-
Ба имони Мусо пайравӣ кунедБурҷи дидбонӣ — 2014 | апрел 15
-
-
1, 2. а) Дар синни 40-солагӣ Мусо чӣ гуна қарор қабул кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Чаро Мусо бо халқи Худо уқубат кашиданро интихоб кард?
МУСО медонист, ки Миср чӣ гуна ҳаётро пешкаш мекунад. Вай хонаҳои калону боҳашамати мисриёни сарватмандро медид. Ӯ ба хонадони фиръавн тааллуқ дошт. Мусо «тамоми ҳикмати Мисрро таълим гирифта» буд, ки он эҳтимол фарҳангу маданият, ситорашиносӣ, математика ва дигар илмҳоро дар бар мегирифт (Аъм. 7:22). Ӯ метавонист соҳиби сарвату қудрат гардад. Барояш имкониятҳое муҳайё буданд, ки мисриёни оддӣ онҳоро танҳо орзу мекарданд!
2 Вале, вақте ки Мусо 40-сола буд, қароре қабул кард, ки аз он хонадони шоҳи Миср, ки ӯро чун аъзои оилаашон меҳисобиданд, эҳтимол сахт дар ҳайрат монданд. Ҳаёте, ки ӯ интихоб кард, ҳатто ба ҳаёти муқаррарии мисриёни оддӣ монанд набуд. Ӯ ҳаёти пуразоберо, ки ғуломон доштанд, интихоб кард! Чаро Мусо ин тавр кард? Зеро вай имон дошт. (Ибриён 11:24–26-ро бихонед.) Ба туфайли имон Мусо на танҳо олами моддии дар гирду атрофаш бударо медид. Чун шахсе ки назари рӯҳонӣ дорад, вай ба Худои «Нонамоён», Яҳува, ва иҷрошавии ваъдаҳои Ӯ имон дошт (Ибр. 11:27).
-
-
Ба имони Мусо пайравӣ кунедБурҷи дидбонӣ — 2014 | апрел 15
-
-
4. Мусо оиди аз гуноҳ ҳаловат бурдан чиро дарк мекард?
4 Ба туфайли имон Мусо дарк мекард, ки «аз гуноҳ ҳаловат» бурдан муваққатӣ аст. Дигарон шояд чунин фикр мекарданд: Миср бо вуҷуди он ки пур аз бутпарастӣ ва сеҳру ҷоду буд, ба давлати абарқудрате табдил ёфт, ҳол он ки халқи Яҳува аз ғуломӣ азоб мекашид! Вале Мусо медонист, ки Худо метавонад вазъиятро тағйир диҳад. Ҳарчанд шахсони худпараст ба назар комёб метофтанд, Мусо боварӣ дошт, ки бадкорон албатта фурӯ меғалтанд. Барои ҳамин, ӯ ба васвасаи он дода намешуд, ки «аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ» гирад.
5. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, то ба «ҳаловати муваққатӣ»-и гуноҳ дода нашавем?
5 Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, то ба «ҳаловати муваққатӣ»-и гуноҳ дода нашавед? Ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозед, ки ҳаловат аз корҳои гунаҳкорона зудгузар аст. Бо чашмони имон бубинед, ки «ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст» (1 Юҳ. 2:15–17). Оиди ояндаи гунаҳкорони тавбанакарда мулоҳиза кунед. Онҳо «дар ҷойҳои лағжонак»-анд ва «ба ҳалокат расида, аз даҳшатҳо фано» мешаванд! (Заб. 72:18, 19). Вақте дар шумо васвасаи ба рафтори гунаҳкорона даст задан пайдо мешавад, аз худ бипурсед: «Ман барои худ чӣ гуна ояндаро мехоҳам?»
-