ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 95
  • Тарзи таълими Исо

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Тарзи таълими Исо
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Мо бояд ба дигарон нағзӣ кунем
    Устоди Бузургро гӯш кун
  • Сомарии некдил
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Исо зани сомариро таълим медиҳад
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Бо зане дар сари чоҳ
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
Маълумоти бештар
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 95
The good Samaritan bandaging the wounds of the Jew who was beaten

ҲИКОЯИ 95

Тарзи таълими Исо

БОРЕ, Исо ба марде мегӯяд, ки ӯ бояд наздиконашро дӯст дорад. Мард аз Исо мепурсад: «Шахси наздики ман кист?» Хуб, Исо андешаҳои ин мардро медонист. Мард фикр мекард, ки танҳо онҳое наздиконаш астанд, ки аз миллат ва мазҳаби ӯянд. Биё бубинем, ки Исо ба вай чӣ ҷавоб медиҳад.

Исо баъзан ба воситаи ҳикояҳо таълим медод. Ҳоло ҳам вай ҳамин тавр мекунад. Ӯ дар бораи яҳудӣ ва сомарие нақл мекунад. Мо пештар аллакай гуфта будем, ки аксарияти яҳудиён сомариёнро дӯст намедоштанд. Хуб, ин аст ҳикояи Исо:

Рӯзе яҳудие аз роҳи кӯҳистон ба шаҳри Ериҳӯ мефаромад. Вале дар роҳ ба вай ғоратгарон ҳамла мекунанд ва пулҳояшро гирифта, худашро то ниммурда шуданаш лату кӯб менамоянд.

Андаке пас, аз ин роҳ коҳини яҳудие мегузарад. Ӯ марди латукӯбшударо мебинад. Ба фикри ту ӯ чӣ кор мекунад? — Ба тарафи дигар гузашта, ба роҳаш идома медиҳад. Баъд марди дигаре, ки хеле диндор буд, аз ҳамин наздикиҳо гузар мекунад. Ӯ аз бани Левӣ буд. Оё вай бозмеистад? Не, ӯ ҳам барои ёрӣ ба марди маҷрӯҳ наистод. Бубин; коҳину левизода дар масофаи дуртари роҳ поён рафта истодаанд.

Вале нигар, ки дар ин ҷо бо марди ҷароҳатгирифта кист. Ин марди сомарӣ аст. Ва ӯ ба яҳудӣ ёрӣ дода истодааст. Ӯ ба ҷароҳатҳои вай дору мемонад. Баъд яҳудиро ба ҷое мебарад, ки ӯ дам гирифта ва сиҳат шуда тавонад.

Баъд аз анҷоми нақлаш, Исо аз марде, ки ба вай савол дода буд, мепурсад: «Кадоме аз ин се нафар, ба фикри ту нисбати марди маҷрӯҳ чун шахси наздикаш рафтор кард? Коҳин, левизода, ё сомарӣ?»

Мард ҷавоб дод: «Сомарӣ, чунки вай ба ин марди зарбхӯрда ғамхорӣ кард».

Исо гуфт: «Ту дуруст гуфтӣ. Акнун бирав ва ту ҳам ба дигарон ҳамин тавр муносибат кун».

Тарзи таълим додани Исо ба ту маъқул шуд? Агар ба гуфтаҳои дар Китоби Муқаддас овардашудаи Исо гӯш диҳем, чизҳои муҳими хеле зиёдеро ёд мегирем, ҳамин тавр–не?

Луқо 10:25–37.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан