Эҳтиёт шавед, ки ба доми Шайтон наафтед!
«Ҳушёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 ПЕТ. 5:8).
1. Фаҳмонед, ки чӣ тавр як офаридаи рӯҳӣ Шайтон гашт.
ЯК ЗАМОНЕ вай ба Яҳува содиқ буд ва аз дӯстӣ бо Ӯ баҳра мебурд. Лекин баъдтар ин офаридаи рӯҳӣ хост, ки одамон ба вай ибодат кунанд. Ба ҷои пахш кардани ин хоҳиш вай онро инкишоф додан гирифт ва оқибат ин фикри нодуруст ба гуноҳ оварда расонд (Яъқ. 1:14, 15). Ин офаридаи рӯҳӣ Шайтон аст, ки «дар ростӣ собит намонд». Вай ба муқобили Яҳува исён бардошт ва ҳамин тавр «падари дурӯғ» гашт (Юҳ. 8:44).
2, 3. Калимаҳои «Шайтон», «Иблис», «мор» ва «аждаҳо» дар бораи душмани ашаддии Яҳува чиро ошкор мекунанд?
2 Аз замони исён бардоштанаш ӯ душмани ашаддии Яҳува гардид. Нисбати офаридаҳои Яҳува — одамон ӯ ягон зарра муҳаббат ҳам надорад. Номе ки ба ӯ дода шудааст, табиати ӯро баръало нишон медиҳад. Маънои калимаи «Шайтон» «душман» мебошад ва ин нишон медиҳад, ки ӯ аз ҳукмронии Яҳува нафрат дорад ва бо тамоми қувваташ ба он муқобилат мекунад. Беш аз ҳама чиз Шайтон муштоқи он аст, ки ҳокимияти Яҳува ба охир расад.
3 Дар Ваҳй 12:9 Шайтон «Иблис» номида шудааст, ки маънояш «тӯҳматчӣ» мебошад. Вай Худоро дар дурӯғгӯӣ айбдор карда буд. Ибораи «мори қадимӣ» ба хотирамон меорад, ки чӣ тавр Шайтон дар боғи Адан морро истифода бурда Ҳавворо фиреб дод. Ибораи «аждаҳои бузург» ҳайвони бадҳайбатеро ба хотир меорад. Ин ба он ишора мекунад, ки Шайтони бераҳм хоҳиши сахт дорад, ки ба иҷрошавии нияти Яҳува халал расонад ва халқи Ӯро несту нобуд кунад.
4. Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?
4 Шайтон беайбии моро зери хатар мегузорад. Барои ҳамин Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад: «Ҳушёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Пет. 5:8). Аз ин рӯ мо дар ин мақола се хусусияти Шайтонро дида мебароем ва мефаҳмем, ки чаро мо бояд худро аз ин душмани ашаддии Яҳува ва халқи Ӯ муҳофизат кунем.
ШАЙТОН ПУРЗӮР АСТ
5, 6. а) Бо мисол фаҳмонед, ки фариштагон то чӣ андоза пурзӯранд. б) Ба кадом маъно Шайтон «соҳиби қудрати мамот» аст?
5 Офаридаҳои рӯҳӣ ё худ фариштагон «дар қувват паҳлавон» мебошанд (Заб. 102:20). Онҳо ҳам аз ҷиҳати қувват ва ақл аз одамон болотаранд. Фариштагони хуб қобилияти худро барои кардани корҳои хуб истифода мебаранд. Масалан, боре як фаришта дар як шаб аз лашкари Ашшур 185 000 нафарро несту нобуд кард, ки кардани ин кор ҳатто ба як сипоҳи бузург имконнопазир буд (4 Подш. 19:35). Бори дигар фаришта қувват ва қобилияти ғайриоддии худро истифода бурда ҳаввориёни Масеҳро аз зиндон озод кард. Ӯ тавре карда аз пеши посбонон ноаён гузашт. Баъд ӯ дари занҷирбандро кушода, ҳаввориёни Исоро аз зиндон озод кард ва дарро боз маҳкам кард. Посбонон бошанд, он вақт дар ҳамон ҷо буданд ва ҳаввориёнро нигаҳбонӣ мекарданд. Онҳо аз ин воқеаи рӯйдода ҳатто хабардор нашуданд (Аъм. 5:18–23).
6 Баръакси фариштагони хуб Шайтон қувваашро барои ба ҷо овардани ниятҳои бад истифода мебарад. Ва ӯ дар ҳақиқат ҳам қудрати бузург дорад! Дар Навиштаҳо ӯ «мири ин ҷаҳон» ва «худои ин дунё» номида шудааст (Юҳ. 12:31; 2 Қӯр. 4:4). Шайтон Иблис ҳатто «соҳиби қудрати мамот» мебошад (Ибр. 2:14). Ин маънои онро надорад, ки Шайтон бо дастони худаш ҳамаи одамонро мекушад. Ин нишон медиҳад, ки рӯҳияи одамкушие, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, аз вай сарчашма мегирад. Ҳамчунин вақте ки Ҳавво ба фиреби Шайтон бовар карду Одам ба Худо беитоатӣ кард, гуноҳ ва марг ба тамоми ҷаҳон дохил шуд (Рум. 5:12). Ба ҳамин маъно Шайтон «соҳиби қудрати мамот» аст (Юҳ. 8:44). Ана барои чӣ Исо ӯро «қотил», яъне одамкуш номид. Чӣ душмани пурзӯрест Шайтон!
7. Чӣ тавр девҳо қуввати худро нишон доданд?
7 Вақте ки мо ба Шайтон муқобилият мекунем, мо ҳамчунин ба шахсоне зид мебароем, ки ба исёни вай ҳамроҳ шуда ҳокимияти Яҳуваро рад кардаанд. Онҳо офаридаҳои рӯҳие ҳастанд, ки чун девҳо маълуманд (Ваҳй 12:3, 4). Девҳо одамонро ба азобу ранҷ гирифтор карда борҳои зиёд қувваи бузурги худро нишон доданд (Мат. 8:28–32; Марқ. 5:1–5). Ҳаргиз қувваи ин фариштагони бадкор ва «калон»-и онҳо — Шайтонро кам нашуморед! (Мат. 9:34). Бе кӯмаки Яҳува мо бар Шайтон ғолиб баромада наметавонем.
ШАЙТОН БЕРАҲМ АСТ
8. а) Мақсади Шайтон чист? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Аз мушоҳидаи худ гӯед, ки чӣ тавр Шайтон ба ҷаҳон таъсир мерасонад?
8 Ҳаввории Павлус Шайтонро ба «шери ғуррон» монанд кард. Мувофиқи як фарҳанги Китоби Муқаддас, калимаи юноние ки дар ин ҷо чун «ғуррон» тарҷума шудааст, ба ҳайвоне ишора мекунад, ки ҳангоми сахт гурусна буданаш садои даҳшатангез мебарорад. Ва дар ҳақиқат ҳам, гуруснагии Шайтон ҳадду канор надорад! Гарчанд тамоми ҷаҳон дар дасташ мебошад, вай ташнаи он аст, ки одамони боз ҳам бештареро тӯъмаи худ гардонад (1 Юҳ. 5:19). Шайтон диққати асосиашро ба тадҳиншудагон, ки «гӯсфандони дигар» бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд, равона кардааст (Юҳ. 10:16; Ваҳй 12:17). Шайтон сахт мехоҳад, ки халқи Худоро ба коми худ кашад. Ӯ аз асри як то замони мо ба пайравони Масеҳ пайваста ҳамла мекунад. Ин хунхору бераҳм будани ӯро исбот мекунад.
9, 10. а) Чӣ тавр Шайтон ба халқи Исроил ҳамла мекард? (Мисол оред.) б) Ба кадом сабаби махсус Шайтон ба Исроили қадим ҳамла меовард? в) Ба фикри шумо, ҳангоме ки ягон ходими Яҳува гуноҳи ҷиддӣ содир мекунад, Шайтон чӣ ҳис мекунад?
9 Ба иҷрошавии нияти Худо муқобилият карда Шайтон боз бо як роҳи дигар бераҳм будани худро нишон дод. Шери гурусна нисбати тӯъмаи худ ҳеҷ раҳме надорад. Баъди хӯрдани тӯъмааш шери дарранда ҳеҷ гоҳ пушаймонӣ ҳис намекунад. Масалан, тасаввур кунед, ки Шайтон Иблис чӣ ҳис мекард, вақте исроилиён ба бадахлоқии ҷинсӣ ва чашмгуруснагӣ дода мешуданд. Дар бораи он фикр кунед, ки зинокории Зимрӣ ва чашмгуруснагии Ҷеҳазӣ чӣ оқибате оварданд. Оё шумо тасаввур карда метавонед, ки чӣ тавр шери ғуррон аз ғалабаи худ шодӣ мекунад? (Ад. 25:6–8, 14, 15; 4 Подш. 5:20–27).
Вақте ягон ходими Яҳува гуноҳ мекунад, Шайтон аз ин хурсанд мешавад (Ба сархати 10 нигаред.)
10 Дар замонҳои қадим Шайтон асоси муҳиме дошт, то ба Исроил ҳуҷум кунад. Охир, маҳз аз ҳамин халқ бояд Масеҳ пайдо мешуд, ки Шайтонро нобуд карда исбот мекард, ки танҳо Яҳува ҳуқуқи ҳукмронӣ карданро дорад (Ҳас. 3:15). Шайтон намехост, ки Худо аз исроилиён розӣ бошад, барои ҳамин ҳар кори аз дасташ меомадаро мекард, то онҳо ба доми гуноҳ афтанд. Фикр накунед, ки вақте Довуд зино кард, дили Шайтон ба ӯ сӯхт. Ҳамчунин, вақте Мусо аз имконияти ба Замини ваъдашуда даромадан маҳрум гашт, Шайтон ба вай раҳмаш наомад. Баръакс, вақте ягон ходими Яҳува гуноҳи ҷиддӣ содир мекунад, Шайтон бениҳоят хурсанд мешавад. Вай ин гуноҳҳоро истифода мебарад, то ки Яҳуваро бадгӯӣ кунад (Мас. 27:11).
11. Чаро Шайтон Сороро ба нишон гирифт?
11 Шайтон хусусан аз авлоде ки Масеҳ аз он бояд меомад, нафрат дошт. Дар бораи он фикр кунед, ки вақте Яҳува ба Иброҳим ваъда дод, ки аз ӯ «халқи бузурге» ба вуҷуд меорад, чӣ рӯй дод (Ҳас. 12:1–3). Ҳангоме Иброҳиму Соро дар Миср буданд, фиръавни он ҷо Сороро ба хонаи худ овард, то ки ӯро ҳамсари худ гардонад. Лекин Яҳува ба ин кор дахолат карда Сороро аз ин ҳолати душвор наҷот дод. (Ҳастӣ 12:14–20-ро бихонед.) Каме пеш аз таваллуд шудани Исҳоқ чунин воқеа дар назди Ҷарор такрор шуд (Ҳас. 20:1–7). Оё сабабгори ин воқеа Шайтон буд? Оё Шайтон гумон мекард, ки Соро, ки навакак шаҳри бароҳати Урро тарк карда буду акнун дар хаймаҳо зиндагӣ мекард, фирефтаи зебу зинати дарбори фиръавни Миср ё шоҳ Абималик мешавад? Оё Шайтон фикр мекард, ки Соро ба шавҳари худ ва Яҳува хиёнат карда ба зани подшоҳ шудан розӣ мешавад? Китоби Муқаддас дар ин бора чизе намегӯяд, лекин мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Иблис аз он ки Соро имконияти аҷдоди Масеҳ шуданро аз даст медод, хеле хурсанд мешуд. Шайтон парвое надошт, ки Соро издивоҷ, обрӯю эътибор ва муносибати бо Яҳува доштаашро гум карда метавонад. Дар ҳақиқат, Шайтон заррае раҳм надорад!
12, 13. а) Чӣ тавр баъди таваллуд шудани Исо бераҳм будани Шайтон аён шуд? б) Ба фикри шумо, Шайтон нисбати кӯдаконе ки Яҳуваро дӯст медоранду ҳар рӯз ба Ӯ хизмат мекунанд, чӣ ҳис мекунад?
12 Исо асрҳо пас аз Иброҳим таваллуд шуд. Шумо гумон накунед, ки Шайтон Исои кӯдакро зебову дӯстрӯяк меҳисобид. Шайтон медонист, ки ин кӯдак калон шуда Масеҳи ваъдашуда мегардад. Дар ҳақиқат, Исо қисми аввалиндараҷаи насли Иброҳим буд, шахсе ки бояд дертар «аъмоли иблисро вайрон» мекард (1 Юҳ. 3:8). Оё Шайтон фикр мекард, ки куштани кӯдаки хурдсол кори аз ҳад зиёд бераҳмона аст? Не. Вай умуман ҳисси раҳму шафқат надорад. Ва дар мавриди Исои кӯдак Шайтон бетаъхир амал кард. Чӣ тавр?
13 Вақте шоҳ Ҳиродус аз толеъбинон фаҳмид, ки «Подшоҳи яҳудиён» таваллуд шудааст, ӯ қасди куштани кӯдакро кард (Мат. 2:1–3, 13). Шоҳ фармон дод, ки дар Байт-Лаҳм ва гирду атрофи он тамоми кӯдакони то дусола кушта шаванд. (Матто 2:13–18-ро бихонед.) Исо аз дасти ин қотили бераҳм наҷот ёфт, лекин мо аз ин воқеа дар бораи душманамон — Шайтон чӣ мефаҳмем? Равшан аст, ки Иблис ҳаёти одамонро ягон зарра ҳам қадр намекунад. Вай ҳатто парвои кӯдаконро надорад. Дар ҳақиқат, Шайтон «шери ғуррон» аст. Ҳеҷ гоҳ инро фаромӯш насозед!
ШАЙТОН ФИРЕБГАР АСТ
14, 15. Чӣ тавр Шайтон зеҳни беимононро «кунд кардааст»?
14 Ягона тарзе ки Шайтон одамонро аз роҳи рост дур месозад, ин фиреб аст (1 Юҳ. 4:8). Шайтон одамонро гумроҳ мекунад, то ба Худо мӯҳтоҷ буданашонро дарк накунанд (Мат. 5:3, Хушхабар). Вай «зеҳнашонро кунд кардааст, то ки нури башорати ҷалоли Масеҳ, ки Ӯ сурати Худост, барои онҳо надурахшад» (2 Қӯр. 4:4).
15 Як тарзе ки Шайтон бисёр вақт барои гумроҳ кардани одамон истифода мебарад, ин дини дурӯғ аст. Вақте вай мебинад, ки чӣ тавр одамон ба аҷдодони худ, табиат, ҳайвонот ё чизу каси дигаре ғайр аз Яҳува, ки талабгори садоқатмандии пурра аст, ибодат мекунанд, хурсанд мешавад (Хур. 20:5, ТДН). Ҳарчанд бисёриҳо фикр мекунанд, ки онҳо Худоро ба тарзи дуруст ибодат карда истодаанд, ба ҳар ҳол онҳо побанди ақидаҳои бардурӯғ ва расму русуми бефоида гаштаанд. Дар бораи чунин одамон, ки дар ҳолати ғамангез қарор доранд, Яҳува гуфта буд: «Чаро нуқраро барои он чи нон нест ва меҳнати худро барои он чи сер намекунад, сарф намоед? Маро бодиққат бишнавед ва чизҳои хубро бихӯред, то ки ҷони шумо аз фаровонӣ лаззат барад» (Иш. 55:2).
16, 17. а) Чаро Исо ба Петрус «аз пеши ман дур шав, эй Шайтон!» гуфт? б) Чӣ тавр Шайтон моро фиреб медиҳад, то мо ҳушёриро аз даст диҳем?
16 Шайтон метавонад ҳатто ходимони вафодори Яҳуваро фиреб кунад. Мисоли зерин инро тасдиқ мекунад. Боре Исо ба шогирдонаш гуфт, ки ба қарибӣ ӯ бояд кушта шавад. Петрус бо дилу нияти хуб Исоро ба як сӯ бурд ва гуфт: «Ҳазрат, ба худат раҳм кун. Ин бо ту ҳаргиз рӯй нахоҳад дод». Исо ба таври қатъӣ ба ӯ ҷавоб дод: «Аз пеши ман дур шав, эй Шайтон!» (Мат. 16:22, 23, ТДН). Чаро Исо Петрусро «Шайтон» номид? Исо медонист, ки ба наздикӣ чӣ рӯй медиҳад. Чанде пас ӯ бояд ҷони худро чун қурбонии фидия медод ва дурӯғгӯй будани Иблисро исбот менамуд. Дар ин вақти муҳимтарин дар таърихи инсоният Исо набояд ба худаш раҳм мекард. Агар Исо, каме ҳам бошад, ҳушёриашро аз даст медод, он гоҳ Шайтон ба мақсади худ мерасид.
17 Анҷоми ин тартибот қариб аст, барои ҳамин мо низ дар давраи муҳимтарин зиндагӣ мекунем. Шайтон мехоҳад, ки мо ба худамон «раҳм» кунем ва дар бораи он фикр кунем, ки чӣ тавр дар ин ҷаҳон муваффақ шавем. Вай мекӯшад, ки мо дар кадом вақт зиндагӣ карданамонро фаромӯш созем ва ҳушёриро аз даст диҳем. Ҳаргиз нагузоред, ки бо шумо чунин рӯй диҳад! Баръакс, «бедор бошед» (Мат. 24:42). Ҳеҷ гоҳ ба ин дурӯғи Шайтон, ки гӯё анҷоми ин тартибот дур аст ё он тамоман намеояд, бовар накунед.
18, 19. а) Бо кадом тарз Шайтон моро фиреб доданӣ мешавад? б) Чӣ тавр Яҳува ба мо кӯмак мекунад, ки ҳушёру бедор монем?
18 Шайтон мекӯшад, ки моро боз бо роҳи дигар гумроҳ созад. Вай мехоҳад, то мо фикр кунем, ки дар назари Худо қадру қимат надорем ва гуноҳҳои мо нобахшиданист. Лекин ин дурӯғи маҳз аст. Ба фикри шумо, кӣ дар ҳақиқат сазовори муҳаббати Яҳува нест? Албатта, ин Шайтон аст. Киро Яҳува умуман намебахшад? Шайтонро. Аммо дар бораи мо Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худо беадолат нест, ки кори шуморо ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба исми Ӯ зоҳир намуда, ба муқаддасон хизмат кардаед ва мекунед, фаромӯш кунад» (Ибр. 6:10). Он чизе мо мекунем, Яҳува онро қадр мекунад ва хизмати мо дар назари Ӯ бефоида нест. (1 Қӯринтиён 15:58-ро бихонед.) Барои ҳамин биёед ба фиреби Шайтон дода нашавем.
19 Чи хеле ки дидем, Шайтон пурзӯр, бераҳм ва фиребгар аст. Чӣ тавр мо дар ҷанг ба муқобили ин душман ғолиб баромада метавонем? Хушбахтона Яҳува моро бе ҳимоя нагузоштааст. Каломи Худо моро огоҳ мекунад, ки Шайтон кадом усулҳоро истифода мебарад. Барои ҳамин мо «аз дасисаҳои вай бехабар нестем» (2 Қӯр. 2:11). Вақте мо мефаҳмем, ки бо кадом роҳҳо Шайтон ба мо ҳамла меорад, ин ба мо кӯмак менамояд, то ҳушёру бедор бимонем. Лекин танҳо бохабар будан аз дасисаҳои Шайтон кофӣ нест. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ба иблис муқобилат кунед ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт» (Яъқ. 4:7). Дар мақолаи оянда мо се мавридро муҳокима мекунем, ки чӣ тавр ба Шайтон муқобилият карда, ғолиб баромада метавонем.