ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lv боби 3 саҳ. 25-35
  • Онҳоеро, ки Худо дӯст медорад, дӯст бидоред

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Онҳоеро, ки Худо дӯст медорад, дӯст бидоред
  • «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред»
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ШАХСОНЕРО КИ ХУДО ДӮСТ МЕДОРАД
  • АЗ НАМУНАҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС ТАЪЛИМ ГИРЕД
  • ИНТИХОБИ ДӮСТОН
  • ВАҚТЕ КИ МУШКИЛИҲО ПАЙДО МЕШАВАНД
  • ДАР КАДОМ ВАҚТ БОЯД БО ШАХС МУОШИРАТ НАКУНЕМ
  • Ба Яҳува содиқ бимонед!
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Дӯстӣ дар ин ҷаҳони номеҳрубон
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2009
«Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред»
lv боби 3 саҳ. 25-35
Гурӯҳи дӯстоне ки мақсадҳои рӯҳонӣ доранд, якҷоя истироҳат карда истодаанд

БОБИ 3

Онҳоеро, ки Худо дӯст медорад, дӯст бидоред

«Касе ки бо хирадмандон гардад, хирадманд мешавад» (МАСАЛҲО 13:20).

1–3. a) Кадом ҳақиқати бебаҳс дар Китоби Муқаддас омадааст? б) Чӣ гуна мо метавонем дӯстонеро интихоб намоем, ки ба мо таъсири хуб мерасонанд?

АЗ ЯК ҷиҳат одамонро ба пахта монанд кардан мумкин аст. Пахта хосияте дорад, ки ба осонӣ чизҳои дар атрофбударо ба худ меҷабад. Мо низ метавонем ба осонӣ ва ҳатто нохост ақидаву меъёрҳо ва шахсияти одамонеро, ки бо онҳо муносибати наздик дорем, ба худ гирем.

2 Китоби Муқаддас оиди ин ҳақиқати бебаҳс чунин мегӯяд: «Касе ки бо хирадмандон гардад, хирадманд мешавад; вале касе ки бо аблаҳон ҷӯра шавад, шикаст мехӯрад» (Масалҳо 13:20). Яке аз маълумотномаи Китоби Муқаддас ин оятро чунин шарҳ медиҳад: «Маънои бо шахс гаштан, ин ба ӯ муҳаббат ва дилбастагӣ доштан аст». Эҳтимол шумо розӣ шавед, ки мо ба шахсоне пайравӣ кардан мехоҳем, ки дӯсташон медорем. Дар ҳақиқат, мо ба онҳое ки дӯсташон медорем, дилбастагии сахт дорем, аз ин сабаб онҳо метавонанд ба мо таъсири хуб ё бад расонанд.

3 Барои худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доштан хеле муҳим аст, ки мо дӯстонеро ҷӯем, ки ба мо таъсири хуб мерасонанд. Барои ин чӣ кор кардан мумкин аст? Агар оддӣ карда гӯем, мо метавонем онҳоеро дӯст дорем, ки Худо дӯсташон медорад ва бо онҳое дӯстӣ кунем, ки дӯстони Ӯ мебошанд. Биандешед: оё мо аз онҳое ки хислатҳои ба Худо мақбул доранд, дӯстони беҳтареро ёфта метавонем? Пас биёед бифаҳмем, ки кадом одамонро Худо дӯст медорад. Агар нуқтаи назари Яҳуваро ба инобат гирем, ба мо интихоб кардани дӯстони хуб осон мегардад.

ШАХСОНЕРО КИ ХУДО ДӮСТ МЕДОРАД

4. Чаро Яҳува ҳақ дорад, ки дӯстонашро бодиққат интихоб кунад ва чаро Ӯ гуфт, ки Иброҳим «дӯсти Ман» аст?

4 Яҳува дар интихоби дӯстон хеле бодиққат аст. Ӯ ба ин ҳақ дорад, ҳамин тавр-не? Охир Ӯ Ҳокими Даҳр мебошад ва дӯстӣ бо Ӯ — ифтихори бузургтарин аст. Пас Ӯ киҳоро чун дӯстони худ интихоб мекунад? Яҳува ба онҳое, ки ба Ӯ боварӣ доранд ва пурра ба Ӯ таваккал мекунанд, наздик мешавад. Биёед мисоли Иброҳим-пайғамбарро, ки бо имони барҷастааш машҳур буд, дида бароем. Як вақт Худо аз Иброҳим чун аз падар хоҳиш кард, ки писарашро қурбон кунад. Барои ҳар як падар ин як озмоиши вазнинтарини имон мебошадa. Бо вуҷуди ин Иброҳим «Исҳоқро барои қурбонӣ тақдим намуд» ва боварии комил дошт, ки «Худо қодир аст аз мурдагон [ӯро] низ эҳё кунад» (Ибриён 11:17–19). Азбаски Иброҳим чунин имону итоаткориро зоҳир намуд, Яҳува меҳрубонона гуфт, ки ӯ «дӯсти Ман» аст (Ишаъё 41:8; Яъқуб 2:21–23).

5. Яҳува ба онҳое ки ба Ӯ садоқат ва итоаткорӣ зоҳир менамоянд, чӣ гуна муносибат мекунад?

5 Яҳува садоқату итоаткориро хеле қадр мекунад. Ӯ онҳоеро, ки ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, ба Ӯ содиқанд дӯст медорад. (2 Подшоҳон 22:26-ро хонед.) Чӣ тавре ки аз боби якуми ин китоб фаҳмидем, Яҳува аз онҳое ки ба Ӯ аз рӯи муҳаббат итоат мекунанд, хеле хурсанд аст. «Бо росткорон,— гуфта мешавад дар Масалҳо 3:32,— Ӯ маҳрами асрор аст [«муносибати наздик дорад», ТДН]». Яҳува онҳоеро, ки талаботашро содиқона иҷро мекунанд, самимона ба «хаймаи» худ ба меҳмонӣ таклиф мекунад, яъне онҳоро даъват менамояд, ки Ӯро ибодат кунанд ва озодона дар дуо ба Ӯ муроҷиат намоянд (Забур 14:1–5).

6. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки Исоро дӯст медорем ва Яҳува нисбати онҳое ки Писари Ӯро дӯст медоранд, чӣ гуна ҳиссиёт дорад?

6 Яҳува онҳоеро дӯст медорад, ки Писари ягоназоди Ӯ Исоро дӯст медоранд. Исо гуфт: «Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя хоҳад кард; ва Падари Ман вайро дӯст хоҳад дошт, ва Мо назди вай омада, бо вай маскан хоҳем гирифт» (Юҳанно 14:23). Чӣ тавр мо муҳаббати худро ба Исо зоҳир карда метавонем? Бо иҷро кардани аҳкомҳои ӯ, аз он ҷумла бо мавъиза кардани хушхабар ва шогирдсозӣ (Матто 28:19, 20; Юҳанно 14:15, 21). Ғайр аз ин, мо муҳаббатамонро ба Исо бо он нишон медиҳем, ки агар дар сухан ва дар амал то ҳадде, ки ба одамони нокомил имконпазир аст, ба ӯ пайравӣ карда, «аз паи Ӯ» равона шавем (1 Петрус 2:21). Дили Яҳува аз дидани кӯшиши онҳое, ки аз рӯи муҳаббат ба Писари Ӯ, аз паи Масеҳ равонаанд, хеле шод мегардад.

7. Чаро бо дӯстони Яҳува дӯстӣ кардан аз рӯи хирад аст?

7 Имон, садоқатмандӣ, итоаткорӣ ва муҳаббат ба Исо ва роҳҳои ӯ — хислатҳое мебошанд, ки Яҳува дар дӯстони худ дидан мехоҳад. Ҳар яки мо бояд аз худ бипурсем: «Оё дӯстони наздики ман чунин хислатҳоро зоҳир менамоянд ва оё онҳо меъёрҳои Худоро иҷро мекунанд? Оё ман бо онҳое ки бо Яҳува дӯст мебошанд, дӯстӣ мекунам?» Агар ин тавр бошад, шумо хирадмандона рафтор мекунед. Одамоне, ки хислатҳои ба Худо писандбударо дар худ инкишоф медиҳанд ва бо ҷидду ҷаҳд хушхабарро оиди Салтанат мавъиза мекунанд, метавонанд ба мо таъсири хуб расонанд ва моро барангезанд, ки ба таври ба Худо писанд зиндагӣ кунем. (Ба замимаи «Киро дӯсти хуб номидан мумкин аст?», нигаред.)

КИРО ДӮСТИ ХУБ НОМИДАН МУМКИН АСТ?

Ду дӯст бо ҳам сӯҳбат карда истодаанд

Принсип: «Дӯст ҳар вақт дӯст медорад ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад» (Масалҳо 17:17).

Саволҳо барои мулоҳиза

  • Оё гуфтан мумкин аст, ки дӯстони ман инчунин дӯстони Яҳува ва Исо мебошанд? (Юҳанно 15:14, 16; Яъқуб 2:23).

  • Оё дӯстонам ба ман барои инкишоф додани одатҳои хуб кӯмак мерасонанд? (1 Қӯринтиён 15:33).

  • Оё дӯстонам маро то он дараҷае дӯст медоранд, ки агар зарур ояд маро ислоҳ хоҳанд кард? (Забур 140:5; Масалҳо 27:6).

  • Суханону рафторам дар мавриди он ки ман чӣ гуна дӯстам, чиро нишон медиҳад? (Масалҳо 12:18; 18:24; 1 Юҳанно 3:16–18).

АЗ НАМУНАҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС ТАЪЛИМ ГИРЕД

8. Ба шумо дар муносибат байни а) Ноомӣ ва келинаш Рут б) се ҷавони ибрӣ в) Павлус ва Тимотиюс чӣ маъқул аст?

8 Дар Навиштаҳо намунаҳои зиёди шахсоне оварда шудаанд, ки онҳо аз интихоб кардани дӯстони хуб манфиат гирифтанд. Дар он мо дар бораи муносибати Ноомӣ ва келинаш Рут, се ҷавони ибрие, ки дар Бобил бо ҳам зич дӯстӣ мекарданд, ҳамчунин Павлус ва Тимотиюс хонда метавонем (Рут 1:16; Дониёл 3:17, 18; 1 Қӯринтиён 4:17; Филиппиён 2:20–22). Биёед, боз як намунаи барҷаста — дӯстии Довуд ва Йӯнотонро дида бароем.

9, 10. Чаро дӯстии Довуд ва Йӯнотон мустаҳкам буд?

9 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки баъд аз он ки Довуд Ҷолёти фалиштиро кушт, «ҷони Йӯнотон бо ҷони Довуд пайваста шуд, ва Йӯнотон ӯро мисли ҷони худ дӯст дошт» (1 Подшоҳон 18:1). Ҳамин тавр дӯстии мустаҳкаме оғоз ёфт, ки ба фарқияти зиёди синну сол нигоҳ накарда, то дами марги Йӯнотон писари Шоул дар майдони ҷанг, дӯстии онҳо давом ёфт (2 Подшоҳон 1:26)b. Чаро дӯстӣ байни ин ду шахс — Довуд ва Йӯнотон — мустаҳкам буд?

10 Довуд ва Йӯнотонро муҳаббат ба Худо ва хоҳиши ба Ӯ содиқ мондан бо ҳам наздик мекард. Онҳоро банди рӯҳонӣ бо ҳам пайваст мекард. Ҳар яки онҳо дорои хислатҳое буданд, ки ба якдигарашон маъқул буд. Ба Йӯнотон далерӣ ва ғаюрии ин ҷавон, ки нотарсона исми Яҳуваро ҳифз мекард, маъқул буд. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки Довуд шахсеро ҳурмат мекард, ки аз ӯ калон буд ва ҳокимияти Яҳуваро содиқона дастгирӣ мекард ва хоҳишҳои Довудро беғаразона аз хоҳишҳои худаш болотар мегузошт. Биёед дида бароем, ки вақте ки Довуд дар давраи душвортарини ҳаёташ барои халос шудан аз қаҳру ғазаби шоҳ Шоул, падари Йӯнотон ба биёбон гурехт, чӣ ҳодиса рӯй дод. Вақте ки Йӯнотон «бархоста, назди Довуд... омад ва дасти ӯро бо таваккал кардан ба Худо тақвият намуд» вафодориашро ба таври аҷиб нишон дод (1 Подшоҳон 23:16). Тасаввур кунед, ки Довудро чӣ ҳиссиёте фаро гирифт, вақте ки дӯсти азизи ӯ ба наздаш омад, то ин ки ӯро дастгирӣ намояд ва рӯҳбаланд созад!c

11. Шумо аз намунаи Йӯнотон ва Довуд чиро омӯхта метавонед?

11 Мо аз намунаи Йӯнотон ва Довуд чӣ меомӯзем? Пеш аз ҳама мо мебинем, ки барои дӯстон аз ҳама чизи муҳим — доштани арзишҳои рӯҳонӣ аст. Вақте мо бо шахсоне наздик мешавем, ки дар мавриди эътиқод, меъёрҳои ахлоқӣ ва хоҳиши ба Худо содиқ мондан бо мо ҳамфикранд, байнамон умумиятҳои зиёде пайдо мешаванд: мо ба якдигар дар бораи фикр, ҳиссиёт ва воқеаҳое нақл мекунем, ки моро мустаҳкам мегардонанд ва дастгирӣ мекунанд. (Румиён 1:11, 12-ро хонед.) Ин гуна дӯстонро, ки ба мақсадҳои рӯҳонӣ кӯшиш мекунанд, дар байни ҳамимонон ёфтан мумкин аст. Оё ин маънои онро дорад, ки ҳар касе, ки ба вохӯриҳои ҷамъомад ба Толори Салтанат ташриф меорад, дӯсти хуб шуда метавонад? Не, на ҳар кас.

ИНТИХОБИ ДӮСТОН

12, 13. a) Чаро ҳатто дар байни масеҳиён бояд дар интихоби дӯстон бодиққат бошем? б) Ҷамъомадҳои асри як бо чӣ дучор мешуданд ва бо ин сабаб Павлус онҳоро аз чӣ огоҳ намуд?

12 Агар хоҳем, ки муоширатамон рӯҳан рӯҳбаландкунанда бошад, ҳатто дар ҷамъомад бояд дар интихоби дӯстон бодиққат бошем. Оё ин моро бояд ба ҳайрат гузорад? Не. Чуноне ки барои пухта расидани баъзе меваҳо вақти бештар лозим аст, дар ҷамъомад низ барои ба камолоти рӯҳонӣ расидани баъзе масеҳиён, эҳтимол вақти зиёдтар зарур аст. Ҳамин тавр дар ҳар ҷамъомад рушди рӯҳонии масеҳиён гуногун аст (Ибриён 5:12–6:3). Албатта, ба онҳое ки нав ва заиф мебошанд, муҳаббат ва сабру тоқат зоҳир менамоем, то ин ки ба рушди рӯҳониашон мусоидат кунем (Румиён 14:1; 15:1).

13 Баъзан дар ҷамъомад вазъиятҳое мешаванд, ки аз боиси онҳо мо бояд дар муошират эҳтиёткор бошем. Рафтори баъзеҳо шояд шубҳанок бошад. Баъзеи дигарон метавонанд ба хашм оянд ё рӯҳияи норозигӣ баён кунанд. Чунин ҳолат дар ҷамъомади масеҳиёни асри як низ рӯй медод. Гарчанд масеҳиёни зиёд содиқ монда буданд, баъзеҳо бошанд рафтори ношоиста мекарданд. Павлуси расул аъзоёни ҷамъомади Қӯринтусро огоҳ намуд, ки аз муошират бо онҳое ки баъзе таълимоти масеҳиро риоя намекунанд, эҳтиёт шаванд: «Фирефта нашавед: “Ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд”» (1 Қӯринтиён 15:12, 33). Павлус Тимотиюсро огоҳ намуд, ки ҳатто дар байни масеҳиён шахсоне буда метавонанд, ки рафтори ношоиста мекунанд. Ӯ ба Тимотиюс маслиҳат дод, ки аз онҳо дурӣ ҷӯяд ва бо онҳо аз наздик дӯстӣ накунад. (2 Тимотиюс 2:20–22-ро хонед.)

14. Чӣ гуна мо метавонем аз рӯи принсипе, ки дар асоси огоҳии Павлус буд, амал кунем?

14 Чӣ гуна мо метавонем аз рӯи принсипе, ки дар асоси огоҳии Павлус буд, амал кунем? Мо бо онҳое ки ба мо таъсири фосидкунанда расонда метавонанд — чӣ дар ҷамъомад ва чӣ берун аз он,— набояд муоширати наздик кунем (2 Таслӯникиён 3:6, 7, 14). Мо бояд рӯҳонияти худро муҳофизат намоем. Дар хотир доред, ки моро ба пахта монанд кардан мумкин аст: яъне мо нуқтаи назар ва тарзи рафтори дӯстони наздикро аз худ мекунем. Чуноне ки пахтаро дар сирко андохта интизор намешавем, ки он ба худ обро мекашад, ҳамин тавр мо низ бо онҳое ки ба мо таъсири бад мерасонанд дӯстӣ карда интизор намешавем, ки он ба мо манфиат меорад (1 Қӯринтиён 5:6).

Муоширати фоидаоварро дар миёни ҳамимонон ёфтан мумкин аст

15. Барои дар ҷамъомад пайдо кардани дӯстоне, ки ба мақсадҳои рӯҳонӣ кӯшиш мекунанд, чӣ бояд кард?

15 Хушбахтона, мо имкониятҳои бисёр дорем, ки дар байни ҳамимонон дӯстонеро пайдо кунем, ки ба мо таъсири хуб хоҳанд расонд (Забур 132:1). Чӣ тавр мо метавонем дар ҷамъомад дӯстонеро ёбем, ки ба мақсадҳои рӯҳонӣ кӯшиш мекунанд? Чӣ қадаре ки шумо хислатҳои худотарсона ва одатҳои хубро инкишоф диҳед, ҳамон қадар бародарону хоҳароне, ки чунин рӯҳия доранд ба шумо наздик хоҳанд шуд. Ҳамчунин ба шумо барои доираи муоширататонро васеъ гардондан ва дӯстони нав пайдо кардан, шояд баъзе қадамҳо гузоштан зарур аст. (Ба замимаи «Чӣ гуна мо дӯстони хубро пайдо кардем», нигаред.) Ба шахсоне диққат диҳед, ки хислатҳоеро зоҳир менамоянд, ки шумо низ мехостед, дорои чунин хислатҳо бошед. Аз рӯи чунин маслиҳати Китоби Муқаддас амал намоед: «Шумо низ бояд фарохдил бошед» — ва дар байни ҳамимонон дӯстонеро ҷустуҷӯ кунед, ки нажод, миллат ва маданияташон гуногун аст (2 Қӯринтиён 6:13; 1 Петрус 2:17-ро хонед). На танҳо бо ҳамсолонатон дӯстӣ кунед. Фаромӯш насозед, ки Довуд аз Йӯнотон хеле хурд буд. Дӯстии шумо низ бо калонсолон метавонад ба шумо таҷрибаву хиради зиёд бахшад.

ЧӢ ГУНА МО ДӮСТОНИ ХУБ ПАЙДО КАРДЕМ

«Дар аввал бароям дар ҷамъомад пайдо кардани дӯстон душвор буд. Вале дидам, ки иштироки фаъолона дар мавъиза ба ман барои инкишоф додани чунин хислатҳо ба монанди сабру тоқат, истодагарӣ ва муҳаббати фидокорона кӯмак расонд. Ин хислатҳоро инкишоф дода, мушоҳида кардам, ки ба одамоне, ки дорои чунин хислатҳо мебошанд бо ман муошират кардан шавқовар аст ва ҳоло бошад ман дӯстони хуб дорам» (Шивани).

«Ман дуо мегуфтам, ки дар ҷамъомад дӯстон пайдо кунам. Вале муддати зиёд ба назарам чунин менамуд, ки дуоҳоям беҷавоб мемонанд. Баъдтар фаҳмидам, ки барои ин худам қариб, ки ягон кор намекунам ва худам якум шуда қадам намегузоштам. Аммо вақте ки ман мувофиқи дуоҳои худ амал карданро сар кардам, хеле хуб мебинам, ки чӣ гуна Яҳува ба дуоҳоям ҷавоб медиҳад» (Райен).

ВАҚТЕ КИ МУШКИЛИҲО ПАЙДО МЕШАВАНД

16, 17. Агар яке аз ҳамимонамон моро бо чизе ранҷонад, чаро мо набояд ҷамъомадро тарк кунем?

16 Азбаски дар ҷамъомад ҳамаи масеҳиён феълу хӯ ва тарбияи гуногун доранд, баъзан мушкилиҳо пайдо шуда метавонанд. Гоҳе бародар ё хоҳаре бо сухан ё рафтораш метавонад моро ранҷонад (Масалҳо 12:18). Аз барои он ки одамон гуногунанд ва ба таври гуногун фикр мекунанд, баъзан дар байни онҳо нофаҳмӣ ба миён меояд. Магар чунин душвориҳо бароямон санги мамониат ва сабаби аз ҷамъомад рафтанамон шуда метавонанд? Агар мо дар ҳақиқат Яҳува ва дӯстони Ӯро дӯст дорем, чунин нахоҳад шуд.

17 Яҳува чун Офаридгор ва Нигаҳдорандаи ҳаёт, сазовори муҳаббат ва садоқати комили мо мебошад (Ваҳй 4:11). Илова бар ин ҷамъомадеро, ки Ӯ бо хурсандӣ истифода мебарад сазовори дастгирии содиқонаи мо мебошад (Ибриён 13:17). Агар яке аз ҳамимонамон моро бо чизе ранҷонад ё озор диҳад, мо ҳаргиз ҷамъомадро бо мақсади нишон додани норозигиамон тарк намекунем. Оё ин рафторамон дуруст мебуд? Охир Яҳува моро хафа накардааст-ку. Муҳаббат ба Яҳува ҳаргиз роҳ нахоҳад дод, ки мо аз Ӯ ва халқаш рӯй гардонем! (Забур 118:165-ро хонед.)

18. а) Чӣ гуна мо метавонем дар ҷамъомад ба сулҳу осоиштагӣ мусоидат кунем? б) Вақте ки мо касеро аз рӯи сабабҳои асоснок мебахшем, чӣ баракатҳоеро ба даст хоҳем овард?

18 Муҳаббат ба ҳамимонон моро бармеангезад, ки дар ҷамъомад ба сулҳу осоиштагӣ мусоидат кунем. Яҳува аз онҳое ки дӯсташон медорад, комилиро интизор нест ва мо низ бояд ҳамин тавр амал кунем. Мо аз муҳаббат ба хатогиҳои ночизи дигарон эътибор намедиҳем, зеро дар хотир дорем, ки ҳамаи мо нокомилем ва хато мекунем (Масалҳо 17:9; 1 Петрус 4:8). Ҳамчунин муҳаббат моро бармеангезад, ки аз таҳти дил якдигарро бахшем (Қӯлассиён 3:13). Аммо аз рӯи ин маслиҳат амал кардан на ҳама вақт осон аст. Агар мо ба ҳиссиёти бад гузорем, ки диламонро фаро гирад, мумкин мо дар диламон кина хоҳем дошт. Барои чӣ? Шояд мо фикр мекунем, ки бо қаҳри худ озордеҳамонро ҷазо хоҳем дод. Дар асл дар дил кина гирифтан ба худи мо зарар мерасонад. Вақте ки мо аз рӯи сабабҳои асоснок касро мебахшем, ин баракатҳои фаровон меорад (Луқо 17:3, 4). Ҳамчунин ин ба мо осудагии хотир мебахшад, дар ҷамъомад сулҳу осоиштагиро пойдор мегардонад ва аз ҳама муҳим муносибати наздикамонро бо Яҳува нигоҳ медорад (Матто 6:14, 15; Румиён 14:19).

ДАР КАДОМ ВАҚТ БОЯД БО ШАХС МУОШИРАТ НАКУНЕМ

19. Дар кадом мавридҳо мо бояд муошират накунем?

19 Баъзан мо бояд бо шахсе, ки дигар аъзои ҷамъомад нест, муошират накунем. Яъне бо шахсе, ки қонуни Худоро вайрон намуда, тавба намекунад ва аз ҷамъомад хориҷ карда шудааст, ё аз имон рӯй гардонда таълимоти бардурӯғро паҳн мекунад, ё ин ки аз ҷамъомад рӯй гардондааст, бояд муошират накунем. Дар Китоби Муқаддас равшан гуфта мешавад, ки бо чунин шахсон бояд дигар «алоқа» накунем (1 Қӯринтиён 5:11–13-ро хонед; 2 Юҳанно 9–11)d. Баъзан бо хешовандон ё бо онҳое ки шояд дӯсти мо буданд, муошират накардан душвор аст. Оё мо бо нишон додани он ки садоқат ба Яҳува ва қонунҳои Ӯ, бароямон дар ҷойи аввал меистанд, мавқеи устуворро ишғол хоҳем намуд? Дар ёд доред, ки Яҳува садоқат ва итоаткориро хеле қадр менамояд.

20, 21. a) Чаро аз ҷамъомад хориҷ кардан — зоҳир намудани муҳаббат аст? б) Чаро хеле муҳим аст, ки дӯстонро аз рӯи хирад интихоб кунем?

20 Аз ҷамъомад хориҷ карда шудан — зоҳир шудани муҳаббати Яҳува мебошад. Чаро? Хориҷ кардани шахси гунаҳкоре, ки тавба накардааст, аз муҳаббат ба исми муқаддаси Яҳува ва ба ҳамаи чизҳое ки ба он вобаста аст, шаҳодат медиҳад (1 Петрус 1:15, 16). Ба туфайли чунин тартибот ҷамъомад муҳофизат карда мешавад. Аъзоёни содиқи ҷамъомад аз таъсири бади онҳое ки дидаву дониста гуноҳ мекунанд, ҳифз карда мешаванд ва онҳо метавонанд бо хурсандӣ ибодати худро давом диҳанд ва ҷамъомадро дар ин дунёи шарир паноҳгоҳи осудаи худ ҳисобанд (1 Қӯринтиён 5:7; Ибриён 12:15, 16). Чунин чораи ҷиддӣ барои шахси гуноҳкарда нишонаи муҳаббат мебошад. Ин метавонад барои ӯ як такони зарурӣ гардад, то ки ӯ ба худ ояд ва барои ба назди Яҳува баргаштан қадамҳои зарурӣ гузорад (Ибриён 12:11).

21 Мо наметавонем рад кунем, ки дӯстони наздикамон ба мо таъсири сахт расонда наметавонанд. Аз ин рӯ хеле муҳим аст, ки дӯстонро аз рӯи хирад интихоб кунем. Бо дӯстони Яҳува дӯстӣ карда ва онҳоеро, ки Ӯ дӯсташон медорад дӯст дошта, мо худро бо дӯстони беҳтарин иҳота хоҳем кард. Ҳар чизеро ки мо аз дӯстонамон ба худ мегирем, ба мо кӯмак мерасонанд, ки мувофиқи қарорамон, ки мехоҳем ба Яҳува писанд бошем, зиндагӣ кунем.

a Яҳува инро ба Иброҳим фармуда, нишон дод, ки ин рамзи қурбонӣ кардани писари ягоназоди Ӯ хоҳад буд (Юҳанно 3:16). Яҳува дар мавриди Иброҳим дахолат кард ва ба ҷои Исҳоқ қӯчқор қурбонӣ карда шуд (Ҳастӣ 22:1, 2, 9–13).

b Довуд ҳангоме ки Ҷолётро кушт ҳоло «ҷавон» буд ва вақте ки Йӯнотон мурд ӯ қариб 30-сола буд (1 Подшоҳон 17:33; 31:2; 2 Подшоҳон 5:4). Йӯнотон тахминан дар синни 60-солагӣ мурд ва аз афташ аз Довуд 30 сол калон буд.

c Аз суханони Йӯнотон, ки дар 1 Подшоҳон 23:17 навишта шудааст, аён мешавад, ки чӣ гуна ӯ Довудро дастгирӣ мекард: 1) ӯ Довудро барангехт, ки натарсад; 2) ӯро бовар кунонд, ки кӯшишҳои Шоул муваффақ намеёбанд; 3) ба Довуд хотиррасон намуд, ки чуноне ки Худо ваъда додааст, ӯ подшоҳ хоҳад шуд; 4) ба Довуд қасам ёд кард, ки нисбати ӯ содиқ хоҳад монд; 5) ба Довуд гуфт, ки ҳатто Шоул медонад, ки ӯ ба Довуд содиқ аст.

d Маълумоти бештарро оиди чӣ гуна муносибат кардан бо онҳое ки аз ҷамъомад хориҷ карда шудаанд, ё аз ҷамъомад рӯ тофтаанд, дар Замимаи «Бо шахси аз ҷамъомад хориҷкардашуда чӣ гуна бояд муносибат кард» ёфта метавонед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан