоеро медоштанд, ки дар он сурати каждумҳо — аломати бурҷи қайсар Тибариюс акс ёфта буд. Гвардияи преторианӣ ба гурӯҳҳо тақсим мешуд, ки онҳоро мирисадҳо ва дигар афсарони баландмартаба роҳбарӣ мекарданд. Сарбозони ин гвардия ҳангоми гузаронидани бозиҳо ва намоишҳои театрӣ тартиботро нигоҳ медоштанд ва ҳамчунин барои хомӯш кардани сӯхторҳо ёрӣ медоданд. Онҳо ҳамагӣ 16 сол хизмат карда ба нафақа мебаромаданд, дар сурате ки афсарони қатории лашкари Рум бояд 25 сол хизмат мекарданд. Маоши аскарони преторианӣ нисбат ба афсарони қаторӣ се баробар зиёд буд, ба онҳо мукофотпулиҳои бисёр ва нафақаи калон дода мешуд. Онҳоро ҳамчунин барои азоб додану ба қатл расондани маҳбусон истифода мебурданд. Эҳтимол, Павлус ҳангоми бори дуюм дар Рум ҳабс шуданаш, аз дасти ҳамин афсарон кушта шуд (2 Тим. 4:16, 17).

Courtesy Classical Numismatic Group, Inc./​cngcoins.com

ПАВЛУС БА ХУРДУ КАЛОН ШАҲОДАТ МЕДОД

Деворҳои қалъаи Кастра Претория дар рӯзҳои мо

Эҳтимол пеш аз он ки Павлус ба назди император Нерон ҳозир шавад, Бурр ӯро дар қалъаи Кастра Претория ва ё дар қасри император пурсуҷӯ кард. Павлус ин имконияти «ба хурду калон» мавъиза карданро аз даст надод (Аъм. 26:19–23). Мо намедонем, ки Бурр Павлусро гунаҳкор меҳисобид ё не, вале ҳаминашро медонем, ки ӯ Павлусро ба маҳбас напартофтc.

Хонаи баиҷорагирифтаи Павлус калон буд ва ба ӯ имконият медод, ки «бузургони яҳудиён» ва ҳамчунин мардуми бисёреро, ки «назди ӯ ба манзилаш» меомаданд, қабул карда ба онҳо шаҳодат диҳад. Вақте ки Павлус ба яҳудиён дар бораи Салтанат ва Исо «аз субҳ то шом» ба таври пурра шаҳодат медод, аскарони преторианӣ ҳам шаҳодати ӯро мешуниданд (Аъм. 28:17, 23).

Ҳангоми дар маҳбас будани Павлус, афсарон дикта кардани номаҳояшро мешуниданд

Посбонони қасри император ҳар рӯз дигар мешуданд. Посбонони Павлус низ эҳтимол ҳар рӯз якдигарро иваз мекарданд. Дар давоми ду соли маҳбусиаш шумораи афсарон мешуниданд, ки чӣ тавр ӯ нома ба эфсӯсиён, филиппиён, қӯлассиён ва ибриёнро дикта мекард. Онҳо ҳамчунин шоҳиди он буданд, ки ӯ ба Филемӯн ном масеҳӣ шахсан нома менависад. Дар давоми ин вақт, Павлус ҳамчунин ба ғуломе бо номи Онисимус, ки аз хонаи соҳибаш гурехта буд, ёрдам кард. Вай барои Онисимус чун падар гашт, вале баъдтар ӯро ба назди хӯҷаинаш фиристод (Филем. 10). Павлус бешубҳа ба посбонони худ низ таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир мекард (1 Қӯр. 9:22). Масалан, Павлус метавонист бо посбони худ дар бораи вазифаи ҳар як қисмҳои зиреҳи ӯ сӯҳбат кунад ва баъд маълумоти гирифтаашро дар яке аз мисолҳояш истифода барад (Эфс. 6:13–17).

«КАЛОМИ ХУДОРО НОТАРС МАВЪИЗА» КУНЕД

Маҳбусии Павлус дар байни тамоми Гвардияи преторианӣ ва дигар мардуми империяи Рум «боиси пешрафти зиёдтари башорат гардид» (Фил. 1:12, 13). Онҳое, ки дар Кастра Претория буданд, дар саросари империяи Рум шиносон доштанд ва ҳамчунин бо император, аъзоёни оилааш, хизматчиён ва ғуломонаш алоқа доштанд. Пас, на танҳо Гвардияи преторианӣ, балки шумораи зиёди шахсони дигар низ хушхабарро шунида метавонистанд ва баъзеи онҳо масеҳӣ гаштанд (Фил. 4:22). Намунаи Павлус бародарони румиро барангехт, ки «каломи Худоро нотарс мавъиза намоянд» (Фил. 1:14).

Дар кадом вазъияте, ки набошем, шахсоне ёфт мешаванд, ки мо ба онҳо мавъиза карда метавонем

Намунаи Павлус моро низ бармеангезад, ки «дар вақти муносиб ё номуносиб» каломро мавъиза кунем (2 Тим. 4:2). Баъзеи мо шояд аз хона баромада наметавонем, дар хонаҳои пиронсолон ё беморхонаҳо мебошем ё ҳатто барои имонамон дар маҳбас қарор дорем. Ҳатто дар чунин вазъиятҳо мо метавонем ба шахсоне, ки ба хабаргириамон меоянд ё ба кормандони хизматӣ мавъиза кунем. Вақте ки мо дар ҳар вазъият далерона шаҳодат медиҳем, мо исбот мекунем, ки «каломи Худо ба занҷирҳо банд нест» (2 Тим. 2:8, 9).

Афраний Бурр

Лавҳаи сангине, ки дар он номи Афраний Бурр зикр шудааст

Бурр эҳтимол дар шаҳри Вэзон–лаРомен (ҳоло дар ҷануби Фаронса ҷойгир аст) ба дунё омад. Соли 1884-уми эраи мо дар он ҷо лавҳаи сангине бо номи ӯ ёфт шуд. Бурр соли 51-уми эраи мо, аз тарафи Агриппинаи Хурдӣ, ки зан ва ҷияни қайсар Клавдиус буд, сардори Гвардияи преторианӣ таъин шуд. Агриппина бо ёрии ду муаллим, писари ҷавони худ, Неронро, ба тахти императорӣ тайёр мекард. Яке аз онҳо, ҷанговари моҳир — Бурр буд, ки ба Нерон маҳорати ҷангиро таълим медод. Муаллими дигар файласуф Сенека буд, ки қобилияти фикрронии Неронро инкишоф медод. Агриппина фурсати муносиб ёфта шавҳари худ, Клавдиусро, заҳр дода кушт. Хабари марги Клавдиус паҳн нашуда, Бурр Неронро ба Кастра Претория овард ва ӯро император эълон кард. Бо ин ӯ ба мақомоти олии Рум имконияти интихоб надод. Соли 59-уми эраи мо Нерон модарашро кушт ва Бурр ин кори ӯро рӯпӯш кард. Ба ақидаи таърихчиёни румӣ Светоний ва Дион Кассий худи Бурр низ соли 62-юми эраи мо аз ҷониби Нерон заҳр дода кушта шуд.

Musée Calvet Avignon

a Ба чорчӯбаи «Гвардияи преторианӣ дар рӯзҳои император Нерон» нигаред.

b Ба чорчӯбаи «Афраний Бурр» нигаред.

c Баръакси ин, Ҳиродуси Ағрипус солҳои 36–37-и эраи мо аз тарафи қайсар Тибариюс ба маҳбаси ин қалъа партофта шуд, зеро Ҳиродус гуфта буд, ки Калигула бояд император шавад. Баъди император шуданаш, Калигула Ҳиродусро дар Яҳудо подшоҳ таъин кард (Аъм. 12:1).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан