ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb18 март саҳ. 7
  • «Ҳушёру бедор бошед»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • «Ҳушёру бедор бошед»
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2018)
  • Маводи монанд
  • Оё шумо ҳушёру бедор ҳастед?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Мисол дар бораи даҳ духтар
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Шумо ба огоҳӣ диққат медиҳед?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Амали шахси бадкор ошкор мешавад
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2019)
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2018)
mwb18 март саҳ. 7
Даҳ духтар аз масали Исо

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАТТО 25

«Ҳушёру бедор бошед»

25:1–12

Ҳарчанд масали Исо дар бораи даҳ духтар ба масеҳиёни тадҳиншуда равона шудааст, лекин он ба ҳамаи ходимони Худо низ дахл дорад (w15 15.3 саҳ. 12–16). «Бинобар ин бедор бошед, зеро он рӯз ва соатро намедонед» (Мт 25:13). Оё шумо масали Исоро фаҳмонда метавонед?

  • Домод (ояти 1) — Исо

  • Тайёр будани духтарони бохирад (ояти 2) — Тадҳиншудагоне, ки барои содиқона иҷро кардани таъйиноташон тайёр шудаанду чун нур то охир медурахшанд (Фп 2:15)

  • Овози баланде шунида шуд: «Домод омада истодааст» (ояти 6) — Аломати ҳузури Исо

  • Духтарони бехирад (ояти 8) — Тадҳиншудагоне, ки ба пешвозгирии домод мераванд, вале ҳушёру бедор намонда беайбиашонро нигоҳ намедоранд

  • Духтарони бохирад барои додани равғани худ розӣ нашуданд (ояти 9) — Баъд аз гузоштани мӯҳри охирин, тадҳиншудагони содиқ ба шахсоне ки содиқ намонданд, кӯмак карда наметавонанд, чунки аллакай дер мешавад

  • «Домод омад» (ояти 10) — Қариби тамомшавии мусибати бузург Исо барои доварӣ кардан меояд

  • «Духтароне, ки тайёр буданд, ҳамроҳи ӯ ба базми тӯёна даромаданд ва баъд аз ин дарҳоро маҳкам карданд» (ояти 10) — Исо тадҳиншудагони содиқашро дар осмон ҷамъ меорад, лекин онҳое, ки содиқ намемонанд, мукофоти осмониашонро аз даст медиҳанд

Ин масал маънои онро надорад, ки бисёри тадҳиншудагон содиқ намемонанд ва бояд ба ҷойи онҳо дигар касон таъйин шаванд. Баръакс, он огоҳӣ мебошад, ки ҳар як тадҳиншуда худаш интихоб мекунад, ки бохирад ва ҳушёру бедор бошад ё ин ки бехирадӣ карда беайбиашро аз даст диҳад. Исо чунин гуфт: «Тайёр бошед» (Мт 24:44). Новобаста аз он ки мо чӣ гуна умед дорем, Исо аз ҳамаи мо интизор аст, ки барои содиқона хизмат кардан дили худро тайёр кунем ва мисли тадҳиншудагони содиқ ҳушёриву бедориро нигоҳ дорем.

Чӣ тавр ман нишон медиҳам, ки ҳушёру бедор ҳастам?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан