ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 3.10 саҳ. 3-6
  • Нома аз Ҳайати Роҳбарикунанда

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Нома аз Ҳайати Роҳбарикунанда
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2010
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Бо муҳаббати гарми масеҳӣ ба тамоми бародарияти умумиҷаҳониамон,
Хизмат ба Салтанати Худо 2010
km 3.10 саҳ. 3-6

Нома аз Ҳайати Роҳбарикунанда

Бародарону хоҳарони азиз!

Номи Ҳокими Даҳр — Яҳуваро бар худ доштан дар ҳақиқат шарафи бузург аст! Ин ном беҳамто, ҷовид ва бефано аст. Бар худ доштани ин номро худи Яҳува ба мо иҷозат додааст ва аз соли 1931 моро бо ин номи махсус мешиносанд (Иш. 43:10). Мо фахр мекунем, ки бар худ номи Шоҳидони Яҳуваро дорем.

Иблис беист кӯшиш мекунад, ки номи Худоро несту нобуд кунад. Халқҳое, ки таҳти ҳукмронии ӯ мебошанд, нисбати исми Яҳува беҳурматӣ зоҳир карда, онро рад мекунанд. Бобили Бузург, империяи ҷаҳонии дини дурӯғин аз бадбинӣ нисбати исми Худо, онро аз бисёр тарҷумаҳои Китоби Муқаддас нест кардааст. Исо бошад, баръакс, исми Падари худро болобардор мекард. Вай пеш аз ҳама дар дуои намунавӣ, ки онро ба пайравонаш таълим дода буд, номи Худоро хотиррасон кард. Ӯ чунин гуфт: «Пас ба ин мазмун дуо гӯед: “Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! исми Ту муқаддас бод”» (Мат. 6:9). Баъдтар ӯ дар дуои самимӣ ба Падари худ гуфт: «Исми Туро ба одамоне ки аз ҷаҳон ба Ман ато кардӣ, шиносондам» (Юҳ. 17:6). Ба намунаи олиҷаноби Исо пайравӣ намуда, мо аз пештара бисёртар бо ҷидду ҷаҳд исми Яҳуваро дар тамоми рӯи замин эълон мекунем.

Матни солона барои соли 2009 «Дар бораи хушхабар... пурра шаҳодат [диҳед]» моро бармеангехт, ки хизматамонро ҳар чӣ хубтар иҷро кунем (Аъм. 20:24, ТДН). Бешубҳа, Яҳува дар соли хизматии сипаригашта кӯшишҳои моро бо фаровонӣ баракат дод. Дар тамоми ҷаҳон баҳри ҳамду сано ва ҷалоли номи Яҳува шаҳодати бузург дода шуд. Шумораи нави баландтарини воизон, ки 7 313 173 нафарро ташкил медиҳанд, онҳо дар якҷоягӣ ба ҳамаи одамон мавъиза мекунанд ва одамони самимиро, ки мехоҳанд роҳи ҳалли мушкилиҳои ҳаррӯзаашонро ёбанд, таълим медиҳанд. Дар Шоми ёдбуди марги Масеҳ 18 168 323 нафар одамон иштирок карданд ва ин умед ба он мебахшад, ки то поёни ин тартиботи шарирона боз миллионҳо одамони дигар метавонанд исми Яҳуваро ба забон гиранд.

То даме ки Яҳува иҷозат медиҳад, мо хушхабари Салтанатро боғайратона мавъиза карда, аз ҳар имкониятҳо истифода мебарем, то ки одамонро дар маҳалламон ёбем (Мат. 24:14; Марқ. 13:10). Мо мекӯшем, ки хона ба хона, дар кӯчаҳо, тавассути нома, телефон ё ғайрирасман дар бораи исми Яҳува ва мақсадҳои Ӯ ба ҳар чӣ бештари одамон мавъиза кунем.

Мо боварии комил дорем, ки Яҳува ба наздикӣ исми худро муқаддас мегардонад (Ҳиз. 36:23). Вақте фаро расида истоаааст, ки ҳамаи онҳое ки ба номи Худо нанг меоранд маҷбур мешаванд, ки хомӯш гарданд. Он чӣ рӯзи бошукӯҳе барои хизматгорони содиқи Яҳува хоҳад буд, ки исми Ӯро ба одамон мерасонанд ва ҳокимияти Ӯро дастгирӣ мекунанд!

Ғамхории муҳаббатомези Яҳува нисбати халқи Ӯ дар анҷуманҳои вилоятӣ ва байналхалқии «Бедор бошед!», ки қариб дар тамоми ҷаҳон соли 2009 баргузор гардиданд, маълум гашт. Ин анҷуманҳо дар таърихи теократии мо як марҳалае буданд, ки моро барангехтанд, ки рӯзи Яҳуваро фаромӯш накунем ва бедор бимонем (Марқ. 13:37; 1 Тас. 5:1, 2, 4).

Дар ҳақиқат Яҳува нисбати мо некӯст ва дилҳои моро хурсанд мегардонад. Ӯ моро дар чарогоҳҳои сералаф мехобонад ва моро сӯи обҳои роҳатафзо мебарад (Заб. 22:1, 2; 99:2, 5).

Боварӣ дошта бошед, ки агар шумо дар моҳҳои оянда дар кори Салтанат фаъолона иштирок кунед, Яҳува минбаъд низ шуморо баракат хоҳад дод!

Бо муҳаббати гарми масеҳӣ ба тамоми бародарияти умумиҷаҳониамон,

Бародарони шумо,

Ҳайати Роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува

[Саҳифаи холӣ дар саҳифҳоаи 5-ум ва 6-ум]

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан