ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • rk қисми 2 саҳ. 4-5
  • Имони ҳақиқӣ чист?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Имони ҳақиқӣ чист?
  • Имони ҳақиқӣ калиди ҳаёти хушбахтона аст
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Чӣ тавр имони ҳақиқиро инкишоф додан мумкин аст?
  • Ба ваъдаҳои Яҳува имон зоҳир кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Имон — хислатест, ки барои истодагарӣ кардан кӯмак мекунад
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • «Имони моро зиёд кун»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Дар амал нишон додани имони ҳақиқӣ
    Имони ҳақиқӣ калиди ҳаёти хушбахтона аст
Маълумоти бештар
Имони ҳақиқӣ калиди ҳаёти хушбахтона аст
rk қисми 2 саҳ. 4-5

ҚИСМИ 2

Имони ҳақиқӣ чист?

Марде ба пул нигоҳ карда истодааст

Барои он ки имон арзиш дошта бошад, бояд мисли пул ҳақиқӣ бошад

ИМОНИ ҳақиқӣ — танҳо ба вуҷудияти Худо боварӣ доштан нест. Миллионҳо одамон боварӣ доранд, ки Худо вуҷуд дорад, лекин дидаву дониста корҳои бад мекунанд. Чунин имонро ба пули қалбакӣ монанд кардан мумкин аст. Пули қалбакӣ ба пули ҳақиқӣ монанд аст, лекин дар асл он арзиш надорад. Пас, имони ҳақиқӣ чист?

Имони ҳақиқӣ бар дониши дақиқ аз Китоби Муқаддас асос меёбад. Ин Навиштаҳои илҳомбахшида ба мо ҳақиқатро оиди Худо нақл мекунанд ва ёрӣ мерасонанд, ки бо Ӯ шинос шавем. Дар он оиди қонунҳо, мақсадҳо ва таълимоти Ӯ нақл карда мешавад. Баъзе аз таълимоти Худо чунинанд:

  • Худо яккаву ягона аст ва ба Ӯ ҳеҷ кас баробар шуда наметавонад;

  • Исо Худо нест. Ӯ пайғамбари Худо аст;

  • Худо аз ҳар намуди бутпарастӣ нафрат дорад;

  • инсоният бо рӯзи доварӣ, яъне қиёмат рӯ ба рӯ хоҳад шуд;

  • Худо фавтидагони бешуморро дар Биҳишти заминӣ зинда мекунад.

Имони ҳақиқӣ моро ба амалҳои нек бармеангезад. Чунин амалҳо Худоро ҷалол медиҳанд ва ба худи мо ва ба дигарон фоида меоранд. Баъзе аз амалҳои некӣ кардан инҳо мебошанд:

  • Худоро ибодат кардан;

  • инкишоф додани хислатҳои ба Худо маъқул — хусусан муҳаббат;

  • рад кардани фикру хоҳишҳои бад;

  • ба душвориҳо нигоҳ накарда, ба Худо имонро нигоҳ доштан;

  • ба дигарон дар бораи Худо таълим додан.

Оилае ба зани пиронсол хӯрок оварда истодаанд

Имони ҳақиқӣ касро ба корҳои нек бармеангезад

Чӣ тавр имони ҳақиқиро инкишоф додан мумкин аст?

Марде барои мустаҳкам кардани мушаки бадани худ машқ карда истодааст

Имон мисли мушаки бадан ба воситаи машқ мустаҳкам мегардад

Аз Худо мадад пурсед. Мусо–пайғамбар ба Худо чунин дуо гуфта буд: «Лутфан, роҳҳои Худро ба ман маълум намо, то ки Туро бишносам ва манзури назари Ту гардам»a. Худо Мусоро шунид ва ба дуои ӯ ҷавоб дод. Мусо яке аз намунаҳои барҷастатарини имон гашт. Худо ба шумо низ барои инкишоф додани имони ҳақиқӣ мадад мерасонад.

Барои омӯхтани Китоби Муқаддас вақт ҷудо кунед. Навиштаҳои илҳомбахшида, ки ба онҳо Таврот, Забур ва Инҷил дохил мешаванд, дар Китоби Муқаддас ҷой доранд. Ин китоб, китоби паҳншудатарини ҷаҳон буда, ба забонҳои аз ҳама зиёд тарҷума шудааст. Оё шумо нусхаи ин навиштаҳоро доред?

Маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро дар ҳаётатон истифода баред. Имон мисли мушаки бадан ба воситаи машқ мустаҳкам мегардад. Шумо аз таҷрибаи худ хоҳед дид, ки маслиҳатҳои Худо манфиатбахшанд. Дар ҳақиқат маслиҳатҳои амалии Каломи Худо ҳаёти одамони бешуморро тағйир доданд. Биёед баъзе намунаҳоро дида бароем.

a Хуруҷ 33:13.

Ҷавоби шумо чӣ гуна аст?

  • Имони ҳақиқӣ бар чӣ асос меёбад?

  • Имони ҳақиқӣ одамро ба кадом корҳои нек бармеангезад?

  • Чӣ гуна шумо имони ҳақиқиро инкишоф дода метавонед?

Худо Каломи худро ҳифз мекунад

Мо метавонем боварии комил дошта бошем, ки Худо барои мо Китоби Муқаддасро то имрӯз нигоҳ доштааст, то ки ба он тағйирот дароварда нашавад. Худои Пурқудрат метавонад китоби худро ҳифз кунад. Дар ин китоби Ӯ гуфта мешавад: «Алаф хушк мешавад, гул пажмурда мегардад, вале каломи Худои мо то абад қоим хоҳад буд» (Ишаъё 40:8).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан