ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • Бо шахси аз ҷамъомад хориҷкардашуда чӣ гуна бояд муносибат кард
    «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред»
    • 1 Юҳанно 5:3). Дуюм — муоширатро бо шахсе, ки аз гуноҳи кардааш тавба намекунад, қатъ намуда, мо худ ва тамоми ҷамъомадро аз зарари рӯҳонӣ ва ахлоқӣ муҳофизат мекунем ва ҳамин тавр обрӯи ҷамъомад зарар намебинад (1 Қӯринтиён 5:6, 7). Сеюм — қарори қатъии принсипҳои Китоби Муқаддасро риоя кардани мо ба шахси аз ҷамъомад хориҷкардашуда манфиат меорад. Қарори ҳайати ҳуқуқиро дастгирӣ карда, мо шояд ба дили гунаҳкор, ки то ин вақт ба кӯмаки пирон эътибор намедод, таъсир расонем. Аз муоширати бебаҳои шахсони барояш азиз бенасиб шуда, ӯ эҳтимол ба худ ояд ва ҷиддияти гуноҳашро дарк кунад, сипас чора андешад, то ки ба назди Яҳува баргардад (Луқо 15:17).

      Агар аъзои оила ё хеш аз ҷамъомад хориҷ карда шавад-чӣ? Дар ин маврид садоқати мо ба Худо метавонад ба озмоиши ҷиддӣ дучор гардад, зеро одатан муносибати аъзоёни оила хеле наздик аст. Акнун мо бо хеши аз ҷамъомад хориҷкардашуда чӣ гуна бояд муносибат кунем? Тамоми вазъиятҳоро дида баромада намешавад, лекин биёед ду вазъияти асосиро муҳокима кунем.

      Дар баъзе мавридҳо, аъзои оила, ки хориҷ карда шудааст, чун пештара дар як хона бо аҳли оилааш зиндагӣ мекунад. Худи хориҷкунӣ маънои вайрон шудани муносибатҳои оилавиро надорад ва ҳамаи аъзоёни оила метавонанд чун пештара корҳои ҳаррӯзаи хонаро якҷоя иҷро кунанд. Лекин шахси гуноҳкарда роҳи гуноҳро интихоб намуда, муносибати рӯҳоние, ки ӯро бо аҳли оилаи имондораш муттаҳид менамуд, канда намуд. Аз ин рӯ, аъзоёни оилаи худотарсаш бо ӯ дигар наметавонанд дар мавзӯъҳои рӯҳонӣ муошират кунанд. Масалан, агар аҳли оила барои ибодати оилавӣ ҷамъ оянд ва шахси хориҷкардашуда ҳамроҳашон бошад, ӯ дар муҳокима иштирок карда наметавонад. Аммо агар шахси хориҷкардашуда ноболиғ бошад, волидон вазифадоранд, ки ӯро чун пештара тарбияву насиҳат кунанд. Аз ин сабаб волидони меҳрубон метавонанд бо фарзандашон омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронанд (Масалҳо 6:20–22; 29:17)b.

      Дар мавриди дигар хориҷкардашуда аз аҳли оилааш алоҳида зиндагӣ мекунад. Гарчанд баъзан бо хориҷкардашуда ягон масъалаи оилавиро ҳал кардан зарур аст, аъзоёни оила бояд кӯшиш кунанд, ки бо ӯ ҳар чӣ камтар муошират намоянд. Аъзоёни худотарси оила баҳона намеҷӯянд, ки бо хориҷкардашуда, ки алоҳида зиндагӣ мекунад, муошират кунанд. Баръакс, садоқат ба Яҳува ва созмони Ӯ, онҳоро бармеангезад, ки тартибу низомро оиди хориҷкардашудагон, ки бар Китоби Муқаддас асос ёфтааст, дастгирӣ намоянд. Бо ин рафтор онҳо ба беҳбудии гуноҳкарда ғамхорӣ мекунанд ва эҳтимол, ӯро бармеангезанд, ки аз ин ҷазо барои худ дарсе гирад (Ибриён 12:11)c.

  • Кай ва барои чӣ сарро пӯшондан зарур аст?
    «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред»
    • ЗАМИМА

      Кай ва барои чӣ сарро пӯшондан зарур аст?

      Дар ибодати Худо масеҳизан кай ва барои чӣ бояд сарашро пӯшонад? Биёед дар ин мавзӯъ муҳокимаи Павлуси расулро, ки зери илҳоми Илоҳӣ навишта буд, дида бароем. Ӯ ба мо барои қабул кардани қарори дурусте, ки Худоро ҷалол медиҳад, ҳидояти заруриро фароҳам меоварад (1 Қӯринтиён 11:3–16). Павлус се ҷиҳатро қайд мекунад, ки онҳоро бояд ба назар гирем: 1) ҳангоми бо кадом намуди фаъолият машғул будан, зан бояд сарашро пӯшад; 2) Дар кадом вазъиятҳо ӯ бояд сарашро пӯшад ва 3) бо кадом ният ӯ бояд аз рӯи ин маслиҳат амал кунад.

      Зани масеҳӣ дар ҳузури шавҳараш сарашро пӯшонида омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронида истодааст

      Фаъолият. Павлус оиди ду намуди фаъолият мегӯяд: дуо ва нубувваткунӣ (оятҳои 4 ва 5). Дуо — ин эҳтиромона ба Яҳува муроҷиат кардан аст. Имрӯз нубувваткунӣ ҳамаи таълимоти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро, ки масеҳиён мегузаронанд, дар бар мегирад. Оё Павлус маслиҳат медиҳад, ки зан вақте ки дуо мегӯяд ё ба дигарон ҳақиқати Китоби Муқаддасро меомӯзад, бояд ҳама вақт сарашро пӯшад? Не. Ҳамааш аз он вобаста аст, ки зан дар кадом вазъият дуо мегӯяд ё таълим медиҳад.

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан