Боби ду
Яҳува — Худои ягонаи ҳақиқиро ситоиш намоед
1. Худои ягонаи ҳақиқӣ кист?
ДАР Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки гарчанд ба ном худоёни бисёр вуҷуд доранд, «лекин мо як Худо дорем, яъне Худои Падар» (1 Қӯринтиён 8:5, 6). Он «як Худо» Яҳува мебошад, ки Офаридгори ҳама чиз аст (Такрори Шариат 6:4; Ваҳй 4:11). Исо ба пайравони худ муроҷиат карда, Яҳуваро «Худои Худ ва Худои шумо» номид (Юҳанно 20:17). Ин бо суханони Мусо мувофиқат мекунад, ки гуфта буд: «Худованд Худост, ва ғайр аз Ӯ дигаре нест» (Такрори Шариат 4:35). Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба Яҳува баробар шуда наметавонад — на бутҳо, на одамоне, ки парастида мешаванд ва на душманаш Шайтон Иблис, ки «худои ин дунё» мебошад (2 Қӯринтиён 4:3, 4). Дар муқобили ҳамаи ин худоёни сохта «Худои ягонаи ҳақиқӣ», чуноне ки Исо гуфта буд, Яҳува мебошад (Юҳанно 17:3).
2. Шиносоӣ бо Худо ба ҳаёти мо бояд чӣ гуна таъсир расонад?
2 Одамони сипосгузор аз хислатҳои ҷолиби Худо ва аз он чизе ки Ӯ барои мо кардааст ва мекунад, воқиф гашта, хоҳиши бо Ӯ муносибати наздик доштанро пайдо мекунанд. Муҳаббати афзуншавандаашон нисбати Яҳува онҳоро ба он бармеангезонад, ки Ӯро ситоиш намоянд. Чӣ тавр? Яке аз тарзҳои ситоиш намудани Яҳува — ин дар бораи Ӯ ба дигарон нақл кардан аст. Дар Румиён 10:10 зикр шудааст, ки кас дар назди халқ «бо даҳони худ эътироф мекунад, ки ин барои наҷоти ӯст». Тарзи дигари ситоиши Яҳува — дар сухан ва дар амал ба Ӯ тақлид намудан аст. «Чун фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед»,— гуфта мешавад дар Эфсӯсиён 5:1. Барои он ки Яҳуваро ҳар чӣ беҳтар ситоиш намоем, ба мо лозим аст, ки бо шахсияти Ӯ боз ҳам наздиктар шинос шавем.
3. Хислатҳои асосии Худо кадоманд?
3 Дар Китоби Муқаддас дар бораи хислатҳои барҷастаи Худо хеле зиёд гуфта шудааст. Хислатҳои асосии Ӯ хирад, адолат, қудрат ва муҳаббат мебошанд. «Хирад аз они Ӯст» (Айюб 12:13). «Ҳамаи роҳҳои Ӯ одилона аст» (Такрори Шариат 32:4). «Тавоноии қудрат» дар Ӯст (Ишаъё 40:26). «Худо муҳаббат аст» (1 Юҳанно 4:8). Лекин кадоме аз ин хислатҳои асосии Худо барҷастатар буда, шахсияти Ӯро беҳтар мекушояд?
«Худо муҳаббат аст»
4. Худоро ба офаридани коинот ва махлуқоти зинда чӣ барангехт?
4 Ба фикри шумо Яҳуваро ба офаридани коинот, офаридаҳои оқили рӯҳӣ ва одамизод чӣ барангехт? Хирад ё қудрати Ӯ? Гарчанде ки Худо аз хирад ва қудрати худ истифода бурда, тамоми олам ва мавҷудоти бошуурро офаридааст, ҳеҷ кадоме аз ин хислатҳояш Ӯро ба офаридан барнаангехтааст. Инчунин адолати Ӯ талаб намекард, ки ба касе ҳаёт бахшад. Балки аз рӯи муҳаббати бузургаш Ӯ махлуқоти бошуурро офарид, то онҳо низ аз ҳаёт лаззат баранд. Маҳз аз рӯи муҳаббат Ӯ хост, ки одамизоди итоаткор дар биҳишт абадан зиндагӣ кунад (Ҳастӣ 1:28; 2:15). Муҳаббат сабаби он гардид, ки Ӯ одамизодро аз маҳкумияте, ки гуноҳи Одам бар сари онҳо овард, халос созад.
5. Мувофиқи Китоби Муқаддас Яҳува таҷассуми кадом хислат аст? Шарҳ диҳед.
5 Ҳамин тавр, барҷастатарин хислати Яҳува муҳаббат мебошад. Муҳаббат худ моҳияти Ӯст. Гарчанд хирад, адолат ва қудрат хислатҳои муҳими Яҳува мебошанд, дар ягон ҷои Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки Худо хирад, адолат ва ё қудрат аст, балки гуфта мешавад, ки Худо муҳаббат аст. Бале, Яҳува таҷассуми муҳаббат аст — муҳаббате, ки бар принсипҳо асос ёфтааст, на бар эҳсосот. Муҳаббати мазкур аз рӯи принсипҳои ҳақиқат ва адолат зоҳир карда мешавад. Аз ин рӯ муҳаббати Худо волотарин навъи муҳаббат буда, худи Яҳува беҳтарин намунаи он мебошад. Чунин муҳаббат комилан аз тамаъ холис аст ва ҳамеша дар амал аён мегардад.
6. Бо вуҷуди он ки Худо аз мо хеле бартар аст, чӣ ба мо имкон медиҳад, ки ба Ӯ пайравӣ намоем?
6 Муҳаббат — ин хислати беҳамтоест, ки ба туфайли он мо метавонем ба Худо пайравӣ намоем. Азбаски мо одамони гуноҳкор ва нокомил ҳастем, фикр карданамон мумкин аст, ки пайравӣ ба Худо барои мо ғайриимкон аст. Вале Яҳува аз имкониятҳои маҳдуди мо воқиф аст, аз ин сабаб комилиятро аз мо наметалабад — ин боз як мисоли дигарест, ки дар он муҳаббати азими Яҳува аён мегардад. Ӯ медонад, ки мо аз комилият хело дурем (Забур 50:7). Бинобар ин дар Забур 129:3, 4 гуфта шудаааст: «Агар Ту, эй Худованд, гуноҳҳоро ба назар гирӣ, кист, эй Худованд, ки истодагӣ карда тавонад? Аммо омурзиш назди Туст». Оре, Яҳува «Худои раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо» мебошад (Хуруҷ 34:6). «Ту, эй Худованд, некӯ ва омурзгор ҳастӣ» (Забур 85:5). Чӣ суханони тасаллидиҳандае! Хидмат кардан ба чунин Худои меҳрубон ва эҳсос намудани муҳаббат ва марҳамати Ӯ чӣ таровате мебахшад!
7. Чӣ гуна муҳаббати Яҳува дар ҳама чизе ки Ӯ офаридааст, дида мешавад?
7 Муҳаббати Яҳува инчунин дар амали дастҳояш дида мешавад. Андеша намоед, ки Ӯ барои хурсандии мо чӣ қадар манзараҳои дилпазире ба монанди кӯҳҳову уқёнусҳо, ҷангалзорҳову кӯлҳои зебо офаридаааст. Ғайр аз ин Ӯ навъҳои гуногуну сершумори хӯрокаро фароҳам овардааст, ки ба мо ҳам қувват медиҳанд ва ҳам лаззат мебахшанд. Ҳамчунин Яҳува гулҳои рангорангу хушбӯй ва ҳайвоноти гуногуну аҷибро офаридааст. Худо баҳри аз зиндагӣ ҳаловат бурдани одамон чизҳои зиёде офарид, гарчанд чизе Ӯро ба ин маҷбур намекард. Дуруст аст, ки мо ҳоло аз офаридаҳои Ӯ ба таври пурра лаззат бурда наметавонем, зеро дар дунёи шарир зиндагӣ мекунем ва бар замми ин нокомил ҳастем (Румиён 8:22). Вале танҳо тасаввур кунед, ки Яҳува дар биҳишт барои мо чӣ корҳо хоҳад кард! Таронасаро дар ин бора гуфтааст: «Дасти худро мекушоӣ, ва ҳамаи зиндаҳоро ба дилхоҳашон [аз рӯи хоҳишҳои дурусташон] сер мекунӣ» (Забур 144:16).
8. Муҳаббати Яҳува нисбати мо бештар дар чӣ зоҳир гашт?
8 Муҳаббати Яҳува нисбати инсоният дар чӣ бештар зоҳир гашт? Китоби Муқаддас ҷавоб медиҳад: «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад» (Юҳанно 3:16). Магар Яҳуваро некӯии одамизод ба чунин амал барангехт? Дар Румиён 5:8 гуфта мешавад: «Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд». Оре, Худо Писари комили худро ба замин фиристод, то ки ӯ ҳаёти худро чун фидия барои мо қурбон кунад ва моро аз маҳкумияти гуноҳ ва марг озод созад (Матто 20:28). Ба шарофати ин фидия одамоне, ки Худоро дӯст медоранд, имконияти абадан зиндагӣ карданро пайдо мекунанд. Ба Худо сипосгузорем, ки муҳаббати Ӯ бар ҳама касоне, ки мехоҳанд иродаашро ба ҷо оранд, паҳн мегардад. Дар ин бора дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Худо рӯйбинӣ надорад. Ва аз ҳар қавм ҳар кӣ аз Ӯ тарсад ва аз рӯи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ӯ мақбул аст» (Аъмол 10:34, 35).
9. Чӣ гуна донистани он ки Яҳува Писари худро бароямон ҳамчун фидия қурбон намуд, бояд ба ҳаёти мо таъсир расонад?
9 Чӣ гуна донистани он ки Яҳува Писари худро бароямон ҳамчун фидия қурбон карда, бо ин ҳаёти ҷовидониро имконпазир намуд, бояд ба ҳаёти мо таъсир расонад? Ин бояд муҳаббати моро нисбати Яҳува, Худои ҳақиқӣ афзун гардонад ва ба он барангезад, ки ба суханони Исо — намояндаи Худо гӯш диҳем. «[Исо] барои ҳама мурд, то ки зиндаҳо акнун на аз барои худашон зиндагӣ кунанд, балки барои Ӯ, ки аз барои онҳо мурд» (2 Қӯринтиён 5:15). Пайравӣ намудан ба Исо, ки муҳаббат ва ҳамдардии Яҳуваро баръало зоҳир менамуд, барои мо чӣ хурсандиовар аст! Ин хислатҳои Исо аз суханоне, ки ӯ ба одамони фурӯтан гуфта буд, аён мегарданд: «Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид; юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт; зеро юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст» (Матто 11:28–30).
Зоҳир намудани муҳаббат ба дигарон
10. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки ҳамимононамонро дӯст медорем?
10 Яҳува ва Исо нисбати мо муҳаббати азим доранд. Чӣ тавр мо ба онҳо пайравӣ намуда, метавонем муҳаббати худро нисбати ҳамимононамон нишон диҳем? Имкониятҳои зиёде мавҷуданд: «Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад, бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад, аз зулм шод намешавад, балки аз ростӣ хурсанд мешавад; ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад. Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад» (1 Қӯринтиён 13:4–8; 1 Юҳанно 3:14–18; 4:7–12).
11. Боз ба кӣ ва чӣ тавр метавонем муҳаббати худро зоҳир намоем?
11 Боз ба кӣ ва чӣ тавр метавонем муҳаббати худро зоҳир намоем? Исо гуфта буд: «Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед, ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд» (Матто 28:19, 20). Яъне ба мо лозим аст ба онҳое, ки ҳоло ҳамимони мо нестанд, хушхабарро дар бораи биҳиште, ки Худо ба қарибӣ барпо месозад, бирасонем. Дар бораи он ки мо бояд на танҳо ҳамимонони худро дӯст дорем, Исо гуфта буд: «Агар [танҳо] дӯстдорандагони худро дӯст бидоред, чӣ мукофоте хоҳед ёфт? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд? Ва агар танҳо ба бародарони худ салом гӯед, чӣ бартарие доред? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд?» (Матто 5:46, 47; 24:14; Ғалотиён 6:10).
Ба исми Яҳува равона хоҳем шуд
12. Чаро исми Худо танҳо ба худи Ӯ тааллуқ дошта метавонад?
12 Тарзи дигари ситоиш намудани Худои ҳақиқӣ ин аст, ки номи беҳамтои Ӯро, ки Яҳува мебошад, бидонем, онро ба забон орем ва ба дигарон бишиносонем. Доир ба ин таронасаро орзуи дили худро чунин иброз намуд: «Бидонанд, ки танҳо Ту, ки исмат Яҳува аст, бар тамоми замин Ҳаққи Таоло ҳастӣ» (Забур 82:19, ТДН). Номи Худо чунин маъно дорад: «Ӯ сабаби шудан мегардад». Ӯ Худои ниятҳои бузург аст ва ҳамеша мақсадҳои худро бомуваффақият ба анҷом мерасонад. Танҳо Худои ҳақиқӣ метавонад дорандаи чунин ном бошад, зеро одамон ҳеҷ гоҳ боварии комил дошта наметавонанд, ки тамоми азму ниятҳои онҳо ҷомаи амал мепӯшад (Яъқуб 4:13, 14). Танҳо Яҳува гуфта метавонад, ки каломи Ӯ ба иҷрои ҳар он чизе ки фиристода мешавад, «муваффақ хоҳад шуд» (Ишаъё 55:11). Вақте ки бисёриҳо бори аввал дар Китоби Муқаддас номи Худоро мебинанд ва маънои онро мефаҳманд, ба ҳаяҷон меоянд. Вале ин маълумот танҳо дар он лаҳза ба онҳо манфиат меорад, агар «ба исми Яҳува ... то абад равона» шаванд (Мико 4:5, ТДН).
13. Номи Яҳуваро донистан ва ба исми Ӯ роҳ рафтан чӣ маъно дорад?
13 Дар Забур 9:11 дар хусуси номи Худо гуфта мешавад: «Орифони исми Ту ба Ту таваккал хоҳанд кард». Ориф ё донандаи исми Худо будан маънои танҳо бо номи Ӯ шинос буданро надорад, зеро барои таваккал кардан ба Худо танҳо донистани номи Ӯ кифоя нест. Донистани номи Худо маънои онро дорад, ки шахсияти Ӯро шиносем, ба ҳокимияти Ӯ эҳтиром дошта бошем, ба аҳкоми Ӯ итоат намоем ва доимо ба Ӯ таваккал кунем (Масалҳо 3:5, 6). Ба монанди ин, ба исми Худо роҳ рафтан маънои онро дорад, ки худро ба Ӯ бахшем, ҳамчун яке аз парастандагонаш дар бораи Ӯ бо дигарон сӯҳбат кунем ва мувофиқи иродаи Ӯ ҳаёт ба сар барем (Луқо 10:27). Оё шумо чунин амал менамоед?
14. Агар мо ба Яҳува абадан хидмат карданӣ бошем, ғайр аз ҳисси вазифадорӣ боз чӣ ба мо зарур аст?
14 Агар мо ба Яҳува абадан хидмат карданӣ бошем, танҳо ҳисси вазифадорӣ бароямон кифоя нест. Павлуси расул ба Тимотиюс, ки чандин сол ба Яҳува хидмат мекард, насиҳат дода буд: «Худро дар диндорӣ машқ деҳ» (1 Тимотиюс 4:7). Дар ин оят калимае, ки аз забони юнонӣ ҳамчун «диндорӣ» тарҷума шудааст, инчунин маънои ба Худо содиқ буданро дорад. Агар одам ба касе сипосгузор бошад, ӯ инро бо садоқатмандиаш нишон хоҳад дод. Садоқат ба Худо бошад, шахсан ба Яҳува эҳтиром ва дилбастагии бениҳоят зиёд доштанро ифода менамояд. Азбаски мо ба Худо содиқем, мо мехоҳем, ки ҳамаи одамон номи Ӯро гиромӣ донанд. Агар мо ба исми Яҳува, Худои ягонаи ҳақиқӣ то абад равона будан хоҳем, бояд садоқатмандиамонро нисбати Ӯ инкишоф диҳем (Забур 36:4; 2 Петрус 3:11).
15. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки ба Худо комилан содиқем?
15 Барои он ки хидмати мо мақбули Худо гардад, бояд танҳо Ӯро ибодат намоем, зеро Ӯ «Худои ғаюр» аст, яъне садоқати комилро металабад (Хуруҷ 20:5). Мо наметавонем Худоро дӯст дошта, ҳамзамон ба ин ҷаҳони шарир, ки худояш Шайтон аст, дил бандем (Яъқуб 4:4; 1 Юҳанно 2:15–17). Яҳува хуб медонад, ки ҳар яки мо чӣ гуна шахс будан мехоҳад (Ирмиё 17:10). Агар мо ҳақиқатан ҳам дӯстдори адолат бошем, Ӯ инро дида, ба мо мадад мерасонад, то рӯз аз рӯз ба душвориҳои пешомада тоб оварем. Яҳува моро бо рӯҳулқудсаш дастгирӣ менамояд, то бар шарорате, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, ғолиб омада тавонем (2 Қӯринтиён 4:7). Ӯ инчунин ёрӣ медиҳад, ки умедамонро ба ҳаёти ҷовидонӣ дар биҳишти рӯи замин мустаҳкам нигоҳ дорем. Чӣ умеди олиҷанобе! Мо бояд аз самими дил барои ин миннатдор бошем ва бо омодагӣ ба Яҳува, Худои ҳақиқие, ки ин умедро ба мо додааст, хидмат кунем.
16. Шумо низ мисли миллионҳо нафари дигар чӣ кор карда метавонед?
16 Миллионҳо одамон дар тамоми рӯи замин бо хушнудӣ даъвати таронасароро қабул намудаанд, ки гуфтааст: «Худовандро бо ман такбир гӯед; ва исми Ӯро якҷоя болобардор кунед» (Забур 33:4). Шумораи одамони гуногунмиллате, ки ин даъватро қабул намудаанд, рӯз ба рӯз меафзояд, ва Яҳува мехоҳад, ки шумо низ дар қатори онҳо бошед.
Саволҳо барои такрор
• Шахсияти Яҳува чӣ гуна аст? Бо хислатҳои Ӯ беҳтар шинос шудан ба мо чӣ гуна манфиат меорад?
• Чӣ гуна мо метавонем ба дигарон кӯмак расонем, то онҳо низ ҳақиқатро дар бораи Худо бифаҳманд?
• Номи Яҳуваро донистан ва ба исми Ӯ роҳ рафтан чӣ маъно дорад?
[Tасвир дар саҳифаи 14]
Яҳува аз рӯи муҳаббати бузургаш дасти худро мекушояд ва ҳамаи зиндаҳоро ба дилхоҳашон сер мекунад.