ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 5.14 саҳ. 7
  • Замимаи саволҳо

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Замимаи саволҳо
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2014
  • Маводи монанд
  • Хушбахтии оила. Қисми 2
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Волидон, меҳри Яҳуваро дар дили фарзандонатон ҷо кунед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Барои таълим додани фарзандони худ, аз вебсайтамон истифода баред
    Хизмат ба Салтанати Худо 2013
  • Волидон, фарзандонатонро таълим диҳед, то Яҳуваро дӯст доранд!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2014
km 5.14 саҳ. 7

Замимаи саволҳо

◼ Барои он ки фарзандон рӯҳан рушд кунанд, чиро омӯхтанашон лозим аст?

Волидони масеҳӣ барои фарзандони худро бо «таълимот ва насиҳати Худованд» тарбия кардан, бисёр заҳмат мекашанд (Эфс. 6:4). Масалан, волидон дарк намуданд, ки ҳар саҳар бо фарзандон муҳокима намудани ояти ҳаррӯза манфиатовар аст. Дар давоми ибодати оилавӣ ва дигар мавридҳо оилаҳо метавонанд бо ҳам филмеро тамошо карда муҳокима кунанд ва аз рубрикаи «Саволҳои ҷавонон» (рус.) мақолаҳои мувофиқро дида бароянд. Ҳамчунин онҳо метавонанд ягон воқеаҳои Китоби Муқаддасро намоиш диҳанд ё вазъиятеро тасаввур намуда, чӣ тавр дар он амал карданро машқ кунанд. Ба ҳар ҳол барои он ки фарзандон «сӯи камол шитоб» кунанд, ба онҳо ҳамчунин бояд ҳақиқати чуқури Китоби Муқаддас таълим дода шавад (Ибр. 6:1).

Дар бораи он донишҳое, ки мо дар маҳалламон ба одамон таълим медиҳем, фикр кунед. Дар вохӯрии аввал ё боздид мо одатан кӯшиш мекунем, ки омӯзиши Китоби Муқаддасро аз рӯи китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас» сар кунем. Баъд аз тамом кардани ин китоб бо омӯзанда, мо ба китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» мегузарем. Барои чӣ? Чунки китоби «Таълимот» ба омӯзандагон донишҳои асосиро оиди Навиштаҳо медиҳад. Аммо китоби «Муҳаббати Худо» бошад, ба онҳо истифода бурдани принсипҳои Китоби Муқаддасро дар ҳаёти ҳаррӯзаашон ёд медиҳад. Муҳокимаи ин ду китоб ба омӯзандагон кӯмак мекунанд, ки дар Масеҳ «реша давонда», «дар имон мустаҳкам» шаванд (Қӯл. 2:6, 7). Магар ин китобҳо барои фарзандони мо ҳам манфиатовар нахоҳанд буд? Ба онҳо низ лозим аст, ки дар бораи фидия, Салтанати Худо ва ҳолати мурдагон таълим гиранд. Кӯдакон низ ба фаҳмидани он ки чаро Худо ба бадӣ роҳ медиҳад ва чӣ тавр аломатҳои охирзамонро пай бурдан мумкин аст, ниёз доранд. Онҳо бояд дилпур бошанд, ки Шоҳидони Яҳува ҳақиқатро таълим медиҳанд. Ҷавонон ҳамчунин барои фаҳмидани принсипҳои Китоби Муқаддас ва чӣ гуна инкишоф додани қобилияти худ ниёз доранд (Ибр. 5:14). Албатта волидон бояд синну сол ва қобилияти фаҳмиши фарзандонашонро ба назар гиранд. Лекин бисёр фарзандон ҳатто агар хурдсол бошанд ҳам, қобилияти фаҳмиши ҳақиқатҳои чуқури Китоби Муқаддасро доранд (Луқ. 2:42, 46, 47).

Дар сайти jw.org дарсҳои кӯтоҳ дар асоси китоби «Таълимот» гузошта хоҳад шуд, ки барои волидон кӯмак хоҳад кард. Оилаҳо ин дарсҳоро дар сайти www.jw.org/ru, ба «БИБЛЕЙСКИЕ УЧЕНИЯ» сипас ба «ПОДРОСТКИ» даромада, ёфта метавонанд. Дар оянда дарсҳои кӯтоҳи иловагӣ дар асоси китоби «Муҳаббати Худо» дар он ҷо гузошта хоҳад шуд. Албатта аз нашрияҳои чопии ин китобҳо низ истифода бурдан мумкин аст. Волидон метавонанд худашон қарор кунанд, ки оё ин маводро дар ибодати оилавиашон, масалан дар вақти гузаронидани омӯзиш бо яке аз фарзандонашон ё ҳангоми ёд додани гузаронидани омӯзиши шахсӣ ба фарзандашон, истифода баранд ё не.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан