-
Барои туҳфаи Яҳува ва Исо миннатдор бошедТо абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
3. Миннатдориатонро дар амал нишон диҳед
Тасаввур кунед, ки касе шуморо аз ғарқ шудан наҷот медиҳад. Оё шумо ба осонӣ ин некии ӯро фаромӯш мекунед? Ё бо ҳар роҳ миннатдориатонро ба ӯ баён менамоед?
Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, зеро ӯ моро аз марг наҷот дод. 1 Юҳанно 4:8–10-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Чаро қурбонии Исо туҳфаи махсус аст?
Шумо дар бораи туҳфаи Яҳува ва Исо чӣ фикр доред?
Барои некие, ки Яҳува ва Исо ба мо карданд, чӣ тавр миннатдорӣ нишон дода метавонед? 2 Қӯринтиён 5:15 ва 1 Юҳанно 4:11; 5:3-ро хонед. Баъди хондани ҳар як оят саволи зеринро дида бароед:
Мувофиқи ин оят чӣ тавр мо миннатдориамонро нишон дода метавонем?
-
-
Чаро худро ба Худо бахшем ва таъмид гирем?То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
1. Чаро шахс мехоҳад, ки ҳаёташро ба Худо бахшад?
Мо барои он ҳаётамонро ба Яҳува мебахшем, ки ӯро дӯст медорем (1 Юҳанно 4:10, 19). Дар Каломи Худо гуфта шудааст: «Худоят Яҳуваро бо тамоми дил, бо тамоми ҷон, бо тамоми ақл ва бо тамоми қуввати худ дӯст дор» (Марқус 12:30). Муҳаббати ҳақиқӣ на танҳо дар сухан, балки дар амал низ маълум мешавад. Масалан, вақте марду зан якдигарро самимона дӯст медоранд, онҳо оиладор мешаванд. Ба ин монанд, вақте мо Худоро дӯст медорем, дар диламон хоҳиш пайдо мешавад, ки ҳаётамонро ба ӯ бахшем ва таъмид гирем.
-