Воқеа аз «Солномаи 2015» (рус.), саҳ. 54, сарх. 1
Ятимон ба ҷамъомад ташриф меоранд
Хоҳар Анджела, ки аз Суринам мебошад, дар вақти хизмат карданаш хонаи кӯдаконро хабар гирифт, ки он дар наздикии хонааш буд. Мудири ятимхона хоҳари ғайрифаъоли мо буд ва ӯ бо омодагӣ иҷозат дод, ки Анджела бо кӯдакон дар бораи Китоби Муқаддас гап занад. Анджела бо 85 нафар кӯдакон гап зад ва ба онҳо аз сайти jw.org видеонаворҳоро нишон дод. Пас аз муддате Анджела бо бисёри кӯдакон омӯзиш сар кард. Дар ин ба ӯ ду хоҳари пешрав кӯмак карданд, ки ҳар яки онҳо гурӯҳҳои омӯзишии худро доштанд. Хоҳари ғайрифаъол ба онҳо гуфт, ки ӯ ба кӯдакон аз китоби сурудҳо якчанд сурудҳоро ёд додааст ва шабона барояшон китоби «Ҳикояҳо»-ро мехонад. Ҳамчунин, вай гуфт, ки ба ҷамъомадҳо омадан мехоҳад, вале кӯдаконро танҳо гузошта наметавонад. Баъд аз ин бародарон чораҳои амалӣ андешиданд, то ки хоҳар бо 85 нафар кӯдак ба Толори Салтанат омада тавонад. Азбаски хонаи кӯдакон аз Толори Салтанат дур набуд, бо кӯмаки бародару хоҳарон, кӯдакон то он ҷо омада метавонистанд. Ҳоло бошад, он хоҳар ҳамроҳи 85 нафар кӯдакон мунтазам ба ҷамъомадҳо меояд.