ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lff дарси 48
  • Дар интихоби дӯст боандеша бошед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Дар интихоби дӯст боандеша бошед
  • То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • БЕШТАР ФАҲМЕД
  • ФИКРҲОИ АСОСӢ
  • ДИДА БАРОЕД
  • Шумо дӯсти Яҳува шуда метавонед
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Дӯстӣ дар ин ҷаҳони номеҳрубон
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2009
То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
lff дарси 48
Дарси 48. Дӯстон «селфи» карда истодаанд.

ДАРСИ 48

Дар интихоби дӯст боандеша бошед

Нашри чопӣ
Нашри чопӣ
Нашри чопӣ

Дар иҳотаи дӯстони наздик будан ба хурсандии мо хурсандӣ зам мекунад, дар лаҳзаҳои душвор бошад, қуввати дил мешавад. Лекин Китоби Муқаддас огоҳ мекунад, ки на ҳама дӯсти хуб шуда метавонад. Пас, чӣ тавр дар интихоби дӯст боандеша бошем? Биёед якчанд саволро дида бароем.

1. Дӯстон ба шумо чӣ гуна таъсир мекунанд?

Чи хеле мегӯянд, «бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ». Дар ҳақиқат, вақте мо бо дигарон вақт мегузаронем, хоҳ рӯбарӯ бошад, хоҳ тавассути интернет, онҳо ба мо таъсир мекунанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Бо хирадмандон гардӣ, хирадманд мешавӣ, бо аблаҳ [яъне касе, ки Яҳуваро дӯст намедорад] ҷӯра шавӣ, шикаст мехӯрӣ» (Панднома 13:20). Дӯстоне, ки Яҳуваро мепарастанду дӯсташ медоранд, кумак мекунанд, ки ба Яҳува наздиктар шавед ва қарорҳои хирадмандона бароред. Лекин дӯстӣ бо одамоне, ки Яҳуваро дӯст намедоранд, баръакс, моро аз ӯ дур мекунанд. Ана барои ҳамин Китоби Муқаддас огоҳ мекунад, ки дар интихоби дӯст хирадро ба кор барем. Агар дӯстони мо Яҳуваро нағз бинанд, мо ба якдигар таъсири хуб мерасонем, масалан, мо «якдигарро дилбардорӣ» мекунему қувват мебахшем (1 Таслӯникиён 5:11).

2. Яҳува дӯстони шуморо дида чӣ ҳис мекунад?

Яҳува бо ҳар кас дӯстӣ намекунад. Ӯ «бо росткорон ҳамроз аст» (Панднома 3:32). Вақте мо дӯстонеро интихоб мекунем, ки Яҳуваро дӯст намедоранд, ин ба ӯ сахт мерасад. (Яъқуб 4:4-ро хонед.) Лекин, агар мо аз ёрони бад дурӣ ҷӯему бо шахсоне дӯстӣ кунем, ки Яҳуваро дӯст медоранд, дили Яҳуваро хурсанд мекунем ва ӯ моро дӯсти худ меҳисобад (Забур 15:1–4).

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки барои чӣ боандеша интихоб кардани дӯстон муҳим аст ва чӣ тавр дӯстоне дошта бошем, ки ҳаётамонро рангоранг гардонанд.

3. Аз ёрони бад дурӣ ҷӯед

Ёрони бад шахсоне мебошанд, ки Яҳуваро дӯст намедоранд ва талабу фармудаҳои ӯро писанд намекунанд. ВИДЕОРО тамошо кунед ва ба савол ҷавоб диҳед.

ВИДЕО: «Аз муоширати бад дурӣ ҷустанро ёд гиред» (6:17)

  • Чӣ тавр чунин шуда метавонад, ки мо надониста ёрони бад пайдо мекунем?

1 Қӯринтиён 15:33-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Кӣ барои шумо ёри бад буда метавонад? Чаро шумо чунин фикр мекунед?

Забур 119:63-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Ҳангоми интихоби дӯст шумо бояд ба чӣ аҳамият диҳед?

Як табақ себ. Як себи пӯсида пашшаҳоро ҷамъ мекунад ва себҳои боқимондаро мепӯсонад.

Як себи пӯсида метавонад себҳои боқимондаро вайрон кунад. Ба ин монанд, чӣ тавр ёри бад касро вайрон карда метавонад?

4. Касоне, ки аз якдигар фарқ мекунанд, дӯстони хуб шуда метавонанд

Дар Китоби Муқаддас дар бораи ду марди исроилие гуфта шудааст, ки дар замонҳои қадим мезистанд. Номи онҳо Довуд ва Юнотон буд. Нигоҳ накарда ба он ки онҳо синну сол ва мартабаи гуногун доштанд, дӯстони ҷонӣ буданд. 1 Подшоҳон 18:1-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Оё шарт аст, ки танҳо бо шахсоне дӯстӣ кунем, ки синну сол ва мартабаашон бо мо як аст? Фаҳмонед.

Румиён 1:11, 12-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Чӣ тавр дӯстоне, ки Яҳуваро дӯст медоранд, якдигарро дастгирӣ карда метавонанд?

Аз видеои зерин мефаҳмед, ки чӣ тавр як ҷавон бо шахсе дӯстӣ пайдо кард, ки аз ӯ фарқ мекард. ВИДЕОРО тамошо кунед ва ба саволҳо ҷавоб диҳед.

ВИДЕО: «Онҳо дӯсти ту шуда метавонанд» (5:06)

  • Чаро волидони Акил хавотир буданд, ки ӯ дар мактаб бо кӣ дӯстӣ мекунад?

  • Барои чӣ Акил пеш мехост, ки бо ҳамсинфонаш дӯстӣ кунад?

  • Чӣ ба ӯ ёрӣ дод, ки дигар худро яккаву танҳо ҳис накунад?

5. Дӯстии хуб саъю кӯшиш металабад

Барои дӯсти хуб доштан «қарсак бояд аз ду тараф бошад». ВИДЕОРО тамошо карда, фаҳмед, ки чӣ тавр дӯсти ҷонӣ ёбед ва худатон низ дӯсти хуб бошед.

ВИДЕО: «Дӯсти ҳақиқӣ кист?» (4:14)

Саҳнае аз видеонавори «Дӯсти ҳақиқӣ кист?». Духтараке дар иҳотаи дӯстоне мебошад, ки синну сол, миллату маданият ва қобилияташон гуногун аст.

Панднома 18:24 ва 27:17-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Дӯстони ҳақиқӣ якдигарро чӣ тавр дастгирӣ мекунанд?

  • Оё шумо дӯсти ҷонӣ доред? Агар надошта бошед, чӣ хел чунин дӯстро пайдо карда метавонед?

Филиппиён 2:4-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Барои дӯсти хуб доштан худатон бояд дӯсти хуб шавед. Чӣ тавр чунин дӯст шуда метавонед?

Силсиларасм: Духтаре ба хабаргирии дӯстонаш рафтааст. 1. Ӯ бо яке аз дугонаҳояш тавассути телефон гап мезанад. 2. Ӯ дар ибодатгоҳ бо дӯсти пиронсолаш суҳбат карда истодааст. 3. Ӯ дугонаашро, ки андуҳгин аст, хабар мегирад.

Барои дӯсти хуб доштан худатон дӯсти хуб бошед

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Аз бе дӯст будан ақаллан ягон хел дӯст бошад, беҳтар аст».

  • Шумо ба ин чӣ мегӯед?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Вақте бохирадона дӯст интихоб мекунем, Яҳува хурсанд мешавад ва худамон низ фоида ба даст меорем.

Такрор

  • Чаро барои Яҳува муҳим аст, ки мо чӣ хел дӯстонро интихоб мекунем?

  • Мо бо чӣ гуна одамон бояд дӯстӣ накунем?

  • Чӣ тавр шумо бо шахсоне, ки ба Яҳува писанданд, дӯсти ҷонӣ шуда метавонед?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Фаҳмед, ки чӣ тавр дӯстони худотарс дар тангиҳоямон ба мо мадад мерасонанд.

«Пеш аз омадани мусибати бузург дӯстиатонро бо ҳам қавитар созед» («Бурҷи дидбонӣ», ноябри с. 2019)

Дида бароед, ки барои дӯстони хуб пайдо кардан чӣ кор карда метавонед.

«Чӣ тавр дӯстони нағз пайдо кунам?» («Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ», ҷилди 1, боби 8)

Дар бораи дӯстӣ тавассути интернет чиро донистан зарур аст?

«Шабакаҳои иҷтимоӣ. Калларо кор фармо» (4:12)

Мақолаи «Ман дар орзуи падар будам»-ро хонда фаҳмед, ки чаро як мард доираи дӯстонашро дигар кард.

«Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» («Бурҷи дидбонӣ», 1 апрели с. 2012)

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан