-
Мувофиқи дуои намунавии Исо зиндагӣ кунед (Қисми I)Бурҷи дидбонӣ — 2015 | июн 15
-
-
Мувофиқи дуои намунавии Исо зиндагӣ кунед (Қисми I)
«Исми Ту муқаддас бод» (МАТ. 6:9).
1. Ҳангоми мавъиза мо дуои намунавии Исоро барои фаҳмонидани чӣ истифода мебарем?
БИСЁРИҲО дуои намунавии Исоро аз ёд гуфта метавонанд. Дар хизмати хона ба хона мо ба ин дуо ишора карда ба одамон мефаҳмонем, ки Худо Салтанат дорад ва он ба наздикӣ дар рӯи замин дигаргуниҳои олиҷанобе ба амал меорад. Мо ҳамчунин ба суханони аввали ин дуо ишора карда мефаҳмонем, ки Худо номи шахсӣ дорад ва он бояд муқаддас гардад ё «муқаддас шумурда шавад» (Мат. 6:9 ТҶФ, эзоҳ).
2. Мо аз куҷо медонем, ки Исо намехост, ки мо дуои намунавиро аз ёд карда, такрор ба такрор гӯем?
2 Оё Исо мехост, ки мо мисли масеҳиёни ин ҷаҳон ин дуоро аз ёд карда, такрор ба такрор гӯем? Не. Пеш аз фаҳмондани дуои намунавӣ ӯ чунин гуфт: «Вақте дуо мегӯед, мисли халқҳои дигар гаштаву баргашта як чизро такрор накунед» (Мат. 6:7, ТДН). Бори дигар бошад, ӯ дуояшро такрор кард, аммо калимаҳои дигарро истифода бурд (Луқ. 11:1–4). Исо ба мо нишон дод, ки дар бораи чӣ мо бояд дуо гӯем. Барои ҳамин ин дуо дуои намунавӣ номида мешавад.
3. Ҳангоми дида баромадани дуои намунавӣ мо оиди кадом саволҳо фикр карда метавонем?
3 Дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ мо дуои намунавиро бодиққат дида мебароем. Дар рафти омӯзиши ин мақола аз худ бипурсед: «Чӣ тавр дуои намунавӣ ба ман кӯмак менамояд, то дуоҳоямро беҳтар гардонам?» Ва аз ҳама муҳимаш: «Оё ман мувофиқи ин дуо зиндагӣ мекунам?»
«ЭЙ ПАДАРИ МО, КИ ДАР ОСМОНӢ!»
4. Ибораи «Падари мо» чиро нишон медиҳад ва ба кадом маъно Яҳува Падари мост?
4 Оне ки Исо «Падари ман» неву «Падари мо» гуфт, моро хотиррасон мекунад, ки Яҳува барои ҳама бародарону хоҳарони рӯҳониамон Падар мебошад (1 Пет. 2:17). Чӣ имконияти пуршарафе! Масеҳиёни тадҳиншуда, ки Худо онҳоро чун фарзандони худ қабул кардааст, ба Худо ба маънои пурра «Падар» гуфта муроҷиат карда метавонанд (Рум. 8:15–17). Дар бораи масеҳиёне ки умеди заминӣ доранд, чӣ гуфтан мумкин аст? Онҳо низ Яҳуваро «Падар» гуфта метавонанд, чунки Ӯ ба онҳо ҳаёт медиҳад ва ниёзҳояшонро қонеъ мекунад. Лекин онҳо ба маънои пурра он вақт фарзандони Худо мешаванд, ки ба комилият расанд ва ҳангоми озмоиши охирин ба Яҳува содиқ бимонанд (Рум. 8:21; Ваҳй 20:7, 8).
5, 6. Чизи беҳтарине ки падару модар ба фарзандони худ дода метавонанд чист ва ҳар як фарзанд бо он бояд чӣ кор кунад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
5 Вақте падару модар ба фарзандонашон ба Яҳува дуо гуфтанро ёд медиҳанд ва мефаҳмонанд, ки Ӯ Падари меҳрубон аст, кори хубе мекунанд. Бародаре ки ҳоло ҳамчун нозири ноҳиявӣ дар Африқои Ҷанубӣ хизмат мекунад, мегӯяд: «Аз рӯзи таваллуди духтаронам, ман ҳар шабе ки дар хона будам, ҳамроҳи онҳо дуо мегуфтам. Духтаронам мегӯянд, ки аниқ дар ёд надоранд, ки ман чӣ мегуфтам, лекин онҳо оромӣ, бехатарӣ ва муқаддас будани муошират бо Худоро ҳис мекарданд. То андозае ки мумкин буд, ман онҳоро бармеангехтам, ки баланд дуо гӯянд. Ин ба ман кӯмак мекард, ки ба дили онҳо назаре андозам ва фаҳмам ки чӣ тавр онҳо ҳиссиёту фикри худро ба Яҳува баён мекунанд. Баъд ман ба таври мулоим аз дуои намунавӣ ягон маслиҳат медодам, то ки дуоҳояшон пурмаъно ва беҳтар шаванд».
6 Духтарони ӯ муносибати худро бо Яҳува инкишоф додан гирифтанд. Ҳоло онҳо бо шавҳарони худ дар хизмати пурравақт мебошанд. Чизи беҳтарине, ки падару модар ба фарзандони худ дода метавонанд, ин кӯмак дар пайдо кардани муносибати наздик бо Яҳува мебошад. Аммо нигоҳ доштани дӯстии наздик бо Яҳува вазифаи худи шахс мебошад. Ба ин дӯст доштани номи Яҳува ва эҳтироми амиқ доштан нисбати он дохил мешавад (Заб. 5:12, 13; 90:14).
«ИСМИ ТУ МУҚАДДАС БОД»
7. Мо дорои кадом имтиёз мебошем ва аз мо чӣ талаб карда мешавад?
7 Чӣ имтиёзест, ки мо номи Яҳуваро медонем ва чун қавми Ӯ номашро ба худ дорем (Аъм. 15:14; Иш. 43:10). Мо дар дуо аз Яҳува хоҳиш мекунем: «Исми Ту муқаддас бод!» Ҳамчунин мо аз Яҳува илтимос мекунем, ки ба мо кӯмак расонад, то бо рафтор ва гуфтори худ ба номи Ӯ доғ наорем. Мо намехоҳем, ки ба монанди баъзе аз масеҳиёни асри як бошем, ки дигаронро таълим медоданду худашон бошанд, гуфтаҳои худро иҷро намекарданд. Павлуси ҳавворӣ дар бораи онҳо чунин гуфт: «Ба туфайли шумо... дар миёни халқҳо исми Худоро хор медоранд» (Рум. 2:21–24).
8, 9. Бо мисол фаҳмонед, ки чӣ тавр Яҳува касонеро ки дар бораи муқаддас гардонидани номи Ӯ ғам мехӯранд, баракат медиҳад.
8 Мо аз таҳти дил мекӯшем, ки номи Худоро муқаддас гардонем. Хоҳаре аз Норвегия, ки баъд аз марги бармаҳали шавҳараш бо фарзанди дусолааш танҳо монд, чунин мегӯяд: «Он вақт замони хеле душворе буд дар зиндагии ман. Ман ҳар рӯз ва ҳар соат аз Яҳува қуввату осоиштагӣ мепурсидам. Ман метарсидам, ки мабодо бо ягон рафтори нодурусти худ ба Шайтон баҳона диҳам, ки Яҳуваро таъна занад. Ман мехостам, ки номи Яҳуваро муқаддас гардонам ва ҳамчунин мехостам ки писарам падарашро дар Биҳишт бинад» (Мас. 27:11).
9 Оё Яҳува дуоҳои хоҳарамонро, ки манфиати худро ҷӯё набуд, шунид? Бале. Бо бародару хоҳарон муоширату рафтуомад карда ӯ рӯҳбаландии зиёде гирифт. Панҷ сол пас ӯ ба пири ҷамъомаде ба шавҳар баромад. Писари ӯ, ки ҳоло бистсола аст, бародари таъмидёфта мебошад. Хоҳарамон мегӯяд: «Ман хеле хушбахтам, ки шавҳарам ба ман кӯмак кард, ки писарамро калон кунам».
10. Барои он ки номи Худо ба пуррагӣ муқаддас гардад, чӣ лозим аст?
10 Барои ба пуррагӣ муқаддас гардонидани номаш, Яҳува бояд ҳама касонеро ки дидаву дониста ҳокимияти Ӯро рад мекунанд, нест кунад. (Ҳизқиёл 38:22, 23-ро бихонед.) Он замон ҳама одамон комил мешаванд ва ҳама фариштагону одамон Яҳуваро парастиш хоҳанд кард. Ва тамоми офаридаҳои бошуур номи Худоро ҷалол хоҳанд дод! Он гоҳ Падари меҳрубони мо ҳокими тамоми дунё хоҳад буд (1 Қӯр. 15:28).
«МАЛАКУТИ ТУ БИЁЯД»
11, 12. Соли 1876 Яҳува барои фаҳмидани чӣ ба халқи худ кӯмак кард?
11 Пеш аз он ки Исо ба осмон равад, ҳаввориёнаш аз ӯ пурсиданд: «Оё дар ҳамин вақт салтанатро бар Исроил аз нав барқарор хоҳӣ кард?» Исо ҷавоб дод, ки ҳоло вақти донистани он наомадааст, ки Салтанати Худо кай ҳукмронии худро сар мекунад. Исо ба шогирдонаш гуфт, ки онҳо диққати худро ба кори мавъиза равона кунанд. (Аъмол 1:6–8-ро бихонед.) Лекин Исо ҳамчунин гуфта буд, ки шогирдонаш омадани Салтанати Худоро интизор бошанд. Барои ҳамин масеҳиён аз замонҳои ҳаввориён дар бораи омадани Салтанати Худо дуо мегӯянд.
12 Вақте ки замони дар осмон подшоҳ шудани Исо наздик шуд, Яҳува ба халқи худ кӯмак кард, ки кадом сол рӯй додани ин воқеаро фаҳманд. Соли 1876 Чарлз Тейз Рассел дар рисолаи «Муҳаққиқи Китоби Муқаддас» як мақолаеро чоп кард, ки он «Даврони ғайрияҳудиён. Кай онҳо хотима меёбанд?» ном дошт. Дар он мақола ба соли 1914 ишора карда, гуфта мешуд, ки он соли хеле муҳим мебошад. Дар ин мақола гуфта мешуд, ки «ҳафт замон»-и пешгӯии Дониёл ин ҳамон «даврони ғайрияҳудиён» мебошад, ки Исо дар борааш гуфта будa (Дон. 4:16; Луқ. 21:24).
13. Соли 1914 чӣ рӯй дод ва аз он замон инҷониб воқеаҳои ҷаҳонӣ чиро исбот мекунанд?
13 Соли 1914 дар Аврупо ҷанг сар шуд ва он тамоми ҷаҳонро фаро гирифт. Аз сабаби ҷанг гуруснагии даҳшатноке рӯй дод. Соли 1918, вақте ки ҷанг ба поён расид, зукоме ки ба монанди вабо паҳн мешуд, аз ҷанг дида, шумораи бештари одамонро кушт. Инҳо ҳамааш ҳамон «аломат»-е буданд, ки Исо пешгӯӣ карда буд (Мат. 24:3–8; Луқ. 21:10, 11). Ин исбот мекунад, ки Исо соли 1914 Подшоҳ шуд ва «ғалабакунон берун омад, то ғалаба кунад» (Ваҳй 6:2). Ӯ бо Шайтон ва девҳояш ҷангида, онҳоро ба замин партофт ва осмонро пок кард. Аз ҳамон замон пешгӯии зерин иҷро шудан гирифт: «Вой бар ҳоли сокинони замин ва баҳр, чунки назди шумо иблис бо хашми зӯре нузул кардааст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст!» (Ваҳй 12:7–12).
14. а) Чаро мо бояд ҳоло ҳам дар бораи омадани Салтанат дуо гуфтан гирем? б) Мо кадом имтиёзро дорем?
14 Пешгӯии Ваҳй 12:7–12 мефаҳмонад, ки пайдошавии Салтанати Худо ва сар шудани бадбахтиҳои инсоният дар як замон рӯй доданд. Исо — Подшоҳи Салтанати Худо дар байни душманони худ ҳукмрониро сар кард. То вақте ки ӯ ба пуррагӣ бар душманони худ ғолиб нашавад, мо дар бораи омадани Салтанати Худо дуо гуфтанро бас намекунем. Ҳамчунин дар бораи ин Салтанат ба дигарон мавъиза карда мо мувофиқи дуоямон зиндагӣ мекунем. Бо ин корамон мо пешгӯии Исоро иҷро мекунем: «Ин Инҷили Малакут [хушхабар дар бораи Салтанат] дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид» (Мат. 24:14).
«[ХОСТИ ТУ] ДАР ЗАМИН... БА АМАЛ ОЯД»
15, 16. Оё фақат дуо гуфтан дар бораи он ки хости Худо дар рӯи замин иҷро шавад, бас аст?
15 Қариб 6000 сол пеш хости Худо ба пуррагӣ дар замин иҷро мешуд. Барои ҳамин Яҳува ба шароите ки барои инсоният тайёр карда буд, нигариста гуфт, ки он «хеле хуб аст» (Ҳас. 1:31). Аммо баъд аз он ки Шайтон исён бардошт, аксарияти одамон хости Худоро иҷро намекарданд. Имрӯз бошад, қариб ҳашт миллион Шоҳидон на танҳо дуо мегӯянд, ки хости Худо иҷро шавад, балки худашон хости Худоро иҷро мекунанд. Онҳо тавре зиндагӣ мекунанд, ки ба Худо писанд бошад ва ба дигарон дар бораи Салтанати Худо бо ҷидду ҷаҳд шаҳодат мекунанд.
Оё шумо ба фарзандонатон кӯмак мерасонед, ки онҳо хости Худоро иҷро кунанд? (Ба сархати 16 нигаред.)
16 Як хоҳари 80-сола, ки соли 1948 таъмид гирифтаасту дар Африқо чун миссионер хизмат кардааст, дар бораи ин қисми дуои намунавӣ мегӯяд: «Ман пайваста дуо мегӯям, ки ҳама гӯсфандони Яҳува ҳақиқатро шунаванд ва пеш аз он ки дер шавад, бо Яҳува шинос шаванд. Ҳамчунин пеш аз он ки ба ягон кас шаҳодат диҳам, ман аз Худо хирад мепурсам. Ин ба ман кӯмак мекунад, ки ҳангоми сӯҳбат ба дили одамон таъсир расонам. Ҳамчунин ман дуо мегӯям, ки Яҳува кӯшишҳои моро баракат диҳад, то ки мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ ба касоне ки аллакай ҳақиқатро фаҳмидаанд, ёрдам кунем». Ин хоҳари пиронсол одамони зиёдеро ба ҳақиқат овардааст. Оё шумо дигар ходимони пиронсоли Худоро медонед, ки бо ҷидду ҷаҳд хости Ӯро иҷро мекунанд? (Филиппиён 2:17-ро бихонед.)
17. Шумо аз он ки Яҳува нисбати одамон ва замин чӣ ният дорад, чӣ ҳис мекунед?
17 То вақте ки ҳама душманони Худо несту нобуд карда нашаванд, мо дар бораи иҷро шудани хости Ӯ дуо гуфтанро бас намекунем. Ба наздикӣ хости Худо бештар иҷро хоҳад шуд ва замин ба биҳишт табдил хоҳад ёфт. Миллиардҳо одамон зинда хоҳанд шуд. Исо дар бораи он замон чунин гуфт: «Аз ин тааҷҷуб накунед: зеро соате мерасад, ки ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози [маро] хоҳанд шунид ва берун хоҳанд омад» (Юҳ. 5:28, 29). Тасаввур кунед, ки чӣ қадар хушбахтиро ҳис мекунед, вақте наздикони аз даст додаатонро аз нав мебинед! Худо «ҳар ашкро аз чашмони [мо] пок» мекунад (Ваҳй 21:4). Аксари одамоне ки зинда мешаванд, «золимон»-е хоҳанд буд, ки имконият надоштанд ҳақиқатро дар бораи Яҳува ва Писари Ӯ шунаванд. Таълим додани онҳо бароямон хурсандиовар мешавад, чунки мо ба онҳо кӯмак хоҳем кард, то «ҳаёти ҷовидонӣ»-ро соҳиб шаванд (Аъм. 24:15; Юҳ. 17:3).
18. Одамизод беш аз ҳама ба чӣ ниёз дорад?
18 Вақте Салтанати Худо биёяд, номи Ӯ муқаддас мегардад. Он гоҳ ҳама дар ягонагӣ Худоро парастиш хоҳанд кард. Ҳамин тавр Худо ба се дархости аввали дуои намунавӣ ҷавоб медиҳад ва ниёзҳои одамонро қонеъ мекунад. Дар мақолаи навбатӣ дида мебароем, ки Исо боз дар бораи кадом ниёзҳои муҳим дуо гуфтанро ба мо ёд дода буд.
a Барои фаҳмидани он ки мо аз куҷо медонем, ки ин пешгӯӣ соли 1914 иҷро шуд, ба китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», саҳ. 215–218 нигаред.
-
-
Мувофиқи дуои намунавии Исо зиндагӣ кунед (Қисми II)Бурҷи дидбонӣ — 2015 | июн 15
-
-
Мувофиқи дуои намунавии Исо зиндагӣ кунед (Қисми II)
«Падари шумо тамоми эҳтиёҷоти шуморо... медонад» (МАТ. 6:8).
1–3. Чаро як хоҳар боварӣ дорад, ки Яҳува ниёзҳои моро медонад?
ЛАНА ҳеҷ гоҳ он рӯзро фаромӯш намекунад. Ӯ мегӯяд, ки тобистони соли 2012, ҳангоми дар Олмон буданаш, Яҳува ба ду дуояш ҷавоб дод. Вақте ки ӯ ба қатора нишаста ба аэропорт мерафт, аз Яҳува дар дуо пурсид, ки барои ба ягон кас мавъиза кардан ба ӯ имконият диҳад. Вақте ки ӯ ба он ҷо омад, фаҳмид, ки парвозро ба рӯзи дигар мондаанд. Лана дуюмбора ба Яҳува дуо гуфта, аз Ӯ кӯмак пурсид, чунки дигар на пул дошту на ҷои хоб.
2 Ҳамин ки Лана дуояшро тамом кард, касе ба ӯ гуфт: «Салом, Лана, ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?» Марди ҷавоне ки ин саволро дод, ҳамсинфи Лана буд. Ӯ ба Африқои Ҷанубӣ парвоз карданӣ буд ва модару бибиаш барои гусел карданаш омада буданд. Модари ҳамсинфаш, ки Элке ном дошт, ҳолати Ланаро фаҳмида ӯро ба хонааш даъват кард. Элке ва модараш Ланаро меҳмондорӣ карданд ва ба ӯ дар бораи имон ва хизмати пешравиаш саволҳои зиёде доданд.
3 Рӯзи дигар, баъд аз наҳории бақувват онҳо ба Лана дар бораи Китоби Муқаддас саволҳои боз ҳам бештаре доданд. Лана ба саволҳои онҳо ҷавоб дод ва суроғаашонро пурсид, то ки Шоҳидон ба наздашон оянд. Баъд аз ин ӯ сиҳату саломат ба хонааш баргашт. Ӯ боварӣ дорад, ки ин баракатҳо ҷавоби дуоҳояш буданд (Заб. 64:3).
4. Дар ин мақола мо дар бораи кадом ниёзҳо гап мезанем?
4 Вақте мо бо душворӣ рӯ ба рӯ мешавем, ба Яҳува озодона муроҷиат карда метавонем ва Ӯ моро мешунавад (Заб. 33:16; Мас. 15:8). Лекин аз дуои намунавӣ фаҳмидан мумкин аст, ки дар дуо аз душвориҳо халосӣ пурсидан чизи аз ҳама муҳим нест, чунки чизҳое ҳастанд, ки мо ба онҳо бештар ниёз дорем. Масалан, дар се дархости охирини дуои намунавӣ дар бораи ниёзҳои рӯҳонӣ гуфта шудааст. Дар ин мақола мо ин се дархостро дида мебароем. Ҳамчунин муҳокима мекунем, ки вақте дар бораи ризқу рӯзӣ дуо мегӯем, чӣ тавр мувофиқи ин дуо зиндагӣ кунем. (Матто 6:11–13-ро бихонед.)
«РИЗҚУ РӮЗИИ МОРО ИМРӮЗ БА МО БИДЕҲ»
5, 6. Чаро мо бояд дуо гӯем, ки Худо ризқу рӯзии моро диҳад, ҳатто агар аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ накашем?
5 Исо моро таълим дод, ки дар дуо «ризқу рӯзии моро» бидеҳ гӯем, на фақат «ризқу рӯзии маро». Виктор ном бародаре ки дар Африқо ҳамчун нозири ноҳиявӣ хизмат мекунад, чунин мегӯяд: «Ман мунтазам ба Яҳува аз таҳти дил миннатдориамро баён мекунам, ки ману ҳамсарам дар бораи хӯрок ва супоридани пули иҷора ташвиш намекашем. Бародарони меҳрубон ҳар рӯз ба мо ғамхорӣ мекунанд. Лекин ман ба Яҳува дуо мегӯям, ки шахсонеро ки ба мо кӯмак мекунанд, дастгирӣ кунад, то онҳо ба душвориҳои моддӣ тоб оварда тавонанд».
6 Агар мо худамон аз норасоии хӯрок танқисӣ накашем, метавонем дар бораи хоҳару бародароне ки камбағал ҳастанд ё ягон офати табииро аз сар гузарондаанд, дуо гӯем. Ғайр аз ин мо метавонем бо ягон тарз ёрии амалӣ расонем, масалан бо расонидани ёрии моддӣ ба худи онҳо ва хайрия кардан ба кори умумиҷаҳонӣ. Аз ҳисоби хайрияҳои мо ташкилот ба бародароне ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, ёрӣ мерасонад (1 Юҳ. 3:17).
7. Ҳангоме Исо гуфт, ки мо бояд дар бораи фардо ташвиш накашем, ӯ кадом мисолро овард?
7 Баъд аз гуфтани дуои намунавӣ Исо ба мо таълим дод, ки диққатамонро пурра ба чизҳои моддӣ равона накунем. Исо гуфт, ки Худо ҳатто гулҳои савсанро мепӯшонад ва илова кард: «Агар Худо алафи саҳроро... чунин бипӯшонад, магар шуморо, эй сустимонҳо, аз он беҳтар пӯшонида наметавонад! Аз ин рӯ ғамхорӣ накунед ва нагӯед: [...] “Чӣ бипӯшем?”» Баъд аз ин Исо насиҳати худро такрор кард: «Пас, барои фардо ғамхорӣ накунед» (Мат. 6:30–34). Мо набояд дар бораи ниёзҳои ояндаамон аз ҳад зиёд фикр кунем. Беҳтараш, бо ризқу рӯзии имрӯзаамон қаноат кунем. Масалан, мо метавонем дар бораи ҷои зист ва ҷои кор дуо гӯем. Ҳамчунин мо хирад пурсида метавонем, то ки нисбати саломатиамон қарорҳои дуруст қабул кунем. Лекин агар мо танҳо дар бораи ниёзҳои ҷисмонӣ дуо гӯем, ин нишон медиҳад, ки мо муҳимтар будани ниёзҳои рӯҳониамонро дарк намекунем.
8. Суханони Исо дар бораи ризқу рӯзӣ чиро ба мо хотиррасон мекунанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
8 Исо гуфта буд, ки мо бояд дар хотир дорем, ки ғайр аз хӯроки ҷисмонӣ ба хӯроки рӯҳонӣ низ ниёз дорем: «Одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд» (Мат. 4:4). Барои ҳамин мо бояд пайваста дуо гӯем, ки Яҳува ба мо ҳамеша сари вақт хӯрок диҳад.
«ҚАРЗҲОИ МОРО БИБАХШ»
9. Ба кадом маъно гуноҳҳои моро «қарз» номидан мумкин аст?
9 Чаро Исо хатогиҳои моро боре «гуноҳ» номиду бори дигар «қарз»? (Мат. 6:12; Луқ. 11:4). Тахминан 60 сол пеш дар ҳамин маҷалла фаҳмонда шуда буд: «Азбаски мо гуноҳ мекунем, дар назди Худо қарздорем... Худо метавонад бар ивази ин қарз ҷони моро талаб кунад... Ӯ метавонад муносибати худро бо мо вайрон кунад... Он қарзи мо дар пеши Ӯ муҳаббат аст, ки бо итоаткориамон бояд онро нишон диҳем. Ҳар гоҳе мо гуноҳ мекунем, он қарзро намепардозем, чунки гуноҳ дӯст надоштани Худост» (1 Юҳ. 5:3).
10. Аз кадом сабаб Яҳува гуноҳҳои моро бахшида метавонад ва ин ба мо чӣ гуна таъсир мерасонад?
10 Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки Ӯ Писари худро барои гуноҳҳои мо қурбон кард. Фидия бароямон хеле муҳим аст, чунки мо ҳар рӯз ба бахшида шудани гуноҳҳоямон ниёз дорем. Гарчанд ин фидия 2000 сол пеш пардохта шудааст, мо бояд ба он чунон муносибат кунем, ки гӯё худи имрӯз ба мо ато шудааст. Он чунон гаронбаҳост, ки одами нокомил ҳеҷ гоҳ онро пардохта наметавонад. (Забур 48:8–10 ва 1 Петрус 1:18, 19-ро бихонед.) Барои ин ҳадяи бебаҳо мо бояд ба Яҳува ҳамеша шукру сипос гӯем. Ибораи «гуноҳҳои мо» нишон медиҳад, ки на танҳо мо, балки ҳама бародару хоҳаронамон ба фидия ниёз доранд. Яҳува мехоҳад, ки мо нисбати рӯҳонияти дигарон низ бепарво набошем. Ҳамчунин агар касе бар зидди мо гуноҳ кунад, мо бояд ӯро бо омодагӣ бахшем. Аксар вақт ин гуноҳҳо хурду ночизанд ва бо бахшидани онҳо мо нишон медиҳем, ки бародару хоҳаронамонро дӯст медорем ва аз Худои бахшанда миннатдорем (Қӯл. 3:13).
Агар хоҳем, ки Худо моро бахшад, мо бояд чӣ кор кунем? (Ба сархати 11 нигаред.)
11. Чаро дигаронро бахшидан муҳим аст?
11 Азбаски мо нокомилем, баъзан бароямон бахшидани касе ки бар зидди мо гуноҳ кардааст, осон нест (Ибд. 19:18). Агар мо дар ин бора бо дигарон гап занем, онҳо шояд тарафи моро гиранд ва дар ҷамъомад ҷудоӣ пайдо шавад. Агар ҳамин тавр кардан гирем, ин нишон медиҳад, ки мо бахшандагиву меҳрубонии Худо ва фидияи Исоро қадр намекунем. Дар ин ҳолат, Падари осмониамон низ моро намебахшад ва мо аз хуни рехтаи Исо баҳра бурда наметавонем (Мат. 18:35). Исо баъди дуои намунавӣ дар ҳамин бора гап зад. (Матто 6:14, 15-ро бихонед.) Барои он ки Худо моро бахшад, ба ғайр аз бахшидани дигарон, мо бояд аз кардани гуноҳи ҷиддӣ дурӣ ҷӯем. Дархости навбатии Исо маҳз дар бораи ҳамин мавзӯъ мебошад (1 Юҳ. 3:4, 6).
«МОРО БА ОЗМОИШ ДУЧОР НАКУН»
12, 13. а) Бо Исо баъд аз таъмид гирифтанаш чӣ рӯй дод? б) Агар мо ба васваса дода шавем, чаро набояд Шайтонро гунаҳкор кунем? в) Исо бо он ки то дами марг ба Яҳува содиқ монд, чиро исбот кард?
12 Барои фаҳмидани суханони ин сарлавҳа, биёед дида бароем, ки баъди таъмид бо Исо чӣ рӯй дод. Рӯҳи Худо Исоро гирифта ба биёбон бурд. Барои чӣ? То ки ӯро «иблис биозмояд» (Мат. 4:1; 6:13). Оё мо аз ин ҳайрон мешавем? Не, агар сабаби ба замин фиристода шудани Исоро фаҳмем. Ҳангоме ки Одаму Ҳавво ҳокимияти Худоро рад карданд, баъзе саволҳои муҳим ба миён омаданд, ки бояд ҳал карда мешуданд. Масалан, оё дар тарзе ки Худо Одаму Ҳавворо офарид, ягон нуқсон буд? Оё метавонад инсони комил ба фишори Иблис нигоҳ накарда ҳокимияти Худоро дастгирӣ кунад? Оё ба инсоният беҳтар аст, ки Худо ҳукмронашон бошад ё худашон? (Ҳас. 3:4, 5). Исо ба Худо содиқ монда исбот кард, ки Шайтон дурӯғгӯй аст. Дар оянда ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб дода мешавад ва он гоҳ ҳама офаридаҳои Худо хоҳанд донист, ки ҳукмронии Яҳува ҳукмронии беҳтарин аст.
13 Яҳува Худои муқаддас аст ва ҳеҷ гоҳ моро бо бадӣ намеозмояд. Он касе ки доимо имони моро меозмояд, Шайтон мебошад, ки дар Китоби Муқаддас «Васвасакор» номида шудааст (Мат. 4:3). Лекин Шайтон моро маҷбур карда наметавонад, ки ба васваса дода шавем. Мо худамон интихоб карда метавонем, ки оё ба гуноҳ даст занем ё не. (Яъқуб 1:13–15-ро бихонед.) Худи Исо ҳар як васвасаи Шайтонро рад мекард ва дар ҷавоби вай аз Каломи Худо иқтибос меовард. Исо ба Худо содиқ монд, лекин Шайтон танҳо «то муддате» аз ӯ дур шуд (Луқ. 4:13). Иблис хеле бисёр кӯшиш кард, лекин Исо ҳама вақт ба Худо чун ба Ҳоким итоат мекард. Ҳамин тавр ӯ исбот кард, ки инсони комил ҳатто зери озмоишу душвориҳои сахттарин метавонад ба Худо содиқ монад. Азбаски мо пайравони Исо мебошем, Шайтон кӯшиш мекунад, ки моро ҳам аз роҳ занад.
14. Барои он ки ба васваса дода нашавем, мо бояд чӣ кор кунем?
14 Савол дар бораи ҳақ будани ҳукмронии Яҳува то ҳол ҳал нашудааст. Барои ҳамин Ӯ роҳ медиҳад, ки Шайтон моро васваса кунад. Худо моро «ба озмоиш дучор» намекунад. Баръакс, Ӯ ба мо боварӣ дорад ва мехоҳад ба мо ёрӣ расонад. Лекин Яҳува ҳеҷ гоҳ моро ба кардани кори дуруст маҷбур намекунад. Ӯ ба мо имконият медиҳад, ки худамон интихоб кунем, ки ба Ӯ содиқ монем ё не. Барои он ки ба Яҳува содиқ монем, мо бояд ду корро кунем: рӯҳан ҳушёру бедор бошем ва дар дуо доимо кӯмаки Ӯро пурсем. Чӣ тавр Яҳува ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад?
Рӯҳоният ва ғайрати худро дар хизмат нигоҳ доред (Ба сархати 15 нигаред.)
15, 16. а) Баъзе аз васвасаҳое ки мо ба онҳо бояд муқобилат кунем, кадоманд? б) Агар шахс ба васваса дода шавад, кӣ айбдор аст?
15 Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддаси худ ба мо қуввати садчандон медиҳад, то ба васвасаҳо муқобилият карда тавонем. Ӯ ҳамчунин ба воситаи Каломаш ва ҷамъомадҳо ба мо огоҳӣ медиҳад. Эспен ва завҷааш Янне дар мамлакати пешрафтаи Аврупо зиндагӣ мекунанд. Тӯли солҳои зиёд онҳо дар маҳалле ки дар он ҷо ниёз ба воизон бештар буд, чун пешрави доимӣ хизмат мекарданд. Вақте ки фарзанди аввалинашон таваллуд шуд, онҳо маҷбур шуданд, ки хизмати пешравиро бас кунанд. Ҳоло онҳо ду фарзанд доранд. Бародар Эспен мегӯяд: «Азбаски ҳозир дар хизмат ба Яҳува вақти камтар мегузаронем, мо доимо аз Ӯ кӯмак мепурсем, ки ба васваса наафтем. Мо аз Яҳува илтимос мекунем, ки ҷидду ҷаҳди худро дар мавъиза гум накунем».
16 Яке аз васвасаҳое ки дар рӯзҳои мо паҳн шудааст, тамошои порнография мебошад. Агар мо ба доми он афтем, Шайтонро айбдор кардан нодуруст мебуд. Барои чӣ? Чунки агар мо кореро кардан нахоҳем, Шайтон ва дунёи вай моро маҷбур карда наметавонанд. Баъзе одамон барои он порнография тамошо мекунанд, ки фикрҳои нопокро аз сари худ дур намесозанд. Лекин ҳазорон бародарону хоҳарони мо ба ин васваса муқобил баромада тавонистанд ва ин нишон медиҳад, ки ин кор аз дасти ҳар яки мо меояд (1 Қӯр. 10:12, 13).
«МОРО АЗ ИБЛИС РАҲОӢ ДЕҲ»
17. а) Чӣ тавр мо нишон диҳем, ки мехоҳем, то Яҳува моро аз Иблис раҳоӣ диҳад? б) Ба наздикӣ чӣ рӯй медиҳад?
17 Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки мехоҳем Яҳува «моро аз иблис раҳоӣ» диҳад? Мо бояд қисми ин ҷаҳон набошем ва «он чиро, ки дар ҷаҳон аст», дӯст надорем (Юҳ. 15:19; 1 Юҳ. 2:15–17). Вақте ки Яҳува Шайтон ва дунёи шарири вайро нест мекунад, зиндагии мо осуда мешавад. Лекин то он замон, мо бояд дар хотир дошта бошем, ки Шайтон сахт хашмгин аст, «чун медонад, ки вақташ кам мондааст». Вай ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад, то ки моро аз хизмат ба Яҳува боздорад. Барои ҳамин, мо бояд доимо ба Яҳува дуо гӯем, то моро аз Иблис раҳоӣ диҳад (Ваҳй 12:12, 17).
18. Агар мо хоҳем, ки дар дунёи наве ки дар он Шайтон намешавад, зиндагӣ кунем, бояд чӣ кор кунем?
18 Оё шумо он замонеро ки Шайтон несту нобуд карда мешавад, интизор мебошед? Пас, дуо гӯед, ки Салтанати Худо биёяд, номи Худо муқаддас гардад ва хости Ӯ дар замин иҷро шавад. Ба Яҳува такя кунед ва барои қонеъ кардани ниёзҳои ҷисмонӣ ва рӯҳонии худ аз Ӯ кӯмак пурсед. Ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед, то мувофиқи дуои намунавӣ зиндагӣ намоед.
-