ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 51
  • Рут ва Ноомӣ

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Рут ва Ноомӣ
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Шарҳи мухтасари Рут
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • Минбаъд низ ба якдигар меҳру вафо кунед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
  • «Худованд... рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод»
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 51
Ruth tells Naomi, “Where you go I will go”

ҲИКОЯИ 51

Рут ва Ноомӣ

ЯКЕ АЗ китобҳои Навиштаҳои Муқаддас ба номи Рут аст. Ин нақлест дар бораи як оилае, ки дар замонҳои доварон доштани Исроил зиндагӣ мекард. Рут ҷавонзанест аз кишвари Мӯоб; ӯ ба қавми Худо — Исроил мансуб нест. Аммо вақте ки Рут дар бораи Худои ҳақиқӣ Яҳува дониш гирифт, вай Ӯро хеле дӯст дошт. Ноомӣ зани солхӯрдаест, ки ба Рут дар бораи Яҳува нақл мекард.

Ноомӣ зани исроилӣ аст. Ӯву шавҳараш бо ду писари худ дар замонҳое, ки дар Исроил қаҳтӣ буд, ба замини Мӯоб кӯчида буданд. Баъд аз чанд вақт шавҳари Ноомӣ аз олам даргузашт. Дертар писарони Ноомӣ бо ду духтари мӯобӣ, ки Рут ва Орфо ном доштанд, издивоҷ карданд. Лекин тақрибан баъд аз 10 сол ду писари Ноомӣ ҳам мурданд. Чӣ қадар ғамгин буданд Ноомӣ ва ин ду духтар! Акнун Ноомӣ чӣ кор хоҳад кард?

Рӯзе вай қарор дод, ки ба қавми худ баргардад. Рут ва Орфо мехоҳанд бо Ноомӣ бимонанд ва онҳо ҳам бо ӯ равона мешаванд. Вале ҳамин ки каме роҳро тай мекунанд, Ноомӣ ба духтарон муроҷиат карда, мегӯяд: «Духтаронам, ба хонаҳоятон баргардед ва бо модаратон бимонед».

Ноомӣ бо духтарон хайрухуш карда, онҳоро мебӯсад. Дар ин ҳангом духтарон гиря мекунанд, чунки Ноомиро хеле дӯст медоштанд. Онҳо мегӯянд: «Не! Мо ҳамроҳи ту назди қавмат хоҳем рафт». Лекин Ноомӣ чунин ҷавоб медиҳад: «Шумо бояд баргардед, духтаронам. Беҳтар мешавад, ки дар хонаи худ бимонед». Орфо ба хонааш равона мешавад. Лекин Рут намеравад.

Ноомӣ ба ӯ нигариста, мегӯяд: «Орфо рафт. Ту низ ҳамроҳаш рав». Аммо Рут ҷавоб медиҳад: «Маро маҷбур накун, ки туро тарк кунам! Бимон, ки ҳамроҳат равам. Куҷое ту равӣ, ман ҳам хоҳам рафт ва дар куҷое ки зиндагӣ кунӣ, ман ҳам ҳамон ҷо хоҳам буд. Қавми ту қавми ман хоҳад буд ва Худои ту Худои ман, ҷое ки бимирӣ, маро ҳам ҳамон ҷо дафн хоҳанд кард». Ноомӣ баъд аз шунидани ин суханҳо дигар ӯро барои ба хона баргаштан маҷбур намекунад.

Билохир, ду зан ба Исроил мерасанд. Онҳо дар ин ҷо маскун мешаванд. Рут ҳамон замон ба кори саҳро сар мекунад, чунки вақти ғундоштани ҷав буд. Ва марде бо номи Бӯаз иҷозат медиҳад, ки Рут дар киштзорҳои вай ҳӯшаҳои ҷав ҷамъ кунад. Оё медонӣ, ки модари Бӯаз кист? Ӯ Роҳоб аст, аз шаҳри Ериҳӯ.

Рӯзе Бӯаз ба Рут мегӯяд: «Ман дар бораи ту ва некиҳое, ки дар ҳаққи Ноомӣ кардаӣ, шунидаам. Медонам, ки чӣ тавр ту падару модар ва ватанатро тарк карда, дар ин ҷо, дар байни халқе ки пештар намедонистӣ, зиндагӣ карда истодаӣ. Яҳува туро баракат диҳад!».

Рут ҷавоб медиҳад: «Шумо ба ман хеле меҳрубон ҳастед, ҷаноб. Аз суханҳои шумо худро беҳтар ҳис кардам». Бӯаз Рутро хеле дӯст медорад ва дере нагузашта, ӯро ба занӣ мегирад. Ноомӣ чӣ қадар аз ин хурсанд шудагист! Вақте ки Рут ва Бӯаз соҳиби писаре бо номи Убид мешаванд, хурсандии Ноомӣ дучанд мешавад. Дертар Убид бобои Довуд мешавад, ки дар бораи ӯ баъдтар хеле зиёд хоҳем фаҳмид.

Китоби Рут аз Навиштаҳои Муқаддас.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан