ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • rk қисми 7 саҳ. 18-19
  • Худо ба воситаи пайғамбарон чиро ваъда дод?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Худо ба воситаи пайғамбарон чиро ваъда дод?
  • Имони ҳақиқӣ калиди ҳаёти хушбахтона аст
  • Маводи монанд
  • Шахсе ки дар борааш тамоми анбиё шаҳодат медоданд
    Худои ягонаи ҳақиқиро ибодат намоед
  • Б1 Мавзуи асосии Китоби Муқаддас
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • Пешгӯиҳои Дониёл-пайғамбар дар бораи зоҳир шудани Масеҳ
    Таълимоти Китоби Муқаддас
Имони ҳақиқӣ калиди ҳаёти хушбахтона аст
rk қисми 7 саҳ. 18-19

ҚИСМИ 7

Худо ба воситаи пайғамбарон чиро ваъда дод?

ПАЙҒАМБАРОНИ замони қадим ба Худо имон доштанд. Онҳо ба ваъдаҳои Ӯ боварӣ доштанд ва ин ваъдаҳо дар ҳаёташон ҷои асосиро ишғол мекард. Сухан дар бораи кадом ваъдаҳо меравад?

Дар боғи Адан даррав баъд аз гуноҳ кардани Одаму Ҳавво, Худо ваъда дод, ки Ӯ шахсиятеро таъин хоҳад кард, ки вай сари морро хоҳад кӯфт. Яъне ӯ «аждаҳои бузург... мори қадимӣ[ро], ки иблис ва шайтон ном дорад» то абад нест хоҳад кард (Ҳастӣ 3:14, 15; Ваҳй 12:9, 12). Ин шахсият кӣ бошад?

Тақрибан 2 000 сол, пас аз гуфтани ин пешгӯии якум, Яҳува Худо ба Иброҳим–пайғамбар ваъда дод, ки ин шахс аз насли ӯ ба дунё хоҳад омад. Яҳува ба Иброҳим гуфт: «Ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост, барои он ки ту ба овози ман гӯш додӣ» (Ҳастӣ 22:18).

Дар соли 1473-и то эраи мо, Худо ба Мусо–пайғамбар дар бораи «насл» бисёртар маълумот дод. Мусо ба халқи Исроил чунин гуфт: «Пайғамбаре мисли ман аз миёни ту, аз бародарони ту Худованд Худоят барои ту ба майдон хоҳад овард; ба Вай гӯш диҳед» (Такрори Шариат 18:15). Ҳамин тавр, пайғамбаре, мисли Мусо аз миёни фарзандони Иброҳим бояд меомад.

Ин пайғамбар ҳамчунин бояд аз насли шоҳ Довуд ба дунё меомад ва подшоҳи бузурге мешуд. Худо ба шоҳ Довуд ваъда дода буд: «Ман насли туро... баъд аз ту пойдор гардонида... ...тахти салтанати варо то абад пойдор хоҳам гардонид» (2 Подшоҳон 7:12, 13). Ҳамчунин Худо маълум кард, ки насли Довуд «Мири осоиштагӣ» номида хоҳад шуд ва чунин илова намуд: «Афзоиши салтанат ва осоиштагии Ӯ бар тахти Довуд ва бар мамлакати вай интиҳо нахоҳад дошт, то ки онро бо инсоф ва адолат минбаъд ва то абадулобод барқарор ва мустаҳкам намояд» (Ишаъё 9:6, 7). Бале, ин Роҳнамои накӯкор дар тамоми дунё оромиву осоиштагӣ ва адолатро барқарор хоҳад кард. Лекин ӯ кай меояд?

Иброҳим, Мусо, Довуд ва Исо. Насли ваъдашуда сари морро кӯфта истодааст

«Насли» ваъдашуда...аз насли Иброҳим меояд, пайғамбаре мисли Мусо мешавад, аз насли Довуд ба дунё меояд, соли 29-и эраи мо меояд, мор, яъне Шайтонро нест мекунад

Баъдтар фариштаи Худо, Ҷаброил, ба Дониёл–пайғамбар гуфт: «Бидон ва бифаҳм, ки аз вақти баромадани калом дар бораи аз нав барқарор ва бино кардани Ерусалим то вақти Масеҳи Раис ҳафт ҳафтсола хоҳад гузашт; ва шасту ду ҳафтсола» (Дониёл 9:25). Он 69 ҳафтсола, ки ҳар яки он аз 7 сол иборат буд, 483 солро ташкил дод. Ин 69 ҳафтсола аз соли 455-и то эраи мо то соли 29-и эраи мо давом ёфтандa.

Оё Масеҳ, «насли» деринтизор ва пайғамбаре, ки мисли Мусо аст, дар ҳақиқат соли 29-и эраи мо омада буд? Биёед дида бароем.

a Ба Замимаи 2-и китоби «То абад зинда бошед!», саҳифаи 225, ки аз тарафи Шоҳидони Яҳува чоп шудааст, нигаред.

Ҷавоби шумо чӣ гуна аст?

  • «Насли» ба Иброҳим ваъдашуда бо Шайтон чӣ кор хоҳад кард?

  • Худо ба воситаи Мусо чиро ваъда дода буд?

  • Довуд дар бораи «насл» чиро фаҳмид?

  • Фариштаи Худо, Ҷаброил, ба Дониёл чӣ гуфт?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан