ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • fy боби 9 саҳ. 103-115
  • Оилаҳои нопурра метавонанд муваффақ бошанд!

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оилаҳои нопурра метавонанд муваффақ бошанд!
  • Сирри хушбахтии оила
  • Зерсарлавҳаҳо
  • БАРОМАДАН АЗ ӮҲДАИ КОРҲОИ ХОНА
  • МУШКИЛИИ ТАЪМИНИ ОИЛА
  • КӢ БАР КӢ ҒАМХОРӢ МЕКУНАД?
  • МУҲИММИЯТИ ИНТИЗОМ
  • ҒАЛАБА БАР ЭҲСОСИ ТАНҲОӢ
  • ДИГАРОН ЧӢ ТАВР ЁРӢ ДОДА МЕТАВОНАНД
Сирри хушбахтии оила
fy боби 9 саҳ. 103-115

БОБИ НӮҲ

Оилаҳои нопурра метавонанд муваффақ бошанд!

1–3. Чаро шумораи оилаҳои нопурра меафзояд ва ин чӣ таъсире мегузорад ба касоне, ки дар чунин вазъ қарор мегиранд?

ДАР Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оилаҳои нопурра “шакли афзоишёбандатарини оила” номида шуданд. Дар мамлакатҳои зиёди дигар низ вазъият чунин аст. Шумораи рекордии талоқ, партофта рафтани ҳамсар, ҷудо зиндагӣ кардан, бе издивоҷ ба дунё овардани кӯдак — ин ҳама оқибатҳои дурраванда барои миллионҳо волидону бачаҳоянд.

2 Модаре навишт: “Ман 28–солаам. Ду фарзанд дораму бева ҳастам. Аз ин хеле афсурдахотирам, зеро намехоҳам, ки бачаҳоям бе падар бузург шаванд. Эҳсосе дорам, ки касе бар ман ғамхорӣ намекунад. Кӯдаконам маро зуд–зуд гирён мебинанд ва аз ин ғам мехӯранд”. Ба ғайр аз мубориза бо чунин эҳсосоте мисли хашм, гунаҳкорӣ ва танҳоӣ, аксари волидон дар оилаҳои нопурра бояд барои таъмини оила кор кунанд ва дар хона низ рӯзгорро идора намоянд. Яке аз чунин волидон гуфт: “Падар ё модари танҳо мисли жонглёр аст. Баъд аз шаш моҳи машқ, билохир шумо дар як вақт бо чор тӯбча бозӣ карданро ёд мегиред. Вале ҳамин ки ёд гирифтед, касе тӯбчаи наверо ба шумо ҳаво медиҳад!”.

3 Бачаҳо дар оилаи нопурра мушкилиҳои худро доранд. Шояд бо эҳсосоти шадиди баъд аз талоқи волидон ё марги нобаҳангоми яке аз онҳо баамаломада мубориза мебаранд. Зоҳиран набудани падар ё модар ба бачаҳо таъсири манфии амиқе мегузорад.

4. Аз куҷо медонем, ки Яҳува нисбати оилаҳои нопурра ғамхор аст?

4 Оилаҳои нопурра дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас низ вуҷуд доштанд. Дар ин китоб борҳо калимаҳои «ятим» ва «бевазан» вомехӯранд (Хуруҷ 22:22; Такрори Шариат 24:19–21; Айюб 31:16–22). Яҳува Худо ба мушкилии вазъи онҳо бетараф набуд. Забурнавис Худоро «падари ятимон ва довари бевазанон» номидааст (Забур 67:6). Пас, бешубҳа, Яҳува ба оилаҳои нопурраи имрӯза низ ҳамин гуна ғамхор аст! Дар ҳақиқат, Каломи Ӯ принсипҳое пешниҳод менамояд, ки ба чунин оилаҳо барои расидан ба муваффақият кӯмак мекунанд.

БАРОМАДАН АЗ ӮҲДАИ КОРҲОИ ХОНА

5. Волидон дар оилаҳои нопурра дар вақтҳои аввал ба чӣ мушкилиҳое рӯ ба рӯ мешаванд?

5 Ба мушкилиҳои идораи рӯзгор рӯ меорем. “Зуд–зуд мешавад, ки ба дасти мард ниёз пайдо мегардад,— мегӯяд зани аз шавҳар ҷудошудае,— масалан, вақте ки хона ба таъмир эҳтиёҷ дораду ту намедонӣ, ки корро аз чӣ оғоз намоӣ”. Мисли ин, мардҳое, ки ҳамсарашон талоқгирифта ё фавтида аст, аз он ки корҳои хеле зиёдеро бояд дар хона ба ҷо оваранд, ҳисобашон гум мешавад. Бетартибии хона бошад, ба кӯдакон эҳсоси нопойдориву бесуботӣ ва таҳлука медиҳад.

Тасвири саҳифаи 109

Бачаҳо, бо волидони танҳоятон ҳамкорӣ намоед

6, 7. а) Намунаи хуби «зани солеҳа»–е, ки дар китоби Масалҳо дода шудааст, чӣ гуна аст? б) Чӣ гуна ғайрату меҳнатдӯстӣ ба волидони танҳо дар иҷроиши корҳои хона кӯмак карда метавонад?

6 Чӣ кӯмак карда метавонад? Ба намунаи «зани солеҳа»–е, ки дар Масалҳо 31:10–31 тасвир шудааст, таваҷҷӯҳ кунед. Шумораи вазифаҳои ӯ тасхиркунанда аст: хариду фурӯш, дӯхтудӯз, пухтупаз, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва коргузорӣ. Сирри муваффақияти вай дар чист? Ӯ меҳнатдӯст буд, аз субҳи барвақт машғули кор мешуд. Бар илова, ин зан корҳоро хуб ташкил менамуд, баъзе аз онҳоро ба дигарон месупурд, корҳои дигарро бо дасти худ ба манфиати дигарон мекард. Тааҷҷубовар нест, ки ӯ мавриди таҳсин буд!

7 Агар шумо волиде ҳастед, ки фарзандонро танҳо ба воя мерасонед, масъулиятҳои дар хона доштаатонро боинсофона ба ҷо оред. Ин корҳоро бо хурсандӣ анҷом диҳед, зеро онҳо ба хушбахтии бачаҳои шумо мусоидат мекунанд. Дар ҳар сурат банақшагирӣ ва ташкили хуб муҳим аст. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Мулоҳизаҳои шахси ғайратманд яқинан нафъовар аст» (Масалҳо 21:5). Падаре, ки фарзандонашро танҳо ба воя мерасонад, эътироф намуд: “Ман то гурусна нашавам, майли дар бораи хӯрок фикр кардан надорам”. Аммо хӯроке, ки дар вақташ пухта мешавад, одатан ғизоноктару болаззаттар аст, назар ба оне, ки саросемавор тайёр мегардад. Бароятон шояд лозим ояд, ки ҳунарҳои наверо барои анҷоми корҳои хона ёд гиред. Бо кӯмаки дӯстони таҷрибадор, китобҳои дорои маслиҳатҳои амалӣ ва мутахассисон баъзе модарони танҳо рангубор, таъмири оддии лӯлаҳои об ва дастгоҳҳои рӯзгорро омӯхтанд.

8. Кӯдакон дар оилаҳои нопурра чӣ тавр дар иҷроиши корҳои хона ба волид кӯмак карда метавонанд?

8 Оё аз фарзандон ёрӣ пурсидан дуруст аст? Модари танҳое фикри худро иброз кард: “Кас мехоҳад надоштани падарро ба кӯдакон бо осонтар кардани зиндагии онҳо ҷуброн намояд”. Ин фаҳмост, вале чунин тарзи амал на ҳамеша барои кӯдакон муфид аст. Наврасони худотарс, дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас, ба корҳои муносиб таъин шуда буданд (Ҳастӣ 37:2; Суруди сурудҳо 1:6). Аз ин рӯ, гарчанде ки аз гузоштани бори аз ҳад зиёд бар дӯши кӯдакон эҳтиёт бояд шуд, шумо метавонед ба онҳо корҳое аз қабили шустани зарфҳо ва ба тартиб овардани ҳуҷраҳояшон биспоред. Чаро баъзе корҳоро бо ҳам иҷро накунед? Ин метавонад қаноатмандии зиёде ба бор орад.

МУШКИЛИИ ТАЪМИНИ ОИЛА

Тасвири саҳифаи 107

То ҳадди имкон вақти бештаре бо фарзандонатон гузаронед

9. Чаро модарони танҳо бо мушкилиҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешаванд?

9 Барои аксарияти волидони танҳо аз ҷиҳати моддӣ таъмин кардани оила душвор аст, бахусус ба модарони ҷавоне, ки издивоҷ накардаандa. Дар кишварҳое, ки ба онҳо аз тарафи давлат кӯмаки иҷтимоӣ дода мешавад, хуб аст, ки аз он истифода гардад, ақаллан то вақти ёфтани ҷои кор. Китоби Муқаддас ба ходимони Худо иҷозат медиҳад, ки дар вақти лозима аз чунин таъминот истифода кунанд (Румиён 13:1, 6). Ба бевазанҳову талоқгирифтагон низ чунин мушкилиҳо пеш меоянд. Бисёре аз онҳое, ки солҳо хонашин буданд, маҷбур мешаванд, ки ҷои кор ёбанд ва аксаран танҳо кори каммаош пайдо мекунанд. Баъзеҳо ягон курси кӯтоҳмуддати касбиеро хатм намуда, вазъияти хешро беҳтар месозанд.

10. Чӣ тавр модари муҷаррад ба бачаҳояш сабаби ҷои кор ҷустанашро фаҳмонида метавонад?

10 Агар бачаҳоятон аз ҷои кор ҷустани шумо норозигӣ зоҳир намоянд, ба ҳайрат наоед ва эҳсоси гунаҳкорӣ ҳам накунед. Ба ҷои ин, ба онҳо фаҳмонед, ки чаро кор кардани шумо лозим аст ва кӯмак кунед дарк намоянд, ки Яҳува аз шумо таъмини онҳоро талаб мекунад (1 Тимотиюс 5:8). Бо гузашти вақт аксари бачаҳо ба дигаргуниҳо одат мекунанд. Ба ҳар ҳол, саъй намоед, то ҳар қадаре ки реҷаи кориатон имконият диҳад, вақти бештаре бо кӯдакон гузаронед. Чунин таваҷҷӯҳи пурмеҳр ҳамчунин қувваи зарбаи маҳдудиятҳои иқтисодии ба сари оила омадаро камтар месозад — Масалҳо 15:16, 17.

КӢ БАР КӢ ҒАМХОРӢ МЕКУНАД?

Тасвири саҳифаи 110

Ҷамоати ходимони Худо ба «ятимон» ва «бевазанон» беэътиноӣ намекунад

11, 12. Кадом меъёрҳоро дар муносибат бо фарзандон падар ё модари муҷаррад бояд нигаҳ дорад ва ӯ ин корро чӣ тавр карда метавонад?

11 Табиист, ки байни падар ё модари бачаҳоро танҳо тарбиякунандаву фарзандон муносибати бахусус наздике ҳаст, аммо эҳтиёт бояд шуд, ки сарҳади байни волидону фарзандон гузоштаи Худо вайрон нашавад. Масалан, агар модари муҷаррад ба сари писараш масъулияти сарварии оиларо гузорад, ё ба духтараш чун ба маҳрами роз муносибат намуда, бори мушкилиҳои худро ба китфи вай монад, душвориҳои ҷиддӣ пайдо шуда метавонанд. Ин амали нодуруст буда, кӯдакро ба стресс ё мушавашхотирӣ меорад.

12 Бачаҳоятонро итминон бахшед, ки шумо бар онҳо ғамхорӣ хоҳед кард, на баръакс,— зеро шумо волид ҳастед (2 Қӯринтиён 12:14-ро қиёс кунед). Баъзан эҳтимол ба маслиҳат ё дастгирӣ мӯҳтоҷ шавед. Онро аз пирони ҷамъомад ё аз занҳои рӯҳан баркамол ҷӯед, на аз кӯдаконатон — Титус 2:3.

МУҲИММИЯТИ ИНТИЗОМ

13. Чӣ мушкилие дар тарбияву танбеҳ додани кӯдак бар модари муҷаррад пеш омада метавонад?

13 Ба мард одатан барои он ки талаби интизому танбеҳи ӯро ҷиддӣ бигиранд, саъю кӯшиши зиёд лозим нест, аммо аз дасти зан ин кор на ҳамеша меояд. Модари муҷарраде мегӯяд: “Андому овози писарҳои ман мисли мардҳои баркамол аст. Баъзан хеле мушкил аст, ки худро дар назди онҳо заифу беҷуръат эҳсос накунам”. Ғайр аз ин, шояд шумо ҳанӯз ҳам дар марги ҳамсари азизатон сӯгворӣ доред ва ё эҳсоси гунаҳкорӣ ё хашми баъд аз талоқ пайдошуда шуморо тарк намекунанд. Агар сарпарастии фарзанд ба зиммаи ҳам шумову ҳам ҳамсари собиқатон бошад, шояд тарс дошта бошед, ки рӯзе кӯдакатон бо ӯ монданро афзалтар хоҳад донист. Ин гуна вазъият бомувозинат тарбияву танбеҳ додани кӯдакро душвор гардонида метавонад.

14. Чӣ гуна волиди муҷаррад назари дурусте бар тарбияи кӯдакон дошта метавонад?

14 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «бачаи беназорат модари худро нангин мекунад» (Масалҳо 29:15). Дар муқаррар кардани қоидаҳо дар оилаву пасон талаб намудани иҷрои онҳо шуморо Яҳува дастгирӣ мекунад, з–ин рӯ ба эҳсоси гунаҳкорӣ, пушаймонӣ ё тарс дода нашавед (Масалҳо 1:8). Ҳеҷ гоҳ принсипҳои Китоби Муқаддасро зери пой накунед (Масалҳо 13:24). Бикӯшед, ки оқил ва устувор бошеду фикру амалҳоятон тағйирпазир набошанд. Бо гузашти вақт аксари бачаҳо ба ин кӯшишҳо мусбат ҷавоб медиҳанд. Ба ҳар ҳол, шумо бояд эҳсосоти бачаҳоятонро ба назар бигиред. Падари муҷарраде мегӯяд: «Ҳангоми тарбияву танбеҳи кӯдакон ҳамеша зарбаеро, ки марги модарашон ба онҳо расонд, дар хотир медорам. Ҳар имкониятро истифода мебарам, то бо бачаҳо сӯҳбат намоям. Ҳангоми тайёр кардани таоми шом, мо бо ҳам “чақ–чақ” мекунем. Дар ин лаҳзаҳо бачаҳо воқеан ба ман рози дил менамоянд».

15. Ба онҳое, ки талоқ гирифтаанд, ҳангоми суханронӣ дар бораи ҳамсари собиқ аз чӣ худдорӣ бояд кард?

15 Агар шумо талоқ гирифта бошед, ба назар гиред, ки кӯшишҳои дар назари бачаҳо беобрӯ кардани ҳамсари собиқатон кори хуб нест. Муноқишаҳои волидон барои бачаҳо дарднок аст ва билохир эҳтироми ҳардуи шуморо дар онҳо заиф мегардонад. Бинобар ин, аз гуфтани суханҳое монанди “Ту айнан мисли падарат бад ҳастӣ!”,— худдорӣ бояд кард. Ҳар қадаре ки ҳамсари собиқатон шуморо ранҷонида бошад ҳам, ӯ ҳанӯз падар ё модари фарзанди шумост ва кӯдак ба муҳаббат, таваҷҷӯҳ ва тарбияи ҳарду волидон ниёз дорадb.

16. Кадом чорабиниҳои рӯҳонӣ бояд ҷузъи ҳамешагии тарбия дар оилаҳои нопурра бошанд?

16 Ҳамон тавре ки дар бобҳои пешин зикр шуда буд, тарбия на танҳо танбеҳ, балки таълиму насиҳатро дар бар мегирад. Барномаи хуби омӯзиши рӯҳонӣ метавонад мушкилиҳои зиёдеро пешгирӣ намояд (Филиппиён 3:16). Ташрифи мунтазам ба ҷамъомадҳои ходимони Худо муҳим аст (Ибриён 10:24, 25). Ҳамчунин ҳар ҳафта омӯзиши оилавии Китоби Муқаддас бояд гузаронд. Дуруст аст, ки ба ҷо овардани инҳо осон нест. “Баъд аз итмоми рӯзи корӣ, ту ҳақиқатан мехоҳӣ, ки истироҳат кунӣ,— мегӯяд модаре, ки боинсофона вазифаҳояшро ба ҷо меорад.— Аммо ман худамро фикран ба омӯзиш бо духтарам майл мекунонам, зеро медонам, ки ин кор муҳим аст. Духтарам омӯзиши оилавии моро хеле дӯст медорад!”.

17. Аз тарбияи хуби ҳамкори Павлуси расул — Тимотиюс чӣ омӯхта метавонем?

17 Ба Тимотиюси ҳамкори Павлуси расул зоҳиран модару модаркалонаш принсипҳои Китоби Муқаддасро омӯзонданд, на падараш. Ва чӣ ходими хуби Худо шуд Тимотиюс! (Аъмол 16:1, 2; 2 Тимотиюс 1:5; 3:14, 15). Агар ҷаҳд кунед, ки фарзандонатонро «дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед», шумо низ ба чунин натиҷаҳои дилхоҳ мерасед — Эфсӯсиён 6:4.

ҒАЛАБА БАР ЭҲСОСИ ТАНҲОӢ

18, 19. а) Эҳсоси танҳоӣ дар волидони муҷаррад чӣ гуна зоҳир гашта метавонад? б) Чӣ панде барои идора кардани хоҳишҳои ҷисм кӯмак мекунад?

18 Нафаре аз волидони муҷаррад шикоят кард: “Ҳангоме ки ба хона, байни ин чор девор бармегардам ва хусусан баъд аз он ки бачаҳоро мехобонам, эҳсоси танҳоӣ маро сахт фишор медиҳад...”. Бале, танҳоӣ одатан мушкилии бузургтаринест, ки пешорӯи волидони муҷаррад меистад. Хоҳиши муносибатҳои гарму навозиши ҳамсарӣ доштан табиӣ мебошад. Вале магар ҳал кардани ин масъала бо ҳар роҳе, ки пеш ояд, дуруст аст? Дар рӯзҳои Павлуси расул, баъзе бевазанҳо роҳ доданд, ки «шаҳват онҳоро аз Масеҳ дур» кунад (1 Тимотиюс 5:11, 12). Агар ба хоҳишҳои ҷисм роҳ диҳед, ки аз рағбати ба рӯҳоният доштаи шумо боло истанд, ин ба шикасти пурра меоварад — 1 Тимотиюс 5:6.

19 Як марде, ки ходими Худост, гуфт: “Хоҳишҳои шаҳвонӣ метавонанд хеле қавӣ бошанд, вале шумо ба идораи онҳо қодиред. Вақте ки чунин фикрҳо ба саратон меоянд, бояд онҳоро аз худ биронед. Дар онҳо таваққуф накунед. Ҳамчунин андеша дар бораи кӯдакатон кӯмак менамояд”. Каломи Худо панд медиҳад: «Андоми заминии худро: ҳирс, ҳаваси бадро... бикушед» (Қӯлассиён 3:5). Агар шумо иштиҳои худро «куштанӣ» бошед, оё маҷаллаҳоеро, ки таомҳои лазизро тасвир мекунанд, мехонед? Ё бо касоне ки фақат дар бораи хӯрок сӯҳбат менамоянд, муошират мекунед? Албатта, не! Нисбати хоҳишҳои ҷисм низ ҳаминро метавон гуфт.

20. а) Чӣ хатаре ба онҳое, ки бо шахсони беимон нияти хонадоршавӣ доранд, таҳдид мекунад? б) Чӣ тавр муҷаррадони асри як ва имрӯза бар эҳсоси танҳоӣ ғолиб меоянд?

20 Баъзе ходимони Худо бо нияти издивоҷ бо касони беимон вохӯрданро сар мекунанд (1 Қӯринтиён 7:39). Оё ин ҳалли мушкилист? На. Зани талоқгирифтае, ки ходими Худост, иброз намуд: “Чизе вуҷуд дорад, ки хеле бадтар аз танҳоӣ аст — ҳамсари шахси номуносибе будан!”. Аз байни ходимони Худо дар асри I, онҳое ки ҳамсарашон вафот карда буд, бешубҳа эҳсоси танҳоӣ доштанд, вале занони оқила «ғарибонро меҳмондорӣ карда, пойҳои муқаддасонро шуста, аламзадагонро дастгирӣ намуда», худро бо ин корҳои хайр машғул медоштанд (1 Тимотиюс 5:10). Ходимони имрӯзаи Худо низ, ки солҳои зиёде ба умеди ёфтани ҳамсари худотарсанд, худро ба аъмоли нек банд мекунанд. Бевазани 68–солае ҳар гоҳе худро танҳо эҳсос мекард, бевазанҳои дигарро хабар мегирифт. Ӯ чунин гуфт: “Ман дарк кардам, ки хабар гирифтани дигарон, кардани корҳои хона ва ғамхорӣ оиди рӯҳониятам дигар вақте барои эҳсоси танҳоӣ намегузорад”. Ба дигарон оиди Салтанати Худо таълим додан кори бахусус муфиде аст — Матто 28:19, 20.

21. Дуо ва муоширати хуб чӣ гуна барои рафъ кардани эҳсоси танҳоӣ кӯмак карда метавонад?

21 Албатта, аз эҳсоси танҳоӣ бо мӯъҷизае халос шудан имконнопазир мебошад. Аммо бо ёрии қувва аз Яҳува ба он дошт додан мумкин аст. Чунин қувва вақте меояд, ки ходими Худо «шабу рӯз ба тазаррӯъ ва дуо машғул аст» (1 Тимотиюс 5:5). «Тазаррӯъ» — бо зорӣ, ҳатто бо гиряву нола аз Худо пурсидани кӯмакро ифода мекунад (бо Ибриён 5:7 қиёс намоед). «Шабу рӯз» ба Яҳува холӣ кардани дил дар ҳақиқат ёрӣ медиҳад. Ғайр аз ин, муоширати солиму муфид метавонад кори зиёде дар пур кардани холигие бикунад, ки аз танҳоӣ пайдо мешавад. Тавассути ин гуна муоширати хуб, шахс метавонад «сухани меҳрубонона»–и рӯҳбаландкунандае бишнавад, ки дар Масалҳо 12:25 тасвир ёфтааст.

22. Кадом мулоҳизаҳо ҳангоми вақт аз вақт пайдо шудани эҳсоси танҳоӣ кӯмакрасонанд?

22 Агар эҳсоси танҳоӣ вақт аз вақт пайдо шавад,— ва ин эҳтимолияти пурра дорад,— дар ёд доред, ки касе дар ин дунё бе мушкилӣ нест. Воқеан, «бародарони шумо низ, ки дар сар то сари ҷаҳон ҳастанд», ба ин ё он шакл азоб мекашанд (1 Петрус 5:9). Бикӯшед, ки фақат бо ёди гузашта зиндагӣ накунед (Воиз 7:10). Афзалиятҳои доштаатонро, ки аз онҳо баҳра мебаред, қадр намоед. Болотар аз ҳама, қатъан қарор кунед, ки беайбии худро нигаҳ дошта, дили Яҳуваро шод месозед — Масалҳо 27:11.

ДИГАРОН ЧӢ ТАВР ЁРӢ ДОДА МЕТАВОНАНД

23. Нисбати волидони муҷарради ҷамоати ходимони Худо ҳамимонон бар чӣ мутассаддиянд?

23 Дастгириву ёрии ҳамимонон бебаҳост. Ояти Яъқуб 1:27 мегӯяд: «Дини пок ва беайб ба ҳузури Худо ва Падар ин аст, ки ятимон ва бевазанонро дар андӯҳи онҳо парасторӣ кунем». Бале, ходимони Худо барои кӯмак ба волидони муҷаррад мутасаддиянд. Кадом тарзҳои расонидани ёрии амалӣ бар онҳо вуҷуд дорад?

24. Ба оилаҳои нопурраи эҳтиёҷманд чӣ гуна дасти ёрӣ дароз кардан мумкин аст?

24 Кӯмаки моддӣ расонидан мумкин аст. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Агар касе ки дар ҷаҳон осудаҳол аст, бародари худро дар ҳолати мӯҳтоҷӣ дида, раҳмдилии худро аз вай дареғ медорад,— чӣ гуна муҳаббати Худо дар ӯ сокин аст?» (1 Юҳанно 3:17). Калимаи юноние, ки ин ҷо «дидан» тарҷума шудааст, аслан маънои на фақат назар андохтан, балки бо таваҷҷӯҳ нигоҳ карданро дорад. Ин нишон медиҳад, ки ходими Худо, бояд аввал бо вазъу эҳтиёҷоти хонадон ошно шавад. Шояд онҳо ба пул ниёз дошта бошанд. Шояд чизе дар хона ба таъмир эҳтиёҷ дорад. Ё эҳтимол, агар онҳоро ба меҳмонӣ ё вохӯрие даъват намоед, миннатдор мешуданд.

25. Ҳамимонон ба волидони танҳо чӣ тавр ҳамдардӣ зоҳир намуда метавонанд?

25 Ғайр аз ин, дар 1 Петрус 3:8 гуфта шудааст: «Ҳамаатон ҳамфикр, ҳамдард, бародардӯст, бошафқат, меҳрубон ва фурӯтан бошед». Модари танҳое, ки шаш фарзанд дорад, чунин гуфт: «Зиндагӣ вазнин аст ва баъзан фишори он маро рӯҳафтода мекунад. Вале гоҳе яке аз бародарон ё хоҳарон ба ман мегӯяд: “Ҷоан, ту кори хеле хубе мекунӣ! Натиҷааш хеле арзанда хоҳад буд”.—Танҳо донистани он ки дигарон дар бораи ту фикру ғамхорӣ мекунанд, он қадар ёридиҳанда аст!» Занони солхӯрдатаре, ки ходими Худоянд, метавонанд ба модарони ҷавони фарзандонро танҳо тарбиякунанда бо гӯш додан ба мушкилиҳое, ки шояд ҷавонзанон аз муҳокимаи онҳо бо мардон эҳсоси ногуворӣ мекунанд, кӯмак намоянд.

26. Мардони рӯҳан баркамол ба бачаҳои бепадар чӣ тавр кӯмак карда метавонанд?

26 Мардони ходими Худобуда низ имкониятҳои ёрирасонӣ доранд. Айюби одил мегуфт: «Ятимеро, ки мададгор надошт, раҳо мекардам» (Айюб 29:12). Баъзе мардони имрӯзаи ходими Худобуда ба бачаҳои бепадар таваҷҷӯҳи солиму муҳаббати самимии «аз дили соф ва виҷдони нек» барояндаву беғараз (яъне ҳеҷ ниятҳои пӯшида надошта) зоҳир менамоянд (1 Тимотиюс 1:5). Бидуни беэътиноӣ ба оилаҳои худ, ин мардон вақт аз вақт бо чунин бачаҳо дар хидмат ҳамкорӣ мекунанд ва инчунин ба омӯзиши оилавии Китоби Муқаддас ва ё бо ҳамгузаронии истироҳат даъват менамоянд. Ин гуна меҳрубонӣ метавонад бачаи бепадар бавоярасандаро аз рафтан ба роҳи бад нигаҳ дорад.

27. Ба дастгирии кӣ волидони муҷаррад эътимод дошта метавонанд?

27 Ниҳоятан, волидони муҷаррад албатта бояд бори масъулияти худашонро бардоранд (Ғалотиён 6:5). Ва дар ҳар сурат, онҳоро бародарону хоҳарони ҳамимонашон ва худи Яҳува Худо дӯст медоранд. Дар бораи Худо Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ятимон ва бевазанонро тақвият медиҳад» (Забур 145:9). Бо дастгирии меҳрубононаи Ӯ оилаҳои нопурра ба муваффақият ноил шуда метавонанд!

a Агар духтари ҷавоне, ки ходими Худо аст, бо сабаби бадахлоқии ҷинсӣ ҳомила гардад, ҷамоати ходимони Худо албатта рафтори ӯро сафед намекунад. Вале дар сурати тавба кардани ӯ, пирон ва аъзоёни дигари ҷамоат агар хоҳиш дошта бошанд, метавонанд ба вай кӯмак пешниҳод намоянд.

b Ин ҷо сухан дар бораи ҳолатҳое намеравад, ки дар онҳо шояд кӯдак ба ҳимоя аз муносибати золимонаи яке аз волидон ниёз дошта бошад. Ҳамчунин, агар ҳамсари собиқатон обрӯи шуморо дар назди фарзандон рехтанӣ бошаду шояд мақсад дорад, то кӯдаконро ба тарк кардани шумо майл кунонад, хуб мешуд, ки барои ҳалли ин вазъият ба дӯстони таҷрибаноке мисли пирони ҷамоати ходимони Худо барои маслиҳат рӯ оваред.

ЧӢ ГУНА ПРИНСИПҲОИ ЗЕРИНИ КИТОБИ МУҚАДДАС КӮМАК МЕКУНАНД, КИ... ВОЛИДОН ВА ФАРЗАНДОН АЗ ӮҲДАИ ҲАЛЛИ МУШКИЛИҲОИ ОИЛАҲОИ НОПУРРА БАРОЯНД?

Яҳува Худо «Падари ятимон ва довари бевазанон аст» — Забур 67:6.

Банақшагирии оқилона гарави муваффақият мебошад — Масалҳо 21:5.

Яҳува ҳуқуқи ба таври лозимӣ адаб ёд додани падару модаронро дастгирӣ менамояд — Масалҳо 1:8.

Бевазанони оқилае, ки ходими Худоянд, ба корҳои нек ва дуо машғул мебошанд — 1 Тимотиюс 5:5, 10.

Таваҷҷӯҳи солим бар «ятимон ва бевазанон» ҷузъи ибодати ҳаққ аст — Яъқуб 1:27.

БАЧАҲО ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНАНД?

Оё падар ё модари ту волиди муҷаррад аст? Агар ҳа, ту барои кӯмак чӣ кор карда метавонӣ? Аввалан, гапдаро бош. На андозаи қаду баст, на ҷинси кӯдак ба ӯ ҳуқуқи беэътиноӣ бар гуфтаҳои модарро намедиҳанд (Масалҳо 1:8). Яҳува ба ту амр мефармояд, ки гапгӯшкун бошӣ ва ин ниҳоятан ба манфиати худи туст — Масалҳо 23:22; Эфсӯсиён 6:1–3.

Бикӯш, то аз худат дониста, коре дар хона кунӣ ва инсони миннатдор бошӣ. “Модари ман дар беморхона кор мекунад ва хилъати сафедаш бояд хуб дарзмол шуда бошад. Бинобар ин, ман онро барои ӯ дарзмол мекунам,— мегӯяд Тони.— Бо ин ман ба модарам ёрӣ медиҳам”. Модари танҳое мегӯяд: “Зуд–зуд мешавад, ки ҳангоми хеле хаста ё баъд аз рӯзи бахусус вазнини корӣ асабонӣ ба хона баргаштанам, мебинам, ки духтарам дастархон андохта, таоми шом тайёр карда истодааст”.

Дар хотир дошта бош, ки омодагии ту ба кӯмак хеле зарур аст. Баъд аз рӯзи душвори корӣ, шояд барои модар ё падарат гузаронидани омӯзиши оилавии Китоби Муқаддас мушкил бошад. Агар ту хоҳиши ҳамкорӣ надошта бошӣ, ин вазъиятро бадтар мекунад. Кӯшиш кун, ки ҳангоми фаро расидани фурсати омӯзиш ба он омода бошӣ. Дарсҳоятро пешакӣ тайёр намо. Агар гапдаро, миннатдор ва ҳамкорикунанда бошӣ, дили падар ё модар ва муҳимтар ин ки Худоро шод хоҳӣ кард.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан