ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lr боби 11 саҳ. 62-66
  • Фариштаҳои Худо ба мо ёрдам медиҳанд

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Фариштаҳои Худо ба мо ёрдам медиҳанд
  • Устоди Бузургро гӯш кун
  • Маводи монанд
  • Фариштагон — рӯҳҳои хизматгузоранд
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2009
  • Ба фариштаҳои вафодор пайравӣ кунед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Фариштаҳо
    Бедор шавед!—2017
Устоди Бузургро гӯш кун
lr боби 11 саҳ. 62-66

БОБИ 11

Фариштаҳои Худо ба мо ёрдам медиҳанд

БАЪЗЕ одамон мегӯянд, ки онҳо танҳо ба чизҳое, ки дидан мумкин аст, боварӣ доранд. Лекин оё ин дуруст аст? Дар дунё бисёр чизҳое ҳастанд, ки мо онҳоро дида наметавонем. Оё ту ягонтои онҳоро медонӣ? ~

2 Биё дар бораи ҳаво, ки мо онро нафас мекашем, фикр мекунем. Мо ҳаворо намебинем, лекин мо онро ҳис карда метавонем. Канӣ ба дастат як пуф кун. Ту чизеро ҳис мекунӣ? ~ Бин, ҳарчанд ҳаворо дида намешавад, лекин он ҳаст, ҳамин тавр-не? ~

3 Мо аллакай дар бораи шахсиятҳои рӯҳӣ, ки онҳоро дида наметавонем, гап зада будем. Мо фаҳмидем, ки баъзеи онҳо нағз ва баъзеашон ганда мебошанд. Оё ту баъзе шахсиятҳои рӯҳии нағзро номбар карда метавонӣ? ~ Дуруст, Яҳува Худо, Исои Масеҳ ва дигар фариштаҳои хуб. Канӣ гӯй, оё фариштаҳои бад ҳам ҳастанд? ~ Ҳа ва мо инро аз Китоби Муқаддас медонем. Ба ман гӯй, ки ту дар бораи онҳо чӣ медонӣ. ~

4 Мо фаҳмидем, ки ҳам фариштаҳои нағз ва ҳам фариштаҳои бад назар ба мо бақувваттаранд. Устоди Бузург дар бораи фариштаҳо бисёр чизҳоро медонист, чунки пеш аз он ки дар замин таваллуд шавад, худи ӯ фаришта буд. Исо ҳамроҳи дигар фариштагон дар осмон зиндагӣ мекард. Ва ӯ миллионҳо фариштагонро медонист. Оё ҳамаи онҳо ном доранд? ~

5 Мо аллакай фаҳмидем, ки Худо ба ҳар як ситора ном додааст. Барои ҳамин мо боварӣ дошта метавонем, ки ҳамаи фариштагон ҳам ном доранд. Ва мо медонем, ки онҳо бо якдигар гап мезананд, чунки дар Китоби Муқаддас дар бораи забони фариштагон гуфта шудааст (1 Қӯринтиён 13:1). Ба фикри ту, фариштаҳо дар бораи чӣ сӯҳбат мекунанд? Оё онҳо дар бораи мо гап мезананд? ~

6 Мо медонем, ки фариштаҳои Шайтон, девҳо, мехоҳанд, ки мо Яҳуваро гӯш накунем. Барои ҳамин онҳо мумкин дар бораи он гап мезананд, ки чӣ хел моро ба ин кор тела диҳанд. Девҳо мехоҳанд, ки мо мисли онҳо рафтор кунем ва Яҳува моро ҳам дигар дӯст надорад. Фариштаҳои нағз бошанд, дар бораи чӣ гап мезананд? Ба фикри ту, оё онҳо ҳам дар бораи мо гап мезананд? ~ Ҳа, зеро онҳо ба мо ёрдам додан мехоҳанд. Ҳозир ман ба ту дар бораи он нақл карданиам, ки чӣ тавр баъзе фариштагони Худо ба одамоне, ки Яҳуваро дӯст медоштанд ва ба Ӯ хизмат мекарданд, ёрдам дода буданд.

7 Дар замонҳои қадим, дар шаҳри Бобил марде бо номи Дониёл зиндагӣ мекард. Бисёриҳо дар он шаҳр Яҳуваро дӯст намедоштанд. Баъзе одамон ҳатто қонун бароварданд, ки агар ягон кас ба Худо дуо гӯяд, ҷазо дода мешавад. Лекин Дониёл натарсид ва ба Яҳува дуо гуфтанро бас накард. Медонӣ, ки он одамон бо Дониёл чӣ кор карданд? ~

8 Бале, одамони бад Дониёлро ба чоҳи шерон партофтанд. Дар он ҷо ӯ дар байни шерони гушна танҳо буд. Медонӣ, ки бо ӯ чӣ шуд? ~ Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: «Худо фариштаи худро фирсонда, даҳони шеронро баст». Ҳа, Дониёл ягон зараре надид! Ин нишон медиҳад, ки фариштаҳо барои онҳое, ки ба Яҳува хизмат мекунанд, корҳои аҷоиб карда метавонанд (Дониёл 6:18–22).

Фариштае Дониёлро аз шерон ҳимоя карда истодааст

Чӣ тавр Худо Дониёлро наҷот дод?

9 Рӯзе чунин шуд, ки Петрусро дастгир карда ба ҳабсхона бурданд. Ту мумкин дар хотир дорӣ, ки Петрус дӯсти Устоди Бузург, Исои Масеҳ, буд. Ба баъзе одамон маъқул набуд, ки Петрус дар бораи Писари Худо будани Исо гап мезад. Барои ҳамин, онҳо Петрусро ҳабс карданд. Дар ҳабсхона Петрусро аскарон посбонӣ мекарданд, то ки вай нагурезад. Оё ягон кас ӯро аз он ҷо халос карда метавонист? ~

10 Петрус дар байни ду посбон хоб буд ва дастонаш занҷирбанд буданд. Лекин дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Фариштаи Худованд назди ӯ омад, ва рӯшноӣ дар он хона дурахшид; фаришта ба Петрус даст расонда, ӯро бедор кард ва гуфт: “Тезтар аз ҷоят хез”».

Петрус дар мобайни ду аскар, фаришта ӯро бедор мекунад ва занҷирони дасташ кушода шуда истодаанд

Чӣ тавр фаришта Петрусро аз ҳабсхона озод кард?

11 Дар он лаҳза занҷирҳо аз дастҳои Петрус афтоданд! Фаришта ба ӯ гуфт: «Пойафзолу ҷомаатро пӯш ва аз қафои ман биё». Посбонон пеши роҳи Петрусро гирифта наметавонистанд, чунки ба ӯ фаришта ёрдам мекард. Ҳамин ки Петрус ҳамроҳи фаришта ба дарвозаи оҳанин наздик шуд, як чизи аҷоибе рӯй дод. Дарвозаҳо худ ба худ кушода шуданд! Он фаришта Петрусро озод намуд, то ки вай мавъиза карданро давом диҳад (Аъмол 12:3–11).

12 Оё фариштаҳои Худо ба мо ҳам ёрдам карда метавонанд? ~ Ҳа. Оё ин маънои онро дорад, ки онҳо моро аз ҳамаи бадиҳо муҳофизат мекунанд? ~ Не. Агар мо ба корҳои нодуруст даст занем, фариштаҳо моро муҳофизат намекунанд. Лекин ҳатто агар мо дуруст рафтор кунем ҳам, мо бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуда метавонем. Худо ба фариштаҳо нагуфтааст, ки моро аз ҳама гуна бадиҳо муҳофизат кунанд. Ӯ ба онҳо вазифаи дигар додааст.

13 Дар Китоби Муқаддас дар бораи фариштае гуфта шудааст, ки одамонро ба хизмати Худо ҷеғ мезанад (Ваҳй 14:6, 7). Ин фаришта бо одамон чӣ хел гап мезанад? Оё ӯ аз осмон дод мезанад, то ҳамаи одамон ӯро шунида тавонанд? ~ Не, дар бораи Худо ба одамон шогирдони Исо гап мезананд, фариштаҳо бошанд, дар мавъиза ба онҳо ёрдам медиҳанд. Фариштагон ғамхорӣ мекунанд, то ҳамаи онҳое, ки аз таҳти дил дар бораи Худо фаҳмидан мехоҳанд, хушхабарро шунаванд. Мо ҳам дар кори мавъиза иштирок карда метавонем ва фариштаҳо ба мо дар ин ёрдам мекунанд.

14 Вале агар одамоне, ки Худоро дӯст намедоранд, ба мо бадӣ кунанд-чӣ? Агар моро ҳабс кунанд-чӣ? Оё фариштаҳо моро озод мекунанд? ~ Албатта, онҳо ин корро карда метавонанд. Лекин ин маънои онро надорад, ки фариштаҳо моро ҳама вақт халос мекунанд.

Пайдо шудани фаришта дар киштӣ дар назди Павлус ҳангоми тӯфон

Фаришта ба Павлус чӣ мегӯяд?

15 Масалан, як рӯз шогирди Исо — Павлусро ҳабс карданд. Лекин фариштаҳо он вақт Павлусро озод накарданд, чунки ӯ бояд ба шахси калоншавандае дар бораи Худо гап мезад. Вақте ки Павлусро ба киштӣ шинонда ба пеши ин одам мебурданд, дар баҳр тӯфони сахт шуд. Он вақт як фаришта ба пеши ӯ омада гуфт: «Эй Павлус, натарс! Ту бояд ба пеши қайсар равӣ». Ҳа, Павлусро бояд ба пеши қайсар, яъне подшоҳи хеле пурзӯр мебурданд, то Павлус ба ӯ дар бораи Худо нақл кунад. Фариштаҳо ҳама вақт дар куҷо будани Павлусро медонистанд ва ба вай ёрдам мекарданд. Агар мо ба Худо аз таҳти дил хизмат кунем, онҳо ба мо ҳам ёрӣ медиҳанд (Аъмол 27:23–25).

16 Ба наздикӣ фариштаҳо боз дар як кори муҳим иштирок мекунанд. Вақте, ки Худо одамони бадро нест мекунад, хеле наздик аст. Он вақт ҳамаи онҳое, ки ба Худои ҳақиқӣ хизмат намекунанд, несту нобуд карда мешаванд. Одамоне, ки аз сабаби нонамоён будани фариштагон ба онҳо бовар намекунанд, мефаҳманд, ки чӣ қадар хато мекарданд (2 Таслӯникиён 1:6–8).

17 Мо аз ин чӣ дарс мегирем? ~ Агар мо тарафдори фариштаҳои Худо бошем, он гоҳ онҳо ба мо ёрдам медиҳанд. Лекин оё гуфтан мумкин аст, ки мо тарафдори онҳоем? ~ Ҳа, аммо барои ин мо бояд ба Яҳува хизмат кунем. Ва мо ҳамон вақт ба Яҳува хизмат мекунем, агар ба дигарон барои ба Ӯ наздик шудан ёрдам диҳем.

Барои фаҳмидани он ки чӣ хел фариштаҳо ба ҳаёти одамон таъсир мекунанд, ин оятҳоро хон: Забур 33:8; Матто 4:11; 18:10; Луқо 22:43 ва Аъмол 8:26–31.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан