ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • gf дарси 2 саҳ. 4
  • Худо дӯсти беҳтарин аст

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Худо дӯсти беҳтарин аст
  • Шумо метавонед дӯсти Худо бошед!
  • Маводи монанд
  • Шумо дӯсти Яҳува шуда метавонед
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Худо шуморо даъват менамояд, ки дӯсти Ӯ гардед
    Шумо метавонед дӯсти Худо бошед!
  • «Шуморо дӯст меномам»
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
  • Оё Китоби Муқаддас барои дӯсти Худо шудан ёрдам карда метавонад?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2018
Шумо метавонед дӯсти Худо бошед!
gf дарси 2 саҳ. 4

ДАРСИ 2

Худо дӯсти беҳтарин аст

A woman reads the Bible

Дӯсти Худо гардидан беҳтарин рӯйдоди зиндагии шумо хоҳад буд. Худо шуморо хоҳад омӯзонид, ки чӣ гуна хушбахт ва бехатар зиндагӣ кардан мумкин аст. Ӯ шуморо аз эътиқодҳои дурӯғин ва одатҳои харобиовар озод хоҳад намуд. Ӯ дуоҳои шуморо гӯш хоҳад кард. Худо ба шумо кӯмак хоҳад кард, то оромӣ ва устуворӣ ёбед (Забур 70:5; 72:28). Худо шуморо дар вақти душвориҳо нигаҳбон хоҳад буд (Забур 17:19). Ҳамчунин Худо ба шумо ҳаёти ҷовидонаро пешкаш мекунад (Румиён 6:23).

A woman meets a family who are friends of God

Ба Худо наздик шуда, ба дӯстони Худо наздикӣ хоҳед ёфт. Онҳо дӯстони шумо низ хоҳанд шуд. Онҳо бароятон ҳамчун бародарону хоҳарон хоҳанд буд. Онҳо аз омӯзонидани шумо доир ба Худо хушнуд мешаванд ва шуморо дастгирӣ мекунанд.

Мо ба Худо баробар нестем. Ҳангоме ки дӯстӣ бо Худоро ҷӯёнед, як ҳақиқати муҳимро бояд бифаҳмед, ки дӯстӣ бо Худо дӯстии байни инсонҳо нест. Ӯ аз мо хеле бузургтар ба синну сол, хирадмандтар ва тавонотар аст. Ӯ Ҳокими қонунии мост. Бинобар ин, агар бихоҳем, ки дӯсти Ӯ бошем, бояд ба Ӯ гӯш диҳем ва гуфтаҳояшро ба ҷо оварем. Ин ҳамеша ба манфиати мо хоҳад буд (Ишаъё 48:18).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан