ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 13
  • Иброҳим — дӯсти худост

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Иброҳим — дӯсти худост
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Яҳува ӯро «дӯсти Ман» номид
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Оё шумо «интизори шаҳре» ҳастед, ки «таҳкурсии ҳақиқӣ дорад»?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
  • Худо имони Иброҳимро меозмояд
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Худо бо Иброҳим–пайғамбар аҳд мебандад
    Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 13
Abraham looking up toward the starry heavens

ҲИКОЯИ 13

Иброҳим — дӯсти худост

ЯКЕ аз ҷойҳое, ки одамон баъд аз Тӯфон кӯч бастанд, шаҳри Ур буд. Ин шаҳр яке аз шаҳрҳои боҳашамате буд бо хонаҳои зебо. Лекин сокинони ин шаҳр ба бутҳо саҷда менамуданд, мисли сокинони Бобил. Сокинони Ур ва Бобил ба Нӯҳ ва писари ӯ Сом, ки хидмат ба Яҳуваро давом медоданд, монанд набуданд.

Билохир, 350 сол баъд аз тӯфон, Нӯҳи содиқ аз олам даргузашт. Расо баъд аз ду сол шахсе ба дунё омад, ки дар расм тасвир шудааст. Худо ӯро бахусус қадр мекард. Номи Ӯ Иброҳим аст. Вай бо аҳли хонаводаи худ дар шаҳри Ур зиндагӣ мекард.

Рӯзе Яҳува ба Иброҳим мегӯяд: «Ур ва хешовандони худро тарк намо ва ба ҷое бирав, ки Ман ба ту нишон медиҳам». Оё Иброҳим ба Худо итоат намуд ва ҷои бароҳат — Урро тарк кард? Бале, ӯ айнан ҳамин тавр намуд, зеро Иброҳим ҳамеша ба Худо итоат мекард ва аз ин сабаб чун дӯсти Худо машҳур шуд.

Баъзе аз хешовандони Иброҳим ҳамроҳи вай Урро тарк карданд. Падари Иброҳим — Тораҳ ва ҳамчунин бародарзодааш Лут ба ӯ ҳамроҳ шуданд. Ва албатта Соро — зани Иброҳим ҳам бо ӯ рафт. Баъд аз чанде, онҳо ба ҷое расиданд, ки Ҳоррон ном дошт ва дар он ҷо Тораҳ фавтид. Онҳо аз Ур хеле дур шуданд.

Пас аз муддате, Иброҳим ва аҳли хонадони ӯ Ҳорронро тарк карданд ва ба сарзамине омаданд, ки Канъон ном дошт. Дар он ҷо Яҳува гуфт: «Ин аст сарзамине, ки Ман ба фарзандонат хоҳам дод». Иброҳим дар Канъон монд ва дар хайма зиндагӣ мекард.

Худо ба Иброҳим кӯмак кард, ки ӯ соҳиби галаҳои бузурги гӯсфандону молҳои дигар ва садҳо хидматгорон шавад. Аммо ӯ ва Соро фарзандони худашонро надоштанд.

Дар 99–солагии Иброҳим Яҳува гуфт: «Қавл медиҳам, ки ту падари миллатҳои зиёд хоҳӣ шуд». Вале ин чӣ гуна бояд рӯй медод, дар ҳолате ки Иброҳим ва Соро барои фарзанддор гаштан аллакай хеле пир буданд?

Ҳастӣ 11:27–32; 12:1–7; 17:1–8, 15–17; 18:9–19.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан