ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЙЮБ 11–15
Айюб ба эҳёшавӣ боварӣ дошт
Айюб имон дошт, ки Яҳува ӯро зинда карда метавонад
Айюб боварӣ дошт, ки Худо ӯро зинда карда метавонад ва барои ин ӯ дарахтро мисол овард, ки он эҳтимол дарахти зайтун аст
Дарахти зайтун решаи дарозу паҳн дорад, ки ҳатто вақти буридани танааш то вақте ки решааш зинда аст аз нав рӯида метавонад
Баъди хушксолии сахт, вақте ки борон заминро сероб мегардонад, дарахти зайтуни хушкшуда аз нав зинда шуда месабзад ва он «мисли ниҳоле ки нав шинонда бошад, шохаҳо хоҳад расонид»