Кори муҳимтарин
1. Миннатдории самимӣ барои хизмат, моро ба кардани кадом қурбониҳо бармеангезад?
1 Чаро мо доимо барангехта мешавем, ки вақту қувват ва дороии худро барои хизмат сарф кунем? Чунки кори аз ин бузургтаре нест! Мулоҳиза кардан оиди аҳамияти бузурги он, метавонад хоҳиши дар ин кори такрорнашаванда иштирок карданамонро зиёд мегардонад (Аъм. 20:24).
2. Чӣ тавр мавъизаи мо барои муқаддас гардидани исми бузурги Яҳува кӯмак мерасонад?
2 Исми Яҳуваро муқаддас мегардонад. Кори мавъиза нишон медиҳад, ки ба ҷойи ҳамаи ҳокимиятҳои одамӣ Салтанати Яҳува тавассути Исои Масеҳ роҳбарӣ хоҳад кард ва мушкилиҳои тамоми инсониятро ҳал хоҳад намуд (Мат. 6:9, 10). Яҳува бузург аст ва Ӯ ягона шахсиятест, ки моро аз беморӣ ва марг наҷот дода метавонад (Иш. 25:8; 33:24). Азбаски мо ба дигарон исми Худоро мерасонем, онҳо рафтори хуб ва ғаюрии моро мушоҳида карда, метавонанд Ӯро ҳамду сано хонанд (1 Пет. 2:12). Чӣ қаноатмандиеро ба мо мебахшад он ки мо дар тамоми рӯи замин исми Яҳува Худои Таоло маълум месозем! (Заб. 83:18, ТФ).
3. Онҳое ки хушхабарро шунида мувофиқи он амал мекунанд, кадом баракатҳоро соҳиб мешаванд?
3 Ҳаётро наҷот медиҳад. Яҳува «намехоҳад, ки касе нобуд шавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд» (2 Пет. 3:9). Вале чӣ гуна одамон бе таълимдиҳанда мефаҳманд, ки чӣ ба Яҳува маъқул аст ва чӣ не? (Юнус 4:11; Рум. 10:13–15). Вақте ки одамон хушхабарро шунида мувофиқи он зиндагӣ мекунанд, онҳо аз одатҳои бад даст мекашанд, ки аз ин ҳаёташон беҳтар мегардад (Мик. 4:1–4). Зиёда аз ин онҳо имконияти хурсандибахши абадан зиндагӣ карданро пайдо мекунанд. Фаъолона мавъиза кардан ва таълим доданамон худи мо ва касонеро ки ба мо гӯш медиҳанд, наҷот медиҳад (1 Тим. 4:16). Барои мо дар ин кори муҳимтарин иштирок кардан, чӣ нақши афзалиятнокест!
4. Чаро мо бояд фаъолона бо кори мавъиза ва шогирдсозӣ машғул бошем?
4 Ба наздикӣ мусибати бузург бар ин тартиботи бадкор хотимаи ногаҳонӣ мебахшад. Онҳое ки тарафдори Яҳува мешаванд, наҷот меёбанд. Ҳамин тавр мавъиза ва шогирдсозӣ кори аз ҳама фаврӣ, муҳимтарин ва фоиданоке мебошад, ки имрӯз иҷро шуда истодааст. Пас, биёед ин корро дар ҳаёти худ дар ҷойи аввал гузорем! (Мат. 6:33).