ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • jy боби 28 саҳ. 70-саҳ. 71 сарх. 6
  • Барои чӣ шогирдони Исо рӯза намедоранд?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Барои чӣ шогирдони Исо рӯза намедоранд?
  • Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
jy боби 28 саҳ. 70-саҳ. 71 сарх. 6
Шогирдони Яҳё аз Исо дар бораи рӯзадорӣ мепурсанд

БОБИ 28

Барои чӣ шогирдони Исо рӯза намедоранд?

МАТТО 9:14–17 МАРҚӮС 2:18–22 ЛУҚО 5:33–39

  • ШОГИРДОНИ ЯҲЁ АЗ ИСО ДАР БОРАИ РӮЗАДОРӢ МЕПУРСАНД

Каме баъд аз он ки Исо ба иди Раҳоии соли 30-и милодӣ рафт, Яҳёро ба зиндон андохтанд. Ӯ мехост, ки шогирдонаш пайрави Исо шаванд, лекин айни ҳол на ҳамаи онҳо Исоро пайравӣ мекунанд.

Ҳоло бошад, иди Раҳоии соли 31-и милодӣ наздик шуда истодааст. Баъзе аз шогирдони Яҳё назди Исо омада, аз ӯ мепурсанд: «Чаро мо ва фарисиён рӯза медорем, лекин шогирдони ту рӯза намедоранд?» (Матто 9:14). Фарисиён рӯзадориро маросими ҳатмӣ мешумурданд. Баъдтар Исо ҳатто мисоле меорад, ки чӣ тавр як фарисии ҳавобаланд дар дуо чунин мегӯяд: «Худоё, туро шукр мегӯям, ки монанди дигар одамон... нестам. Дар як ҳафта ду маротиба рӯза медорам» (Луқо 18:11, 12). Шояд, шогирдони Яҳё ҳам ин корро чун як маросим ба ҷо меоваранд. Ё, мумкин, онҳо барои ба зиндон партофта шудани Яҳё мотам гирифта, рӯза медоранд. Шояд, барои ҳамин онҳо ҳайронанд, ки чаро шогирдони Исо ҳам мотам намегиранд ва ба ғами онҳо шарик шуда рӯза намедоранд.

Исо мисол оварда ба онҳо мефаҳмонад: «Магар дӯстони домод, ҳангоме ки ӯ бо онҳост, мотам мегиранд? Лекин вақте мерасад, ки домод аз онҳо гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо рӯза хоҳанд дошт» (Матто 9:15).

Худи Яҳё боре Исоро домод номида буд (Юҳанно 3:28, 29). Ҳоло ки Исо дар замин аст, шогирдонаш рӯза намедоранд. Баъдтар, вақте Исо мемирад, шогирдонаш мотам мегиранд ва хоҳиши хӯрданро гум мекунанд. Аммо, вақте Исо боз зинда мегардад, онҳо шоду хуррам мешаванд ва барои мотаму рӯза дигар ҳоҷат намемонад.

Баъд Исо ду мисол меорад: «Ҳеҷ кас матои навро ба либоси кӯҳна дарбеҳ намекунад, зеро баъди шустан матои нав ба об даромада, аз либоси кӯҳна канда мешавад ва ҷойи даридаи он аз пештарааш дида калонтар мегардад. Ҳамчунин ҳеҷ кас шароби навро ба машки кӯҳна намерезад, вагарна машк медарад ва ҳам шароб мерезаду ҳам машк корношоям мегардад. Лекин шароби навро ба машки нав мерезанд» (Матто 9:16, 17). Исо бо ин гапаш чӣ гуфтанӣ аст?

Ба воситаи ин мисолҳо Исо ба шогирдони Яҳё фаҳмонданист, ки ӯ намехоҳад пайравонаш урфу одатҳои кӯҳнашудаи дини яҳудиро дастгирӣ кунанд. Исо намехоҳад тарзи ибодати кӯҳнашударо давом диҳад, ибодатеро, ки ба наздикӣ бекор мешавад. Исо тарзи ибодатеро дастгирӣ мекунад, ки дар он барои урфу одатҳои одамӣ ҷой нест. Дини яҳудӣ бошад, дар он замон аз таълимоту маросими одамӣ пур буд. Бале, дастгирӣ кардани ин кор мисли он аст, ки шахс ба либоси кӯҳна дарбеҳи нав дӯзаду шароби навро ба машки кӯҳна резад

МИСОЛҲО ДАР БОРАИ РӮЗАДОРӢ

Машк

Исо мисолеро овард, ки одамони он замон ба осонӣ фаҳмида метавонистанд: ӯ дар бораи дӯхтани либоси кӯҳна гап зад. Агар касе порчаи матои навро гирифта, ба либоси даридаи кӯҳна дӯзад, чӣ мешавад? Вақте чунин либосро мешӯянд, дарбеҳи он майда шуда матои кӯҳнаро мекашад ва онро медаронад.

Шаробро бошад, баъзан дар машкҳо — халтаҳои махсус, ки аз пӯсти ҳайвонот тайёр мешуданд, нигоҳ медоштанд. Бо гузашти вақт пӯст хушк ва дурушт мешуд. Вақте шароби навро ба машки кӯҳна мерехтанд, он метавонист ба ҷӯш ояд ва ба машк фишор оварда, онро шикоф кунад.

  • Дар рӯзҳои Исо кӣ рӯза медошт ва чаро?

  • Чаро шогирдони Исо, вақте ӯ бо онҳост, рӯза намедоранд? Чӣ сабаби рӯза доштани онҳо шуда метавонад?

  • Мисолҳое, ки Исо овард, чӣ маъно доранд?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан