Китоби Муқаддас — қувваест, ки ҳаёти инсонро дигар мекунад
Китоби Муқаддас ба миллионҳо одамон қувват мебахшад, ки ҳаёташонро беҳтар гардонанд. Кадом принсипҳои Китоби Муқаддас барои аз сар гузаронидани проблемаҳои имрӯза кӯмак расонда метавонанд? Вақте ки филми «Китоби Муқаддас — қувваест, ки ҳаёти инсонро дигар мекунад»-ро тамошо мекунед ба ин савол ҷавоб меёбед ва аз ин шумо бешубҳа хурсанд мешавед. Ин филм яке аз се филмҳоест, ки дар DVD-и диски «Китоби Муқаддас — китоби далелу пешгӯиҳост» ҷой дорад. Баъди тамошои филмҳои мазкур, оё шумо метавонед ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед?
1) Ба кадом маъно Китоби Муқаддас шоҳасари адабиётҳои зиёд мебошад? (Ибр. 4:12) 2) Агар Китоби Муқаддас ба беҳтар гардондани ҳаёти одамон кӯмак расонад, пас чаро инсоният аз проблемаҳои зиёд азоб мекашад? 3) Мавзӯи асосии Китоби Муқаддас чист? 4) Кадом оятҳои Китоби Муқаддас, ки иқтибос оварда шуданд, ба ҳамсарон дар: а) беҳтар гардондани муносибат ва б) худдорӣ кардан аз хашм кӯмак мекунад? 5) Чӣ тавр нуқтаи назари масеҳӣ оиди издивоҷ, ҳаёти оилавиро беҳтар мегардонад? (Эфс. 5:28, 29) 6) Чӣ гуна Яҳува ба волидон намунаи комил дода аст? (Марқ. 1:9–11) 7) Чӣ тавр волидон метавонанд, ки омӯзиши оилавиро шавқовар гузаронанд? 8) Ғайр аз омӯзиши Китоби Муқаддас, ба фарзандон боз чӣ лозим аст ва дар ин маврид Каломи Худо волидонро ба чӣ бармеангезад? 9) Чӣ гуна маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ба оилаҳо барои бартараф кардани мушкилиҳои иқтисодӣ кӯмак расонда метавонанд? 10) Барои он ки саломатиамон зарар набинад кадом принсипҳои Навиштаҳо дар мавридҳои зерин ба мо кӯмак расонда метавонанд: нигоҳ доштани тозагӣ, дурӣ ҷустан аз нашъамандиву майпарастӣ ва камтар ташвиш кашидан? 11) Кадом ваъдаҳои Китоби Муқаддас моро дастгирӣ карда метавонанд? (Айюб 33:25; Заб. 144:16) 12) Чӣ гуна таълимоти Каломи Худо ҳаёти шуморо дигар карданд? 13) Чӣ тавр шумо аз ин филм истифода бурда, ба дигарон кӯмак карда метавонед?