ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • kl боби 17 саҳ. 160-169
  • Дар миёни халқи Худо паноҳ ёбед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Дар миёни халқи Худо паноҳ ёбед
  • Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • «ҒУЛОМИ МӮЪТАМАД ВА ДОНО»
  • «ХӮРОК ДАР САРИ ВАҚТ»
  • «МУҲАББАТРО ДАР БАР КУНЕД»
  • САРПАНОҲ
  • ҲАМРОҲИ ХАЛҚИ ЙЕҲӮВА АЗ АМНИЯТ БАРХУРДОР ШАВЕД
  • Яҳува созмонашро чӣ тавр роҳбарӣ мекунад?
    Худои ягонаи ҳақиқиро ибодат намоед
  • Ғуломи бовариноку боандеша кист?
    Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?
  • Хаставу суст нашавед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
kl боби 17 саҳ. 160-169

Боби 17

Дар миёни халқи Худо паноҳ ёбед

1, 2. Вазъияти инсоният ба онҳое, ки дар минтақаҳои тӯфонзада зиндагӣ мекунанд, чӣ шабоҳате дорад?

ТАСАВВУР кунед, ки тӯфони шадиде маҳалли зисти шуморо вайрон сохтааст. Хонаи шумо нобуд шуда ва тамоми чизҳоятон аз даст рафтанд. Ғизо камёб аст. Вазъият дар назар чоранопазир метобад. Ногаҳон аз куҷое кӯмак мерасад. Ғизову либоси зиёде меоранд. Барои шумо хонаи нав сохта мешавад. Шубҳае нест, ки шумо аз касе ки ин ёриро расонд, беҳад сипосгузор хоҳед буд.

2 Имрӯз чизи монанде ба ҳамин рӯй медиҳад. Исёни Одаму Ҳавво монанди тӯфонест, ки оқибатҳои харобиоваре барои тамоми инсоният овард. Хонаи биҳиштии инсоният гум шуд. Аз ҳамон вақт то ин замон ҳокимиятҳои инсонӣ аз ҳифзи мардум дар муқобили ҷанг, ҷиноят ва беадолатӣ оҷиз монданд. Дин ғизои рӯҳонии солимро аз маҷмӯи мардум дареғ доштааст. Аммо Йеҳӯва Худо ҳоло аз ҷиҳати рӯҳонӣ ғизо, либос ва сарпаноҳ медиҳад. Ӯ чӣ гуна ин корро мекунад?

«ҒУЛОМИ МӮЪТАМАД ВА ДОНО»

3. Чӣ гуна Йеҳӯва ба одамон ғизои рӯҳониро фароҳам меорад ва ин аз кадом мисолҳо аён аст?

3 Кӯмак барои аз офат зарардидагон одатан мутамарказона, аз тариқи ягон ташкилот расонида мешавад ва ба ҳамин шакл, ғизои рӯҳоние ки Йеҳӯва барои халқи худ фароҳам меорад, муташаккилона расида меояд. Масалан, исроилиён қариб 1 500 сол «ҷамоати Худованд» буданд. Йеҳӯва дар миёни онҳо касонеро таъин кард, ки Шариати Ӯро ба халқаш омӯзиш медоданд (1 Вақоеънома 28:8; 2 Вақоеънома 17:7–9). Дар асри яки д. мо Йеҳӯва созмони масеҳиро ба вуҷуд овард. Ҷамъомадҳо ташкил шуданд, ки таҳти роҳнамоии ҳайати ҳаввориён ва пирон амал мекарданд (Аъмол 15:22–31). Ва имрӯз низ Йеҳӯва монанди ин, аз тариқи ҳайати муташаккил халқи худро идора мекунад. Инро мо аз куҷо медонем?

4. Дар замони мо кӣ «ғуломи мӯътамад ва доно» гашт ва чӣ гуна мо аз Худо ғизои рӯҳонӣ мегирем?

4 Исо гуфт, ки дар замоне ки қудрати Салтанатро ба даст мегирад, «ғуломи мӯътамад ва доно» машғули фароҳам овардани «хӯрок дар сари вақт» барои пайравонаш хоҳад буд (Матто 24:45–47). Ҳангоме ки Исо дар соли 1914 чун подшоҳи осмонӣ ҳукмрон гашт, ин «ғулом» кӣ буд? Албатта, на рӯҳониёни ҷаҳони масеҳият. Дар аксар маврид онҳо издиҳомро бо таблиғоте ки дар давраи Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ барои дастгирии ҳокимияти ин ё он мамлакат равона буд, «хӯрок медоданд». Аммо хӯроки рӯҳонии солим ва бамавқеъ тавассути гурӯҳе фароҳам оварда мешуд, ки аз масеҳиёни ҳақиқӣ ташкил шуда буд, масеҳиёне ки бо рӯҳи муқаддаси Худо тадҳин шуда буданд ва гурӯҳе буданд, ки Исо онро «рамаи хурд» меномид (Луқо 12:32). Ин масеҳиёни тадҳиншуда на дар бораи ҳокимиятҳои инсонӣ, балки дар бораи Салтанати Худо мавъиза мекарданд. Дар натиҷа, бо гузашти вақт миллионҳо нафар аз «гӯсфандони дигар», ки тамоюл ба ростӣ ҳастанд, ба дини ҳақиқӣ пайваста, ба «ғулом»-и тадҳиншуда ҳамроҳ шуданд (Юҳанно 10:16). Худо бо истифодаи «ғуломи мӯътамад» ва Ҳайати Идоракунандаи имрӯзаи он халқи муташаккили худро ҳидоят мекунад, то хӯрок, либос ва сарпаноҳи рӯҳониро ба ҳамаи хоҳишмандон дастрас кунанд.

«ХӮРОК ДАР САРИ ВАҚТ»

5. Вазъияти рӯҳонии дунё дар айни ҳол чӣ гуна аст ва Йеҳӯва нисбати ин чӣ чораҳо мебинад?

5 Исо гуфт: «Одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд» (Матто 4:4). Аммо мутаассифона, аксари мардум ба гуфтаҳои Худо ягон заррае таваҷҷӯҳ надоранд. Ҳамон тавре ки Омӯс — пайғамбари Йеҳӯва пешгӯӣ кард, айёме расид, ки «на гуруснагӣ аз нон ва на ташнагӣ аз об, балки аз шунидани суханони Худованд» вуҷуд дорад (Омӯс 8:11). Ҳатто одамони хеле диндор низ рӯҳан гуруснаанд. Ба ҳар ҳол Йеҳӯва «мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд» (1 Тимотиюс 2:3, 4). Мутобиқи ин, Ӯ ғизои рӯҳониро дар фаровонӣ меорад. Аммо аз куҷо метавон онро ба даст овард?

6. Йеҳӯва дар замони пеш чӣ гуна халқи худро бо ғизои рӯҳонӣ таъмин мекард?

6 Йеҳӯва ҳамеша бо ғизои рӯҳонӣ на шахсони алоҳида, балки тамоми халқи худро таъмин мекард (Ишаъё 65:13). Масалан, рӯҳониёни исроилӣ барои омӯзонидани Шариати Худо мардону занон ва кӯдакон — аз хурд то бузург ҳамаро ҷамъ мекарданд (Такрори Шариат 31:9, 12). Зери роҳбарии ҳайати идоракунанда масеҳиёни асри як ҷамъомадҳо ва вохӯриҳо ташкил намуданд, то ки ҳар шахс битавонад панду насиҳат бигирад ва рӯҳбаланд шавад (Румиён 16:4; Филемӯн 1, 2). Шоҳидони Йеҳӯва ба онҳо пайравӣ мекунанд. Шумо сидқан ба ин ҷамъомадҳо таклиф мешавед.

7. Ҳузури мунтазам дар вохӯриҳои масеҳӣ чӣ иртиботе бо маърифат ва имон дорад?

7 Бешубҳа, дар таи омӯзиши шахсии Китоби Муқаддас шумо бисёр чизҳоро омӯхтед. Эҳтимол, касе ба шумо дар ин кор ёрӣ медод (Аъмол 8:30–35). Аммо имони шуморо метавон бо гиёҳе қиёс кард, ки бе нигоҳубини лозимӣ пажмурда мешавад ва оқибат мемирад. Бинобар ин шуморо зарур аст, ки ба таври муносиб ғизои рӯҳонӣ бигиред (1 Тимотиюс 4:6). Дар вохӯриҳои масеҳӣ барномаи омӯзиши дарозмӯҳлат пешниҳод мешавад, ки ба шумо барои гирифтани ғизои рӯҳонӣ ва афзудани маърифататон дар бораи Худо ва бо ин восита мустаҳкам шудани имонатон кӯмак мекунад (Қӯлассиён 1:9, 10).

8. Чаро тарғиб мешавад, то ба ҷамъомади Шоҳидони Йеҳӯва ташриф оварем?

8 Вохӯриҳои ҷамъомад боз як мақсади муҳим доранд. Павлус навишт: «Диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем ва ҷамъомади худро тарк накунем» (Ибриён 10:24, 25). Калимаи юноние, ки «барангехтан» тарҷума шудааст, инчунин маънои “бурро кардан”-ро дорад. Масале аз Китоби Муқаддас мегӯяд: «Оҳан оҳанро тез мекунад; ҳамчунин одам симои ёри худро пардоз медиҳад» (Масалҳо 27:17). Ҳар яки мо бояд доимо имони худро “тез кунем”. Фишори доимии ҷаҳон метавонад имони моро “кунд” кунад. Дар вохӯриҳои масеҳӣ бошад, мо рӯҳияи тоза мегирем (Румиён 1:11, 12). Аъзоёни ҷамъомад ба даъвати Павлуси ҳавворӣ ҷавоб гуфта, «ҳамдигарро тасаллӣ дода ва якдигарро обод мекунанд», чунки ин имони моро тез мекунад (1 Таслӯникиён 5:11). Ташрифҳои мунтазами мо дар вохӯриҳои масеҳӣ ҳам нишон медиҳанд, ки мо Худоро дӯст медорем ва ба мо имконият медиҳанд, ки Ӯро ҳамд намоем (Забур 34:18).

«МУҲАББАТРО ДАР БАР КУНЕД»

9. Йеҳӯва чӣ гуна намунае дар ибрози муҳаббат гузоштааст?

9 Павлус навишт: «Муҳаббатро дар бар кунед, ки он маҷмӯи камолот аст» (Қӯлласиён 3:14). Йеҳӯва бо лутфу меҳрубонӣ ба мо ин гуна либосро пешниҳод мекунад. Чӣ тавр? Масеҳиён муҳаббат зоҳир мекунанд, зеро он яке аз самарҳои рӯҳи муқаддаси Йеҳӯва аст (Ғалотиён 5:22, 23). Йеҳӯва худ бо фиристодани Писари ягоназодаш муҳаббати бузургро зоҳир кард, барои он ки зиндагии ҷовидона бароямон имконпазир гардад (Юҳанно 3:16). Ин муҳаббати Худо намунаи беҳтарин барои пайравист. «Агар Худо моро ин гуна дӯст дошта бошад, мо низ бояд якдигарро дӯст бидорем»,— навишт Юҳаннои ҳавворӣ (1 Юҳанно 4:11).

10. Чӣ гуна муошират «бо бародарон» метавонад бароямон муфид бошад?

10 Ҳангоме ки ба вохӯриҳо дар Толори Салтанат ташриф меоред, имконияти хубе барои зоҳир кардани муҳаббат доред. Шумо бо одамони хеле гуногун вомехӯред. Ба аксарияти онҳо шумо бешубҳа дарҳол ҳусни таваҷҷӯҳ пайдо хоҳед кард. Албатта, одамон аз якдигар фарқ доранд, дар байни ходимони Йеҳӯва ҳамчунин. Мумкин аст, шумо пештар аз онҳое, ки бо феълу атвор ё майлу рағбатҳояшон аз шумо фарқ мекунанд, канорагирӣ мекардед. Аммо масеҳиён бояд «бародариро дӯст доранд» (1 Петрус 2:17). Бинобар ин, ба худ мақсад гузоред, ки бо ҳамаи онҳое ки ба Толори Салтанат ташриф меоранд, шинос шавед, ҳатто бо онҳое ки бо синну сол ва феълу атвор, ранги пӯст ва ё маълумоташон аз шумо фарқ мекунанд. Яқинан, шумо дар ҳар яке аз онҳо хусусиятҳои наҷибе ошкор хоҳед кард.

11. Чаро оне ки халқи Йеҳӯва аз одамони хеле гуногун иборат аст, набояд бароятон монеа бошад?

11 Ҷамъомад аз одамони гуногун иборат аст, вале ин набояд барои шумо монеа бошад. Масалан, тасаввур кунед, ки мошинсавор байни мошинҳои дигари роҳ равонаед. На ҳамаи мошинҳо бо суръати якхела ҳаракат мекунанд ва на ҳамаи онҳо дар ҳолати хуб ҳастанд. Баъзеи онҳо аллакай фарсангҳои зиёдеро тай кардаанд, дигари онҳо бошанд, чун мошини шумо ҳанӯз нав суръат мегиранд. Вале ба ин тафовутҳо нигоҳ накарда, ҳамаи онҳо дар як роҳ мераванд. Ин мисол, ба одамони ҷамъомад хеле шабоҳат дорад. На ҳамаи онҳо хусусиятҳои масеҳиро бо суръати якхела ҳосил мекунанд. Беш аз ин, ҳамаи мо дар ҳолатҳои гуногуни ҷисмонӣ ё эҳсосӣ қарор дорем. Баъзеҳо ба Йеҳӯва дар тӯли солҳои зиёд ибодат мекунанд, дигарон бошанд ба онҳо каме пештар пайвастанд. Ба ин нигоҳ накарда, ҳамаи мо дар як роҳе, ки ба ҳаёти ҷовидонӣ мебарад, қарор дорем ва «дар як рӯҳ ва дар як фикр муттаҳид» ҳастем (1 Қӯринтиён 1:10). Бинобар ин на заифӣ, балки ҷиҳатҳои мусбати онҳоеро ки дар ҷамъомаданд, мушоҳида кунед. Ин кор ба шумо дилгармӣ медиҳад, зеро дармеёбед, ки Худо воқеан хайрхоҳи ин мардум аст. Магар намехостед, ки дар байни онҳо бошед? (1 Қӯринтиён 14:25).

12, 13. a) Агар касе шуморо дар ҷамъомад ранҷонад, чӣ кор бояд кард? б) Чаро ба дил кина нагирифтан муҳим аст?

12 Азбаски инсонҳо нокомил ҳастанд, гоҳе мумкин аст дар ҷамъомад амал ё гуфтаи касе шуморо ранҷонад (Румиён 3:23). Яъқуби шогирд аз назари воқеӣ навишт: «Ҳамаи мо бисёр пешпо мехӯрем. Касе ки дар сухан пешпо намехӯрад, вай одами комил аст» (Яъқуб 3:2). Агар касе шуморо ранҷонад, чӣ гуна рафтор мекунед? Масале аз Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ақли одам хашми ӯро бозмедорад ва аз бадкорӣ чашм пӯшида гузаштан ҷалолати ӯст» (Масалҳо 19:11). Оқилӣ — ин қобилияти дар паси гуфтаҳо ё корҳои муайяни одам дидан ва фаҳмидани мақсадҳои нуҳуфтаи рафтори ӯ аст. Аксаре аз моён дар вақти мулоҳиза дар бораи иштибоҳҳои шахсӣ нисбати худ хеле мусоҳилакор ҳастем. Чаро ҳамин воситаро барои фаҳмидан ва пӯшонидани хатоҳои дигарон истифода набарем? (Матто 7:1–5; Қӯлассиён 3:13).

13 Ҳаргиз фаромӯш набояд кард, ки барои дарёфтани бахшиши Йеҳӯва мо низ бояд дигаронро бибахшем (Матто 6:9, 12, 14, 15). Агар бо ҳақиқат амал кунем, бояд ба дигарон муҳаббат зоҳир кунем (1 Юҳанно 1:6, 7; 3:14–16; 4:20, 21). Бинобар ин, агар бо касе дар ҷамъомад дучори мушкилӣ шудед, бо худ мубориза баред, то ранҷишро дар дил напарваред. Агар либоси муҳаббат дар бар дошта бошед, мекӯшед, ки мушкилотро ҳал кунед ва дар сурате ки сабаби озурдагӣ шуда бошед, бе дудилагӣ узрхоҳӣ хоҳед кард (Матто 5:23, 24; 18:15–17).

14. Чӣ гуна хусусиятҳоро бояд дар бар кунем?

14 Либоси рӯҳонии мо бояд хусусиятҳои дигаре низ, ки бо муҳаббат вобастаанд, дошта бошад. Павлус навишт: «Марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва пурсабриро дар бар кунед». Ин хусусиятҳо дар баробари муҳаббат — хоси «одами нав» ҳастанд (Қӯлассиён 3:10, 12). Оё барои дар бар кардани ин либос кӯшиш хоҳед кард? Агар муҳаббати бародаронаро дар бар кунед, аломати фарқкунандаи шогирдони Исоро дар худ хоҳед дошт, ки гуфта: «Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред» (Юҳанно 13:35).

САРПАНОҲ

15. Ҷамъомад ба сарпаноҳ чӣ монандӣ дорад?

15 Ҷамъомад чун сарпаноҳ низ аст, ки дар он метавонед амниятро эҳсос кунед. Дар он ҷо шахсони самимиеро хоҳед ёфт, ки ҳамеша мекӯшанд, то мувофиқи иродаи Худо рафтор кунанд. Бисёре аз онҳо аз рафтору одатҳои бад, ки шояд ҳоло шумо бо онҳо мубориза мебаред, озод шуданд (Титус 3:3). Онҳо метавонанд ба шумо кӯмак кунанд, зеро ба мо гуфта шудааст, ки «борҳои якдигарро бардоред» (Ғалотиён 6:2). Албатта, бо роҳе ки бо зиндагии ҷовидона меанҷомад, касе ба ҷои шумо намеравад (Ғалотиён 6:5; Филиппиён 2:12). Ба ҳар ҳол, Йеҳӯва ҷамъомади масеҳиро чун воситаи хубе барои кӯмак ва дастгирӣ фароҳам овардааст. Мушкилоти шумо ҳар қадаре ки ташвишовар набошанд, шумо манбаи пурарзиши дилбардорӣ — ҷамъомаде доред, ки дар он муҳаббат ҳукмфармост ва дар вақти сахтиҳо ё маҳрумият он дастгири шумо хоҳад буд (Қиёс кунед Луқо 10:29–37; Аъмол 20:35).

16. Пирони ҷамъомад чӣ гуна ёриро бароямон пешкаш мекунанд?

16 Дар байни онҳое ки ба ёрии шумо меоянд,— пирони ҷамъомад ё “бахшоишҳо” — нозироне, ки бо майлу рағбат ва боғайрат «рама»-ро бонӣ мекунанд, ҳастанд (Эфсӯсиён 4:8, 11, 12; Aъмол 20:28; 1 Петрус 5:2, 3). Ишаъё дар мавриди мирон чунин пешгӯӣ кард: «Ҳар кас [аз онҳо] мисли паноҳгоҳе аз бод ва ниҳонгоҳе аз тӯфон, мисли ҷӯйҳои об дар саҳрои хушк, мисли сояи кӯҳпораи бузург дар замини бемаҷол хоҳад буд» (Ишаъё 32:2).

17. a) Исо чӣ гуна кӯмакро пеш аз ҳама мехост бирасонад? б) Худо чӣ неъмате ба халқи худ ваъда дод?

17 Мутаассифона, ҳангоме ки Исо дар рӯи замин буд, роҳбарони дин ин нигаҳбонии муҳаббатомезро дареғ медоштанд. Вазъияти мардум Исоро ба изтироб меовард ва ӯ хеле мехост, ки ба онон кӯмак бирасонад, бахусус аз ҷиҳати рӯҳонӣ. Исо ба онҳо дилсӯзӣ мекард, зеро «онҳо мисли гӯсфандони бе чӯпон бемадор ва пароканда буданд» (Матто 9:36). Ин суханон вазъи ҳузновари бисёре аз мардумро тасвир мекунанд, ки имрӯз низ аз мушкилиҳои гуногун ранҷ мекашанд ва касеро надоранд, ки барои кӯмак ва тасаллои рӯҳонӣ ба ӯ муроҷиат кунанд! Аммо халқи Йеҳӯва чунин ёрмандии рӯҳониро дорад, зеро Йеҳӯва Худо ваъда дод: «Бар онҳо чӯпононро таъин хоҳам намуд, ки онҳоро бичаронанд; ва онҳо дигар ҳаросон ва мушавваш ва саргум нахоҳанд шуд» (Ирмиё 23:4).

18. Агар ба кӯмаки рӯҳонӣ эҳтиёҷ пайдо кунем, чаро ба пирон муроҷиат бояд кард?

18 Бо пирони ҷамъомад шинос шавед. Онҳо дорои таҷрибаи бое дар ба кор бурдани маърифати Худо дар зиндагӣ ҳастанд, чунки ҳар яке аз онҳо ба талаботи Китоби Муқаддас барои нозирон мувофиқат доранд (1 Тимотиюс 3:1–7; Титус 1:5–9). Агар барои бартараф кардани одат ё хислате, ки бархилофи шариати Худост ба кӯмаки рӯҳонӣ эҳтиёҷ дошта бошед, бе дудилагӣ ба яке аз пирон муроҷиат кунед. Шумо дархоҳед ёфт, ки пирон панди Павлусро ба кор мегиранд: «Беҷуръатонро тасаллӣ диҳед, сустонро дастгирӣ намоед, бо ҳар кас пурсабр бошед» (1 Таслӯникиён 2:7, 8; 5:14).

ҲАМРОҲИ ХАЛҚИ ЙЕҲӮВА АЗ АМНИЯТ БАРХУРДОР ШАВЕД

19. Йеҳӯва ба касоне ки дар созмони Ӯ сарпаноҳ меҷӯянд, чӣ гуна баракатҳо ато мекунад?

19 Бо вуҷуди он ки мо дар шароити нокомилӣ умр ба сар мебарем, Йеҳӯва барои мо ғизо, либос ва сарпаноҳи рӯҳониро фароҳам меоварад. Албатта, барои бархурдор шудан аз баракатҳои биҳишти аслӣ бояд олами нави Худо ваъдадодаро интизор шуд. Аммо онҳое ки ҷузъи созмони Йеҳӯва ҳастанд, дар ҳоли ҳозир аз амният дар биҳишти рӯҳонӣ бархурдоранд. Ҳизқиёл дар мавриди онҳо чунин нубувват кард: «Дар амният сокин хоҳанд шуд ва касе онҳоро ба ҳарос нахоҳад андохт» (Ҳизқиёл 34:28; Забур 4:9).

20. Чӣ гуна Йеҳӯва ҳар он чиро ки дар роҳи Ӯ фидо мекунем, ҷуброн мекунад?

20 Чӣ тавр метавонем сипосгузор бошем, ки Йеҳӯва аз тариқи Калом ва созмонаш бароямон ин қадар ҳадяҳои рӯҳонӣ ато мекунад! Ба халқи Худо ҳамроҳ шавед. Нагузоред, ки тарс аз он чӣ ки дӯстон ё хешон мумкин аст дар мавриди он ки мехоҳед Худоро хубтар бишносед, фикр мекунанд, шуморо аз ин кор боздорад. Баъзеҳо шояд шуморо мазаммат кунанд, ки бо Шоҳидони Йеҳӯва дар тамос ҳастед ва дар ҷамъомадҳое ки дар толори Салтанат баргузор мегарданд, ширкат меварзед. Аммо Худо беш аз он чиро ки дар роҳи ибодати Ӯ фидо мекунед, ба шумо хоҳад бахшид (Малокӣ 3:10). Илова бар он, Исо гуфт: «Касе нест, ки хона, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро аз баҳри Ман ва Инҷил тарк кунаду алҳол, дар ин замон, дар миёни таъқибот, сад чандон хонаҳо ва бародарон ва хоҳарон падарон ва модарон ва фарзандон ва амлок ва дар олами оянда ҳаёти ҷовидонӣ наёбад» (Марқӯс 10:29, 30). Оре, аз ҳар чизе ки даст мекашед, ё ба ҳар чизе ки тоб наоваред, дар миёни халқи Худо шумо бародарии баваҷдоваранда ва сарпаноҳи рӯҳонӣ хоҳед ёфт.

ДОНИШИ ХУДРО БИСАНҶЕД

«Ғуломи мӯътамад ва доно» кист?

Ба воситаи кадом сохтор Йеҳӯва ба мо ғизои рӯҳонӣ мерасонад?

Чӣ гуна касоне ки дар ҷамъомади масеҳӣ ҳастанд, метавонанд ба мо кӯмак кунанд?

[Тасвири саҳифаи 165]

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан