ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • fg дарси 11 саволҳои 1-4
  • Чаро принсипҳои Китоби Муқаддас бар фоидаи моянд?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чаро принсипҳои Китоби Муқаддас бар фоидаи моянд?
  • Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
  • Маводи монанд
  • Бигзор қонуну принсипҳои Худо виҷдонатонро таълим диҳанд
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
  • Виҷдонатонро ҳамеша тарбия кунед
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2019)
Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
fg дарси 11 саволҳои 1-4

ДАРСИ 11

Чаро принсипҳои Китоби Муқаддас бар фоидаи моянд?

1. Барои чӣ мо ба роҳнамоӣ ниёз дорем?

Истифодаи принсипҳои Китоби Муқаддас: Модаре ба кӯдаки худ тасмаи бехатариро мебандад; падар ва писар ҳангоми дучархаронӣ аз кулоҳи муҳофизатӣ истифода мебаранд; зани ҳомиладор ва коргар, ҳар яки онҳо худро эҳтиёт мекунанд

Принсипҳои Китоби Муқаддас ба мо ёд медиҳанд, ки чораҳои эҳтиётӣ андешем (ЗАБУР 35:10).

Офаридгорамон аз мо хирадмандтар аст. Чун Падари меҳрубон, Ӯ дар бораи мо ғамхорӣ мекунад. Ҳамчунин, Ӯ вақти моро офаридан ният надошт, ки мо бе Ӯ худамон мустақил зиндагӣ кунем (Ирмиё 10:23). Пас, чӣ хеле ки кӯдаки хурд ба роҳбарии волидонаш мӯҳтоҷ аст, мо ба роҳбарии Худо ниёз дорем (Ишаъё 48:17, 18). Чӣ тавр Худо моро роҳбарӣ мекунад? Ӯ дар Каломи худ принсипҳо ва қонунҳо додааст, ки онҳо ба мо роҳнамоӣ нишон медиҳанд. Ва ин роҳнамоиро атои Худо номидан мумкин аст. (2 Тимотиюс 3:16-ро хонед).

Қонунҳо ва принсипҳои Яҳува ба мо таълим медиҳанд, ки ҳозир бо роҳи аз ҳама беҳтарини ҳаёт равем ва чӣ гуна дар оянда баракатҳои ҷовидонаро соҳиб шавем. Азбаски Худо Офаридгори мост, албатта дуруст аст, ки роҳнамоии Ӯро мо бо миннатдорӣ қабул кунем. (Забур 18:8, 12 ва Ваҳй 4:11-ро хонед).

2. Принсипҳои Китоби Муқаддас гуфта чиро фаҳмидан мумкин аст?

Принсипҳои Китоби Муқаддас меъёрҳои асосӣ мебошанд ва онҳо ба мо нишон медиҳанд, ки Худо аз мо чӣ мехоҳад. Принсип аз қонун бо он фарқ мекунад, ки он ба мавридҳои гуногун дахл дошта метавонад. Вале қонун бошад, шояд ба мавридҳои махсус дахл дорад (Такрори Шариат 22:8). Барои фаҳмидани он, ки дар ин ё он ҳолат кадом принсипро ба кор бурдан даркор аст, мо бояд қобилияти фикррониамонро истифода барем (Масалҳо 2:10–12). Масалан, Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки ҳаёт атои Худо аст. Ин принсип метавонад моро дар ҷои кор, дар хона ва ҳангоми ба ҷое сафар кардан роҳнамоӣ кунад, то мо ҳаёти худамон ё ҳаёти дигаронро зери хатар нагузорем. (Забур 99:3-ро хонед).

3. Кадом ду принсип асосӣ мебошанд?

Исо-пайғамбар ду принсипи аз ҳама асосиро гуфта буд. Якум принсип ошкор мекунад, ки мақсади аслии ҳаёти инсон — ин донистани Худо, дӯст доштани Ӯ ва содиқона ба Ӯ хизмат кардан аст. Дар ҳамаи қарорҳоямон дуруст мебуд, ки мо ин принсипро ба назар гирем (Масалҳо 3:6). Онҳое, ки мувофиқи ин принсип зиндагӣ мекунанд, бо Худо дӯст мешаванд, хушбахтии ҳақиқӣ меёбанд ва ҳаётӣ ҷовидонаро соҳиб мешаванд. (Матто 22:36–38-ро хонед).

Принсипи дуюм ба мо ёрӣ медиҳад, ки бо дигар одамон дар сулҳ бошем (1 Қӯринтиён 13:4–7). Ба кор бурдани ин принсип онро дар бар мегирад, ки мо ба он тарзе ки Яҳува бо одамон муносибат мекунад, пайравӣ кунем. (Матто 7:12; 22:39, 40-ро хонед).

4. Чаро принсипҳои Китоби Муқаддас бар фоидаи моянд?

Оилаи хушбахт

Принсипҳои Китоби Муқаддас оилаҳоро таълим медиҳанд, ки чӣ тавр бо муҳаббат дар ягонагӣ зиндагӣ кунанд (Қӯлассиён 3:12–14). Ҳамчунин, принсипҳои он оиларо муҳофизат мекунанд. Масалан, як принсип дар он асос меёбад, ки издивоҷ бояд барои тамоми умр бошад. (Ҳастӣ 2:24-ро хонед).

Риоя кардани принсипҳои Китоби Муқаддас моро аз ҷиҳати моддӣ муҳофизат мекунад ва барои нигоҳ доштани оромии дарунӣ кӯмак мекунад. Масалан, сардорони корхонаҳо бисёр вақт шахсони ҳалолкор ва боғайратро ба кор гирифтан мехоҳанд. Принсипҳои Каломи Худо маҳз чунин хислатҳоро таълим медиҳанд (Масалҳо 10:4, 26; Ибриён 13:18). Каломи Худо ҳамчунин таълим медиҳад, ки мо бо чизҳои зарурӣ қаноат кунем ва дӯстӣ бо Худоро аз чизҳои моддӣ бештар қадр кунем. (Матто 6:24, 25, 33 ва 1 Тимотиюс 6:8–10-ро хонед).

Ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддас саломатии моро муҳофизат карда метавонад (Масалҳо 14:30; 22:24, 25). Масалан, риоя кардани қонуне, ки дар он Худо мастиро манъ мекунад, моро аз бемориҳои марговар ва фалокатҳо нигоҳ медорад (Масалҳо 23:20). Яҳува ба мо иҷозат медиҳад, ки нӯшокиҳои спиртиро танҳо бамеъёр истеъмол кунем (Забур 103:15; 1 Қӯринтиён 6:10). Принсипҳои Худо фоиданоканд, зеро онҳо ба мо ёд медиҳанд, ки худро на танҳо аз амалҳои нодуруст, балки ҳамчунин аз фикрҳои нодуруст муҳофизат кунем (Забур 118:97–100). Вале онҳое, ки Худоро дӯст медоранд, меъёрҳои Ӯро нафақат барои ба худ фоида расондан риоя мекунанд. Онҳо барои ҷалол додани Яҳува ин корро мекунанд. (Матто 5:14–16-ро хонед).

Барои гирифтани маълумоти зиёдтар ба боби 12 ва 13-уми китоби «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» нигоҳ кунед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан