БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
«Яҳува ба мо дар тарбияи фарзандонамон кӯмак расонд»
Волидон аз Падари осмониамон, Яҳува, дар бораи нағз тарбия кардани фарзандонашон чӣ омӯхта метавонанд? Видеонавори «Яҳува ба мо дар тарбияи фарзандонамон кӯмак расонд»-ро, ки дар бораи оилаи Абилио ва Улла Аморимҳо мебошад, тамошо кунед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Чӣ тавр давраи кӯдакии ин ҳамсарон ба тарбия кардани фарзандонашон таъсир расонд?
Фарзандони Абилио ва Улла кадом хотираҳои ширини кӯдакиашонро ба ёд меоранд?
Чӣ тавр Абилио ва Улла кӯшиш мекарданд, ки суханони Такрори Шариат 6:6, 7-ро ба кор баранд?
Чаро онҳо ҳангоми тарбия додан фарзандонашонро маҷбур намекарданд?
Чӣ тавр ин волидон ба фарзандонашон ёрдам доданд, ки қарорҳои дуруст бароранд?
Вақте онҳо фарзандони худро барангехтанд, ки хизмати пурравақтро интихоб кунанд, чиро қурбон карданд? (bt саҳ. 178, сарх. 19)