Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»
5—11 ФЕВРАЛ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАТТО 12, 13
«Мисоли гандум ва алафи бегона»
(Матто 13:24–26) Ба онҳо мисоли дигаре оварда гуфт: «Подшоҳии осмонро ба марде монанд кардан мумкин аст, ки дар киштзори худ тухмии хуб коштааст. 25 Вақте ки ҳама хоб буданд, душман омад ва дар миёни гандум тухми алафи бегонаро пошида, рафт. 26 Вақте гандум сабзид ва хӯша баст, алафи бегона низ маълум шуд.
w13 15.7 саҳ. 9, 10, сарх. 2, 3
«Инак, ман ҳаррӯза... бо шумо ҳастам»
2 Воқеаҳое, ки дар киштзори деҳқон шуданд, нишон медиҳанд, ки кай ва чӣ тавр Исо аз байни одамон шумораи пурраи синфи «гандум», яъне масеҳиёни тадҳиншударо, ки ҳамроҳи ӯ ҳукмронӣ мекунанд, ҷамъ меорад. Коридани гандум соли 33-юми эраи мо сар шуд. Ҷамъоварии он бошад, ҳамон вақт ба охир мерасад, ки боқимонда тадҳиншудагоне, ки дар заминанд, мӯҳри охирини худро мегиранд ва баъдтар ба осмон бурда мешаванд (Мат. 24:31; Ваҳй 7:1–4). Донистани маънои ин масал барои мо аҳамияти калон дорад. Чӣ тавре ки аз баландии кӯҳ ба шахс манзараи васеи гирду атроф намоён мешавад, ҳамин тавр ин масал ба мо фаҳмиши васеъ мебахшад, ки дар давоми тахминан 2 000 сол кадом воқеаҳои бо Салтанат алоқаманд рӯй доданд. Ин воқеаҳо дар масал бо коридан, нумӯ ва дарав тасвир шудаанд. Дар ин мақола диққати асосӣ ба вақти дарав равона карда мешавад.
ТАҲТИ ҒАМХОРИИ ИСО
3 Дар аввали асри дуюми эраи мо, дар «киштзори» ҷаҳонӣ масеҳиёни бардурӯғ, яъне «мастакҳо намоён шуданд» (Мат. 13:26). Дар асри чорум бошад, шумораи масеҳиёни мастакмонанд назар ба масеҳиёни тадҳиншуда аллакай зиёд гашта буд. Агар ба масал баргардем, дар он, ғуломон аз оғояшон барои решакан кардани мастакҳо иҷозат пурсиданд (Мат. 13:28). Оғояшон ба онҳо чӣ ҷавоб дод?
(Матто 13:27–29) Ғуломони соҳиби хона омада, ба ӯ гуфтанд: “Хӯҷаин, магар ту дар киштзорат тухмии хуб накошта будӣ? Пас, алафи бегона аз куҷо пайдо шуд?” 28 Ӯ ба онҳо гуфт: “Ин корро душман кардааст”. Ғуломон ба ӯ гуфтанд: “Оё мехоҳӣ, ки рафта онҳоро канда партоем?” 29 Ӯ гуфт: “Не, мабодо дар вақти канда гирифтани алафи бегона гандумро ҳам бо решааш канда партоед.
«Инак, ман ҳаррӯза... бо шумо ҳастам»
4 Исо дар бораи гандум ва мастакҳо сухан ронда, гуфт: «Бигзоред, ки то вақти дарав ҳар ду бо ҳам нумӯ кунанд». Ин сухани Исо нишон медиҳад, ки аз асри як сар карда то имрӯз дар замин ҳамеша синфи «гандум», яъне масеҳиёни тадҳиншуда вуҷуд доштанд. Чӣ инро тасдиқ мекунад? Исо баъдтар ба шогирдонаш чунин гуфта буд: «Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:20). Пас, масеҳиёни тадҳиншуда ҳаррӯза, то айёми охир, бояд аз тарафи Исо ҳимоя карда мешуданд. Лекин, азбаски шумораи масеҳиёни мастакмонанд аз онҳо зиёдтар буд, мо аниқ гуфта наметавонем, ки дар он муддати дароз киҳо ба синфи «гандум» тааллуқ доштанд. Вале тақрибан сӣ сол пеш аз он ки мавсими дарав сар шавад, синфи гандум аён гашт. Чӣ тавр?
(Матто 13:30) Бигзор то вақти дарав ҳар дуяш афзоиш кунад ва дар мавсими дарав ман ба даравгарон мегӯям: “Аввал алафи бегонаро ҷамъ ореду барои сӯзонидан банд-банд кунед ва баъд аз ин гандумро ба анбори ман захира намоед”».
«Инак, ман ҳаррӯза... бо шумо ҳастам»
10 Якум, чидани мастакҳо. Исо гуфт: «Дар мавсими дарав ба даравгарон хоҳам гуфт: аввал мастакро чида гиреду... банд-банд кунед». Баъди соли 1914 фариштагон ба «чидани» мастакҳо, яъне масеҳиёни бардурӯғ шурӯъ намуда, онҳоро аз «писарони Малакут» ҷудо карданд (Мат. 13:30, 38, 41).
11 Модоме, ки «чидани» мастакҳо авҷ мегирифт, фарқи байни ду гурӯҳ боз ҳам аёнтар мешуд (Ваҳй 18:1, 4). Соли 1919 аллакай маълум гашт, ки Бобили Бузург «фурӯ ғалтид», яъне қудраташро бар хизматгорони Худо гум кард. Масеҳиёни ҳақиқӣ аз масеҳиёни бардурӯғ асосан бо чӣ фарқ мекарданд? Бо кори мавъиза. Онҳое, ки дар байни Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас роҳбариро ба ӯҳда доштанд, аниқ нишон медоданд, ки ҳама дар ҷамъомад бояд дар бораи Салтанат мавъиза кунанд. Масалан, соли 1919 рисолае чоп шуд, ки «Ба онҳое, ки ин кор боварӣ карда шудааст» ном дошт. Дар ин рисола ҳамаи масеҳиёни тадҳиншуда ба мавъизаи хона ба хона ташвиқ карда мешуданд. Дар он гуфта мешуд: «Ин кор ба назар хеле калон метобад, вале он аз они Худованд аст ва бо қуввати Ӯ мо онро ба ҷо хоҳем овард. Иштирок кардан дар ин кор барои шумо шараф аст». Муносибат ба ин даъват чӣ гуна буд? Чӣ хеле ки дар «Бурҷи дидбонӣ»-и соли 1922 қайд шуда буд, аз он вақт сар карда Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас кори мавъизаи худро боз ҳам васеъ намуданд. Дере нагузашта, мавъизаи хона ба хона аломати фарқкунандаи он масеҳиёни содиқ гашт ва то имрӯз чунин аст.
12 Дуюм, захира кардани гандум. Исо ба фариштагонаш амр дод: «Гандумро дар анбори ман захира кунед» (Мат. 13:30). Аз соли 1919 инҷониб тадҳиншудагон ба ҷамъомади тозакардашудаи масеҳӣ «захира», яъне ҷамъ карда мешаванд. Барои тадҳиншудагоне, ки дар охири ин тартибот дар замин зиндагӣ хоҳанд кард, ҷамъоварии охирин ҳангоми гирифтани мукофоти осмониашон рӯй хоҳад дод (Дон. 7:18, 22, 27).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Матто 12:20) Ӯ қамиши нимшикастаро нахоҳад шикаст ва чароғи хомӯшшудаистодаро хомӯш нахоҳад кард, то даме ки адолатро барқарор намояд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 12:20
чароғи хомӯшшудаистода: Чароғе, ки одамон пештар истифода мебурданд, зарфи хурди гилине буд, ки бо равғани зайтун пур мекарданд. Пилтаи чароғ, ки аз катон месохтанд, равғанро ба худ ҷабида шӯълаи оташро нигоҳ медошт. Ибораи юноние, ки чун «чароғи хомӯшшудаистода» тарҷума шудааст, ба пилтае ишора мекунад, ки дуд мекунад, чунки лахчаи он ҳанӯз ҳаст, вале шӯълаи оташ хомӯш шуда истодааст. Дар Ишаъё 42:3 оиди ҳамдардии Исо пешгӯйӣ шуда буд. Ӯ ҳеҷ гоҳ шӯълаи умеди охирини одамони фурӯтану рӯҳафтодаро хомӯш нахоҳад кард.
(Матто 13:25) Вақте ки ҳама хоб буданд, душман омад ва дар миёни гандум тухми алафи бегонаро пошида, рафт.
Оё шумо медонед?
Магар рост аст, ки дар замонҳои қадим ягон кас дар замини дигар шахс мастак кошта метавонист?
ДАР Матто 13:24–26 гуфта шудааст: «Малакути Осмон монанди касест, ки дар киштзори худ тухми некӯ коштааст; лекин вақте ки мардум дар хоб буданд, душмани вай омада, дар миёни гандум мастак пошид ва рафт; чун киштзор сабзид ва самараш ба назар намоён шуд, мастак ҳам пайдо шуд». Нависандагони гуногун гумон мекунанд, ки ин мисолро воқеӣ набояд ҳисобид, лекин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии румӣ исбот мекунанд, ки чунин рӯйдодҳо воқеӣ буданд.
Дар луғате гуфта шудааст: «Бо мақсади қасдгирӣ коштани мастак дар замини дигар кас... аз тарафи қонуни Рум ҷиноят ҳисобида мешуд. Вуҷуд доштани чунин қонун исбот мекунад, ки чунин амалҳои ҷинояткорона кам набуданд». Олими илми ҳуқуқшиносӣ Элестейр Кэрр мефаҳмонад, ки соли 533-и э. мо императори Рум Юстиниан «Дигест»-и худро чоп кард. Дар он қонунҳои Рум ва гуфтаҳои ҳуқуқшиносони қадим (қариб 100–250 э. мо) мухтасар оварда шуда буданд. Мувофиқи ин («Дигест», 9.2.27.14), ҳуқуқшинос Улпиан ба воқеае, ки аз тарафи ҳукуматдори румии асри 2, Селс дида баромада шуд, ишора кард. Маълум буд, ки дар замини дигар кас мастак корида буданд ва дар натиҷа ҳосил нобуд шуд. Дар «Дигест» воситаҳое дида баромада мешуданд, ки ҳуқуқи соҳиби мулк ва иҷорагирандаро ҳимоя карда дар вақти зарар дидан аз ҷинояткор ҷарима ситонида мешуд.
Дар замонҳои қадим рӯй додани чунин ҳолатҳо дар империяи Рум нишон медиҳад, ки масали Исо аз ҳаёти ҳаррӯза гирифта шуда буд.
Хониши Китоби Муқаддас
(Матто 12:1–21) Боре Исо рӯзи шанбе аз байни киштзор мегузашт ва шогирдонаш гурусна монда хӯшаҳои гандумро чида, хӯрдан гирифтанд. 2 Фарисиён инро дида ба ӯ гуфтанд: «Нигоҳ кун! Шогирдони ту дар рӯзи шанбе кореро мекунанд, ки раво нест». 3 Исо ба онҳо гуфт: «Магар нахондаед, ки Довуд, вақте ӯ ва ҳамроҳонаш гурусна монданд, чӣ кор кард? 4 Чӣ тавр ӯ ба хонаи Худо даромада, бо ҳамроҳонаш нони пешкашшударо хӯрд, ҳол он ки хӯрдани он танҳо ба коҳинон раво буд? 5 Ё магар дар Таврот нахондаед, ки дар рӯзҳои шанбе коҳинон дар маъбад қонунро оиди рӯзи шанбе вайрон мекунанд ва бо вуҷуди ин гунаҳкор ҳисобида намешаванд? 6 Аммо ман ба шумо мегӯям: шахсе, ки дар ин ҷост, аз маъбад ҳам бузургтар аст. 7 Вале, агар шумо мефаҳмидед, ки суханони “раҳму шафқат мехоҳам, на қурбонӣ” чӣ маъно доранд, одамони бегуноҳро маҳкум намекардед. 8 Писари одам бошад, Хӯҷаини рӯзи шанбе аст». 9 Исо аз он ҷо баромада, ба ибодатгоҳ рафт. 10 Дар он ҷо марди дасташ хушкшудае буд. Баъзе аз онҳое, ки дар он ҷо буданд, бо мақсади айбдор намудани Исо аз ӯ пурсиданд: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан равост?» 11 Ӯ ба онҳо гуфт: «Кадоме аз шумо, агар як гӯсфанд дошта бошад ва он дар рӯзи шанбе ба чоҳ афтад, онро аз чоҳ намебарорад? 12 Лекин то чӣ андоза одам аз гӯсфанд пурарзиштар аст! Бинобар ин дар рӯзи шанбе кардани кори нек равост». 13 Сипас Исо ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз кард ва он мисли дасти дигараш сиҳат шуд. 14 Фарисиён бошанд, аз он ҷо баромада, забон як карданд, ки ӯро мекушанд. 15 Исо аз ин огоҳӣ ёфта аз он ҷо рафт. Ҳамчунин одамони зиёде аз пайи ӯ равона шуданд ва ӯ ҳамаи онҳоеро, ки бемор буданд, шифо дод, 16 аммо ба таври қатъӣ фармуд, ки дар борааш ба дигарон нақл накунанд, 17 то суханони зерини ба воситаи Ишаъё-пайғамбар пешгӯйишуда иҷро гарданд: 18 «Инак, хизматгори интихобкардаи Ман! Ман ӯро дӯст медорам ва аз ӯ розиям. Рӯҳи Худро ба ӯ хоҳам дод ва ӯ чӣ будани адолати ҳақиқиро ба халқҳо аён хоҳад сохт. 19 Ӯ баҳсу мунозира ва доду фарёд нахоҳад кард ва касе дар кӯчаҳои калон овози ӯро нахоҳад шунид. 20 Ӯ қамиши нимшикастаро нахоҳад шикаст ва чароғи хомӯшшудаистодаро хомӯш нахоҳад кард, то даме ки адолатро барқарор намояд. 21 Ва халқҳо ба номи ӯ умед хоҳанд баст».
12–18 ФЕВРАЛ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАТТО 14, 15
«Ғизо додани одамони бисёр ба воситаи одамони кам»
(Матто 14:16, 17) Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Ба рафтани онҳо ҳоҷат нест — шумо ба онҳо хӯрок диҳед». 17 Шогирдон бошанд, чунин гуфтанд: «Мо ғайр аз панҷ нон ва ду моҳӣ дигар ҳеҷ чиз надорем».
Ғизо додани одамони бисёр ба воситаи одамони кам
2 Исо ба мардум нигоҳ карда, раҳмаш меояд ва беморонро шифо медиҳад ва дар бораи Салтанати Худо ба онҳо бисёр чизҳоро таълим медиҳад. Вақте ки рӯз бевақт мешавад, шогирдон ба Исо мегӯянд, ки мардумро ҷавоб диҳад, то ки онҳо ба қишлоқҳои наздик рафта барои худ каме хӯрок бихаранд. Вале Исо ба шогирдонаш мегӯяд: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Аз ин суханон сари шогирдон гаранг мешавад, чунки хӯрокае, ки онҳо бо худ доранд, аз панҷ нону ду моҳӣ иборат асту халос.
(Матто 14:18, 19) Исо гуфт: «Он чизҳоро назди ман оред». 19 Сипас ӯ ба мардум фармуд, ки ба рӯйи сабза нишинанд, ва худ панҷ нону ду моҳиро гирифта, ба осмон нигоҳ кард ва дуо гуфт. Баъд нонҳоро шикаста, ба шогирдонаш дод ва онҳо ба мардум тақсим карданд.
Ғизо додани одамони бисёр ба воситаи одамони кам
3 Аз дилсӯзӣ Исо мӯъҷизае ба амал меорад. Он ягона мӯъҷизаест, ки дар ҳар чор Инҷил дар борааш навишта шудааст (Марқ. 6:35–44; Луқ. 9:10–17; Юҳ. 6:1–13). Исо ба шогирдонаш мегӯяд, ки мардумро даста-даста 50-нафарӣ ва 100-нафарӣ ба рӯи сабза шинонанд. Баъди дуо гуфтан, ӯ ба шикастани нон ва тақсим кардани моҳӣ сар мекунад. Сипас, ба ҷои он ки ғизоро худаш ба мардум диҳад, Исо онро «ба шогирдон дод, ва шогирдон ба мардум доданд». Ба туфайли ин мӯъҷиза, ҳама хӯрда сер мешаванд ва ҳатто ғизо боқӣ мемонад. Танҳо тасаввур кунед! Исо ҳазорон одамонро ба воситаи одамони кам, яъне шогирдонаш сер мекунад.
(Матто 14:20, 21) Ҳама хӯрда сер шуданд ва аз нонпораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карданд. 21 Шумораи хӯрандагон, ғайр аз занону кӯдакон, қариб панҷ ҳазор нафар буд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 14:21
ғайр аз занону кӯдакон: Дар бораи он ки ҳангоми мӯъҷиза кардани Исо занону кӯдакон низ буданд, танҳо дар китоби Матто навишта шудааст. Аз афташ шумораи онҳое ки Исо ба таври мӯъҷиза сер кард, зиёда аз 15 000 буд.
Ғизо додани одамони бисёр ба воситаи одамони кам
ҲОЛАТИ зеринро тасаввур кунед. (Матто 14:14–21-ро бихонед.) Соли 32-юми эраи мо. Исо ва шогирдонаш дар қишлоқи дурдасти Байт-Сайдо, ки дар соҳили шимолии баҳри Ҷалил ҷойгир аст, мебошанд. Ва қариб 5 000 мардон ва инчунин занону кӯдакони бисёре аз паи Исо ва шогирдонаш мераванд.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Матто 15:7–9) Эй дурӯяҳо, ҳақ буд пайғамбар Ишаъё, вақте ки дар бораи шумо пешгӯйӣ карда гуфт: 8 “Ин мардум Маро дар сухан эҳтиром мекунанд, лекин дилҳояшон аз Ман дур аст. 9 Онҳо беҳуда Маро ибодат мекунанд, зеро таълимоташон бар гуфтаҳои одамон асос меёбад”».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 15:7
дурӯяҳо: Калимаи юнонии ҳипокритсро (hy·po·kri·tesʹ) аввал нисбати актёрони Юнон (баъдтар нисбати актёрони Рум), ки дар саҳна ниқоби калонро мепӯшиданд, то овозашонро дигар кунанд, истифода мебурданд. Баъдтар ин калимаро чун метафора нисбати шахсе истифода мебурдагӣ шуданд, ки ба воситаи дурӯғ ва сохтакорӣ дар асл кӣ буданашро нишон намедиҳад. Дар ин оят Исо пешвоёни динии яҳудиро «дурӯяҳо» меномад (Мт 6:5, 16).
(Матто 15:26) Исо бошад, дар ҷавоб чунин гуфт: «Нони фарзандонро гирифта, ба пеши сагчаҳо партофтан хуб нест».
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 15:26
фарзандон... сагчаҳо: Мувофиқи Қонуни Мӯсо сагҳо нопок ҳисоб мешуданд ва дар Навиштаҳо бисёр вақт ин калима ба маънои манфӣ истифода мешавад (Ибд 11:27; Мт 7:6; Фп 3:2; Вҳ 22:15). Лекин дар сӯҳбати Исо, ки ҳам дар Марқӯс (7:27) ва ҳам дар Матто омадааст, ин калима барои ифода кардани тарзи сухангӯйии мулоим оварда шудааст. Исо шояд ин тарзро нисбати ҳайвонҳои хонагии ғайрияҳудиён истифода бурд. Исроилиёнро ба «фарзандон» ва ғайрияҳудиёнро ба «сагчаҳо» монанд карда, Исо нишон дод, ки кадоми онҳо дар ҷойи аввал меистанд. Дар рӯзғоре, ки ҳам кӯдак буду ҳам саг, хӯрок аввал ба кӯдакон дода мешуд.
Хониши Китоби Муқаддас
(Матто 15:1–20) Он гоҳ аз Ерусалим ба назди Исо фарисиён ва шариатдонон омада, гуфтанд: 2 «Барои чӣ шогирдони ту урфу одатҳои аҷдодонро поймол мекунанд? Масалан, онҳо пеш аз хӯрок хӯрдан дастҳои худро намешӯянд». 3 Исо дар ҷавоб гуфт: «Чаро худи шумо баҳри урфу одатҳоятон амрҳои Худоро поймол мекунед? 4 Масалан, Худо гуфтааст: “Падару модаратро иззату ҳурмат кун” ва “Ҳар кӣ падар ё модарашро дашном диҳад, бояд кушта шавад”. 5 Лекин шумо мегӯед: “Агар касе ба падар ё модараш гӯяд, ки “чизе, ки бо он шуморо дастгирӣ карда метавонистам, ҳадияи ба Худо бахшидашуда аст”, 6 он гоҳ зарур нест, ки онҳоро ҳурмату эҳтиром кунад”. Ҳамин тавр шумо баҳри урфу одатҳоятон суханони Худоро поймол мекунед. 7 Эй дурӯяҳо, ҳақ буд пайғамбар Ишаъё, вақте ки дар бораи шумо пешгӯйӣ карда гуфт: 8 “Ин мардум Маро дар сухан эҳтиром мекунанд, лекин дилҳояшон аз Ман дур аст. 9 Онҳо беҳуда Маро ибодат мекунанд, зеро таълимоташон бар гуфтаҳои одамон асос меёбад”». 10 Баъд Исо мардумро ба наздаш даъват намуда, чунин гуфт: «Гӯш диҳед ва ба ин суханон сарфаҳм равед: 11 на он чӣ ба даҳон медарояд, одамро нопок месозад, балки он чӣ аз даҳон берун меояд». 12 Он гоҳ шогирдон ба назди ӯ омада, гуфтанд: «Оё медонӣ, ки фарисиён суханони гуфтаатро шунида ба хашм омаданд?» 13 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ҳар ниҳоле, ки Падари осмониам нашинондааст, решакан хоҳад шуд. 14 Ба онҳо аҳамият надиҳед. Онҳо роҳнамоёни кӯранд. Агар як кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон диҳад, ҳар ду ба чоҳ меафтанд». 15 Пас аз ин Петрус ба ӯ гуфт: «Он мисолро ба мо фаҳмонда деҳ». 16 Исо чунин гуфт: «Магар шумо ҳам то ҳол ба ин сарфаҳм нарафтаед? 17 Оё намедонед, ки ҳар он чӣ ба даҳон медарояд, ба шикам меравад ва аз он берун мешавад? 18 Лекин он чӣ аз даҳон мебарояд, аз дил берун меояд ва он чизҳо одамро нопок мегардонанд. 19 Масалан, аз дил фикрҳои бад, одамкушӣ, хиёнати ҳамсарӣ, бадахлоқии ҷинсӣ, дуздӣ, шаҳодати бардурӯғ ва куфр берун меояд. 20 Ҳамаи ин чизҳо одамро нопок мекунанд, аммо бо дасти ношуста хӯрок хӯрдан касро нопок намесозад».
19–25 ФЕВРАЛ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАТТО 16, 17
«Шумо бо кадом фикрҳо мубориза мебаред?»
(Матто 16:21, 22) Аз ҳамон вақт сар карда Исо ба шогирдонаш мефаҳмонд, ки бояд ба Ерусалим равад ва аз дасти пирон, коҳинони калон ва шариатдонон бисёр азоб кашида, кушта шавад ва дар рӯзи сеюм зинда шавад. 22 Петрус ин суханони Исоро шунида ӯро як тараф бурд ва сарзаниш карда гуфт: «Ҳазрат, ба худат раҳм кун. Ҳаргиз бо ту ин тавр нахоҳад шуд».
w07-U 15.2 саҳ. 17, сарх. 17
Шавҳарон сардории Масеҳро эътироф кунед
17 Боре Исо ба шогирдонаш гуфт, ки бояд ба Ерусалим равад ва «аз дасти пирон, коҳинони калон ва шариатдонон бисёр азоб кашида, кушта шавад ва дар рӯзи сеюм зинда шавад». Петрус ин суханони Исоро шунида, ӯро як сӯ бурда гуфт: «Ҳазрат, ба худат раҳм кун. Ҳаргиз бо ту ин тавр нахоҳад шуд». Маълум аст, ки Петрус ба ҳиссиёт дода шуд. Лекин Исо ба Петрус чунин ҷавоб дод: «Аз пеши ман дур шав, эй Шайтон! Ту дар сари роҳи ман монеаӣ, зеро мисли одамизод фикр мекунӣ, на мисли Худо» (Матто 16:21–23).
(Матто 16:23) Исо бошад, рӯйи худро аз Петрус гардонда, чунин гуфт: «Аз пеши ман дур шав, эй Шайтон! Ту дар сари роҳи ман монеаӣ, зеро мисли одамизод фикр мекунӣ, на мисли Худо».
w15 15.5 саҳ. 13, сарх. 16, 17
Эҳтиёт шавед, ки ба доми Шайтон наафтед!
16 Шайтон метавонад ҳатто ходимони вафодори Яҳуваро фиреб кунад. Мисоли зерин инро тасдиқ мекунад. Боре Исо ба шогирдонаш гуфт, ки ба қарибӣ ӯ бояд кушта шавад. Петрус бо дилу нияти хуб Исоро ба як сӯ бурд ва гуфт: «Ҳазрат, ба худат раҳм кун. Ин бо ту ҳаргиз рӯй нахоҳад дод». Исо ба таври қатъӣ ба ӯ ҷавоб дод: «Аз пеши ман дур шав, эй Шайтон!» (Мат. 16:22, 23, ТДН). Чаро Исо Петрусро «Шайтон» номид? Исо медонист, ки ба наздикӣ чӣ рӯй медиҳад. Чанде пас ӯ бояд ҷони худро чун қурбонии фидия медод ва дурӯғгӯй будани Иблисро исбот менамуд. Дар ин вақти муҳимтарин дар таърихи инсоният Исо набояд ба худаш раҳм мекард. Агар Исо, каме ҳам бошад, ҳушёриашро аз даст медод, он гоҳ Шайтон ба мақсади худ мерасид.
17 Анҷоми ин тартибот қариб аст, барои ҳамин мо низ дар давраи муҳимтарин зиндагӣ мекунем. Шайтон мехоҳад, ки мо ба худамон «раҳм» кунем ва дар бораи он фикр кунем, ки чӣ тавр дар ин ҷаҳон муваффақ шавем. Вай мекӯшад, ки мо дар кадом вақт зиндагӣ карданамонро фаромӯш созем ва ҳушёриро аз даст диҳем. Ҳаргиз нагузоред, ки бо шумо чунин рӯй диҳад! Баръакс, «бедор бошед» (Мат. 24:42). Ҳеҷ гоҳ ба ин дурӯғи Шайтон, ки гӯё анҷоми ин тартибот дур аст ё он тамоман намеояд, бовар накунед.
(Матто 16:24) Баъд Исо ба шогирдонаш чунин гуфт: «Ҳар кӣ аз пайи ман рафтан хоҳад, бигзор аз баҳри худ барояд ва сутуни азобу шиканҷаашро бардошта, доимо маро пайравӣ кунад».
w06-U 1.4 саҳ. 23, сарх. 9
Равед, шогирд тайёр кунед ва таъмид диҳед
9 Ба Исо пайравӣ карда, иродаи Худоро иҷро кардан, чӣ маъно дорад? Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳар кӣ аз пайи ман рафтан хоҳад, бигзор аз баҳри худ барояд ва сутуни азобу шиканҷаашро бардошта, доимо маро пайравӣ кунад» (Матто 16:24). Ин ҷо Исо се қадамро қайд намуд. Аввал, ҳар як шахс бояд «аз баҳри худ барояд». Бо суханони дигар гӯем, мо бояд хоҳишҳои худхоҳонаю нокомиламонро рад кунем ва дастуроту роҳнамоиҳои Худоро пеша намоем. Дуюм ин ки мо бояд «сутуни азобу шиканҷа»-и худро бардорем. Дар рӯзҳои Исо бардоштани азобу шиканҷа рамзи шармандагӣ ва азобу уқубат буд. Имрӯз чун ходимони Худо мо аз барои мавъизаи хушхабар азоб мекашем (2 Тимотиюс 1:8). Ҳарчанд одамони ин ҷаҳон моро масхара карда тӯҳмат менамоянд, мо мисли Масеҳ «ба шармандагӣ аҳамият надода», хурсандӣ мекунем, чунки Худо аз мо розӣ аст (Ибриён 12:2). Cеюм ин ки мо бояд «ҳамеша» Исоро пайравӣ кунем (Забур 72:26; 118:44; 144:2).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Матто 16:18) Ҳамчунин ба ту мегӯям: ту Петрус ҳастӣ. Ман ҷамъомади худро бар ин кӯҳ бино хоҳам кард ва дарвозаҳои гӯр бар он ғолиб нахоҳанд омад.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 16:18
ту Петрус ҳастӣ... бар ин кӯҳ: Калимаи юнонии петрос (peʹtros) маънои «санг; кӯҳпора»-ро дорад. Дар ин оят ин калима чун исми хос (Петрус), шакли юнонии номе, ки Исо ба Шимъӯн дод, истифода шудааст (Юҳ 1:42). Калимаи монанд петра (peʹtra) бошад, ба маънои «кӯҳ» омадааст ва метавонад чун кӯҳпора, санглох низ ифода гардад. Ин калимаи юнонӣ дар Мт 7:24, 25; 27:60; Лқ 6:48; 8:6; Рм 9:33; 1Қр 10:4; 1Пт 2:8 низ омадааст. Аз афташ Петрус худро кӯҳе, ки Исо бар он ҷамъомадро барпо карданӣ буд, ҳисоб намекард, чунки дар 1 Петрус 2:4–8 ӯ навишт, ки худи Исо «санги асосие дар гӯшаи таҳкурсии бино» мебошад ва Худо Исоро интихоб кардааст. Ба ин монанд Павлуси расул низ ба Исо чун ба «таҳкурсӣ» ва «кӯҳи рӯҳонӣ» ишора намуд (1Қр 3:11; 10:4). Барои ҳамин Исо ба таври гуфтугӯйӣ гуфт, ки ман туро Петрус, кӯҳпора ном мондам ва ту кӣ будани Масеҳро пай бурдӣ. «Ин кӯҳпора» касест, ки дар ҷамъомади масеҳӣ чун таҳкурсӣ хизмат хоҳад кард.
ҷамъомад: Дар ин ҷо аввалин маротиба термини юнонии экклесиа (ek·kle·siʹa) истифода шудааст. Он аз калимаҳои юнонии эк «ek», ки маънояш «берун» ва калео (ka·leʹo), ки маънояш «даъват кардан» мебошад, гирифта шудааст. Он ба гурӯҳи одамоне ишора мекунад, ки барои мақсад ё кори аниқ даъват карда шуданд. (Ба луғат нигаред.) Дар ин контекст Исо дар бораи ташкил ёфтани ҷамъомади масеҳӣ пешгӯйӣ мекунад, ки он аз масеҳиёни тадҳиншудае иборат буд, ки чун «санги зинда» дар «сохтмони хонаи рӯҳонӣ» иштирок мекунанд (1Пт 2:4, 5). Ин термини юнониро тез-тез дар Септуагинт чун эквиваленти термини ибронии «ҷамъомад» истифода бурданд, ки он одатан ба халқи интихоб кардаи Худо, Исроил, ишора менамояд (ТкШ 23:3; 31:30). Ба ин монанд масеҳиёне, ки «аз ин ҷаҳон интихоб» шуданд, «ҷамъомади Худо»-ро ташкил медиҳанд (1Пт 2:9; Юҳ 15:19; 1Қр 1:2).
(Матто 16:19) Ман ба ту калидҳои Подшоҳии осмонро медиҳам, чизҳое, ки ту дар замин мебандӣ, аллакай дар осмон баста шудаанд ва чизҳое, ки ту дар замин мекушоӣ, аллакай дар осмон кушода шудаанд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 16:19
калидҳои Подшоҳии осмон: Мувофиқи Китоби Муқаддас, ба шахсоне ки калидҳои муайян дода мешуд, хоҳ ба маънои рамзӣ бошад, хоҳ ба маънои аслӣ, ӯҳдадориҳои муайян дода мешуд (1Вқ 9:26, 27; Иш 22:20–22). Ҳамин тавр, калимаи «калид» рамзи қудрат ва ӯҳдадорӣ гашт. Петрус ин «калидҳо»-ро ки ба вай боварӣ карда шуда буд, истифода бурда, ба яҳудиён (Ам 2:22–41), сомариён (Ам 8:14–17) ва дигар ғайрияҳудиён (Ам 10:34–38) имконият дод, ки рӯҳи Худоро қабул карда, дар Подшоҳии осмонӣ ҳукмронӣ кунанд.
Хониши Китоби Муқаддас
(Матто 16:1–20) Дар он ҷо ба наздаш фарисиён ва саддуқиён омаданд ва ӯро озмуданӣ шуда хоҳиш карданд, ки барояшон аломате аз осмон нишон диҳад. 2 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Бегоҳӣ шумо мегӯед: “Ҳаво нағз мешавад, чунки осмон суп-сурх аст”, 3 саҳарӣ бошад, мегӯед: “ҳаво имрӯз хунук ва боронӣ мешавад, чунки осмон суп-сурх бошад ҳам, абрнок аст”. Чӣ тавр аз рӯйи осмон муайян кардани обу ҳаворо медонеду маънои аломатҳои ин замонаро фаҳмонда наметавонед. 4 Ин насли бадкор ва ба Худо бевафо аломат меҷӯяд, аммо ғайр аз аломати Юнус-пайғамбар ба ин насл аломати дигаре нишон дода намешавад». Инро гуфта, ӯ аз наздашон рафт. 5 Вақте ки шогирдони Исо ба соҳили дигар гузаштанд, диданд, ки бо худ нон гирифтанро фаромӯш кардаанд. 6 Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед ва худро аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён эҳтиёт кунед». 7 Онҳо инро байни худ муҳокима карда мегуфтанд: «Ӯ, эҳтимол, инро барои он мегӯяд, ки мо бо худ нон нагирифтем». 8 Инро фаҳмида Исо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро шумо байни худ мегӯед, ки нон надоред? 9 Магар то ҳол намефаҳмед ва дар хотир надоред, ки чӣ тавр бо панҷ нон панҷ ҳазор мард сер шуданд ва боз чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед? 10 Ё онро, ки чӣ тавр чор ҳазор мард ҳафт нонро хӯрда, сер шуданду боз чанд сабади калонро аз нонпораҳо пур кардед? 11 Наход нафаҳмед, ки ман нонро дар назар надоштам? Ман ба шумо гуфтам, ки худро аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён эҳтиёт кунед». 12 Баъд аз ин онҳо фаҳмиданд, ки Исо «аз хамиртуруш эҳтиёт шавед» гуфта, таълимоти фарисиён ва саддуқиёнро дар назар дошт. 13 Вақте Исо ба сарзамини Қайсарияи Филиппӣ омад, аз шогирдонаш пурсид: «Мардум Писари одамро кӣ меҳисобанд?» 14 Онҳо гуфтанд: «Баъзеҳо Яҳёи Таъмиддиҳанда мегӯянд, дигарон — Илёс-пайғамбар ва боз қисми дигар — Ирмиё ё яке аз пайғамбарон». 15 Ӯ ба онҳо гуфт: «Худи шумо маро кӣ меҳисобед?» 16 Шимъӯни Петрус ҷавоб дод: «Ту Масеҳ, Писари Худои зинда ҳастӣ». 17 Исо дар ҷавоб ба ӯ гуфт: «Ту хушбахтӣ, эй Шимъӯн, писари Юнус, чунки инро ба ту на одамизод, балки Падари ман, ки дар осмон аст, ошкор кардааст. 18 Ҳамчунин ба ту мегӯям: ту Петрус ҳастӣ. Ман ҷамъомади худро бар ин кӯҳ бино хоҳам кард ва дарвозаҳои гӯр бар он ғолиб нахоҳанд омад. 19 Ман ба ту калидҳои Подшоҳии осмонро медиҳам, чизҳое, ки ту дар замин мебандӣ, аллакай дар осмон баста шудаанд ва чизҳое, ки ту дар замин мекушоӣ, аллакай дар осмон кушода шудаанд». 20 Баъди ин Исо ба шогирдонаш ба таври қатъӣ гуфт, ки Масеҳ будани ӯро ба касе нагӯянд.
26 ФЕВРАЛ — 4 МАРТ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАТТО 18, 19
«На худатон пешпо хӯред, на сабаби пешпо хӯрдани дигарон гардед»
(Матто 18:6, 7) Аммо ҳар кӣ ба пешпо хӯрдани яке аз ин хурдон, ки ба ман имон дорад, сабаб гардад, барояш беҳтар мебуд, ки санги калони осиёро ба гарданаш баста, ӯро дар баҳр ғарқ кунанд. 7 Вой бар ҳоли ин ҷаҳон, ки сабаби гуноҳ кардани одамон мегардад! Онҳое, ки сабаби гуноҳ кардани дигарон мешаванд, ҳатман ба миён хоҳанд омад, аммо вой бар ҳоли чунин шахсон!
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 18:6, 7
санги калони осиё: Диаметри чунин санги осиё қариб 1,2–1,5 м буд. Он чунон вазнин буд, ки барои тоб доданаш харро истифода мебурданд.
сабаби гуноҳ кардан: Дар матни аслӣ «пешпо хӯрдани». Ақидае вуҷуд дорад, ки ба забони юнонӣ маънои аслии калимаи скандалон (skanʹda·lon) қапқон ё дом мебошад. Баъзеҳо тахмин мекунанд, ки он чӯбе дар қапқон мебошад, ки бар нӯгаш чизеро мемонанд, то тӯъмаро ҷалб кунад. Ҳамчунин ин калима ба ҳар монеае ишора мекунад, ки сабаби пешпо хӯрдан ё афтидан шуда метавонад. Ба маънои маҷозӣ он ба амал ё вазъияте ишора мекунад, ки шахсро ба роҳи нодуруст, ахлоқан пешпо хӯрдан ё афтидан ва ё гуноҳ кардан тела медиҳад. Дар Матто 18:8, 9 феъли скандализо (skan·da·liʹzo), ки чун «сабаби гуноҳ кардан» тарҷума шудааст, метавонад чун «пешпо додан» ё «дом гаштан» ифода ёбад.
nwtsty расмҳо
Санги осиё
Санги осиё барои қима кардани ғалладона ва равғанбарорӣ истифода мешуд. Баъзеи онҳо хеле хурд буданд ва онҳо бо даст тоб дода мешуданд. Баъзеи дигарашон бошанд, чунон калон буданд, ки онҳоро бояд ба воситаи ҳайвонҳо тоб медоданд. Шояд калонии ин санги осиё мисли санге буд, ки Шимшӯн ба болои фалиштиҳо партофта буд (Дв 16:21). Осиёе, ки ба воситаи ҳайвон тоб дода мешуд, на танҳо дар Исроил, ҳамчунин дар минтақаҳои зиёди империяи Рум паҳн гашта буд.
Сангҳои боло ва поёни осиё
Санги калони осиёро, ки дар расм омадааст, ба воситаи ҳайвонҳои хонагӣ, мисли хар тоб медоданд ва ба воситаи он ғалладонаро қима мекарданд ё зайтун мефишурданд. Диаметри санги болоии осиё то 1,5 м буда метавонист ва он дар болои санги поёнии осиё, ки калонтар аст, давр мезад.
(Матто 18:8, 9) Пас, агар даст ё поят сабаби гуноҳ кардани ту шавад, онро бурида парто, зеро барои ту беҳтар аст, ки аз даст ё поят маҳрум шуда, соҳиби ҳаёт гардӣ, назар ба он ки бо ду даст ё бо ду пой ба оташи абадӣ партофта шавӣ. 9 Ҳамчунин, агар чашмат сабаби гуноҳ кардани ту гардад, онро канда парто, зеро барои ту беҳтар аст, ки бо як чашм соҳиби ҳаёт гардӣ, назар ба он ки бо ду чашмат ба оташи водии Ҳиннӯм партофта шавӣ.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 18:9
водии Ҳиннӯм: Он аз калимаи ибронии геҳинном (geh hin·nomʹ), гирифта шудааст. Ин водӣ дар қисми ҷанубу шимолии Ерусалими қадима ҷойгир аст. (Ба «Маълумотнома барои омӯзиши Китоби Муқаддас», қисми 16, харитаи «Ерусалим ва гирду атрофи он» нигаред.) Дар рӯзҳои Исо ин водӣ барои сӯзондани партовҳо истифода мешуд, барои ҳамин ин калима барои тасвир кардани нестшавӣ мувофиқ аст.
nwtstg Луғат
Водии Ҳиннӯм
Ба ибронӣ «геҳ Ҳиннӯм» ва ба юнонӣ «геҳе́нна», ки маънои «водии Ҳиннӯм»-ро доранд (калимаи «ҷаҳаннам» низ аз ҳамин калимаи ибронӣ гирифта шудааст). Водие, ки дар тарафи ҷанубу ғарбии Ерусалими қадим ҷойгир буд (Ир 7:31). Дар бораи ин водӣ пешгӯйӣ шуда буд, ки ба он ҷо ҷасади мурдаҳо партофта мешаванд (Ир 7:32; 19:6). Дар ягон ҷо гуфта нашудааст, ки ҳайвонҳо ё одамонро зинда ба зинда ба водии Ҳиннӯм партофта, дар он месӯзонданд ё азоб медоданд. Аз ин рӯ он рамзи ҷойи нонамоёне нест, ки ҷони одам абадан дар оташ азоб дода мешавад. Баръакс, Исо ва шогирдонаш ибораи «водии Ҳиннӯм»-ро ҳамчун рамзи ҷазои абадӣ, яъне несту нобудшавии абадӣ, истифода мебурданд. Ин нобудшавӣ ҳамчунин «марги дуюм» номида шудааст (Вҳ 20:14; Мт 5:22; 10:28).
(Матто 18:10) Эҳтиёт шавед, ки ягонтои ин хурдонро кам нашуморед, зеро ба шумо мегӯям: фариштаҳои онҳо ҳамеша рӯйи Падари маро, ки дар осмон аст, мебинанд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 18:10
рӯйи Падари маро... мебинанд: Танҳо офаридаҳои рӯҳӣ рӯйи Худоро дида метавонанд, чунки фақат онҳо дар ҳузури Худо буда метавонанд (Хр 33:20).
w10-U 1.11 саҳ. 16
Чӣ тавр фариштаҳо ба ҳаёти мо таъсир мерасонанд?
Исо нишон дод, ки ба фариштаҳо супориш дода шудааст, то нисбати хизматгорони Худо аз ҷиҳати рӯҳонӣ ғамхорӣ кунанд. Ӯ шогирдонашро бо чунин суханон огоҳ кард, то барои дигарон монеа нашаванд: «Эҳтиёт шавед, ки ягонтои ин хурдонро кам нашуморед, зеро ба шумо мегӯям: фариштаҳои онҳо ҳамеша рӯйи Падари маро, ки дар осмон аст, мебинанд» (Матто 18:10). Бо ин Исо гуфтанӣ набуд, ки ҳар як шогирдаш фариштаи ҳимоякунанда дорад. Ин суханони ӯ маънои онро доранд, ки фариштагон бо Худо зич ҳамкорӣ карда, ба аъзоёни ҷамъомади масеҳӣ диққати махсус медиҳанд.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои рӯҳонӣ
(Матто 18:21, 22) Баъди ин Петрус ба назди ӯ омада, пурсид: «Эй Ҳазрат, агар бародарам бар зидди ман гуноҳ кардан гирад, чанд бор бояд ӯро бахшам? То ҳафт бор?» 22 Исо ба ӯ гуфт: «Ба ту мегӯям, ки на ҳафт бор, балки то ҳафтоду ҳафт бор.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 18:22
ҳафтоду ҳафт бор: Ин ибораи юнонӣ боз маънои «70 ва 7» (77 бор) ё «70 карат 7 (490 бор)»-ро дошта метавонад. Тарзи ба ин монанд, ки дар Септуагинта, дар Ҳастӣ 4:24 омадааст, ибораи ибрии «77 бор»-ро ифода мекунад, ки ин бо ибораи «77 бор»-е ки дар Навиштаҳои юнонӣ омадааст, алоқаманд мебошад. Новобаста аз чӣ хел маънидод кардани ин ибора, такроршавии шумораи ҳафт ба «беохирӣ» ё «бемаҳдудӣ» ишора мекунад. Исо вақте ба Петрус ба ҷойи 7 бор 77 бор гуфт, ӯ ба шогирдонаш фаҳмонд, ки барои бахшидан ҳудуд намонанд. Баръакси суханони Исо дар Талмуд (Йома 86б) чунин гуфта шудааст: «Агар одам як бор, ду бор ва се бор ҷиноят содир кунад, бахшида мешавад, лекин чорум бор бахшида намешавад».
(Матто 19:7) Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Набошад, барои чӣ Мӯсо-пайғамбар гуфтааст, ки мард метавонад ба занаш хати талоқ дода, аз вай ҷудо шавад?»
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Мт 19:7
хати талоқ: Ё «шаҳодатнома оиди талоқ». Аз марде, ки мақсади ҷудошавӣ дошт, талаб карда мешуд, ки ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ тайёр кунад ва бо пирон маслиҳат намояд. Ҳамин тавр Шариат ба ӯ вақт медод, то оиди чунин қарори ҷиддӣ мулоҳиза кунад. Мақсади Шариат дар он буд, ки пеши роҳи ҷудошавиро гирад ва ба занон муҳофизати ҳуқуқӣ диҳад (ТкШ 24:1). Лекин дар замонҳои Исо пешвоёни динӣ ҷудошавиро осон карданд. Таърихчии асри як, Иосиф Флавий, ки фарисӣ буд ва худаш аз занаш ҷудо шуда буд, ақида дошт, ки ҷудошавӣ «бо ҳар сабаб (ки дар ҳаёт хеле бисёр аст) мумкин аст».
nwtsty расм
Хати талоқ
Ин хати талоқе, ки солҳои 71 ё 72 милод тартиб дода шудааст, ба забони арамӣ навишта шуда буд. Онро дар маҷрои хушки баҳре, ки дар биёбони Яҳудо, дар қисми шимолии Вади-Мураббаат ҷойгир буд, ёфтанд. Дар ин талоқнома гуфта мешавад, ки соли шашуми баъди инқилоби яҳудиён Иосиф, писари Наксан, ки дар шаҳри Масада зиндагӣ мекард аз Мириам, духтари Ҷонатан, ҷудо шудааст.
Хониши Китоби Муқаддас
(Матто 18:18–35) «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар чизе, ки шумо дар замин мебандед, аллакай дар осмон баста шудааст ва ҳар чизе, ки шумо дар замин мекушоед, аллакай дар осмон кушода шудааст. 19 Боз ба шумо мегӯям: агар ду нафари шумо дар замин ҳамфикр шуда, оиди ягон чизи муҳим дуо гӯед, Падари ман, ки дар осмон аст, онро ба ҷо хоҳад овард. 20 Зеро ҳар ҷое, ки ду ё се нафар ба номи ман ҷамъ шаванд, ман бо онҳо хоҳам буд». 21 Баъди ин Петрус ба назди ӯ омада, пурсид: «Эй Ҳазрат, агар бародарам бар зидди ман гуноҳ кардан гирад, чанд бор бояд ӯро бахшам? То ҳафт бор?» 22 Исо ба ӯ гуфт: «Ба ту мегӯям, ки на ҳафт бор, балки то ҳафтоду ҳафт бор. 23 Пас, Подшоҳии осмонро ба подшоҳе монанд кардан мумкин аст, ки мехост аз ғуломони худ қарзҳои додаашро гардонда гирад. 24 Вақте ки ӯ ба ҷамъ кардани қарзҳояш сар кард, ба наздаш мардеро оварданд, ки даҳ ҳазор талант қарздор буд. 25 Лекин, азбаски барои адои қарзаш имконият надошт, хӯҷаинаш фармон дод, ки ӯро бо зану фарзандон ва тамоми чизу чорааш фурӯшанд ва қарзашро баргардонанд. 26 Он гоҳ ғулом худро пеши пойи подшоҳ партофт ва зорию тавалло карда гуфт: “Ба ман камтар вақт деҳ ва ман ҳамаашро ба ту бармегардонам”. 27 Азбаски дили подшоҳ ба ҳоли ӯ сӯхт, вай ғуломашро ҷавоб дод ва қарзашро бахшид. 28 Аммо он ғулом аз пеши хӯҷаинаш баромада, ғуломи дигареро, ки аз вай сад динор қарздор буд, ёфт ва ӯро аз гулӯяш дошта ба буғӣ кардан сар кард ва гуфт: “Тамоми қарзеро, ки аз ман гирифта будӣ, гардонда деҳ”. 29 Он гоҳ ғуломи қарздор ба пеши пойи ӯ афтода илтиҷо кард: “Камтар вақт деҳ ва ман қарзамро бармегардонам”. 30 Аммо ӯ ҳатто гӯш кардан ҳам нахост ва он ғуломро ба зиндон партофт ва ӯ, то даме ки қарзашро адо накунад, бояд дар он ҷо мемонд. 31 Вақте ки ғуломони дигар инро диданд, сахт ғамгин шуданд ва рафта, ҳамаашро ба хӯҷаинашон нақл карданд. 32 Инро шунида подшоҳ он ғуломро ба назди худ хонду гуфт: “Эй ғуломи бадкор, вақте ки ту аз ман зориву илтиҷо кардӣ, ман тамоми қарзатро бахшидам. 33 Пас, магар ту низ набояд ба рафиқат раҳм мекардӣ, чи тавре ки ман ба ту кардам?” 34 Подшоҳ ба хашм омада ғуломро ба зиндонбонон супурд, то ки вай то дами пурра адо кардани қарзаш дар зиндон нигоҳ дошта шавад. 35 Агар шумо ҳам бародари худро аз таҳти дил набахшед, Падари осмонии ман бо шумо чунин хоҳад кард».