ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • kl боби 18 саҳ. 170-180
  • Ба Худо ҷовидона хидмат намуданро ҳадафи худ созед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ба Худо ҷовидона хидмат намуданро ҳадафи худ созед
  • Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Маърифати худоиро Исо чӣ гуна ба кор мебурд
  • ҚАДАМҲОЕ, КИ БА ҲАЁТИ ҶОВИДОНӢ МЕБАРАНД
  • ТАЪМИД — МАЪНОИ ОН БАРОИ ШУМО
  • ОЁ БАРОИ ТАЪМИД ТАЙЁРЕД?
  • ЗИНДАГӢ БАР ТИБҚИ БАХШИДА ШУДАН ВА ТАЪМИД ГИРИФТАН
  • Таъмид ва дӯстии шумо бо Худо
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Маънои таъмид
    Худои ягонаи ҳақиқиро ибодат намоед
  • Таъмид — роҳ сӯйи ояндаи дурахшон
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Таъмид — талаботи муҳим барои масеҳиён
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
Маълумоти бештар
Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
kl боби 18 саҳ. 170-180

Боби 18

Ба Худо ҷовидона хидмат намуданро ҳадафи худ созед

1, 2. Ғайр аз гирифтани дониш доир ба Худо чӣ бояд кард?

ТАСАВВУР кунед, ки назди дари пӯшидае ки дар пасаш ганҷҳои бешуморанд, истодаед. Фарз мекунем, ки шахси бонуфузе бароятон калиди онро дод ва иҷозат дод, ки ҳар чизе ки бихоҳед, бигиред. Он калид фақат вақте муфид мешавад, ки аз он истифода кунед. Ба ҳамин сурат, шумо бояд дониши худро ба кор баред, агар бихоҳед, ки аз он фоида бибаред.

2 Хусусан, ин ба дониши доир ба Худо марбут аст. Дар ҳақиқат, дониши дақиқ дар бораи Йеҳӯва Худо ва Исои Масеҳ роҳнамои ҳаёти ҷовидонист (Юҳанно 17:3). Вале то ки ба ин умедамон бирасем, танҳо дорои дониш будан кофӣ нест. Ҳамон тавре ки аз калиди қимматбаҳо истифода мекунед, бояд маърифати Худоро дар зиндагиатон ба кор баред. Исо гуфт, ки касе ки иродаи Худоро ба ҷо меорад, «ба Малакут дохил хоҳад шуд». Чунин шахсон аз имтиёзи ба Худо ҷовидона хидмат кардан бархурдор хоҳанд буд (Матто 7:21; 1 Юҳанно 2:17).

3. Иродаи Худо нисбати мо чист?

3 Пас аз омӯхтани иродаи Худо иҷрои он муҳим аст. Ба назари шумо, иродаи Худо нисбати шумо чист? Онро бо ду калима баён метавон кард: пайравӣ ба Исо. Дар 1 Петрус 2:21 мо мехонем: «Шумо барои ҳамин даъват карда шудаед, чунки Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед». Пас, барои анҷоми иродаи Худо, шумо бояд ҳарчӣ хубтар ба намунаи Исо пайравӣ кунед. Ҳамин тавр, шумо маърифати Худоро ба кор мебаред.

Маърифати худоиро Исо чӣ гуна ба кор мебурд

4. Чаро Исо дар бораи Йеҳӯва хеле зиёд медонад ва аз ин дониш ӯ чӣ гуна истифода мекард?

4 Исои Масеҳ Худоро аз ҳар шахси дигар хубтар медонад. Пеш аз омадан ба замин ӯ муддати зиёде бо Йеҳӯва Худо дар осмон зиндагӣ ва кор мекард (Қӯлассиён 1:15, 16). Ва Исо бо ин ҳама дониш чӣ кор кард? Ӯ танҳо бо доштани он қаноат наменамуд. Ӯ ин донишро дар зиндагӣ ба кор мебурд. Барои ҳамин ӯ чунин меҳрубон, пуртоқат ва дар рафтор бо инсонҳои дигар бомуҳаббат буд. Дар ин кор Исо ба Падари осмонии худ пайравӣ мекард ва мувофиқи донише, ки дар бораи роҳҳо ва шахсияти Йеҳӯва дошт, амал мекард (Юҳанно 8:23, 28, 29, 38; 1 Юҳанно 4:8).

5. Барои чӣ Исо таъмид гирифт ва ӯ чӣ гуна бар тибқи таъмиди худ зиндагӣ мекард?

5 Донише ки Исо дошт, ӯро бар он барангехт, то қадами қатъӣ гузорад. Ӯ аз Ҷалил ба соҳили дарёи Ӯрдун омад, ҷое ки Юҳанно ӯро таъмид дод (Матто 3:13–15). Таъмиди Исо чӣ маъно дошт? Исо яҳудӣ буд, ӯ дар миёни халқе ба дунё омад, ки аллакай ба Худо бахшида шуда буд. Бинобар ин, Исо аз вақти таваллуд шуданаш ба Худо бахшидашуда буд (Хуруҷ 19:5, 6). Ӯ бо таъмид гирифтан худро ба ихтиёри Йеҳӯва вогузошт, то ки иродаи Худоро, ки Ӯ нисбати вай дар он вақт дошт, ба анҷом расонад (Ибриён 10:5, 7). Исо мутобиқи маънои таъмиди худ зиндагӣ мекард. Ӯ хештанро ба хидмати Йеҳӯва бахшид ва дар ҳар фурсати муносиб дар бораи Худо ба одамон нақл мекард. Исо дар анҷоми иродаи Худо шодӣ меёфт ва ҳатто мегуфт, ки ин барояш мисли ғизо аст (Юҳанно 4:34).

6. Исо чӣ тавр худро “инкор кард”?

6 Исо хуб мефаҳмид, ки анҷоми иродаи Йеҳӯва бисёр гарон хоҳад буд, ҳатто ба қиммати ҳаёти ӯ. Бо вуҷуди ин, Исо “хештанро инкор кард” ва ниёзҳои шахсии худро ба дараҷаи дуюм гузошт. Анҷоми иродаи Худо ҳамеша барояш дар ҷои аввал қарор дошт. Аз ин лиҳоз, чӣ гуна мо метавонем ба намунаи комили Исо пайравӣ кунем?

ҚАДАМҲОЕ, КИ БА ҲАЁТИ ҶОВИДОНӢ МЕБАРАНД

7. Баъзе аз қадамҳое, ки пеш аз таъмид бояд гузошт, кадоманд?

7 Бар хилофи Исо мо нокомил ҳастем ва фақат баъд аз гузоштани қадамҳои муҳими зерин таъмид гирифта метавонем. Дар аввал донишро дар мавриди Йеҳӯва Худо ва Исои Масеҳ бо тамоми дил қабул бояд кард. Ин кор моро бар он бармеангезонад, то ки имони худро дар амал нишон диҳем ва муҳаббати амиқ ба Худо дошта бошем (Матто 22:37–40; Румиён 10:17; Ибриён 11:6). Итоат ба қонунҳо, принсипҳо ва меъёрҳои Худо бояд моро ба тавба водорад, яъне пушаймонии худописандона аз гуноҳҳои пешинаамон. Ин моро ба бозгашт, яъне тағирот ва рад кардани ҳама гуна амали нодурусте, ки мо пеш аз огоҳӣ аз маърифати худоӣ мекардем, меоварад (Аъмол 3:19). Табиист, ки агар мо мисли пештара ба ҷои рафтори дуруст пинҳонӣ ба гуноҳ кардан идома диҳем, пас мо дар ҳақиқат ислоҳ нашудаем ва албатта Худоро фиреб дода наметавонем. Йеҳӯва ҳар гуна риёкориро дар одамон пай мебарад (Луқо 12:2, 3).

8. Агар бихоҳед, ки дар кори мавъизаи Салтанат иштирок намоед, бояд чӣ бикунед?

8 Чандест, ки шумо маърифати худоиро меомӯзед, оё вақти он нарасидааст, ки дар бораи мақсадҳои рӯҳонии худ амиқтар андеша кунед? Шояд бар он мешитобед, ки ба хешон, дӯстон ва дигарон дар бораи он чизе ки фаҳмидед, нақл кунед. Дарвоқеъ, мумкин аст шумо аллакай чунин мекарда бошед, ҳамон тавре ки Исо башоратро ба дигарон дар ҳолатҳои ғайрирасмӣ низ мерасонид (Луқо 10:38, 39; Юҳанно 4:6–15). Ҳоло шояд бихоҳед, ки бештар аз ин кунед. Пирони масеҳӣ бо хушҳолӣ бо шумо сӯҳбат хоҳанд кард, то муайян шавад, ки барои иштирок дар фаъолияти мавъизаи мунтазами Шоҳидони Йеҳӯва тайёред ё на. Агар тайёр бошед, пирон дастур медиҳанд, то ки ягон Шоҳидро дар хидмати рӯҳонӣ ҳамроҳӣ кунед. Шогирдони Исо аз рӯи дастурамали Исо ва муташаккилона хидмати рӯҳонии худро ба ҷо меоварданд (Марқӯс 6:7, 30; Луқо 10:1). Ҳангоме ки башоратро дар бораи Салтанат мавъиза мекунед, хона ба хона ё аз тариқи дигар, бароятон ин гуна кӯмак муфид хоҳад буд (Аъмол 20:20, 21).

9. Чӣ гуна шахс худро ба Худо мебахшад ва бахшида шудан ба Худо ба ҳаёти ӯ чӣ тавр таъсир мекунад?

9 Мавъизаи башорат ба ҳамаи мардум дар минтақаи ҷамъомад роҳе аст барои ёфтани касоне ки моил ба ростиянд ва яке аз далелҳои имони шумост (Аъмол 10:34, 35; Яъқуб 2:17, 18, 26). Ташрифи мунтазам ба вохӯриҳои масеҳӣ ва ширкати маънодор дар кори мавъиза низ нишон медиҳанд, ки шумо тавба кардаед, тағир ёфтаед ва акнун қарор додаед, ки мутобиқ ба маърифати Худо зиндагӣ кунед. Қадами табии дигар кадом аст? Ба Йеҳӯва Худо бахшидани худ. Ин чунин маъно дорад, ки ба Худо дар дуо аз таҳти дил мегӯед, ки бо омодагӣ ва аз самими қалб зиндагии худро барои иҷрои иродаи Ӯ медиҳед. Бо ҳамин роҳ худро ба Йеҳӯва мебахшед ва юғи некӯи Исои Масеҳро қабул мекунед (Матто 11:29, 30).

ТАЪМИД — МАЪНОИ ОН БАРОИ ШУМО

10. Чаро баъд аз бахшида шудан ба Худо таъмид бояд гирифт?

10 Бинобар гуфтаи Исо, ҳамаи касоне ки шогирди ӯ мешаванд, бояд таъмид бигиранд (Матто 28:19, 20). Вале чаро ин зарур аст, вақте ки пеш аз ин худро ба Йеҳӯва бахшидаед? Модоме ки худро ба Ӯ бахшидаед, Худо медонад, ки ба Ӯ муҳаббат доред. Аммо бешубҳа, шумо мехоҳед, ки дигарон низ аз муҳаббататон нисбат ба Худо огоҳ шаванд. Таъмид имкониятеро бароятон медиҳад, ки бахшидани худро ба Йеҳӯва Худо ба таври оммавӣ ошкор кунед (Румиён 10:9, 10).

11. Маънои таъмид чист?

11 Таъмид маънои рамзӣ дорад. Фурӯ рафтан ё “дафн шудан” дар зери об, монанди он аст, ки шумо барои тарзи пешини зиндагии худ мурда бошед. Вақте ки аз об берун меоед, монанди он аст, ки ба зиндагии нав оғоз мекунед, зиндагие ки акнун на ба иродаи шумо, балки ба иродаи Худо тобеъ мешавад. Албатта, ин ба он маъно нест, ки дигар ҳеҷ хатое нахоҳед кард, зеро ки ҳамаи мо нокомил ҳастем ва барои ҳамин ҳар рӯз гуноҳ мекунем. Аммо чун ходими бахшидашуда ва таъмидгирифтаи Йеҳӯва шумо ба робитаи дутарафаи махсусе бо Йеҳӯва даст меёбед. Тавба кардан ва фурӯтанона таъмид гирифтани шуморо дида, Йеҳӯва тайёр аст, ки гуноҳҳои шуморо дар асоси қурбонии фидияи Исо бибахшад. Ҳамин тавр, таъмид ба виҷдони пок дар назди Худо меорад (1 Петрус 3:21).

12. Маънои таъмид гирифтан а) «ба исми Падар», б) «ба исми Писар», в) «ба исми Рӯҳулқудс» чист?

12 Исо фармуд, ки пайравонаш шогирдони навро «ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс» таъмид диҳанд (Матто 28:19). Исо чиро дар назар дошт? Таъмид «ба исми Падар» нишонгари он аст, ки шахсе ки таъмид мегирад, аз таҳти дил Йеҳӯваро чун Офаридгор ва Султони комилҳуқуқи Даҳр мепазирад (Забур 35:10; 82:19; Воиз 12:1). Таъмид гирифтан «ба исми Писар» ба он маъност, ки кас Исои Масеҳ, хусусан қурбонии фидияи ӯро чун воситаи ягонаи наҷот, ки Худо фароҳам овардааст, ба расмият мешиносад (Аъмол 4:12). Таъмид гирифтан «ба исми Рӯҳулқудс» нишонаи он аст, ки довталаби таъмид рӯҳулқудси Йеҳӯва, ё нерӯи фаъоли Ӯро чун воситае ба расмият мешиносад, ки Худо бо он мақсадҳои хешро ба анҷом мерасонад ва ба ходимони хеш қувват мебахшад, то иродаи одили Вайро дар якҷоягӣ бо созмонаш, ки бо рӯҳулқудс ҳидоят мешавад, иҷро намоянд (Ҳастӣ 1:2; Забур 103:30; Юҳанно 14:26; 2 Петрус 1:21).

ОЁ БАРОИ ТАЪМИД ТАЙЁРЕД?

13, 14. Чаро набояд аз интихоби хидмат ба Йеҳӯва тарс дошта бошем?

13 Азбаски таъмид чунин пурмаъност ва марҳилаи муҳимтарин дар зиндагии шахс аст, магар аз он ба ҳарос бояд афтод? Ба ҳеҷ ваҷҳ! Гарчанде ки қарори таъмидро ноандешида набояд кард,— бегумон, он қарори хирадмандтарини шумост.

14 Таъмид гувоҳӣ медиҳад, ки шумо хидмат ба Йеҳӯваро интихоб кардаед. Танҳо дар бораи касоне ки онҳоро мешиносед, фикр кунед. Оё ҳар кадоми онҳо ба ҳар тавре ки набошад, ба «оғо»-и худ хидмат намекунанд? Баъзеҳо ғуломи сарват ҳастанд (Матто 6:24). Бархеи дигар дар паи муваффақияту мартаба дар мансаб ҳастанд ё танҳо ғами худро мехӯранд, то он андозае ки иҷрои хоҳишҳояшон ҳаётан муҳим мегардад. Баъзеи дигар ба худоёни козиб хидмат мекунанд. Аммо шумо хидмат ба Худои ҳақиқӣ — Йеҳӯваро баргузидаед. Ҳеҷ каси дигаре ин қадар меҳрубонӣ, дилсӯзӣ ва муҳаббатро зоҳир намекунад. Худо бо супоридани кори пурмаънӣ ба инсонҳо, ки боиси наҷоти онҳо мешавад, ба онҳо шаън ва эътибор бахшидааст. Ӯ ба ходимони хеш ҳаёти ҷовидониро инъом мекунад. Бале, аз он ки ба Исо пайравӣ мекунем ва ҳаёти худро ба Йеҳӯва бахшидаем, ҳеҷ гоҳ набояд ба изтироб афтод. Дар ҳақиқат, ин ягона роҳест, ки ба Худо писанд аст ва аз рӯи фаросат аст (3 Подшоҳон 18:21).

15. Барои таъмид чӣ мамониатҳо буда метавонад?

15 Аммо таъмид қадаме нест, ки маҷбурӣ бардорандаш. Ин кори шахсии байни шумо ва Йеҳӯва аст (Ғалотиён 6:4). Ҳоло ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешрафт кардаед, мумкин аст биандешед: ба таъмид гирифтани ман чӣ чиз монеа аст? (Аъмол 8:35, 36). Метавонед аз худ бипурсед: оё муқовимати хешовандон маро бозмедорад? Оё мисли пештара бо ягон кори аз нуқтаи назари Китоби Муқаддас нодуруст алоқаманд ё ба ягон гуноҳе олуда нестам? Шояд аз ақидаи ҷамъият метарсам? Ин омилҳое ҳастанд, ки бояд дар назар гирифт ва воқеъбинона санҷид.

16. Хидмат ба Йеҳӯва чӣ гуна бароятон муфид хоҳад буд?

16 Андоза кардани талафҳо, бе ба назар гирифтани имтиёзҳои хидмат ба Йеҳӯва санҷиши оқилона намебуд. Масалан, дар мавриди зиддият аз тарафи хонавода. Исо ваъда дод, ки агар шогирдонаш бо сабаби пайравӣ ба ӯ аз ҷониби хешон ронда шаванд, онҳо оилаи рӯҳонии калонтаре хоҳанд ёфт (Марқӯс 10:29, 30). Ин ҳамимонон ба шумо муҳаббати бародарона нишон хоҳанд дод, то ки дар муқобили таъқибот тоб оред ва дар роҳе ки ба ҳаёти ҷовидона мебарад, дастгири шумо мешаванд (1 Петрус 5:9). Бахусус, дар мубориза бо мушкилот ва ғалаба ба сахтиҳои дигар пирони ҷамъомад метавонанд ёрӣ кунанд (Яъқуб 5:14–16). Дар мавриди аз даст додани мавқеъ дар ҷомеъа бошад, шумо метавонед аз худ бипурсед: чӣ чизе ҳаст, ки ба ризоияти Офаридгори Даҳр ва шодие, ки роҳи интихобкардаи ман ба Ӯ меорад, баробар шуда тавонад? (Масалҳо 27:11).

ЗИНДАГӢ БАР ТИБҚИ БАХШИДА ШУДАН ВА ТАЪМИД ГИРИФТАН

17. Чаро бояд таъмидро чун оғоз, на ин ки охири роҳ донист?

17 Дар хотир доштани он ки таъмид охири пешрафти рӯҳонии шумо нест, муҳим аст. Таъмид нишондиҳандаи оғози хидмати бемӯҳлат ба Худо ба унвони ходими тасдиқшудаи Ӯ ва яке аз Шоҳидони Йеҳӯва аст. Ҳарчанд ки таъмид хеле муҳим аст, он кафорат барои наҷот нест. Исо нагуфта буд, ки “ҳар касе ки таъмид гирифт, наҷот меёбад”. Баръакс, ӯ гуфта: «Ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт» (Матто 24:13). Бинобар ин, муҳим аст, ки пеш аз ҳама Салтанати Худоро биҷӯем бо додани ҷои аввалдараҷа ба он дар ҳаёти худ (Матто 6:25–34).

18. Баъд аз таъмид кадом мақсадҳоро метавон гузошт?

18 Барои он ки дар хидмати Йеҳӯва бимонед, бояд барои худ мақсадҳои рӯҳонӣ гузоред. Яке аз ин мақсадҳои арзанда он аст, ки бо омӯзиши Китоби Муқаддас дониши худро дар бораи Худо биафзоед. Хондани ҳаррӯзаи Китоби Муқаддасро ба нақша гиред (Забур 1:1, 2). Ба ҷамъомадҳои масеҳӣ мунтазам ташриф оред, чунки муошират дар он ҷо бароятон нерӯи рӯҳонӣ медиҳад. Чаро дар ҷамъомади масеҳӣ посух доданро ҳадафи худ қарор надиҳед ва ба ин восита Йеҳӯваро ҳамд ва дигаронро рӯҳбаланд накунед? (Румиён 1:11, 12). Боз метавон мақсади дуоҳои худро пурмазмунтар кардан гузошт (Луқо 11:2–4).

19. Рӯҳулқудс шуморо барои зоҳир кардани кадом хусусиятҳо ёрӣ хоҳад дод?

19 Агар бихоҳед, ки тибқи таъмиди худ зиндагӣ кунед, лозим аст, ки ба рафтори худ ҳамеша аҳамият дода бигузоред, ки рӯҳулқудси Худо дар шумо хусусиятҳоеро ҳамчун муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, фурӯтанӣ, худдорӣ падид оварад (Ғалотиён 5:22, 23; 2 Петрус 3:11). Дар хотир доред, ки Йеҳӯва рӯҳулқудси худро ба ҳамаи онҳое мебахшад, ки онро дар дуо аз Ӯ мепурсанд ва вафодорона ба Ӯ итоат мекунанд (Луқо 11:13; Аъмол 5:32). Бинобар ин, дар дуо аз Йеҳӯва рӯҳашро пурсед ва хоҳиш кунед, то дар зоҳир кардани хусусиятҳое ки ба Ӯ писанданд, шуморо ёрӣ кунад. Ҳар қадаре, ки шумо гузоред, то рӯҳи Худо ба шумо таъсир кунад, ҳамон қадар ин хусусиятҳо дар гуфтор ва рафтори шумо аёнтар хоҳанд шуд. Бале, ҳар як кас дар ҷамъомади масеҳӣ саъй мекунад, ки «одами нав» гардад, то ки ба Исо шабоҳати бештаре пайдо кунад (Қӯлассиён 3:9–14). Ва дар ин кор ҳар яке аз мо душвориҳои худро дорад, чунки мо дар зинаҳои гуногуни пешрафти рӯҳонӣ қарор дорем. Азбаски шумо нокомил ҳастед, бояд кӯшиши бисёре барои монандӣ ба шахсияти Исо кунед. Аммо ҳаргиз ноумед нашавед, зеро бо кӯмаки Худо ин кор имконпазир аст.

20. Чӣ тавр шумо метавонед ба Исо дар хидмати рӯҳонӣ пайравӣ кунед?

20 Дар миёни мақсадҳои рӯҳонии шумо бояд пайравии хубтаре ба шодии Исо бошад (Ибриён 12:1–3). Ӯ хидматро дӯст медошт. Агар шумо имтиёзи ширкат дар кори мавъизаи Салтанатро доред, нагузоред, ки мавъиза бароятон чизи дилбазане гардад. Бикӯшед, ки мисли Исо аз омӯзондани дигарон дар бораи Салтанати Худо ҳаловат баред. Аз дастурҳое, ки дар ҷамъомадҳо бо мақсади кӯмак барои муаллими беҳтар шудани шумо дода мешаванд, истифода баред. Ва итминон дошта бошед, ки Йеҳӯва ба шумо барои идомаи хидмат қувват хоҳад дод (1 Қӯринтиён 9:19–23).

21. a) Аз куҷо медонем, ки Йеҳӯва шахсони таъмидгирифтаи содиқро қимат медонад? б) Аз чӣ маълум аст, ки барои зинда мондан дар вақте ки Худо ҳукми худро бар ин тартиботи шарирона иҷро мекунад, таъмид муҳим аст?

21 Шахси бахшидашуда ва таъмидгирифтае, ки бо вафодорӣ дар паи пайравии Исо аст, дар назари Худо қимат аст. Йеҳӯва дили миллиардҳо одамонро мебинад ва медонад, ки чунин касон хеле каманд. Ӯ ба онҳо чун ба «неъматҳо» менигарад (Ҳаҷҷай 2:7). Нубувватҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки Худо онҳоро дар рӯзи иҷрои ҳукми худ бар ин тартиботи шарирона, ки ба зудӣ меояд, чун касоне ки барои наҷот нишона шудаанд, ба назар мегирад (Ҳизқиёл 9:1–6; Малокӣ 3:16, 18). Оё шумо ба ҳаёти ҷовидона назари дуруст доред? (Аъмол 13:48). Мехостед, ки чун яке аз ходимони Худо нишонӣ шавед? Бахшида шудан ва таъмид — бахше аз ин нишона ҳастанд ва барои наҷот муҳиманд.

22. «Анбӯҳи бузург» чӣ умеде дошта метавонад?

22 Пас аз Тӯфони Ҷаҳонӣ, Нӯҳ ва хонаводааш аз киштӣ ба замини покшуда баромаданд. Ҳамчунин имрӯз низ «анбӯҳи бузург»-и одамоне, ки дониши доир ба Худоро дар ҳаёти худ ба кор мебаранд ва ризоияти Йеҳӯваро ба даст меоранд, умеди зинда мондан дар поёни ин тартиботи шарирона ва ҷовидона дар замини пурра покшуда зиндагӣ карданро доранд (Ваҳй 7:9, 14). Он вақт зиндагӣ чӣ гуна хоҳад буд?

ДОНИШИ ХУДРО БИСАНҶЕД

Чӣ гуна мувофиқи иродаи Йеҳӯва шумо метавонед аз дониш дар бораи Ӯ истифода баред?

Қадамҳое ки пеш аз таъмид бояд гузошт, кадоманд?

Чаро таъмид оғоз, на охири роҳ аст?

Чӣ гуна метавонем бар тибқи бахшида шудан ва таъмид гирифтан зиндагӣ кунем?

[Тасвири саҳифаи 172]

Оё дар дуо худро ба Худо бахшидаед?

[Тасвири саҳифаи 174]

Ба таъмид гирифтани шумо чӣ монеа аст?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан