Нома аз Ҳайати Роҳбарикунанда
Бародарону хоҳарони азиз!
Чӣ рӯзҳои ҳаяҷонбахше фаро расидаанд! Ва чӣ вақти хурсандибахшест барои мо! Мо дар ҳақиқат аз «якдилона» бо шумо, бародарону хоҳарони азиз, ҳамкорӣ кардан, яъне дар бораи Падари осмониамон Яҳува шаҳодати бузург додан, хурсандӣ мегирем (Саф. 3:9; Юҳ. 14:12).
Дар хизмати Яҳува хурсанд буданамон маънои онро надорад, ки мо аз душвориҳои ҷиддӣ дар канор ҳастем. Дар давоми соли хизматии гузашта, баъзеи шумо аз сабаби зилзила, қаҳтӣ, тундбод ва дигар офатҳои табиии ба ҳаёт хатарнок, зарар дидед (Мат. 24:7). Бисёриҳо ҳар рӯз бо таъсири бемориву пирӣ, ки касро хаста мекунад, мубориза мебаранд. Ҳамаи мо бояд бо «дардҳо»-и зиёдшудаистода мубориза барем (Мат. 24:8). Дар баъзе давлатҳо аз ҷумла дар Арманистон, Эритрея ва Кореяи Ҷанубӣ бисёр бародарону хоҳаронамон аз барои имонашон ба ҳабс гирифта шудаанд (Мат. 24:9).
Барои дар душвориҳо рӯҳафтода нашудан, ба мо чӣ кӯмак мерасонд? Матни солона барои соли 2010 ба мо як ҷиҳати муҳимро хотиррасон мекард: «[Муҳаббат] ба ҳама чиз тоб меоварад. Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад» (1 Қӯр. 13:7, 8). Оре, муҳаббатамон ба якдигар ва ба Яҳува моро қавӣ мегардонад, то ки бомуваффақият дар душвориҳо истодагарӣ карда тавонем.
Бисёр шахсоне, ки худро масеҳӣ меҳисобанд, аз ҳаҷм ва тартиби кори мавъизаи мо хеле ба ҳайрат меоянд. Гарчанд онҳо бо эътиқоду таълимоти мо розӣ набошанд ҳам, баъзеи онҳо маҷбур буданд, ки чунин гӯянд: «Кореро ки шумо карда истодаед, мо низ бояд онро кунем!» Яке аз сабабҳое, ки ба Шоҳидони Яҳува барои рӯз аз рӯз мавъиза кардан имкон медиҳад, кадом аст? Сабаби ин низ муҳаббат аст. Мисли Падари осмониамон, мо намехоҳем, ки касе нобуд шавад (2 Пет. 3:9). Мо мехоҳем, ки ҳама тавба кунанд, барои ҳамин дар соли хизматии гузашта шумораи нави баландтарини воизоне, ки бо мавъиза машғул буданд, ба 7 508 050 расида буд. Кадом ташкилоти динии дигар ин қадар хизматгороне дорад, ки фаъолона ба таври ихтиёрӣ аз рӯи муҳаббат ба дигарон кӯмаки рӯҳонӣ мерасонанд?
Вақте ки мо иҷрошавии пешгӯии зерини Ишаъёро то ба ҳол мебинем, аз ин рӯҳбаланд мегардем: «Дар айёми охир воқеъ хоҳад шуд, ки кӯҳи хонаи Худованд бар сари кӯҳҳо барқарор хоҳад гардид, ва аз теппаҳо баланд хоҳад шуд, ва ҳамаи халқҳо сӯи он равона хоҳанд шуд» (Иш. 2:2–4). Дар қатори мардуми зиёде, ки сӯи хонаи Яҳува равонаанд, 294 368 нафаре мебошанд, ки соли гузаштаи хизматӣ таъмид гирифтанд. Мо хеле хурсандем, ки ин шахсони бароямон азиз ба мо ҳамроҳ шуданд. Бигзор муҳаббати бародарӣ моро барангезад, ки ба онҳо барои зидди душманамон, Шайтон Иблис, мубориза бурдан, минбаъд низ кӯмак расонем! (1 Пет. 5:8, 9).
30-юми марти соли 2010, рӯзи сешанбе баландтарин шумораи ташрифовардагон ба Шоми ёдбуд 18 706 895 нафарро ташкил дод. Ин нишон медиҳад, ки боз миллионҳо одамони дигар низ ба ибодат кардани Яҳува ҳамроҳ шуда метавонанд. То чӣ андоза мо хурсандем, ки Яҳува то ҳол бар ин тартиботи бадкор хотима набахшидааст! Ҳоло бошад, муҳаббат ба Худо ба мо ёрӣ мерасонад, ки минбаъд низ устувор монем (2 Тас. 3:5).
Анҷумани вилоятии «Дӯстиатонро бо Яҳува қадр кунед!», ки дар тамоми ҷаҳон соли 2010 дар бисёр ҷойҳо баргузор гардид, муносибати моро бо Падари осмониамон мустаҳкам гардонд. То чӣ андоза ҳаққанд, суханони зерини забурнавис: «Хушо қавме ки Худованд [Яҳува] Худои ӯст!» (Заб. 143:15). Новобаста аз он ки дар оянда моро чӣ интизор аст, агар мо бо Яҳува минбаъд низ наздик бошем, боварии комил дорем, ки аз ҳеҷ чиз нахоҳем тарсид (Заб. 22:4). Ба наздикӣ Яҳува ба воситаи Писари худ «аъмоли иблисро вайрон» хоҳад кард (1 Юҳ. 3:8). Дар ҳақиқат, мо омадани ин рӯзро хеле интизорем! Лекин айни замон мо бо кори хеле зиёд банд ҳастем (1 Қӯр. 15:58).
Боварӣ дошта бошед, ки мо «муттасил», яъне ҳамеша дар дуоямон шуморо ба хотир меорем (Рум. 1:9). Минбаъд низ «худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред ва марҳамати Исои Масеҳи Худованди моро, ки ҳаёти ҷовидонӣ меоварад, мунтазир бошед» (Яҳд. 21).
Мо ҳамаи шуморо дӯст медорем!
Бародарони шумо,
Ҳайати Роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува