ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЪМОЛ 25, 26
Павлус доварии қайсарро талаб мекунад ва сипас ба шоҳ Ҳиродуси Ағрипос шаҳодат медиҳад
Вақте моро «ба назди ҳокимон ва подшоҳон мебаранд», мо набояд дар бораи чӣ гуфтанамон ғам хӯрем. Лекин мо бояд барои ҳимоя кардани эътиқодамон тайёр бошем (Мт 10:18–20; 1Пт 3:15). Агар касоне, ки моро таъқиб мекунанд «аз номи қонун ноинсофиро ба вуҷуд» оранд, чӣ тавр мо ба Павлус пайравӣ карда метавонем? (Зб 93:20).
Мо ҳаракат мекунем, ки ҳуқуқи худро истифода бурда хушхабарро ҳимоя кунем (Ам 25:11).
Мо бо намояндагони давлат бо ҳурмату эҳтиром гап мезанем (Ам 26:2, 3).
Агар бамаврид бошад, мо мефаҳмонем, ки чӣ тавр хушхабар ба мо ва дигарон манфиат овард (Ам 26:11–20).