ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • kl боби 13 саҳ. 118-129
  • Зиндагии худописандона чӣ тавр хушбахтӣ меорад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Зиндагии худописандона чӣ тавр хушбахтӣ меорад
  • Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ИНСОФ БОИСИ ХУШБАХТИСТ
  • САХОВАТМАНДӢ ХУШБАХТӢ МЕОРАД
  • ОМИЛҲОИ ДИГАРЕ КИ БОИСИ ХУШБАХТИСТ
  • ХУШБАХТӢ ДАР ҲАМСАРӢ
  • «АЗ ҶАҲОН НЕСТАНД»
  • МУНОСИБАТ БА ҶАШНҲОИ ҲАРСОЛА
  • КОР ВА ВАҚТХУШӢ
  • ЭҲТИРОМ БА ЗИНДАГӢ ВА ХУН
  • Барои ояндаи хуби оилаатон бикӯшед
    Сирри хушбахтии оила
Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
kl боби 13 саҳ. 118-129

Боби 13

Зиндагии худописандона чӣ тавр хушбахтӣ меорад

1. Чаро метавонем бигӯем, ки бо роҳи Йеҳӯва рафтан хушбахтӣ меоварад?

ЙЕҲӮВА «Худои хушбахт» аст ва ӯ мехоҳад, ки шумо аз зиндагӣ лаззат бибаред (1 Тимотиюс 1:11, ТОН). Бо қадам гузоштан дар роҳи Ӯ, метавонед аз манфиат ва оромии амиқу пойдор бархурдор шавед — оромие ба мисли дарёе, ки ҳамеша ҷорист. Бо роҳи Худо рафтан шуморо водор месозад, ки пайваста ба амалҳои дурусту одилона даст бизанед, ки мисли «мавҷҳои баҳр» нотамоманд. Ин бошад, хушбахтии ҳақиқӣ меорад (Ишаъё 48:17, 18).

2. Чаро масеҳиён бо вуҷуди он ки гоҳе вақт мавриди озору бадрафторӣ қарор мегиранд, метавонанд хушбахт бошанд?

2 Баъзеҳо шояд эътироз намоянд, ки гоҳе вақт одамон баъди кори хуб кардан ҳам ранҷу азоб мекашанд. Ин дуруст аст ва бо ҳаввориёни Исо низ чунин рӯй дода буд. Ҳарчанд ки дучори таъқиб мешуданд, онҳо боз ҳам хурсанд буданд ва «дар бораи Исои Масеҳ башорат додан»-ро давом медоданд (Аъмол 5:40–42). Мо метавонем аз ин дарсҳои муҳиме биомӯзем. Яке аз онҳо — зиндагии худописандонаи мо кафолат бар он нест, ки бо мо ҳамеша хуб муносибат хоҳанд кард. Павлуси ҳавворӣ навишт: «Ҳамаи онҳое ки мехоҳанд парҳезгорона дар Исои Масеҳ зиндагӣ кунанд, ба таъқибот дучор хоҳанд шуд» (2 Тимотиюс 3:12). Сабаби ин дар он аст, ки Шайтон ва дунёи ӯ ба касоне, ки бо равиши Худо зиндагӣ менамоянд, мухолифат мекунанд (Юҳанно 15:18, 19; 1 Петрус 5:8). Вале хушбахтии ҳақиқӣ аз вазъиятҳои берунӣ вобаста нест. Он яқинан бо эътиқод бар он меояд, ки мо дуруст рафтор мекунем ва Худо аз мо розист (Матто 5:10–12; Яъқуб 1:2, 3; 1 Петрус 4:13, 14).

3. Ибодат ба Йеҳӯва бояд чӣ асаре бар зиндагии шахс бигузорад?

3 Ҳастанд шахсоне, ки чунин фикр мекунанд: барои сазовор шудан ба таҳсини Худо кифоя аст, ки гоҳ-гоҳ ба Ӯ вафодорӣ зоҳир намоем ва дар вақти дигар Ӯро фаромӯш кардан мумкин аст. Вале ибодати ҳақиқӣ ба Йеҳӯва Худо чунин нест. Он ба рафтори одам дар муддати тамоми соатҳои бедорӣ таъсир мерасонад, рӯз ба рӯз ва сол ба сол. Аз ин сабаб чунин ибодат «роҳ» номида шудааст (Ишаъё 30:21). Маҳз зиндагӣ бо роҳи Худо моро бар он мехонад, ки мутобиқ ба Каломи Худо сухан гӯем ва амал кунем.

4. Барои он ки тариқи зиндагии мо мутобиқ ба тариқи Худо бошад, чаро анҷоми тағирот судманд аст?

4 Вақте ки омӯзандагони нави Китоби Муқаддас мебинанд, ки барои хурсанд кардани Йеҳӯва бояд тағироте дар зиндагии худ бикунанд, шояд аз худ бипурсанд: оё воқеан меарзад, ки ҳаёти худописандона барем? Бешубҳа, меарзад. Чаро? Чунки «Худо муҳаббат аст» ва роҳҳои Ӯ ба манфиати мо астанд (1 Юҳанно 4:8). Ҳамчунин Худо хирадманд аст ва медонад, ки бароямон чӣ беҳтар аст. Азбаски Йеҳӯва Худои Қодири Мутлақ аст, Ӯ метавонад ба мо қувват диҳад, то ки одати бадро тарк карда, дигаргун шавем ва Ӯро хурсанд намоем (Филиппиён 4:13). Биёед баъзе принсипҳоеро, ки бо зиндагии худописандона алоқаманданд, муҳокима карда бубинем, ки чӣ гуна бакорбарии онҳо хушбахтӣ меорад.

ИНСОФ БОИСИ ХУШБАХТИСТ

5. Китоби Муқаддас дар бораи дурӯғгӯӣ ва дуздӣ чӣ мегӯяд?

5 Йеҳӯва «Худои ростӣ» аст (Забур 30:6). Яқинан, шумо мехоҳед ба Ӯ пайравӣ намуда, дар ҳисоби одамони росткор бошед. Инсоф боиси иззати нафс ва эҳсоси оромӣ аст. Вале аз он сабаб, ки дар ин дунёи пур аз гуноҳ беинсофӣ ин қадар зиёд аст, масеҳиён ба чунин ёдоварӣ ниёз доранд: «Ҳар яке ба ёри худ рост гӯед ... Касе ки дуздӣ кардааст, дигар дуздӣ накунад, балки меҳнат кунад ... то чизе дошта бошад, ки ба эҳтиёҷманде бибахшад» (Эфсӯсиён 4:25, 28). Масеҳиён аз рӯи инсоф кори ҳаррӯзаи худро иҷро мекунанд ва бе иҷозат чизеро ки ба соҳибкор тааллуқ дорад, намегиранд. Хоҳ дар ҷои кор, хоҳ дар хона ё мактаб парастандаи Йеҳӯва бояд «дар ҳар бобат ... ҳалолкорона рафтор кунад» (Ибриён 13:18). Ҳар касе ки дурӯғ мегӯяд ё дуздӣ мекунад, наметавонад ба марҳамати Худо умед бандад (Такрори Шариат 5:19; Ваҳй 21:8).

6. Чӣ гуна поквиҷдонии шахс метавонад боиси ҳамди Йеҳӯва гардад?

6 Инсоф баракатҳои зиёде меорад. Селина бевазани камбизоате аз Африқо, Йеҳӯва Худо ва принсипҳои одилонаи Ӯро дӯст медорад. Боре ӯ ҷомадончаеро ёфт, ки дар он дафтарчаи амонатгузорӣ ва маблағи зиёди пул буд. Бо ёрии маълумотномаи телефонҳо ӯ соҳиби онҳоро пайдо кард — вай мағозадоре буд, ки ғораташ карда буданд. Он мард наметавонист ба чашмони худ бовар кунад, ки зани бемор худ ба назди вай омад ва ҳамаро пурра баргардонд. “Чунин боинсофӣ лоиқи инъом аст”,— гуфт он мард ва як маблағ пулро ба ӯ дод. Муҳимтар он аст, ки мард дини Селинаро таҳсин кард. Оре, поквиҷдонӣ таълимоти Каломро оро дода, Йеҳӯва Худоро мадҳ мекунад ва барои парастандагони боинсофаш хушбахтӣ меорад (Титус 2:10; 1 Петрус 2:12).

САХОВАТМАНДӢ ХУШБАХТӢ МЕОРАД

7. Қиморбозӣ чӣ бадӣ дорад?

7 Саховатмандӣ боиси хушбахтӣ аст, дар он ҳоле ки «ҳаромризқон», ё хасисон «вориси Малакути Худо намешаванд» (1 Қӯринтиён 6:10). Яке аз нишонаҳои маъмули хасисӣ — рағбат ба қиморбозӣ аст, ки дар он кӯшиши манфиат бурдан аз зарари дигаронро мекунанд. Йеҳӯва шахсони «тамаъкор»-ро намеписандад (1 Тимотиюс 3:8). Ҳатто дар ҷое, ки қиморро қонун иҷозат медиҳад, касе ки барои завқ бурдан бозӣ мекунад, метавонад сахт шавқманд шуда, машғулиятеро ки ҳоли бисёр касонро табоҳ мекунад, дастгирӣ намояд. Қимор аксар вақт боиси мушкилиҳо барои хонаводаи қиморбоз мешавад, ки барояшон метавонад дигар пуле барои таъмини чизҳои зарурӣ — ғизо ва пӯшок намонад (1 Тимотиюс 6:10).

8. Исо чӣ гуна намунаи хуби саховатмандиро гузошт ва чӣ гуна метавонем мо саховатманд бошем?

8 Бо шарофати саховати муҳаббатомез, масеҳиён аз ёрӣ ба дигарон, бахусус ба хоҳару бародарони ҳамимони худ, ки мӯҳтоҷанд, хушнуд мешаванд (Яъқуб 2:15, 16). Пеш аз он ки Исо ба рӯи замин биёяд, ӯ саховатеро, ки Худо нисбати одамон зоҳир мекунад, мушоҳида намуд (Аъмол 14:16, 17). Исо на фақат вақт ва истеъдодҳо, ҳатто зиндагии хешро барои инсоният бахшид. Бинобар ин, ӯ метавонист бо чунин итминони комил бигӯяд: «Додан аз гирифтан беҳтар аст» (Аъмол 20:35). Исо бевазани камбағалеро, ки бо саховатмандӣ ду тангаи камарзишро ба хазинаи маъбад гузошт, таъриф кард, зеро ӯ «тамоми нафақаи худро дод» (Марқӯс 12:41–44). Исроилиёни қадим ва масеҳиёни асри як дар саховатмандона ва хурсандона расонидани кӯмаки моддӣ барои дастгирии ҷамъомад ва кори Салтанат намуна гузоштанд (1 Вақоеънома 29:9; 2 Қӯринтиён 9:11–14). Масеҳиёни имрӯза ғайр аз он ки бо саҳми моддӣ Худоро бо хушҳолӣ мадҳ мекунанд, зиндагии хешро низ дар хидмати ӯ мегузаронанд (Румиён12:1; Ибриён 13:15). Онҳо вақт, қувват ва имкониятҳои дигар, аз он ҷумла сармояҳои худро барои башорати Салтанат сарф мекунанд ва Йеҳӯва барои ин онҳоро баракат медиҳад (Масалҳо 3:9, 10).

ОМИЛҲОИ ДИГАРЕ КИ БОИСИ ХУШБАХТИСТ

9. Сӯиистеъмоли машруботи спиртӣ чӣ нодурустӣ дорад?

9 Барои хушбахт будан, масеҳиён бояд «фаросатро маҳфуз доранд» (Масалҳо 5:1, 2). Барои ин лозим аст, ки Каломи Худоро бихонанд ва дар бораи адабиёти муфиди марбут ба Китоби Муқаддас мулоҳиза бикунанд. Аммо аз анҷоми баъзе корҳо худдорӣ бояд кард. Масалан, истеъмоли аз меъёр зиёди машруботи спиртӣ метавонад сабаби он гардад, ки шахс фикрҳои худро идора карда наметавонад. Дар чунин ҳолат бисёр шахсон бадахлоқӣ мекунанд, ба зӯроварӣ даст мезананд ва ҳатто сабаби марги касе мешаванд. Фаҳмост, ки чаро Китоби Муқаддас мегӯяд, ки майпарастон вориси Малакути Худо намешаванд! (1 Қӯринтиён 6:10). Барои «боисмат» мондан ҳаракат карда, масеҳиёни ҳақиқӣ дар майнӯшӣ худдорӣ мекунанд ва ин боиси хушбахтие ки дар миёни онҳост, мегардад (Титус 2:2–6).

10. а) Чаро масеҳиён аз истифодаи тамоку худдорӣ мекунанд? б) Тарки одатҳои нопок чӣ фоида дорад?

10 Тозагии бадан низ ба хушбахтӣ мусоидат мекунад. Вале майл ба моддаҳои зиёновар дар касони зиёд инкишоф меёбад. Барои намуна тамокукаширо мегирем. Созмони умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ хабар медиҳад, ки тамокукашӣ “ҳар сол се миллион нафарро ба ҳалокат мерасонад”. Тарки ин одат метавонад аз сабаби пайдо шудани нишонаҳои муваққатии ба он марбутбуда душвор бошад. Лекин бисёр тамокукашони собиқ дарёфтанд, ки саломатиашон беҳтар шуда ва барои рафъи ниёзҳои хонаводаашон маблағи зиёдтаре боқӣ мемонад. Бале, одати тамокукашӣ ё майл ба ягон моддаи зарароварро тарк карда, шумо ҷисми худро поктар, виҷдонатонро осуда намуда, аз хушбахтии ҳақиқӣ зиёдтар бархурдор мешавед (2 Қӯринтиён 7:1).

ХУШБАХТӢ ДАР ҲАМСАРӢ

11. Барои он ки издивоҷ қонунӣ, устувор ва ҳалол бошад, чӣ лозим аст?

11 Касоне ки чун зану шавҳар бо якдигар зиндагӣ мекунанд, бояд итминон ҳосил кунанд, ки никоҳи онҳо расман қайди давлатиро дорад (Марқӯс 12:17). Онҳо ҳамчунин бояд ба никоҳ нигоҳи ҷиддӣ дошта бошанд. Баъзан, шояд дар ҳолати рад кардани таъмини оила, муносибати бениҳоят бераҳмона ё хатари ҳақиқии рӯҳонӣ зиндагии ҷудогонаи ҳамсарон лозим гардад (1 Тимотиюс 5:8; Ғалотиён 5:19–21). Аммо суханони Павлуси ҳавворӣ дар 1 Қӯринтиён 7:10–17 зану шавҳарро ташвиқ мекунанд, ки бо ҳамдигар бимонанд. Ва албатта барои расидан ба хушбахтии ҳақиқӣ онҳо бояд ба якдигар вафодор бошанд. Павлус навишта: «Бигзор никоҳ аз ҳар ҷиҳат ҳалол бошад ва ҷойхоби он беайб; зеро ки зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард» (Ибриён 13:4). Зери калимаи «ҷойхоб» муносибати ҷинсии байни зану марде, ки дар никоҳи қонунӣ ҳастанд, дар назар аст. Ҳеҷ гуна алоқаи ҷинсии дигар монанди бисёрзанӣ наметавонад «ҳалол» бошад. Илова бар ин, Китоби Муқаддас алоқаи ҷинсии пеш аз никоҳ ва гомосексуализмро маҳкум мекунад (Румиён 1:26, 27; 1 Қӯринтиён 6:18).

12. Оқибатҳои таассуфовари зино чист?

12 Зино метавонад чанд лаҳзаи айши ҷисмонӣ оварад, вале он хушбахтии ҳақиқӣ намеорад. Он Худоро меранҷонад ва чунин одамро метавонад виҷдон азоб диҳад (1 Таслӯникиён 4:3–5). Оқибати ҳузновари алоқаи ҷинсии берун аз никоҳ метавонад СПИД ва дигар бемориҳои бо роҳи ҷинсӣ сирояткунанда бошад. Дар як мақолаи тиббӣ хабар дода шудааст: “Тахмин меравад, ки ҳар сол дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 250 миллион нафар ба бемории сӯзок ва қариб 50 миллион нафар ба сифилис мубтало мешаванд”. Ҳамчунин проблемаи ҳомиладории номатлуб вуҷуд дорад. Референдуми байналхалқии танзими оила хабар медиҳад, ки дар ҷаҳон ҳар сол зиёда аз 15 миллион духтарони синни аз 15 то 19 сола ҳомиладор мешаванд ва сеяки онҳо исқоти ҳамл мекунанд. Тадқиқе нишон дод, ки дар як мамлакати африқоӣ сабаби марги 72 фоизи духтарони наврас оқибатҳои исқоти ҳамл аст. На ҳамаи онҳое ки зино мекунанд, бемор ё ҳомиладор мешаванд, лекин барои онҳо аз азоби рӯҳӣ ҷои гурез нест. Бисёриҳо иззати нафсашонро гум карда ва ҳатто аз худ нафрат мекунанд.

13. Фисқ ба чӣ гуна мушкилоти дигар меорад ва онҳоеро ки ба фосиқӣ ва зино идома медиҳанд, чӣ интизор аст?

13 Гарчанде ки хиёнати ҳамсариро бахшидан мумкин аст, ҳамсари бегуноҳ ҳуқуқи ба Китоби Муқаддас асосёфта барои ҷудо шудан дорад (Матто 5:32; қиёс кунед Ҳушаъ 3:1–5). Агар сабаби ҷудошавии ҳамсарон чунин бадахлоқӣ бошад, дар дили ҳамсари бегуноҳ ва фарзандон ҷароҳатҳои чуқур боқӣ мемонанд. Бо ғамхорӣ дар бораи оила Каломи Худо ишора мекунад, ки зинокорону фосиқони тавбанокардаро ҳукми сахт интизор аст. Ғайр аз ин, Китоби Муқаддас рӯшан нишон медиҳад: касоне ки ба бадахлоқии ҷинсӣ машғуланд, «Малакути Худоро мерос нахоҳанд гирифт» (Ғалотиён 5:19, 21).

«АЗ ҶАҲОН НЕСТАНД»

14. а) Баъзе шаклҳои бутпарастӣ, ки аз онҳо одами худотарс дар гурез аст, кадомҳоянд? б) Дар Юҳанно 17:14 ва дар Ишаъё 2:4 ба мо чӣ роҳнамоие дода шудааст?

14 Касоне ки мехоҳанд Йеҳӯваро хушнуд созанд ва аз баракатҳои Салтанат бархурдор шаванд, аз ҳар намуди бутпарастӣ дурӣ мекунанд. Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки сохтани тасвирҳо аз қабили Масеҳ ё модари Исо — Марям барои ибодат нодуруст аст (Хуруҷ 20:4, 5; 1 Юҳанно 5:21). Бинобар ин, масеҳиёни ҳақиқӣ ба бутҳо, салибҳо ва муҷассамаҳо саҷда намекунанд. Ҳамчунин онҳо аз шаклҳои пӯшидаи бутпарастӣ, ба мисли арзу эҳтироми байрақ ва хондани сурудҳое ки ягон миллатро васф мекунанд, канорагирӣ мекунанд. Вақте ки ба чунин корҳо маҷбур мекунанд, онҳо суханҳои ба Шайтон гуфтаи Исоро ба ёд меоранд: «Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо ӯро ибодат намо» (Матто 4:8–10). Исо гуфт, ки пайравони ӯ «аз ҷаҳон нестанд» (Юҳанно 17:14). Ин чунин маъно дорад, ки онҳо ба корҳои сиёсии ин ҷаҳон дахолат накарда, оромона мувофиқи Ишаъё 2:4 зиндагӣ мекунанд, ки дар он гуфта шудааст: «Ӯ [Йеҳӯва Худо] дар миёни халқҳо доварӣ хоҳад кард, ва қавмҳои бисёрро танбеҳ хоҳад намуд; ва онҳо шамшерҳои худро ба омочҳо ва найзаҳои худро ба досколаҳо табдил хоҳанд дод; ва халқе бар халқе шамшер нахоҳанд кашид, ва ҷангро дигар таълим нахоҳанд гирифт».

15. Бобили бузург чист ва бисёре аз омӯзандагони нави Китоби Муқаддас барои баромадан аз он чӣ кор мекунанд?

15 «Аз ҷаҳон набудан» инчунин маънои қатъ кардани ҳама робитаҳо бо «Бобили бузург» — ҳукмрони ҷаҳонии дини дурӯғинро дорад. Ибодати нопок аз Бобили қадим паҳн шуд то он даме ки мардуми тамоми замин мубталои таъсири рӯҳонии зиёнбахши он гаштанд. «Бобили бузург» ҳамаи динҳоеро дар бар мегирад, ки таълимот ва корҳояшон мухолифи маърифати Худоӣ аст (Ваҳй 17:1, 5, 15). Ягон ходими вафодори Йеҳӯва дар ҳаракатҳое ки якҷоягии динҳои дигарро таблиғ мекунанд, ширкат намеварзад ва бо ягон ҷузъи Бобили бузург робитаи рӯҳонӣ намекунад (Ададҳо 25:1–9; 2 Қӯринтиён 6:14). Аз ин сабаб, бисёре аз онҳое ки ба омӯзиши Китоби Муқаддас оғоз мекунанд, ба созмони мазҳабие, ки ба он тааллуқ доранд, нома навишта, аз баромадани худ аз он хабар медиҳанд. Ин кор онҳоро ба Худои ҳақиқӣ наздиктар мекунад, ки гуфтааст: «Аз миёни онҳо берун оед ва ҷудо шавед, мегӯяд Худованд, ва ба чизи нопок нарасед, ва Ман шуморо қабул хоҳам кард» (2 Қӯринтиён 6:17; Ваҳй 18:4, 5). Оё чунин пазируфтани Падари осмонии мо орзуи дили шумо нест?

МУНОСИБАТ БА ҶАШНҲОИ ҲАРСОЛА

16. Чаро масеҳиёни воқеӣ иди Мавлуди Исоро ҷашн намегиранд?

16 Зиндагии худописандона моро аз ҷашни идҳои дунявӣ, ки аксаран пур аз ташвишу заҳматанд, озод мекунад. Масалан, Китоби Муқаддас рӯзи аниқи таваллуди Исоро хабар намедиҳад. Баъзеҳо шояд бигӯянд: “Ман фикр мекардам, ки Исо 25-уми декабр таваллуд шудааст”. Ин номумкин аст, зеро ки ӯ дар баҳори 33-юми д. мо дар синни сиюсеюнимсолагӣ даргузашт. Илова бар ин, ҳангоми тавлиди ӯ «чӯпононе буданд, ки шабона дар ҳавои кушод рамаи худро посбонӣ мекарданд» (Луқо 2:8). Дар Исроил охири декабр фасли боронӣ ва сард аст, дар ин вақт одатан гӯсфандонро дар молхона нигоҳ медоранд, то аз хунукии зимистон муҳофизат кунанд. Аслан, рӯзи 25-уми декабр румиён ҷашни худои Офтобро қайд мекарданд. Аз вақти зиндагии Исо дар рӯи замин садсолаҳо гузаштанд ва масеҳиёни осӣ ин рӯзро чун рӯзи таваллуди Масеҳ қайд мекардагӣ шуданд. Ҳамин тавр, масеҳиёни ҳақиқӣ Мавлуди Исо ё идҳои дигареро, ки бар ақидаҳои дурӯғини динӣ асос ёфтаанд, ҷашн намегиранд. Азбаски танҳо ба Йеҳӯва содиқанд, онҳо ҳамчунин ҷашнҳоеро, ки одамони нокомил ё миллатҳоро ситоиш мекунанд, қайд намекунанд.

17. Чаро мардуми худотарс рӯзи таваллудро ҷашн намегиранд ва барои чӣ бо вуҷуди ин кӯдакони онҳо хушҳол ва розӣ ҳастанд?

17 Дар худи Китоби Муқаддас ду ҷашнгирии рӯзи таваллуд ёдрас мешавад, ки дар ҳардуи он одамоне иштирок намудаанд, ки ба Худо хидмат намекарданд (Ҳастӣ 40:20–22; Матто 14:6–11). Чаро дар ҳоле ки Китоби Муқаддас рӯзи таваллуди инсони комил — Исои Масеҳро хабар намедиҳад, мо бояд ба зодрӯзи инсонҳои нокомил таваҷҷӯҳи хосе кунем? (Воиз 7:1). Албатта, волидайни худопараст барои нишон додани муҳаббаташон нисбат ба фарзандон рӯзи махсусро интизор намешаванд. Як духтари 13-солаи масеҳӣ чунин гуфт: “Мо дар оилаамон вақтро хуб мегузаронем... ман ба падар ва модарам хеле наздик ҳастам ва вақте бачаҳои дигар аз ман мепурсанд, ки чаро идҳоро ҷашн намегирӣ, ба онҳо мегӯям, ки барои ман ҳар рӯз ид аст”. Як ҷавони 17-солаи масеҳӣ гуфт: “Мо дар хонаамон тӯли тамоми сол ба ҳамдигар тӯҳфа медиҳем”. Тӯҳфаҳои ғайричашмдошт шодии зиёдтар меоранд.

18. Ҷашни ҳарсолаи кадом идро Исо ба пайравонаш фармуд ва он ба мо чиро ёдовар мекунад?

18 Барои онҳое ки дар паи зиндагии худописандона ҳастанд, рӯзе ҳаст, ки ҳар сол бояд қайд шавад. Ин маросим Шоми Худованд аст, ки ҳамчунин Шоми ёдбуди марги Масеҳ номида мешавад. Исо дар мавриди он ба пайравонаш фармуда: «Инро барои хотираи Ман ба ҷо оваред» (Луқо 22:19, 20; 1 Қӯринтиён 11:23–25). Вақте ки Исо ин Шомро шаби 14-уми нисони соли 33-юми д. мо муқаррар кард, ӯ аз нони фатир ва шароби арғувонӣ истифода бурд, ки рамзи бадани бегуноҳи инсонӣ ва хуни комили ӯ буданд (Матто 26:26–29). Масеҳиёне ки бо рӯҳулқудси Худо тадҳин шудаанд, дар хӯрдани ин рамзҳо ширкат меварзанд. Азбаски ба Аҳди Ҷадид ва Аҳд барои Малакут дохиланд, онҳо умеди осмонӣ доранд (Луқо 12:32; 22:20, 28–30; Румиён 8:16, 17; Ваҳй 14:1–5). Бо вуҷуди ин, барои ҳамаи касоне ки ба он ташриф меоранд, ин маросим, ки мутобиқ ба 14-уми нисон аз рӯи тақвими қадимаи яҳудиён аст, судманд хоҳад буд. Ин рӯз дар бораи муҳаббати Йеҳӯва Худо ва Исои Масеҳ, ки дар қурбонии фидия барои гуноҳ зоҳир шуд ва зиндагии ҷовидонаро бар касоне ки мавриди лутфи илоҳӣ ҳастанд, мумкин месозад, ёдовар мекунад (Матто 20:28; Юҳанно 3:16).

КОР ВА ВАҚТХУШӢ

19. Масеҳиён барои ёфтани музди меҳнат бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд?

19 Масеҳиёни ҳақиқӣ муттасаддиянд, ки боинсофона меҳнат карда, худро таъмин намоянд. Ин сабаб мешавад, ки сардори оила эҳсоси қаноатмандӣ дошта бошад (1 Таслӯникиён 4:11, 12). Албатта, агар кори шахси масеҳӣ бо Китоби Муқаддас мухолифат дошта бошад, ӯ хушбахт буда наметавонад. Баъзан ёфтани коре, ки бо меъёрҳои Китоби Муқаддас зиддият надорад, осон нест. Масалан, аз баъзе кормандон талаб карда мешавад, ки мизоҷонро фиреб диҳанд. Аз тарафи дигар, корфармоёни зиёде бо хоҳиши аз даст надодани коргарони содиқ, бо виҷдони онҳо созгорӣ намуда, онҳоро мӯҳтарам мешуморанд. Бо ин ҳама, ҳар чӣ пеш ояд, шумо метавонед итминон дошта бошед, ки Худо талошҳои шуморо барои ёфтани коре, ки битавонед бо виҷдони осуда ба он бипардозед, баракат хоҳад дод (2 Қӯринтиён 4:2).

20. Чаро дар интихоби намуди вақтхушӣ бояд бодиққат бошем?

20 Аз он ҷое ки Худо хушбахтии ходимонашро мехоҳад, мо бояд кори вазнинро бо истироҳати тароватбахш ва вақтхушӣ андарҳам намоем (Марқӯс 6:31; Воиз 3:12, 13). Ҷаҳони Шайтон вақтхушиҳоеро тарғиб мекунад, ки ба Худо маъқул нестанд. Аммо барои хушнуд кардани Худо мо бояд дар интихоби китобҳо, барномаҳои телевизионӣ ва радио, мусиқӣ, консертҳо, саҳнаҳо ва видеофилмҳо бодиққат бошем. Агар вақтхушиҳое, ки пештар бо онҳо машғул будем, бо огоҳиҳое ки дар чунин оятҳо ба мисли Такрори Шариат 18:10–12, Забур 10:5, Эфсӯсиён 5:3–5 омадаанд, бо ҳам мухолифанд, онҳоро тағир дода, мо Йеҳӯваро хушнуд месозем ва худ низ хушбахттар хоҳем буд.

ЭҲТИРОМ БА ЗИНДАГӢ ВА ХУН

21. Ҳурмат ба зиндагӣ бояд чӣ таъсире ба дидгоҳи мо нисбати исқоти ҳамл ва ҳамчунин ба одатҳо ва рафтори мо дошта бошад?

21 Барои расидан ба хушбахтии ҳақиқӣ, мо бояд монанди Йеҳӯва зиндагии инсонро муқаддас шуморем. Каломи Ӯ қатлро манъ мекунад (Матто 19:16–18). Дарвоқеъ, Шариате ки ба исроилиён дода шуд, нишон медиҳад, ки ҳаёти тифли дар батни модар буда низ дар назари Худо гаронбаҳост ва нобуд кардани он манъ аст (Хуруҷ 21:22, 23). Бо ин сабаб, мо набояд ба зиндагӣ чун ба як чизи камарзише нигоҳ карда, ҷисми худро бо тамоку, маводи нашъа ё машруботи спиртӣ заҳролуд кунем, ё беасос худро зери хатар гузорем. Бад ин тартиб, мо набояд ба корҳое ки ба зиндагии мо хатар доранд, даст бизанем ва ё ба чораҳои бехатарӣ беэътиноӣ кунем ва ҳамин тавр боиси марги касе шавем (Такрори Шариат 22:8).

22. а) Назари худописандона оиди хун ва истифодаи он чӣ гуна аст? б) Танҳо хуни кӣ метавонад ҳақиқатан наҷотбахши зиндагӣ бошад?

22 Йеҳӯва ба Нӯҳ ва хонаводаи вай гуфт, ки хун рамзи ҷон ё зиндагӣ аст. Бинобар ин, Худо онҳоро аз хӯрдани хун манъ кард (Ҳастӣ 9:3, 4). Азбаски мо фарзандони онҳоем, иҷрои ин қонун барои мо низ муҳим аст. Йеҳӯва ба исроилиён гуфта буд, ки хун бояд ба замин рехта шавад ва онро барои мақсадҳои шахсӣ истифода кардан мумкин нест (Такрори Шариат 12:15, 16). Ва қонуни Худо дар мавриди хун боз такрор шуд, вақте ки ба масеҳиёни асри аввал гуфта шуд: «аз хун ... парҳез кунед» (Аъмол 15:28, 29). Аз рӯи эҳтиром ба муқаддасии ҳаёт, мардуми худотарс ба хунгузаронӣ розӣ нестанд, ҳатто агар дигарон исрор кунанд, ки ин кор ҳаёташонро наҷот медиҳад. Бисёр тарзҳои дигари табобат, ки мавриди қабули Шоҳидони Йеҳӯва ҳастанд, ошкор шудааст, ки натиҷабахш буда, ҳамчунин ҳаёти одамро зери хавфе, ки аз хунгузаронӣ ба вуҷуд меояд, намегузоранд. Масеҳиён медонанд, ки фақат хуни рехтаи Исо наҷотбахши ҳақиқӣ аст. Имон ба он бахшиши гуноҳҳо ва умеди ҳаёти ҷовидониро медиҳад (Эфсӯсиён 1:7).

23. Баъзе аз подошҳои доштани зиндагии худописандона кадоманд?

23 Комилан равшан аст, ки ҳаёти худописандона саъю кӯшиш талаб мекунад. Чунин тарзи зиндагӣ мумкин аст боис гардад, ки мавриди тамасхури хешон ва шиносон қарор бигирем (Матто 10:32–39; 1 Петрус 4:4). Аммо подоши чунин равиши зиндагӣ ба заҳмати он меарзад. Доштани зиндагии худописандона виҷдони осуда ва муоширати хуштаъсире бо парастандагони дигари Йеҳӯва медиҳад (Матто 19:27, 29). Ҳамчунин, зиндагии абадиро дар ҷаҳони нави одилонаи Худо тасаввур кунед (Ишаъё 65:17, 18). Пайравӣ ба пандҳои Китоби Муқаддас ва ҳамин тавр хушнуд сохтани дили Йеҳӯва бошад, боиси чӣ қадар шодӣ ва хушӣ аст! (Масалҳо 27:11). Пас табиист, ки зиндагии худописандона хушбахтӣ меорад! (Забур 127:1, 2).

ДОНИШИ ХУДРО БИСАНҶЕД

Бо кадом сабабҳо зиндагии худописандона хушбахтӣ меорад?

Зиндагии худописандона метавонад чӣ гуна тағиротҳоро талаб кунад?

Чаро шумо мехоҳед зиндагии худописандона дошта бошед?

[Тасвири саҳифаи 124, 125]

Корҳои рӯҳонӣ дар андарҳамӣ бо истироҳат ба хушбахтии касоне ки зиндагии худописандона доранд, мусоидат мекунанд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан