ДАРСИ 17
Барои соҳиби дӯст будан худатон бояд дӯст бошед
Дӯстӣ дар муҳаббат асос меёбад. Ҳар қадаре ки дар бораи Яҳува зиёдтар омӯзед, ҳамон қадар муҳаббати шумо нисбати Ӯ зиёдтар мегардад. Ва ҳар қадаре ки муҳаббати шумо ба Худо афзояд, хоҳиши шумо барои ба Ӯ хидмат намудан низ қавитар хоҳад гашт. Ин шуморо барои шогирди Исои Масеҳ гаштан бармеангезад (Матто 28:19). Ба оилаи хушнуди Шоҳидони Яҳува пайваста, шумо абадан аз дӯстӣ бо Худо баҳравар хоҳед буд. Чӣ кор бояд кунед?
Бояд муҳаббати худро ба Худо бо итоат ба қонунҳои Ӯ зоҳир намоед. «Муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест» (1 Юҳанно 5:3).
Он чизеро ки меомӯзед, ба кор баред. Исо ҳикояеро нақл кард, ки намунаи хубе бар ин гуфтаҳост. Марди хирадманд хонаи худро бар санг бино кард. Нодон бошад, хонаашро дар болои рег сохт. Вақте ки боду борон ва селобҳо омаданд, хонаи дар болои санг сохташуда дошт дод. Хонаи бар рег биношуда бошад, вайрон шуда, афтид. Исо гуфт, ки онҳое ки таълимоти ӯро шунида, иҷро мекунанд, мисли марди хирадманде ҳастанд, ки хонаи худро дар болои санг месозад. Вале онҳое ки ин таълимотро мешунаванду иҷро намекунанд, монанди шахси нодони хонаи худро бар рег сохта ҳастанд. Ба кадоме аз онҳо шумо мехостед монанд бошед? (Матто 7:24-27).
Бахшида шудан. Ин маънои онро дорад, ки шумо ба Яҳува дар дуо муроҷиат карда, ба ӯ хоҳиши ҷовидона хидмат намуданро иброз мекунед. Иҷро кардани иродаи Худо нишондиҳандаи он аст, ки шумо шогирди Исои Масеҳ ҳастед (Матто 11:29).
Таъмид. «Таъмид бигир ва исми Ӯро хонда, аз гуноҳҳои худ пок шав» (Аъмол 22:16).
Аз ҷону дил ба Худо хидмат намоед. «Ҳар он чӣ мекунед, аз ҷону дил ба ҷо оваред, мисли он ки барои Худованд бошад, на барои одамон» (Қӯлассиён 3:23).