БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Вақте вазъиятатон дигар мешавад, рӯҳан ҳушёру бедор монед
Махсусан дар ин рӯзҳои охир аз тағйирот гурехта намешавад (1Қр 7:31). Хоҳ тағйирот ногаҳонӣ бошад, хоҳ онро интизор бошем, он ба ибодату муносибати бо Яҳува доштаамон таъсир мекунад. Дар ин вақт чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки рӯҳан ҳушёру бедор монем? Видеонавори «Ҳангоми кӯчидан рӯҳан устувор монед»-ро тамошо кунед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Бародаре ба сардори оила чӣ маслиҳат дод?
Чӣ тавр аъзоёни оила принсипи дар Матто 7:25 навишташударо дар вазъияти худ истифода бурданд?
Аъзоёни оила пеш аз кӯчидан чиро ба нақша гирифтанд ва чӣ тавр ин ба онҳо ёрӣ дод?
Чӣ ба ин оила кӯмак кард, ки ба ҷамъомад ва маҳалли нав одат кунад?
Бо кадом тағйироти калоне, ман ба наздикӣ рӯ ба рӯ шудам?
Принсипҳои дар ин видеонавор овардашударо дар вазъияти худ чӣ хел истифода барам?