Суруди 44
Хурсандона дар дарав иштирок мекунем
1. Дар вақти дарав дорем мо зист
Ва ҳаст ин айём нотакрор.
Чун фариштагон даравгаранд,
Мо ҳастем онҳоро ҳамкор.
Исо намуна гузошт моро —
Дар кори дарав буд Пешво.
Мо шод аз иҷрои он супориш,
Ки чинем ҳосили саҳро.
2. Азбаски дар мо муҳаббат ҳаст,
Суръати худ кунем тезтар.
Ширкат дар дарав таъҷилӣ аст
Анҷом зеро ҳаст паси дар.
Шодии бемисл доим ёбем
Мо аз ҳамкорӣ бо Худо.
Пас, бигзор хизмат кунем мо бо ҷаҳд
Ва хоҳем ёфт баракатҳо.
(Ҳамчунин нигаред ба Мат. 24:13; 1 Қӯр. 3:9; 2 Тим. 4:2.)