ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • jy боби 15 саҳ. 40-41
  • Мӯъҷизаи аввалини Исо

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мӯъҷизаи аввалини Исо
  • Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Маводи монанд
  • Мӯъҷизаи дуюми Исо дар Қоно
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Мо аз муъҷизаҳои Исо чӣ сабақ мегирем?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Рашки Исо ба ибодати пок
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Яҳё Исоро таъмид медиҳад
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
jy боби 15 саҳ. 40-41
Дар тӯе, ки дар шаҳри Қоно мегузарад, Исо ба ёрдамчиҳо мефармояд, ки кӯзаҳоро пури об кунанд

БОБИ 15

Мӯъҷизаи аввалини Исо

ЮҲАННО 2:1–12

  • ТӮЙ ДАР ҚОНО

  • ИСО ОБРО ШАРОБ МЕГАРДОНАД

Аз замоне, ки Натанъил яке аз шогирдони аввали Исо мегардад, се рӯз мегузарад. Исо ва шогирдонашро ба тӯй, ба шаҳри Қоно даъват мекунанд. Қоно дар шимоли вилояти Ҷалил, ки ҷойи зисти Исо ва шогирдони ӯст, ҷойгир мебошад. Дар Қоно Натанъил, яке аз шогирдони Исо, зиндагӣ мекунад. Худи Исо ҳам дар наздикии Қоно, дар шаҳри Носира калон шудааст.

Модари Исо ҳам ба тӯй омадааст. Марям дӯсти соҳибони тӯй аст ва дар тӯй хизмат мекунад. Аз ин рӯ ӯ даррав пай мебарад, ки шароб тамом шудааст. Марям назди Исо омада, ба ӯ мегӯяд: «Онҳо дигар шароб надоранд» (Юҳанно 2:3).

Марям бо ин гапаш аз Исо хоҳиш мекунад, ки ягон илоҷашро ёбад. Лекин Исо мегӯяд: «Чаро ману ту ғами инро хӯрем?» (Юҳанно 2:4). Исо Подшоҳи таъйинкардаи Худост ва ба ӯ бояд танҳо Худо дастурот диҳад, на дӯстону наздиконаш. Марям бохирадона амал карда ин корро ба ихтиёри Исо мегузорад ва ба онҳое, ки хизмат мекарданд, мегӯяд: «Ҳар чӣ ӯ ба шумо гӯяд, ба ҷо оред» (Юҳанно 2:5).

Дар назди Исо шаш кӯзаи сангин истодааст, ки ҳар кадомаш зиёда аз 40 литр об мебарад. Исо ба ёрдамчиҳо мегӯяд: «Ин кӯзаҳоро аз об пур кунед». Онҳо пур мекунанд. Ӯ обро ба шароб табдил медиҳад ва баъд мегӯяд: «Акнун каме аз он гирифта, ба сардори тӯй баред» (Юҳанно 2:7, 8).

Сардори тӯй домодро фарёд карда, сифати хуби шаробро таъриф мекунад

Маззаи шароб ба сардори тӯй сахт маъқул мешавад, лекин ӯ дар бораи чӣ тавр тайёр шудани он хабар надорад. Ӯ домодро фарёд карда, мегӯяд: «Ҳар кас дар аввал шароби хубро мегузорад ва пас аз маст шудани меҳмонон бадтарашро меорад. Ту бошӣ, шароби хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ» (Юҳанно 2:10).

Ин аввалин мӯъҷизаи Исост ва, бешак, аз дидани ин имони шогирдони наваш қавӣ мешавад. Баъд аз ин Исо ҳамроҳи модару бародаронаш ба шаҳри Кафарнаҳум меравад, ки он дар шимолу ғарби соҳили баҳри Ҷалил воқеъ аст.

  • Исо кай ба Қоно равона мешавад?

  • Исо ба суханони модараш чӣ ҷавоб медиҳад?

  • Исо чӣ мӯъҷизае мекунад ва ин ба дигарон чӣ таъсире мерасонад?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан