ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • fg дарси 5 саволҳои 1-5
  • Худо нисбати замин чӣ ният дорад?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Худо нисбати замин чӣ ният дорад?
  • Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
  • Маводи монанд
  • Худо нисбати замин чӣ ният дорад?
    Худо аз мо чӣ талаб дорад?
  • «Дар биҳишт вомехӯрем!»
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
  • Киҳо аз нав зинда мешаванд ва онҳо дар куҷо зиндагӣ мекунанд?
    Устоди Бузургро гӯш кун
  • Шуморо ояндаи хушбахтона интизор аст!
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
fg дарси 5 саволҳои 1-5

ДАРСИ 5

Худо нисбати замин чӣ ният дорад?

1. Барои чӣ Худо заминро офарид?

Одаму Ҳавво дар боғи Адан мебошанд ва баъдтар аз он ронда шуданд

Яҳува заминро ба одамон дода буд. Он хонаи мо аст. Барои ҳамин, аввалин ҷуфти инсонӣ — Одаму Ҳавво на барои он офарида шуда буданд, ки бо насли худ осмонро пур кунанд. Худо барои дар осмон зиндагӣ кардан аллакай фариштагонро офарида буд (Айюб 38:4, 7). Худо аввалин мардро дар биҳишти дилпазире, ки боғи Адан ном дошт, ҷойгир кард (Ҳастӣ 2:15–17). Яҳува ба ӯ ва насли ояндааш имконият дода буд, ки аз ҳаёти беохир дар рӯи замин лаззат баранд. (Забур 36:29; 113:24-ро хонед).

Дар аввал, танҳо боғи Адан биҳишт буд. Ҷуфти аввалини инсонӣ бояд заминро аз насли худ пур мекарданд. Бо гузашти вақт, онҳо бояд тамоми заминро соҳиб мешуданд ва ба биҳишт табдил медоданд (Ҳастӣ 1:28). Замин ҳеҷ гоҳ нест карда намешавад. Он ҳамеша хонаи инсоният хоҳад буд. (Забур 103:5-ро хонед).

Видеонавори «Чаро Худо заминро офарид?»-ро тамошо кунед.

2. Барои чӣ рӯи замин ҳозир биҳишт нест?

Одаму Ҳавво ба Худо беитоатӣ карданд, барои ҳамин Яҳува онҳоро аз боғи Адан берун ронд. Биҳишт аз байн рафт ва ягон одам онро барқарор карда натавонист. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Замин ба дасти шарир [бадкор] дода шудааст» (Айюб 9:24). (Ҳастӣ 3:23, 24-ро хонед).

Одамон дар биҳишти барқароршуда дар рӯи замин хона месозанд

Оё Яҳува аз нияти аввалааш даст кашид? Не! Ӯ қудрати беохир дорад. Ягон кори Худо бебарор буда наметавонад (Ишаъё 45:18). Яҳува инсониятро ба комилият, яъне ба он ҳолате, ки Ӯ барои онҳо аз аввал ният дошт, бармегардонад. (Забур 36:11, 34-ро хонед).

3. Биҳишт чӣ тавр барқарор мешавад?

Вақте ки Исо чун Подшоҳи Худо ҳукмронӣ мекунад, Биҳишт дар рӯи замин барқарор мешавад. Дар ҷанге, ки Ҳармиҷидӯн ном дорад, Исо фариштагони Худоро сарварӣ карда ҳамаи онҳоеро, ки ба Худо муқобилат мекунанд, нест хоҳад кард. Сипас, Исо Шайтонро ба муддати 1000 сол занҷирбанд мекунад. Хизматгорони Худо дар вақти нестшавии ин тартиботи бад наҷот меёбанд, зеро Исо онҳоро роҳнамоӣ мекунад ва аз хатарҳо нигоҳ медорад. Онҳо аз ҳаёти беохир дар Биҳишт дар рӯи замин баҳра хоҳанд бурд. (Ваҳй 20:1–3; 21:3, 4-ро хонед).

4. Кай ранҷу азоб ба охир мерасад?

Худо кай чизҳои бадро аз рӯи замин нест мекунад? Исо дар бораи «аломат»-е гуфт, ки он наздик будани охири ин тартиботи шарирро нишон медод. Ҳозир мо дар ҷаҳон ҳолатеро мебинем, ки агар он давом кардан гирад, инсоният аз рӯи замин нест шуданаш мумкин аст. Ин вазъият нишонаи он аст, ки мо ҳоло дар охири ин тартиботи бад зиндагӣ мекунем. (Матто 24:3, 7–14, 21, 22-ро хонед.

Дар давоми 1000 соле, ки Исо аз осмон бар замин ҳукмронӣ мекунад, вай ба ҳамаи ранҷу азобҳо хотима медиҳад (Ишаъё 9:6, 7; 11:9). Ғайр аз чун Подшоҳ хизмат карданаш, Исо чун Саркоҳин амал мекунад ва онҳоеро, ки Худоро дӯст медоранд, аз гуноҳ озод хоҳад кард. Ҳамин тавр бо воситаи Исо, Худо бемориҳо, пирӣ ва маргро тамоман барҳам хоҳад дод. (Ишаъё 25:8; 33:24-ро хонед).

5. Дар Биҳишти оянда киҳо зиндагӣ хоҳанд кард?

Одамон дар вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува таълим мегиранд

Дар вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува шумо бо одамоне вомехӯред, ки Худоро дӯст медоранд ва қонунҳои Ӯро омӯхтан мехоҳанд

Дар Биҳишт одамоне зиндагӣ хоҳанд кард, ки ба Худо гӯш мекунанд (1 Юҳанно 2:17). Исо пайравонашро мефиристод, то ки онҳо одамони фурӯтанро ёфта ба онҳо чӣ тавр ба Худо маъқул шуданро таълим диҳанд. Имрӯз, Яҳува миллионҳо одамонро барои зиндагӣ дар Биҳишти оянда тайёр карда истодааст (Сафанё 2:3). Дар вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува, одамон ёд мегиранд, ки чӣ тавр шавҳарон, падарон, занон ва модарони хубтар шаванд. Фарзандон ва волидон якҷоя ба Худо ибодат мекунанд ва таълим мегиранд, ки хабарҳои нағзи Китоби Муқаддас чӣ тавр ҳаёти онҳоро беҳтар карда метавонанд. (Мико 4:1–4-ро хонед).

Барои гирифтани маълумоти зиёдтар ба боби 3-юми китоби «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» нигоҳ кунед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан