ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • ijwbq мақолаи 166
  • Оё решаи ҳар гуна бадиҳо пул аст?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оё решаи ҳар гуна бадиҳо пул аст?
  • Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Ҷавоби Китоби Муқаддас
  • Китоби Муқаддас дар бораи пул чӣ мегӯяд?
  • Чаро Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад, ки пулпараст нашавем?
  • Чӣ тавр маслиҳатҳои Китоби Муқаддас дар хусуси пул ба мо кӯмак карда метавонанд?
  • Чӣ тавр пулро бояд сарфакорона истифода бурд?
    Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
  • Сирри қаноатмандӣ
    Бедор шавед!—2021
  • Назари Худо ба кор ва пул
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед
ijwbq мақолаи 166
Марде пули бисёрро гирифтанӣ аст.

Оё решаи ҳар гуна бадиҳо пул аст?

Ҷавоби Китоби Муқаддас

Не. Китоби Муқаддас намегӯяд, ки пул ягон бадӣ дорад. Инчунин дар он гуфта намешавад, ки сабаби асосии ҳамаи бадиҳо пул мебошад. Ибораи ба ҳама шиноси «пул решаи ҳама гуна бадиҳост» аз Каломи Худо нопурра гирифта шудааст ва фикри нодурустро ифода мекунад. Аслан дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «пулпарастӣ решаи ҳама гуна бадиҳост»a (1 Тимотиюс 6:10).

  • Китоби Муқаддас дар бораи пул чӣ мегӯяд?

  • Чаро Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад, ки пулпараст нашавем?

  • Чӣ тавр маслиҳатҳои Китоби Муқаддас дар хусуси пул ба мо кӯмак карда метавонанд?

  • Оятҳои Китоби Муқаддас дар мавзӯи пул

Китоби Муқаддас дар бораи пул чӣ мегӯяд?

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки агар пулро аз рӯйи хирад истифода барем, он фоида меорад ва ҳатто касро «муҳофизат» мекунад (Воиз 7:12). Инчунин Каломи Худо онҳоеро, ки ба дигарон тӯҳфа мекунанд, аз ҷумла пул тақдим менамоянд, таъриф мекунад (Масалҳо 11:25).

Ҳамзамон Каломи Худо огоҳ мекунад, ки пул набояд маънои ҳаётамон бошад. Дар он гуфта мешавад: «Аз пулпарастӣ дурӣ ҷӯед ва бо он чӣ доред, қаноат кунед» (Ибриён 13:5). Яъне мо бояд пулро дуруст истифода барем ва аз пушти боигарӣ надавем. Мо бояд ба ҳар чизи доштаамон, аз ҷумла барои хӯрок, либос ва сарпаноҳ, шукр кунем (1 Тимотиюс 6:8).

Чаро Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад, ки пулпараст нашавем?

Шахсони чашмгурусна соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ намешаванд (Эфсӯсиён 5:5). Сабаб дар он аст, ки чашмгуруснагӣ як намуди «бутпарастӣ» ё ибодати бардурӯғ аст (Қӯлассиён 3:5). Инчунин одами чашмгурусна барои ба даст овардани чизи дилхоҳаш аз баҳри меъёрҳои ахлоқӣ мебарояд. Дар Масалҳо 28:20 гуфта мешавад, ки «касе ки аз паи сарват шитоб кунад, беҷазо намемонад». Ин гуна одамон ҳатто ба ҷиноят, аз ҷумла таҳдид, зӯроварӣ, фиреб ва одамкушӣ даст зада метавонанд.

Ҳатто пулпарастӣ ба рафтори одам таъсири бад нарасонад ҳам, он аз дигар ҷиҳат зарар расонда метавонад. Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки «касоне, ки дар пайи сарватманд шудан ҳастанд, гирифтори васваса, дом ва бисёр ҳавасҳои беақлонаву зарарнок мешаванд» (1 Тимотиюс 6:9).

Чӣ тавр маслиҳатҳои Китоби Муқаддас дар хусуси пул ба мо кӯмак карда метавонанд?

Агар мо аз пушти пул шуда меъёрҳои ахлоқиро вайрон насозем, нисбати худ эҳтиромамонро аз даст намедиҳем ва розигию дастгирии Худоро соҳиб мешавем. Худо ба онҳое, ки розигии Ӯро ба даст овардан мехоҳанд, чунин ваъда медиҳад: «Ҳеҷ гоҳ туро намепартоям ва ҳеҷ гоҳ туро танҳо намемонам» (Ибриён 13:5, 6). Худо моро боварӣ мебахшад, ки «шахси амин баракати бисёр меёбад» (Масалҳо 28:20).

Оятҳои Китоби Муқаддас дар мавзӯи пул

Воиз 7:12: «Одам... дар сояи нуқра низ мебошад»

Маънои оят: Агар пулро дуруст истифода барем, он ба қадре моро муҳофизат мекунад.

Луқо 12:15: «Ҳатто агар одам чизу чораи бисёр дошта бошад ҳам, ин ба ӯ ҳаёт намедиҳад».

Маънои оят: Пул дар ҳаёт аз ҳама чизи муҳим нест ва моро наҷот дода наметавонад.

1 Тимотиюс 6:10: «Пулпарастӣ решаи ҳама гуна бадиҳост ва баъзеҳо аз пайи он шуда, аз имон дур гаштаанд ва худро ба азобҳои зиёде гирифтор кардаанд».

Маънои оят: Пул ягон бадие надорад. Вале одамоне, ки пулдӯстанду онро маънои ҳаёташон гардондаанд, ба сари худ азобҳои зиёд меоранд, масалан, оилаашон вайрон мешавад ва аз серкорӣ саломатиашонро аз даст медиҳанд.

Ибриён 13:5: «Аз пулпарастӣ дурӣ ҷӯед ва бо он чӣ доред, қаноат кунед».

Маънои оят: Ба ҷои аз паси боигарӣ давидан, бо чизҳои доштаамон шукр кардан аз рӯйи хирад аст.

Матто 19:24: «Аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст, назар ба он ки одами бой ба Подшоҳии Худо дарояд».

Маънои оят: Дар ин оят Исо ҷавонмарди боеро даъват мекунад, ки пайрави ӯ шавад. Он мард, азбаски ба дороии худ сахт дил баста буд, даъвати Исоро рад кард. Аз ин рӯ Исо огоҳ карда гуфт, ки шахсе, ки боигариро аз Худо боло медонад, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ намешавад.

a Ин оят инчунин ба таври зерин тарҷума шудааст: «Пулпарастӣ решаи ҳар гуна чизҳои зараровар аст».

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан