ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp19 № 3 саҳ. 3
  • Кошки аз марг ҷойи гурез мебуд!

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Кошки аз марг ҷойи гурез мебуд!
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2019
  • Маводи монанд
  • Филми нав барои сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас
    Хизмат ба Салтанати Худо 2014
  • Шоҳидони Яҳува — созмоншудагон барои расонидани паёми Салтанат
    Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Китоби Муқаддас ҳаёти шуморо беҳтар гардонда метавонад
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Китоби Муқаддас ҳаёти шуморо беҳтар гардонда метавонад
    То абад зинда бошед! — Омӯзиши Китоби Муқаддас (дарсҳои аввал)
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2019
wp19 № 3 саҳ. 3
Расми зане дар кӯдакиаш, дарсҳои аввалини мусиқии ӯ, бо дастаи гул, дар рӯзи тӯяш, бо шавҳару писараш, бо шавҳараш дар пирӣ, пианина навохта истодааст ва дар сурат танҳо

Кошки аз марг ҷойи гурез мебуд!

ТАСАВВУР КУНЕД, ки шумо навореро дар бораи сарояндаи дӯстдоштаатон, ки машҳур аст, тамошо доред. Дар аввал айёми кӯдакии ӯ, дарсҳои аввалини мусиқӣ ва машқҳои беохире, ки ӯ дар ҷодаи санъат мекард, намоиш дода мешавад. Сипас, шумо мебинед, ки чӣ хел он сароянда консертҳо ташкил мекунад, ба мамлакатҳои гуногун ба сафарҳои ҳунарӣ меравад ва дар тамоми ҷаҳон номдор мегардад. Лекин дар охир якчанд расму тасвирро аз айёми пиронсолии ӯ мебинед ва бо ин намоиш ба охир мерасад — он ҳунарманд вафот мекунад.

Ин навор ягон қиссаи бофта нест, балки воқеияти ҳаёти ҳар яки мост. Хоҳ одам сароянда бошад, хоҳ олим, хоҳ варзишгар ё ягон шахси дигари номдор гуфтан мумкин, ки қиссаи ҳаёти ҳама як хел аст. Шояд инсон дар ҳаёт ба бисёр чизҳо комёб гаштааст, вале агар пирӣ ва марг намебуд, ӯ эҳтимол ба муваффақиятҳои аз ин ҳам калонтар ноил шуда метавонист, ҳамин тавр-не?

Лекин афсӯс, хоҳем нахоҳем ҳар яки мо як рӯз не, як рӯз мемурем (Воиз 9:5). Новобаста аз саъю кӯшишҳои зиёди худ мо аз пиршавӣ ва марг раҳо ёфта наметавонем. Ғайр аз ин риштаи ҳаёти мо метавонад ногаҳон аз сабаби ҳодисаи нохуш ва касалии даҳшатноке канда шавад. Чуноне ки дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ҳаёти мо «буғест, ки ба муддати кӯтоҳе намоён шуда, баъд нопадид мегардад» (Яъқуб 4:14).

Азбаски одамон намедонанд, ки оянда чӣ мешавад ва маънои ҳаёти худро намефаҳманд, баъзеҳо бо чунин шиор зиндагӣ мекунанд: «биёед бихӯрем ва бинӯшем, зеро фардо хоҳем мурд» (1 Қӯринтиён 15:32). Лекин чунин тарзи зиндагӣ оё нишон намедиҳад, ки мо маргро душмани мағлубнашаванда меҳисобем? Дар асл ҳар як инсон дер ё зуд воқеияти талхи ҳаётро чашида ба худ чунин савол медиҳад: «Наход аз марг ҷойи гурез набошад?!» Шумо аз куҷо ба ин савол ҷавоб ёфта метавонед?

Бисёриҳо барои ба ин савол ҷавоб ёфтан ба илм рӯ меоранд. Пешравиҳои соҳаи илм ва тиб умри одамизодро ба андозае дароз кард. Ва баъзе олимон ҳоло кӯшиш карда истодаанд, ки давомнокии умри одамро зиёдтар кунанд. Новобаста аз натиҷаи кӯшишҳои онҳо чунин саволҳо то ҳол беҷавоб мемонанд: «Барои чӣ мо пир мешавем ва мемирем? Оё умед ҳаст, ки рӯзе душмани одамизод — марг мағлуб мегардад?» Мақолаҳои навбатӣ ба ин мавзӯъ бахшида шудаанд ва ба саволи зерин ҷавоб медиҳанд: «Наход аз марг ҷойи гурез набошад?!»

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан